JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 07 Декабри 2017 10:38

ШЕЪР ЧИСТ? (Таҳқиқи адабиётшиносӣ)

Муаллиф:
Комил Бекзода Комил Бекзода

Шеърро  мақсуд  агар одамгарист,

Шоирӣ  ҳам  вориси  пайғамбарист.

                                                      Иқбол

Дар ин навишта, ки чандин пораҳои шеърӣ гирд оварда шудаанд, мо маҷбурем, ҷавоби худро бигӯем, ки «Шеър чист?».

Ба шеър таърифҳои гуногун додаанд. Ҳар шоире назари хоси худро дорад. Ҳар муҳаққиқу мунаққиде назари худро пешкаш мекунад. Ин ба он маъно нест, ки гӯё шеър таърифи мушаххасу конкрет надошта бошад. Шеър таърифи мушаххас дорад. Дар зимни ҷавоб ба саволҳои ин муқаддима доир ба шеър ва таърифи он сухан хоҳем ронд.

      1. Шеър ҳамчун падидаи маънавӣ

 Шеър яке аз василаҳое мебошад, ки маънавиёти башар ба воситаи он ифода мегардад. Ҳамаи ҳунарҳои башарӣ василаанд. Василаи кӯмак кардан ба Инсон ва осон намудани зиндагии инсонӣ. Инсонҳо дар ҷаҳон танҳоянд... Гирифторанд... Бадбахтанд... Мусибатзадаанд... Дардманданд... Мирандаанд... Нотавонанд... Гуруснаанд... Маҳкуманд... Маҳбусанд... Нокоманд... Ноумеданд... Сарсонанд... Овораанд... Ва бо як калима ҳама дар ҷустуҷӯи амният ва бехатарии вуҷудӣ (экзистенсиалӣ) мебошанд.

Ин ва боз садҳо саволи дигар дар рӯ ба рӯи инсони гузашта ва ҳозира арзи вуҷуд мекард ва мекунад. Мо бояд ба ин саволҳо ҷавоб диҳем. Ҳар кас ба тариқаи худ ба ин саволҳо ҷавоб медиҳад. Сиёсатмадорон, файласуфон, донишмандон, олимон, ҷанговарон, рӯҳониён, равоншиносон, ҷомеашиносон ва ғайра ба ин саволҳо аз рӯи ихтисоси худ ҷавоб медиҳанд. Мақсад ва ҳадафи ҳамаи онҳо ин аст, ки чӣ тавр мо бояд инсониятро аз ин мушкилиҳо ва мусибатҳо наҷот диҳем. Мо дар ин навишта танҳо сари ин мавзӯъ баҳс мекунем, ки шоир аз рӯи ихтисоси худ ба ин мушкилоти башарӣ чи гуна ҷавоб медиҳад. Барои осонии кор фалсафаи шеър ва шоириро ба мавзӯъҳои ҷузъӣ тақсим мекунем:

     2. Шеър аз нуқтаи назари мазмун

 Мазмуни шеър тамоми олами вуҷудро дар бар мегирад. Дар олами ҳастӣ ду ҳақиқат вуҷуд дорад: Якум, ҳақиқати қайҳонӣ; дуюм, ҳақиқати инсонӣ. Ҳақиқати кайҳонӣ аз рӯи қоидаҳои вазн, кашиш, суръат, ҳаракат... муайян карда мешавад. Худи кайҳон намедонад, ки вазну кашиш чис? Ҳаракату суръат чист? Зеро кайҳон ақлу хирад надорад. Бадбахтиву хушбахтиро намедонад. Худро намедонад ва инсонро низ намешиносад. Аммо ҳақиқати инсонӣ бар хилофи ҳақиқати кайҳонӣ аст. Инсон аз рӯи қоидаҳои ақл, хирад, инсоф, адолат, баробарӣ, хайр, хушбахтӣ, дӯстӣ, ҳамкорӣ, шафқат, меҳрубонӣ ва ғайра амал мекунад. Ин қоидаҳои ҳақиқати инсонӣ бакуллӣ муқобили ҳақиқати кайҳонӣ мебошанд. Низои байни ин ду ҳақиқат ҷавҳари мушкилоти башариро ташкил медиҳанд. Ҳақиқати кайҳонӣ хеле бузург ва амиқ аст. Умри мо одамон кӯтоҳ ва сатҳӣ мебошад... Ҳақиқати одамӣ нотамом ва ноқис аст... Мо инсонҳо маҷбур ҳастем, ки бо ҳақиқати мутлақ ва беинтиҳои кайҳонӣ созиш ва муросо кунем. Ҳамин аст хулосаи ақлу дониши башарӣ...

Шоир аз ҷониби худ кӯшиш мекунад, ки ба воситаи шеъри худ ба ин саволҳои муҳол ҷавоб гӯяд...Ба мавзӯи аслии худ баргардем. Ҳар хонандаи ин мақола ҳақ дорад бипурсад, ки: Назари худи шоир ба шеър ва шоирӣ аз чӣ иборат аст? Ин пурсиши бисёр муҳим аст. Бисёр шоирон ва муаллифони китобҳои шеърӣ аз ҷавоб додан ба ин савол саркашӣ мекунанд. Чаро? Барои он ки шаҳомату бузургии худро аз даст надиҳанд. Зеро ба хонандагон талқин кардаанд, ки ин шеърҳоро бо илҳоми осмонӣ сурудаанд. Аз тарси он ки мабодо хонандагон аз осмонӣ будани шеъри онҳо шубҳа кунанд. Ва сирри заминӣ будани шеърашон фош шавад.

Ин аст, ки изҳори назар намекунанд ва қазоватро ба уҳдаи хонанда мегузоранд. Оқибати кор аҷиб аст. Таваҷҷуҳ кунед: Хонанда ҳарчи гӯяд, шоир розӣ нест. Гӯё мазмуни шеърашро ба пуррагӣ дарк накардаанд. Зимнан, боз даъво дорад, ки ин хонандагони заминӣ мазмунҳои осмонии шеъри ӯро дарк накардаанд! Барои ҳамин ҳам, ҳеҷ як шоир қабул намекунад, ки мазмуни шеърашро ба мо шарҳ диҳад! (Ин мавзӯъро боз баъдтар пайгирӣ мекунем).

    3. Шеър чи гуна эъҷод мешавад?

Ман муаллифи ин матлаб шеър ба хонандагони худ ҷавоб медиҳам, ки: «Шеър чист ва он чи гуна эъҷод карда мешавад?» Ва ё ба ибораи дигар: «Ман шеърро чи гуна мефаҳмам?» Ҷавоби мушаххас ва конкретии ман ба ин савол чунин аст:

«Шоир ба воситаи шеъри худ ҷаҳонро аз нав меофарад. Зеро шоир аз ҷаҳони мавҷуда розӣ нест. Шеър барои шоир васила аст. Васила, яъне восита, абзор, инструмент...

Чунин абзорест, ки кӯчакро бузург ва бузургро кӯчак (хурд) нишон медиҳад. Агар чунин накунад, пас шеър нест, балки илм аст. Илм ҳар чӣ ҳаст, ҳамон тавр тафсир мешавад. Ҳодисаи илмиро каму зиёд кардан мумкин нест. Иштибоҳ мешавад. Аммо дар шеър каму зиёд кардани ин ё он ҳодисаро муболиға мегӯянд. Шоир аз рӯи биниши худ чизи бузургеро кӯчак тасвир мекунад. Ва ё чизи хурд ва кӯчакро бузург нишон медиҳад. Дар ҳар ду ҳолат ҳам мегӯянд, ки шоир муболиға кардааст. Яъне аз тасвири воқеии ҳолатҳо ва ҳодисаҳои мушаххас ва конкрет дур рафтааст. Мо мегӯем, ки ин ҳаққи ҳунарӣ ва ҷаҳонбинии хоси шоир аст, ки ба чунин иқдоми эҷодкоронае даст задааст.

  Бо як калима ҷавҳари ҳунари шоирӣ маҳз аз ҳамин муболиға иборат аст. Ҳамин муболиға инструменти кории шоир аст, ки ҳам бузург ва ҳам хурдро бераҳмона мекӯбад. Ин абзорест дар хизмати фалсафаи шоир. Шоир эҷодкор аст. Назари мустақили худро дорад. Шоир мехоҳад, ки аз роҳи фикр ва маънавият нақшаи худро ба хонандагон фаҳмонад. Вале фикр хушк ва урён аст... Муҷарраду абстракт аст. Мардум ба осонӣ фикри муҷаррадро намефаҳманд. Ин аст, ки шоир ҳунари худро ба кор мегирад. Ҳунари шоир кадом аст? Ҳунари шоир он аст, ки ақида ва фикри муҷаррад ва абстрактиро ба воситаи мисолҳои конкретӣ, тасвирҳои воқеӣ ва манзараҳои зинда ва диданӣ шарҳу баён мекунад. Ин корро тасвири шоирона меноманд. Тасвирҳои воқеӣ ва конкретӣ, бо худии худ шеър нестанд. Ин тасвирҳо он гоҳ шеър мешаванд, ки агар шоир онҳоро барои баён кардани ақидаи худ бо ҳам пайваст карда бошад. Тасвирҳо, манзараҳо, ҳодисаҳо, мазмунҳои конкретӣ худ ба худ танҳо маънои ҷузъӣ доранду бас. Он тасвирҳо нопурраанд. Ноқисанд. Шеър нестанд. Аммо ақида, фалсафа, диди нав ва назари шоиронаи ӯ ин манзараҳо ва тасвирҳои ҷузъиро симо ва сурати том ва тамом мебахшад. Он вақт аст, ки шеър эҷод мешавад. Мехоҳам барои намуна ва мисол, як байтро ба тарзи худ таҳлил кунам ва чӣ будани механизми офариниши шеърро ба хонандагони фозил пешкаш намоям. Ғазалеро аз эҷодиёти худ, ки «Ишқи бепарвои ман» унвон дорад, мисол мезанам:

 

Раҳ ба сӯи ёр дорад ин дили шайдои ман,

Ҷуръати Мансур дорад ишқи бепарвои ман.

 

  Мазмуни куллии байт чунин аст: «Ман дар роҳи ишқи худ то охир устувор ҳастам». Ҳамин ақидаи шоир ба воситаи чандин тасвирҳои аҷибу ғариб баён карда шудааст (Ногуфта пайдост, ки агар шоир инструменти шоирии худ, яъне тасвирҳои муболиғаомезро истифода намекард, касе ба ҳадафи ӯ таваҷҷуҳе наменамуд. Ва гуфтани он, ки «Ман дар роҳи ишқи худ то охир устувор ҳастам» як ақидаи одӣ ва маъмулӣ мебошад. Ва ҳама онро медонанд ва дар ҳама ҷо хонда ва шунидаанд.) Вале шоир ин ақидаи одиро тавре ба мо талқин мекунад, ки мо маҷбур мешавем, ки ба он бо диди нав назар кунем. Шоир бо тасвирҳои муболиғаомези худ моро қонеъ мегардонад, ки ин ақидаи ӯ чизи нав аст. Арзанда аст. Фидокорӣ металабад. Баъди хондани ин байт дар мо тасаввуре пайдо мешавад, ки гӯё аз забони шоир чизи навро шунидаем. Гӯё тасаввуроти пешинаи мо дар бораи ин ақида ки: «Ман дар роҳи ишқи худ то охир устувор ҳастам» як ақидаи одӣ аст, иштибоҳи маҳз будааст. Байти шоир моро барангехт. Моро такон дод. Моро бедор кард. Мо ин маъниро ба таври нав эҳсос кардем. Ба тарзи нав фаҳмидем. Мо бедор шудем. Шоир моро бедор кард. Вазифаи шоир ҳамин буд. Ӯ ин вазифаро анҷом дод. Рисолати шоирии худро ба исбот расонд. Аз ин ба баъд мо хонандагон озод ҳастем, ки барои амалӣ намудани нақшаи шоир камар бандем. Ҳамин тавр, шоир ба ҳадафи худ расид. Моро ба кору амал водор кард. Рисолати шоирии худро иҷро намуд...

Ба хонандагон пешниҳод мекунам, ки барои намуна ва мисол ҳамин байтро ба таври муфассал таҳлил кунем. Якеро ба сифати калид интихоб кардаем, то кори хонандаро осон гардонем. Биёед, барои як дафъа ҳамаи калимаҳои ин байтро аз назар гузаронем ва бубинем, ки ин калимаҳо дар танҳоӣ чӣ маъно доранд ва ҳангоме ки дар байт ҷамъ оварда мешаванд, чӣ маънои наве ба худ мегиранд. Инак, таҳлили муфассали ин байт:

Раҳ - роҳ аст. Ба хотири равонии байт ва вазни он «роҳ» - ро «раҳ» гуфтем. Калимаи «роҳ» чунин маъниҳо дорад: ҷода, тариқ, дафъа, бор, мартаба, қоида, равиш, маслак, мазҳаб, гузаргоҳ, кӯча, масофа...

Ба - ишора ба сӯ, тараф; дар ҷое будани чизе ё касеро мефаҳмонад...

Сӯй - тараф, ҷониб, назди, пеши, ба тарафи, ба ҷониби...

Ёр - дӯст, рафиқ, маҳбуба, маъшуқа, зан, назир... Маъбуд, Худо, Офаридагор...

Дорад - аз доштан; доро будан, молик будан, тасарруф кардан, идора кардан, водор кардан...

Ин - кас ё чизи наздикро ишора мекунад; «Ин одам», «Ин китоб»...

Дил - узви хунгардонӣ, қалб, дарун, дохил, ботин, ҷон, рӯҳ, фикр, андеша, майл, хоҳиш, ҳавас, дилбар, ёр, маҳбуба, дӯст...

Шайдо - ошуфта ва девона; ошиқи гузаро; ҳайрон, сахт ба ҳаяҷон омада; ошуфтагӣ; аз ишқ пайдо будан; маҷзуб, нимадевона, вола, ғариб…

Ман - ҷонишини шахсии шахси якуми танҳо; дар ибораҳои изофӣ соҳибиятро ифода мекунад. Дар ин байт ба шоир ишора мекунад. Ин ҷо «Ман»- и шоир аст. Шахсияти ӯст. Муаллифи ин ғазал аст.

Ҷуръат - далерӣ, ҷасорат, бебокӣ, шуҷоат, ғаюрӣ, нотарсӣ, пурдилӣ, баҳодурӣ...

Мансур - Инҷо Мансури Ҳаллоҷ (854 - 921) ориф ва мутафаккири форс-тоҷик дар назар аст. Чунонки маъруф аст, ҳангоми ҷазбаи сӯфиёна ибораи «Аналҳақ» (Ман худоям) - ро ба забон овард. Барои ин густоҳӣ Ҳаллоҷро ба дор овехтанд. Ин ибора рамзи устуворӣ дар ақида ва ҳадаф аст. Чун ҳангоми зиндонӣ Ҳаллоҷро сахт шиканҷа карданд, ки аз ақидаи худ баргардад. Вале ӯ то охир дар ақидаи худ устувор монд.

Дорад - аз доштан; доро будан, молик будан...

Ишқ - Ҳисси дилбастагӣ ва дӯстдории аз ҳад зиёд ба чизе ё ба касе, муҳаббат, шефтагӣ...

Бепарво - беғам ва беандеша дар бораи худ ва ё  дигарон; бетафовут, бетараф;

Ман - ҷонишини шахсии шахси якуми танҳо; Ман дар ин байт ба шахси шоир дахл дорад. Нависандаи ин ғазал дар назар аст.

Инҳо буданд ҳамаи калимаҳои байт, ки асоситарин маъниҳои онҳоро зикр намудем. Ҳоло аз хонандагон мепурсам, ки оё мешавад аз маҷмӯаи ин калимаҳо як ақидаи муайянеро ҳосил кард? Таваҷҷуҳ кунед, ки ин калимаҳо дар якҷоягӣ ба чӣ шакл меоянд: Раҳ - ба - сӯй - ёр - дорад - ин - дил - шайдо - ман - ҷуръат - Мансур - дорад - ишқ - бепарво – ман. Бубинед, ки бо партофтан ва ҳазфи танҳо як ҳарфи изофаи «и» байт маънои худро аз даст додааст. Изофа дар ибораҳои дил-и шайдо; шайдо - и ман; ҷуръат - и Мансур; ишқи - и бепарво омадааст.

Агар тартиби ин калимаҳо дигар карда шавад, мешавад аз онҳо маъние пайдо кард? Не, намешавад. Агар, тасодуфан маъние ҳам пайдо шавад он шеър нахоҳад буд. Пас, маълум мегардад, ки офаридани шеър кори шоир аст, на кори калимаҳо, на кори калимасозон, на кори тасвирҳо ва манзараҳои алоҳида. Ин шоир аст, ки бо қудрати эҷодӣ ва офаринандагии худ маъниҳо ва мазмунҳоеро меофарад. Ақида ва назарияи шахсии худро ба воситаи тасвирҳо ва манзараҳои зинда, ки аз калимаҳои забон сохта шудаанд, баён медорад. Моро мафтун мекунад, таваҷҷуҳи моро бармеангезад. Дар торикии дерина рӯшноии нав мепошад... Ҳамин тавр, шеър эҷод мегардад. Дар мисоли ин байт шоир ба хонандагонаш гуфтанӣ ҳаст, ки «Шумо ҳам дар роҳи ишқи худ ба мисли ман устувор бошед. Аз ман ибрат гиред. Ман аз Мансури Ҳаллоҷ ибрат гирифта будам. Ин роҳи дуруст аст. Зеро ки роҳи озмуда ва санҷидашуда аст. Ҳаллоҷ озмуд, ман ҳам озмудам... Шумо ҳам биозмоед...» Ин аст даъвати шоир... Ин аст рисолат ва хидмати шеър ба мардум... Ин аст рисолати таърихӣ, фарҳангӣ, маънавӣ, иҷтимоӣ, тарбиявӣ ва бедоркунандаи шеър дар ҷомеа. Ман рисолати шеър ва шоирро чунин мефаҳмам. Ҳамаи шеърҳои ин китоб аз байтҳо иборатанд. Ва ҳамаи байтҳо ба мисли байти боло сохта шудаанд. Ин аст тасаввури ман аз коргоҳи шеъру шоирӣ”.

Шояд дигарон ин мавзӯъро ба тарзи дигар мефаҳманд. Ин табиӣ аст. Чун инсонҳо озоданд, ҳар кас ҳақ дорад, ки дар ҳар мавзӯе назари шахсии худро дошта бошад...

     4. Шакли шеърӣ чист?

Унсурҳои асосии шеър: забон, вазн, қофия ва мусиқӣ мебошад. Дар ҳикоя на вазн асту на қофия ва на мусиқӣ. Вуҷуди ҳикояҳо ва насрҳои мусаҷҷаъ дар адабиёти бузурги мо мавриди гуфтугӯи ин баҳс нест. Онҳо як падидаҳои тафаннунӣ ва истисноӣ ҳастан, ки аз қоидаҳои умумии баҳси назму назф берунанд. Ин аст, ки шеър аз наср фарқ дорад. Баъзе шеърҳое ҳаст, ки вазн надоранд. Дар баъзе қофия нест. Дар гурӯҳи сеюм мусиқӣ дида намешавад. Инҳо шеърҳои ноқисанд. Шакли шеърӣ фалсафаи хоси худро дорад. Ҷисмҳои кайҳонӣ дорои вазн мебошанд... Вазн ба маънои таносуб... Таносуб ба маънои қофия аст... Қофия, яъне ритм, оҳанг... Оҳанг, яъне мусиқӣ... Мусиқӣ дар худ вазн, таносуб, қофия ва ритмро дар бар мегирад. Худи мусиқӣ натиҷаи ҳаракати кайҳон аст... Ҳаракат ҷавҳари ашёҳост... Ашёҳо аз хилоли ҳаракат худро намоиш медиҳанд... Сурат мепазиранд... Сурат зоҳири шеър аст. Мусиқӣ ва ҳаракат ботин ва ҷавҳари шеърро ташкил медиҳанд.

     5. Фалсафаи шеър чист?

Фалсафаи шеър ба маънои моҳияти шеър аст. Шеър нақшаи нави ҷаҳон ва зиндагии нави инсонҳост, ки шоир ба таври худ офаридааст. Шоири ҳақиқӣ навовар ва офаридагор аст. Ба ҷаҳони дигарон қонеъ нест. Ҷаҳонро ба тарзи нав меофарад. Зардуштия- шеъри Зардушт, Яҳудият- шеъри Мусо ва Масеҳият шеъри Исои Масеҳ аст. Чунки ҷаҳонро ба тарзи худ офариданд. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Румӣ, Иқбол низ ҷаҳонро ба тарзи худ офариданд. Идеал ва ҳадафи ин ё он шеър чизест, ки бояд бошад, вале ҳоло дар воқеият вуҷуд надорад. Пас, ҳамаи шеърҳо нақшаанд. Нақшаҳое, ки шояд дар оянда амалӣ шаванд ва ё нашаванд. Оқибаташро зиндагӣ нишон хоҳад дод. Шоир нақшаи ояндаи зиндагии башариро пешбинӣ мекунад... Ҳар шоир ҷаҳониёнро ба таври худ ба оянда умедвор мегардонад... Шоир офаридагори ҳадафҳо ва орзуҳои нав ба нав аст...

     6. Шоирони асил кадоманд?

Шоирон ду тоифаанд. Якум, пайравони тортанак; Дуюм, пайравони занбӯри асал.

Тоифаи якум бардавом тор мебофанд. Шеъри онҳо луобест, ки ҳамвора тӯри сайёдӣ метанад. Барои ба даст овардани сайд ва ба дом андохтани он. Ин тӯрҳо ва ин домҳо василаи зиндагии онҳост. Шеър танҳо баҳона аст. Мебофанд ва мебофанд. Як тортанак дар ду рӯз ба дарозии 500 метр тор метанад... Танҳо аз ҳисоби луоби худаш...

Шоири асил мекӯшад, ки дарди бедармони худ, ҳамзамонон ва инсониятро баён кунад... Ҷидду ҷаҳд мекунад. Заҳмат мекашад. Ҷустуҷӯ менамояд... Чун занбӯри асал аз гулҳои гуногуни илму маърифати башарӣ асал ҷамъоварӣ мекунад... Шираи ин гулҳоро дар шакли пораҳои шеърӣ ба мардум пешкаш менамояд... Чун қоида шоири асил ҳамеша қурбонии кӯрзавқии мардуми авом аст... Чаро ки авом ҳамеша аз асли масъала ғофил мемонанд ва фирефтаи зарқу барқи шоирнамоён мегарданд.

Шеъри асил кадом аст? Шеъри асил дорои мазмуни фалсафӣ мебошад. Кадом фалсафа? Фалсафаи зиндагӣ. Ин фалсафа, ки: Инсон кист? Олам чист? Мо аз куҷо омадаем? Оқибат ба куҷо меравем? Сарнавишти ҳар яки мо чӣ хоҳад буд? Шоирони асили ҳамаи қавму миллатҳо кӯшидаанд, ки ба ин саволҳо ҷавоби қонеъкунанда пайдо намоянд...

Дар фарҳанги мо Ҳаким Умари Хайём (1048-1131)  чунин меандешид, ки: Ҷаҳон саросар ҳеҷ аст; Эътибори чандоне надорад; Чун мо дар гардиши айём дасте надорем; Пас, корҳоро ба ҳоли худ роҳо кунем ва дар тағйир додани чизҳо беҳуда сарсахтӣ накунем. Зеро ақли мо аз дарки сирру асрори олам оҷиз аст ва тавоноии мо маҳдуд мебошад. Ҷаҳон тамошогаҳи гардиши рӯзгор аст ва мо низ тамошогарони онем». Ин бинише сӯфиёна,бунбастӣ ва орифонааст, ки тамоми ҷаҳонбинии асримиёнагии зиёиёни моро ташкил медод ва таҷаллиёти онро дар шеъру адаби тоҷик меёбем. Рӯҳи қаландарӣ, оини риндӣ, пушти по задан ба дунё, корҳои дунёро ба ҷиддият нагирифтан, танзу истеҳзои ҳакимона пеша сохтан, хешро дар рӯ ба рӯи маломати дигарон қарор додан ва боз чандин хоксориҳои нобаҷо ва дурӯғини дигар ҳусусияти фалсафаи қавмест, ки ҳазор сол боз истиқлоли фикрӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии худро аз даст додааст.

Чунин фалсафае акнун барои ворисони Хайём ва миллати тоҷик барои асри XXI ва асрҳои оянда зарурате надорад. Зеро ин фалсафаи таслим ва шикаст аст. Фалсафаи навмедӣ ва пессимизм аст. Зарарнок аст. Гумроҳкунанда аст. Худбохтагӣ аст. Аз худ бегонагӣ аст...

Аз ҳамаи ин сифатҳои зидду нақиз дар адабиёти гузаштаи мо симои риндро сохтаанд. Хаёмро беҳтарин намунаи ринд мешуморанд. Ринд дар ҳеҷ таърифе хулоса намешавад. Ба назари оқилон девона асту ба назари девонагон оқил; Назди порсоён гунаҳгор асту назди гунаҳгорон порсо; Ин аст шарҳи муҳаққиқони мо доир ба фалсафаи риндӣ. Вале ин шарҳ ноқис ва нотамом аст. Аз ҷавоби савол гурехтан аст. Бо як калима: Ринд шахси ғариб ва аз худ бегона аст. Вале ин бегонагиро дарк намекунад. Хайёл мекунад, ки меҳвари олами ҳастӣ мебошад. Бо ҳазор забону таъбир лоф мезанад, хоксорӣ мекунад, ғурур мефурӯшад... Вале ҳамаи ин бесамар ва беҳудааст. Ин аст, ки мо бояд аз Хайём ва Хайёмпарастон бигрезем... Фалсафаи онҳо натиҷаи як бемории иҷтимоӣ буд. Шикасти сиёсӣ. Шикасти маънавӣ ва фарҳангӣ. Ғалабаи рӯҳи ғуломӣ ва ноумедии мутлақ бар инсон ва ҷомеаи инсонӣ... Чунин фалсафаро насли имрӯзи қавми мо қабул надорад... Мо аз фалсафаи озодӣ ва истиқлол пуштибонӣ менамоем. Мо тарафдори фалсафаи худшиносии миллӣ ҳастем... Мо аз озодандешӣ ва худогоҳӣ дифоъ менамоем. Мо ба қудрати халлоқ ва офаридагори инсон ва инсоният боварӣ дорем...

Риндони гузаштаи мо дард доштанд. Вале аз дарди худ огоҳ набуданд. Дардро ташхис дода наметавонистанд. Ин бехабариро рандӣ ном гузошта буданд. Ринди Хайёмӣ на ҳақро эътироф дораду на ҳақиқату на тариқату на яқинро...

Ҳамаи ин мафҳумҳо (ҳақ, ҳақиқат, тариқат, яқин) истилоҳоти тасаввуфианд... Яъне ринди Хайёмӣ мегӯяд, ки тасаввуфро қабул надорам! Боз чӣ? Боз мегӯяд, ки куфру ислому дунёву динро низ қабул надорам! Баъд чӣ? Баъд оғоз мекунад ба худкушии маънавӣ! Яъне ба зиндагӣ пуштӣ по задан... ҷаҳонро беҳуда ҳисобидан, аз саволҳои зиндагӣ гурехтан... Кори ринди Хайёмӣ ба ин натиҷа расид... Ин аст, ки мо мегӯем: Аз Хайём бояд гурехт... Хайёмро бояд раҳо кард. Ҳамқадами замон ва ҷаҳониён бояд шуд. Инсони асри XXI ба ҳамаи ин саволҳо ҷавоб ёфтааст ва омодаи посухи саволҳои эҳтимолӣ ҳам мебошад.

     7. Ҳақиқати илҳом чист?

Мардони огоҳ ва инсонпарваре ҳастанд, ки мехоҳанд ҳарчи ошкортар, равшантар ва возеҳтар мақом ва арзиши зиндагиро ба мардум бирасонанд. Василаи аз ҳама таъсирноктар дар байни восита ва василаҳои дигар маҳз ҳамин шеър ва сухани мавзун аст. Ин аст, ки он шахс шоири асил мешавад. Ӯ шоири ҳақиқист. Ба ҳалли масъалаҳои умдаи зиндагӣ ва марг мепардозад... Ӯ масъулияти виҷдонии худро дар назди одамон, муосирон ва наслҳои оянда илҳом меномад. Қувваи ҳаракатдиҳандаи илҳоми шоир, виҷдон ва ҳисси масъулиятшиносии ӯст дар назди инсоният ва таърих. Фирдавсӣ ва Иқбол чунин буданд.

Аммо илҳом барои шоирони дурӯғин ниқобест, ки соддалавҳонро мефиребанд. Онҳо барои сарпӯш гузоштан бар оташи кибру ғурур ва ҳисси шӯҳратталабии худ шеър мебофанд. Дар адабиёти мо ҳазорон шоир арзи вуҷуд карда ва ҳазорон девон таълиф шудаанд. Оё ҳамаи ин миллионҳо адабиёти шеърӣ бо илҳом навишта шудаанд?  Аз осмон ба онҳо илҳом фиристодаанд? Ҳаргиз! Аксари шоирон чун пайғамбарон козиб ва дурӯғинанд. Онҳо мехоҳанд, ки ба воситаи иншои шеър айби худситоӣ ва шӯҳратталабии худро пинҳон доранд.

Он ҷо ки мегӯянд «ба номи халқ» ва «ба хотири мардум» шеър менависем, дар асл ва дар ҳақиқат барои худ ва барои таскин додани дарди худнамоӣ ва ҷоҳталабии худ қалам ба даст гирифтаанд...

Хонандаи муосир ҳақ дорад, ки аз ин рози маҳрамонаи шоирон огоҳӣ пайдо кунад. Чун шеър барои хонанда аст... ва шоиру хонандаи шеъри ӯ ҳарду дар нисбати якдигар масъуланд... Ин масъулияти мутақобил ва ҳамагонӣ қувваи ҳаракатдиҳандаи ҳамагуна ҷустуҷӯҳо ва кунҷковиҳо мегардад...

      8. Сояравшанҳои кори шоирӣ

Як муҳаққиқи форсизабони хориҷӣ шоирони тоҷикро муттаҳам карда буд, ки шеърҳояшон ба қоидаҳои илми арӯз созгор нестанд. Яъне калимаҳое, ки ба сину соду соъ навишта мешаванд, ҳамаро бо ҳам қофия кардаанд. Ҳол он ки арӯзи классикӣ инро иштибоҳ медонад! Бале, аз назари арӯзи классикӣ, ки аслаш арабӣ аст, ин кор иштибоҳ аст. Вале бояд ба эътибор гирифт, ки мо ба забони тоҷикӣ шеър менависем, на ба забони арабӣ! Арӯз хоси забон ва шеъри арабӣ аст. Калимаҳои забони тоҷикиро мешавад бо хатти кирилик, лотинӣ, англисӣ, японӣ ва дигар хатҳои ҷаҳон навишт. Муҳим савту садои тоҷикии мост, на ҳарфҳои алифбои забонҳои бегона! Хатту алифбоҳои дигар ба мо чӣ дахл дорад? Хатту алифбо ҳам ба мисли олати сабт аст. Мувофиқи салоҳият ва имконияти худ садоҳоро сабт мекунад. Сабтҳои дурушт ҳасту сабтҳои расо ва олӣ. Пас, айби гӯянда чист? Масъала, масъалаи олати сабт асту бас. Пас, дар шеъри тоҷикии мо масъалаи савту садо нест, балки масъалаи хатту алифбост. Агар хатту алифбо ноқис аст, онро бояд ислоҳ кард. Аслан, алифбои арабӣ аз нигоҳи имрӯз як алифбои ноқис аст. Ниме аз садоҳои забони худи арабҳо дар алифбояшон таҷассум намеёбад. Ва аксари садонокҳо навишта намешаванд. Боз ҳарфҳое ҳастанд, ки танҳо хоси фонетикаи забони арабист ва дар забони тоҷикӣ вуҷуд надоранд. Ин аст, ки мо мегӯем арӯзи арабӣ барои шеъри тоҷикӣ бегона аст. Он тобутест барои мурдае дигар. Шеъри тоҷикии мо қоидаҳои хоси худро дорад, ки аз сиришти фарҳангии мо бархостаанд. Мо аз ин қоидаҳо пайравӣ мекунем...

      9. Шеъри гузаштаи мо

Шеъри гузашта ва ба истилоҳи муосир, шеъри классикии мо, ба таври умумӣ, ба ду ҷаҳон хизмат кард: Ба ин ҷаҳон ва он ҷаҳон. Мавлоно Румӣ мегӯяд:

Ин ҷаҳону он ҷаҳон як гавҳаранд,

Дар ҳақиқат куфру дину кеш нест.

Рост мегуфт. Вале барои «Ин ҷаҳон» ва «Он ҷаҳон» барномае мушаххас ва конкретӣ пешкаш накард. Пешниҳодоти ӯ ва дигар шоирони классикии мо аксаран динӣ, тасаввуфӣ ва дар беҳтарин ҳолат (утопиявӣ) буданд. Шеър бояд бозгӯи фалсафа бошад. Фалсафаи зиндагӣ. Шоирони гузаштаи мо зиндагигурез буданд. Зиндагиро дар ин ҷаҳон қобили зист намедонистанд. Ба хотири зиндагии ҷаҳони дигар эҷод ва талош мекарданд. Аз ин қоида берун баъзе истисноҳо ҳам буд, вале онҳо хеле ночиз ва камтаъсир буданд. «Шоҳнома» баъд аз «ду қарни сукут» аз тарси арабҳо эҷод шуд. Мардуми мо аз нигоҳи сиёсӣ ва динӣ - фалсафӣ онро қабул карда натавонистанд. Зеро «Шоҳнома» ба ҷои ислом идеяи миллиро гузошт ва ба ҷои Худо–Рустам, Сӯҳроб, Сиёвуш ва Исфандиёрро... Паҳлавонони хирадманду ватанпарварро. Мардуми мо аз ин ду пешниҳод ҳарос карданд. Фалсафаи миллӣ ва ватандӯстии Фирдавсиро напазируфтанд. Зеро рӯҳи ғуломӣ дар мағзу устухони онҳо сироят карда буд. Мо ҳатто имрӯз ҳам аз фалсафаи Фирдавсӣ меҳаросем... Онро аз воқеият дур медонем. Чаро? Дар ҳақиқат, барои амалӣ намудани идеали сиёсӣ ва фалсафии «Шоҳнома» ин чанд шартро иҷро намудан лозим аст:

Аввалан, барҳам задани низоми қабилавӣ - падаршоҳӣ дар сарзаминҳои Эронвиҷ; Дуюм, аз нав афрӯхтани чароғи илму дониши ҳақиқӣ; Сеюм, ҷудо намудани дин аз давлат ва барҳам задани ҳама гуна хурофот аз матни ҷомеаҳои ориёитаборон. Дар ҳамаи кишварҳои эронитаборон низоми шоҳаншоҳӣ, ки ҳамон падаршоҳӣ аст, ҳукмрон мебошад. Кишварҳои ин минтақа аз таълими илмҳои ҳақиқӣ: математика, физика, химия, биология, астрономия, фалсафа, мантиқ... маҳруманд. Дар кишварҳои ин минтақа ҳанӯз ҳам идеологияи ҳукмрон дар сатҳи давлатӣ мазҳаб ва дин мебошад. Ин ва боз чандин монеаҳои дигар ҳоло ҳам намегузоранд, ки фалсафаи «Шоҳнома» дар амал татбиқ шавад.

Мо аз давраи Фирдавсӣ пештар нарафтаем. Гирифториҳои мо шояд бештар шуда бошанд. Кишварҳои минтақа эҳтиёҷ ба як сохти иҷтимоӣ - демократии ҳозиразамон доранд, то ин ки аз истибдоди моддӣ ва маънавии чандинҳазорсола наҷот ёбанд. Урупо дар оянда ё ин истибдодро шадидтар мекунад ва ё кишварҳои ин минтақаро ба сохти иҷтимоии урупоӣ ҳамоҳанг месозад...

Эҳтимоли дуюм ба воқеият наздиктар аст.Ҳарчанд  роҳи  дарозеро дар пеш дорад.

        10. Шеъри муосири форсӣ - тоҷикӣ

Шеъри муосири форсӣ - тоҷикӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон эҷод мешавад. Аҳмади Донишу Садриддини Айнӣ пешниҳоди мушаххасе надоштанд. Танҳо моро ба тақлиди урупоиён (русҳо) ташвиқ намуданду бас. Худи онҳо навигариҳои ҳунарӣ ва шоиронае надоштанд. Он чӣ карданд, тақлид ба урупоиён буд. Вале ин хизмат дар замони худи онҳо иҷрои рисолати ростини фарҳангӣ ба шумор мерафт.

Дар Афғонистон устод Халилуллоҳи Халилӣ то соли 1980 ба сифати як ориф ва шоири сӯфимашраб шинохта шуда буд. Баъди ҷанги Афғонистон ба садои зиндагӣ ҳамовоз шуд. Вале дер карда буд. Ҳоло ҳарчи дар Афғонистон эҷод мешавад, шеър нест. Сиёсат аст. Эътироз аст. Барои ҳунар ва ҳунарнамоии шоирона фурсат надоранд. Шоир бояд дар ҳар шароите ҳунари шоирии худро намоиш диҳад. Вагарна мавзӯъҳои шеъриро дар шакли мақолаҳои сиёсӣ ва рисолаҳои фалсафӣ низ баён кардан мумкин аст. Ба ин маънӣ ки ҳунарманд бояд рисолати ҳунарӣ ва таърихии худро хуб ва дақиқ бишносад ва аз вазиши тундбодҳои сиёсии замон ва ҷаҳон парешон нагардад. Фирдавсӣ, Сино, Носири Хисрав ва Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ба рисолати ҳунарӣ ва таърихии худ содиқ монданд.

Дар Афғонистони муосир ин рисолати таърихиро танҳо Аҳмадшоҳи Маъсуд дар илми сиёсат анҷом дода тавонисту бас.

Дар Эрони муосир навоварии шеърӣ ба мисли навоварӣ дар тахаллуси як шоир шуд. Асосгузори шеъри нави Эрон Нимо ном дорад. Номи аслиаш Алӣ  Исфандиёрӣ аст. Дар аввали фаъолияти шоириаш «Амин» тахаллус дошт. Барои он ки навовар шавад, номашро аз ҳарфҳои охир хонд: НИМО. Яъне шакли чаппаи АМИН! Навоварии Нимо аз чӣ иборат буд? Ӯ се орзу ва ҳадаф дошт:

Якум: Хост, ки оҳангу мусиқиро аз шеъри форсӣ барҳам занад;

Дуюм: Талош намуд, ки шеъри баландовозаи классикии моро ба дараҷаи наср ба поён биёварад;

Сеюм: Кӯшид, ки зебоӣ, равонӣ, назокат ва сеҳри сухани мавзуни форсиро ба ибораҳои ноҳамвор ва дурушту дағали урупоӣ иваз намояд. Ӯ аз шеъри шоирони Франсия тақлид мекард. Аз боби мазмун ва муҳтаво фалсафаи муайяне надошт. Он чӣ мегуфт, такрори мавзӯъҳои шеъри шоирони урупоӣ буд. Масалан, даъват мекард, ки ба табиат рӯй оваред. Вале ҷузъиёти ин даъваташро асоснок карда натавонист. Пайравонаш низ аз ин ҳол берун нестанд.

Дар Ҳинду Покистон чӣ? Мисолашро дорем: Муҳаммад Иқбол. Ӯ аз рӯи шафқати инсонӣ ба мусулмонони ҷаҳон хизмат кард. Вале натиҷае нагирифт. Чаро? Барои он ки мусулмонон омода набуданд. Якум: Омодагии сиёсӣ надоштанд. Дуюм: Фалсафаи мушаххаси иҷтимоӣ надоштанд. Сеюм: Программаи муайян дар нисбати дин надоштанд. Он чӣ Иқбол пешниҳод кард, аз ҷиҳати сиёсӣ ва иҷтимоӣ реформаи динӣ буду бас. Он ҳам реформаи ҷузъӣ ва муросокорона. На аз қабили реформаи Мартин Лютер. Баъди таҷрибаҳои талхи сиёсӣ ва иҷтимоии Урупо дар чаҳор асри охир ҳеҷ як дине дар ҷаҳон қодир нест, ки назария ва амалияи худро ба гардани қавму миллатҳо таҳмил кунад. Чун Урупо ба дин ғолиб омадааст. Шарқ ҳанӯз мутеи дин ва хуруфот аст. Урупоиён мутеии шарқиёнро дар назди дин хеле моҳирона истифода мебаранд. Бо мазҳаби шарқиён бозӣ кардан бизнеси сиёсии Урупои муосир аст. Онҳо худро аз дин наҷот доданд, вале намехоҳанд, ки шарқиён наҷот ёбанд. Ин буд, ки даъватҳои оташини Иқбол беҷавоб монданд. Худи Иқбол дар солҳои охири умр ба шикасти худ эътироф кард. Мусулмононро дарди сари ҷаҳониён хонд. Ба ибораи худаш: «Ки ин миллат ҷаҳонро бори дӯш аст». Ин миллат гуфта мусулмононро дар назар дошт.

Вале мо садоқат ва фидокориҳои Иқболро дар роҳи озодӣ ва истиқлоли мусулмонон арҷ мениҳем ва меситоем. Чун ҳарчи тавонист, ба таври бедареғ барои мардум анҷом дод. Иқдоми ӯ намунавӣ ва сазовори пайравӣ мебошад. Бо вуҷуди ин, боистӣ рӯҳи замон ба эътибор гирифта шавад. Маҳатма Гандӣ, ки сиёсатмадори касбӣ буд, аз роҳи омӯзиши ихтисосӣ ба саволҳои Ҳинд ҷавоб ёфт ва Ҳиндустонро бе талафоти ҷонию молӣ аз зери зулму истибдоди бегонагон наҷот дод.

          11. Ояндаи шеъри форсӣ – тоҷикӣ

 Ворисони ин шеър роҳи пурпечутобе дар пеш доранд. Мо бояд аввал урупоӣ шавем ва баъдҳо боз аз нав ба шарқигарии худ рӯй оварем. Он гоҳ аст, ки навбати шеър мерасад. Вале шоирони асил ва бузург нахоҳем дошт. Зеро шеъри мо бемоя ва береша хоҳад буд. Чаро ки мо дар асри XX аз решаҳои суннатии шеъри худ фарсангҳо дур шудем. Аз асолати миллӣ ва фарҳангии худ маҳрум гардидем. Аз худ бегона шудем. Худро бохтем. Ғуломи моддӣ ва маънавии урупоиён гардидем. Он гоҳ аст, ки мунаққидони бузурги урупоимашраб ба майдон меоянд. Шеъри классикии моро аз ғирболи нақди урупоӣ мегузаронанд. Ин мунаққидони бузург аз ҳамин сарзамини забони форсӣ зуҳур хоҳанд намуд. Баъди он ки дар тамоми олам ҳукумати ягонаи умумиҷаҳонӣ барқарор гашт, он гоҳ аст, ки ҳақ ба ҳақдор мерасад ва ориёитаборони форсизабон бо диду эҳсосе нав ба шеъри форсӣ - тоҷики таваҷҷӯҳ хоҳанд намуд. Дар он марҳала аст, ки зуҳури шоирони бузургро метавон интизор гардид.

          12. Хулосаи баҳс 

Олами воқеъ иборат аз шаклҳо ва мазмунҳои рангоранг аст... Шаклу мазмун ҳам бо худии худ зоҳир ва ботине дорад... Шеър зебоии зоҳирӣ ва ботинии шаклу мазмун аст. Масалан, шеърҳои Рӯдакӣ, Ҳофиз, Румӣ ва Иқбол ҳам шаклан ва ҳам мазмунан саршор аз зебоӣ ва мусиқӣ мебошанд. Ин аст ақидаи ман.

 Комил БЕКЗОДА

файласуф

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№3-4 (7-8), 2017

Хондан 8102 маротиба