JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:38

Равиши тандурустӣ

   Инсони муосир дар пешорӯи рушди тезутунди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад. Дар ин гуна шароит ӯро зарур аст, то ба таври мутадовим ва муттасил бештар фаъол ва нерӯманд бошад. Пайдост, ки қуввати равониву ақлонии инсон ба солимиву тандурустии ӯ бастагие зич ва ногусастанӣ дорад. Талаботи рузафзуни ҳаёт ва беш аз пеш муҳимтар гардидани масоили иқтисодӣ инсонро ба он водор менамояд, то дар дахлу харҷи рӯзгораш дар раванди баҳрабардориву таъмини паҳлӯҳои он, бисер оқилона рафтор намудаву сарфаҷӯй бошад. Зеро дар як чунин шароит, беэътинои ба саломатӣ метавонад, назму авзони хонаводаро ноҷӯр сохтаву мунҷар ба хатар бикунад. Ин дар маҷмӯъ дар рушду нумӯи иқтисоди кишвар низ таъсири манфӣ мегузорад. Аз ин рӯ, тайи нимаи дувуми қарни гузаштаву авоили асри ҳозир таваҷҷӯҳи олимон ва муттахассисон бештар дар самти пешгирӣ аз бемориҳо дар масоили беҳдоштӣ равона шудааст.

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:37

Аз равғангирии ҷигар эҳтиёт шавед!

   Равғангирии ҷигар дар натиҷаи камҳаракатӣ, реҷаи ғизоии номуносиб, истеъмоли машруб ва мухаддирот, истифода аз фастфуд ба вуҷуд меояд ва рушди афзояндаи падидаи фарбеҳӣ дар дунёст.

   Равған гирифтани ҷигар оризаест, ки ба далели шеваи зиндагии камтаҳаррук, масрафи ғизоҳои равғанӣ, ширин ва серғизо ба вуҷуд меояд ва муҳаққиқон пешбинӣ мекунанд, ки ин ориза то чанд соли оянда ба як таҳдиди ҷиддӣ барои саломатии ҷигар табдил мешавад. Вуҷуди чарбӣ дар ҷигар табиӣ аст, вале замоне ки ин мизон афзоиш ёбад, яъне беш аз 5 то 10 дарсад аз вазни ҷигар ба вуҷуд меояд.

  Истеъмоли як порсия (140 грамм) моҳии равғаннок (макрели, гулмоҳӣ, самак, озодмоҳӣ (лосось)) се бор дар як ҳафта мушакҳои шахсони кӯхансолро аз фарсудашавӣ муҳофизат менамояд. Ин боз ҳам пурсамар хоҳад шуд, агар онҳо ба машқҳои ҷисмонӣ машғул шаванд.

  Дар сини 40-солагӣ сар карда организми мо қобилияти мустақилона ҳосил намудани мушакҳоро гумм мекунад ва ин танҳо бо ёрии машқҳои ҷисмонӣ бартараф шуданаш мумкин аст. Агар аниқтар карда гӯем, ба шахсони кӯҳансол ба камшавии мушакҳо истидагарӣ намудан мушкил мегардад.

Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:33

Одоби хӯрдан

1. Шустани дасту даҳон қабл ва баъд аз хӯрдани ғизо мӯҷиби баракати ғизо аст.

2. Қабл аз хӯрдани ғизо «Бисми-л-Лоҳ» бигӯ.
3. Бо дасти рост бихӯр.
4. Аз ҷулӯи худ ғизо бихӯр, яъне ба ҳар тарафи коса даст наандоз ва аз пеши худат бихӯр.
5. Ҳаргиз бо дасти чап хӯрду нӯш макун, зеро Шайтон бо дасти чап мехӯрад ва менӯшад.

Китобҳо