JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 06:10

Раъду барқ

Муаллиф:

   Инсоният дар талоши донистану фаҳмидани марзҳои Коинот то ба розҳои ниҳоии асроромези асосҳои олами моддӣ расиданро ҳадафи худ қарор додааст. Яке аз роҳҳои омўзиш ўро ба сўи микроолам (олами атому ҳаста ва зарраҳои бунёдӣ) ва роҳи дигар ба сўи макроолам (чизҳои гирду атроф, ҳодисаҳои дар атмосфера рухмедодаву олами ситораву сайёра, вартаҳои сиёҳ ва ғ.) мебарад. Ҳамин аст, ки ҳадаф ва мазмуни маърифат - фаҳмидани равандҳои ниҳоӣ ва асроромези табиат ва ҷойгоҳи мо дар коинот аст, ки дар ҳар замону макон инсони солимақлро ба ҳаяҷон меорад ва боз ақли солимро ба омўзишаш ҷалб менамояд.Имрӯзҳо вобаста ба пешрафти илму технологияи нодир қисми зиёди ҳодисаҳои табиӣ ба манфиати инсоният истифода бурда мешаванд ва аз тарафи дигар бархе ҳаводиси табиӣ натанҳо ба манфиати инсоният истифода бурда намешаванд, балки ҳамчун хатар таҳдид менамоянд. Ҳодисаҳои паҳншавии мавҷи электромагнитӣ дар фазо, дар зери поршени муҳарики механикӣ сухтани сӯзишворӣ, намудҳои гуногуни реаксияҳои органикиву ғайриорганикӣ, ба самти муайян равона намудани дастаи электронҳо, ки асоси электроника аст, ҳодисаҳои оптикӣ ба монанди истифодабарии лазерҳо дар саноату тиб ва дигару дигар, барои беҳбудии шароити зисту зиндагонии инсоният самаронок истифода бурда мешаванд.

   Лек, бархе ҳаводиси табиӣ ба монанди раъду барқ, заминларза, сел, обхезӣ, сунамӣ, паҳншавии касалиҳои сирояткунанда, тағйирёбии иқлим ҳамеша барои инсоният хатар меоранд. Раъду барқ ҳодисаи атмосферӣ буда, дар натиҷаи таҷзия (разряд) –и электрикии байни абрҳои ғафси туда – тудаву боронӣ ба вуҷуд меояд. Дар натиҷаи гармшавии ҳаво аз ягон нуқтаи маҳал ва ё аз сатҳи гарми оби баҳр конвектсия, яъне мубодилаи ҳаво байни қабати болоӣ ва поёнии атмосфера, ба вуҷуд меояд. Ин сабаби пайдоиши абрҳои ғафси туда – тудаву боронӣ мегардад ва ин абрҳо, ки сабаби пайдоиши раъду барқанд, нисбат ба ҳамдигар тақрибан бо суръати даҳҳо м/с ҳаракат менамоянд. Ин намуди абрҳо аз қатрачаҳои обӣ ва дар қабатҳои баланд аз кристалчаҳои дар ҳолати яхбуда иборатанд. Ҳаҷми абрҳои раъду барқӣ метавонад садҳо ва ҳатто ҳазорҳо км3 – бошад ва массаи қатрачаҳои обиву заррачаҳои яхӣ дар онҳҳо ба 106 – 107 кг баробар аст. Ҳангоми ба самтҳои гуногун ҳаракат намудани ин абрҳо дар яке аз онҳо зарядҳои мусбат ва дар дигараш зарядҳои манфӣ пайдо мешаванд. Зарядҳо афзуда ба як ҳолати серӣ мерасанд ва ду канали шароравӣ пайдо мешавад. Чуноне, ки ба мо маълум аст, ду заряди гуногунном ҳамдигарро ҷазб менамояд, ҳамин тавр ин абрҳо низ ба ҳамдигар наздик шуда, каналҳои шароравӣ ба ҳам бар мехӯранд. Дар натиҷаи бархурии ин ду заряди гуногунноми азим, шарора ё барқ (оташак) мепарад. Тармаҳои электрониву ионӣ дар каналҳои шароравӣ боиси баланд шудани дараҷаи ҳарорат, яъне температура то даҳҳо ҳазор градус ва афзудани атмосфера то садҳо атмосфера меоварад. Ҳамин аст, ки ҳангоми паридани шарора таркишҳои хурд хурди кандашаванда рӯй медиҳад, ки инро раъду барқ меноманд. Раъду барқ дар ҳудуди температураҳоӣ -20°, -15° ва дар баландиҳои 7 – 15 км рух медиҳад. Аз ҳисоби дар атмосфераи замин миллион маротиба камтар будани суръати садо аз суръати рӯшноӣ (суръати рӯшноӣ ϑрӯш= 300000000 м/с, ϑсадо=300 м/с ), мо аввал рӯшноии раъду барқро мебинам ва пас аз лаҳзае садои онро мешунавем.

Дар як вақт ба Замин тақрибан якуним ҳазор раъду барқ таҳдид менамоянд, ки ба ҳисоби миёна дар як сония 100 раъду барқ рух медиҳад. Вобаста ба мавқеи ҷуғрофии маҳал раъду барқ дар сатҳи замин нобаробар, яъне дар ҷое каму дар ҷойи дигар бисёр, рух медиҳад. Раъду барқ дар сатҳи баҳр нисбат ба континентҳо тахминан даҳ маротиба кам рух медиҳад. Аз тамоми раъду барқҳои дар замин рухмедода ба ҳисоби миёна қариб 78 фоизашон дар минтақаҳои экваториалӣ ва тропикӣ мушоҳида мешаванд. Аз ҳама бештар раъду барқ дар Африқои Марказӣ ба амал меояд. Дар мавзеъҳои полярии Арктика ва Антарктика қариб, ки раъду барқ мушоҳида намешаванд. Интенсивнокии раъду барқ аз дараҷаи дурахшонии офтоб вобаста аст, дар нисфирузии тобистон зудии рӯйдоди раъду барқ максималӣ буда, ҳангоми ғуруби офтоб бошад, минималӣ аст. Энергияи харобиовари ҳар як ба амалоии алоҳидаи раъду барқ метавонад то 200 ҳазор ампер дар як миллион ҳиссаи сония бошад. Энергияи потенсиалии захиравӣ дар абрҳои раъду барr то 1013–1014 Ҷ –ро соҳиб мегардад, ки тақрибан ба энергияи бомбаи термоядроии миллионтона баробар аст. Радиуси монеа ё халали энергетикии барқ аз нуқтаи бархурдаш ба ягон ҷисм метавонад то 1, 5 км – ро фаро гирад. Раъду барқ ҳодисаи фавқулоддаи хавфноки тезҷоришавандаи табиӣ мебошад. Пешгирӣ ва пешгӯи кардани нуқтаи бархӯрди барқ ғайриимкон аст. Барои паст намудани сатҳи хатар ва эмин мондан аз хатари раъду барқ ба мо зарур меояд, ки якчанд қонуниятҳои зарурӣ ва талаботҳои аввалиндараҷа риоя гарданд. Ҳангоми ба мушоҳида расидани абрҳои ғафси туда – тудаю боронӣ ва дар вақти рух додани раъду барқ бояд чунин амал кард:

– дару тирезаҳо ва дудкаши хонаро пӯшида, аз хона набаромадан;

– дар вақти раъду барқ дар оташдон оташ афрухтан мумкин нест, зеро қобилияти ҷараёнгузаронии дуди оташ калон аст ва эҳтимоли бархӯрди барқро ба боми хона зиёд менамояд;

– дар вақти раъду барқ аз ноқилҳои ҷараёни электрикӣ, махсусан хати нақли қувваи чараёни баландшиддат, антена, дар, тиреза бояд дар масофаи дуртар истод, дар назди дарахти баланду танҳо истодан манъ аст;

– аз истифодаи асбобҳои электрикӣ ва телефон бояд худдорӣ намуд;

– қарор доштан дар мавзеҳое, ки дар онҳо масолеҳи метталии азим истифода бурда шудааст, манъ аст;

– агар ҳангоми раъду барқ дар ҷангал бошед, ба шумо зарур аст, ки дар поёни дарахти кӯтоҳ истед;

– дар мавзеи намнокиаш зиёд истодан манъ аст; – дар вақти раъду барқ дар дохили об истодан, оббозӣ кардан, моҳӣ доштан қатъиян манъ аст;

– дар вақти раъду барқ ба варзиш машғул шудан дар фазои кушод манъ аст, зеро эҳтимоли бархӯрди барқ ба ҷисми ҳаракаткунанда калон аст;

– агар ҳангоми раъду барқ шумо савори мототсикл бошед, фавран аз он фаромада, ба масофаи 30 метр аз он дур шавед, агар дар автомобил бошед зарур нест, ки онро тарк намоед, танҳо тирезаҳоро пушида, радио ё асбобҳои дигари мавҷқабулкунандаро хомуш намоед;

– ҳангоми раъду барқ дар даст доштани ашё ва лавозимоти металӣ қатъиян манъ аст. Ба шахси аз раъду барқ зарарёфта якчанд кумаки авалиндараҷаро бояд расонид:

– фавран даъват кардани “ёрии таъҷилӣ”;

– аз ҳавои номусоид, гарм ва хунук ба ҷойи мувофиқ бурдани аз барқ зарардида;

– тибқи имконият ба дасту пойҳои зарардида пошидани об, то аз ҳолати бехудӣ барояд;

– ҳангоми бозмонии нафаскашӣ ва набзи паст, додани нафаси сунъӣ ба зарардида;

– ба пушт хобонидани зарардида ва масҳ намудани атрофи дили ў.

Қурбониён Меҳрдод Субҳонӣ

Хондан 6631 маротиба