JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 06:06

Ояндаи Сайёра???

Муаллиф:

   Мафҳуми “экология” соли 1866 аз ҷониби табиатшиноси машҳури олмонӣ Эрнст Геккел ба илм ворид гардидааст. Дар аввалҳо экологияро ҳамчун як соҳаи кўчаки илми табиатшиносӣ медонистанд. Солҳои охир бошад, экология ба маънои васеъ истифода шуда, онро барои ифодаи муҳити носолим, инчунин ҷомеа, оила, маданияту фарҳанг ва саломатии инсон, тозагӣ ва истеҳсолот низ ба кор мебаранд. Пас экология илмест, ки муносибати организмҳои зиндаро аввал байни худ, баъдан бо муҳити сукунат ва дар охир мавқеи инсонро дар табиат меомӯзад.

 

  Экология чун илми мустақил хеле ҷавон буда, дар асри ХХ ба вуҷуд омадааст, вале омилҳои таркибии асосии онро муайянкунанда аз давраҳои қадим ба инсоният маълум буданд. Масалан, ҳозор сол қабл аз мо, мутафаккир ва эсиклопедисти номвари тоҷик Шайхурраис Абўалӣ ибни Сино дар “Ал-қонун фит-тиб” ном асари худ, доир ба омилҳои таркибии экологӣ муфассал маълуот додааст. Дар солҳои охир зиёд шудани аҳолии сайёра ва таъсири он ба муҳит ҷомеаро водор месозад, ки масъалаҳои экологиро дар зиндагии рўзмарра ва ҳаёти минбаъдааш ҳаллу фасл намоянд. Дар замони муосир таъсири инсон ба биосфера босуръат афзуда истодааст. Аз ин рӯ, дар сатҳи сайёраи Замин ягон нуқтаеро дарёфт намудан мумкин нест, ки ба он таъсири фаъолияти гуногунҷамбаи инсон нарасида бошад.  

Инсоният фаъолияти худро ҳоло ба он равона намудааст, ки сараввал табиатро ба фоидаи худ тағйир диҳад. Ҳамин тавр миллионҳо гектор заминҳои бекорхобидаи хушку каммаҳсулро ба заминҳои сермаҳсули кишоварзӣ табдил дода, боғҳои боҳашшамат бунёд гардиданд. Қитъаҳои қуруғзорроки сарчашмаи асосии касалии вазнини вараҷа буданд, хушк намуда, ба заминҳои кишоварзӣ табдил дода тавонист. Аз ҷониби одамон садҳо зотҳои ҳайвоноту ҳазорҳо навъи рустанӣ тағйир ёфта, сермаҳсул ва ба касалиҳо тобовар гаштанду манзараҳои зиёде амри вучуд доранд, ки барои беҳбудии иқтисодӣ ва инкишофи ҷамъият мусоидат менамоянд. Мутаассифона, гоҳҳо одамон бо фаъолиятҳои бехирадонаи хеш табиатро бар зарари худ тағйир медиҳанд. Чунин тағйирёбии табиат бештар бо истифодаи васеи техника ва силоҳи оташфишон ба амал меояд, ки дар натиҷа майдони ҷангал кам шуда, ҳайвонҳои нодир нест мешаванд. Азбаски шумораи аҳолии сайёра таи чанд даҳсолаи охир босуръат афзудаистодааст, истеҳсолу истифодаи сарватҳои табиӣ низ мутаносибан меафзоянд. Афзудани истеҳсолу истеъмоли зиёди сарватҳои табиӣ ба фауна ва флора зиёни калон расонидааст. Ин аст, ки дар қитъаи Амрико миқдори подаи бизонҳо, дар Осиё–говмешу  оҳўҳо ва дар минтақаҳои гуногуни сайёра шумораи даррандагон монанди палангу шер, леопарду пантера ва ғайра кам ва филҳо қариб, ки нест шудаанд. Дар сатҳи уқёнусҳо бошад, шумораи наҳангҳо хеле кам ва паррандаҳо қариб нест шуда­анд.  

Фаъолияти ҳамарўзаи инсон ба тағйирёбии иқлими сайёра низ оварда мерасонад, ки он барои ҳаёти худи ҷомеа хеле хатарнок мебошад.

Тарғйирёбии иқлим зери омилҳои табиӣ ва инсонсириштӣ сурат мегирад. Ҳангоми ба ҳадди калон тағйир ёфтани иқлим минтақаҳои иқлимӣ ба самти арзҳои баланд ҷой иваз мекунанд. Инсоният фаъолияти худро ба тағйирот мутобиқ мегардонад. Ифлосшавии муҳити зист хосияти умумиҷаҳонӣ гирифтааст, зеро барои он сарҳади давлатӣ, динӣ ва миллӣ вуҷуд надорад.афзоиши ифлосшавии муҳит боиси пайдоиши хавфу хатари раванди мўътадили низоми биосфера ва аз ҷумла инсоният мегардад.   Комплекси сўзишворӣ–энергетикӣ дар миқёси ҷаҳон яке аз соҳаи асосии заҳролудкунанда ва ифлоскунандаи муҳити зист буда, ҳоло ба ҳиссаи он қариб 48% партовҳои заҳролуди атмосфера, 36% ифлосшавии захираҳои обӣ ва 30% дигар партовҳои заҳролудкунанда рост меояд. 

Аз тарафи дигар, сатҳи уқёнусҳои сайёра аз ҳисоби пиряхҳои обшуда баланд мешаванд, ки ин ҳодиса ба сатҳи хушкии сайёра хатари ҷиддӣ меорад. Аз ин рў, агар дар садсолаи охир сатҳи оби уқёнусҳо 10–12 см баланд шуда бошад, пас то соли 2050 – ум эҳтимоли баландии сатҳи оби онҳо то ба 150 см имкон дорад. Баландшавии сатҳи оби уқёнусҳо барои мамлакатҳои назди баҳрӣ ва шаҳрҳои алоҳида аз қабили Амстердам, Венетсия, Рио-де-Жанейро, Санкт-Петербург, Гамбург, Монтевидео  ва ғайра пробле­маи ҷиддиро ба амал меоварад. Ғайр аз ин мамлакатҳои араб зери об монда, то 15% майдони Миср, то 4% майдонҳои кишти Бангладеш аз истифода баромада, заминҳои зиёде ба шўразор табдил меёбанд. Вақти баландшавии ҳарорат майдо­ни зиёди ҷангалҳо ва ҳайвоноти зиёди нодир нест шуда, май­дони чарогоҳҳо кам мешаванд. Проблемаи баландшавии ҳарорати сайёра проблемаи нав нест. Ҳол он ки яке аз олими фаронсавӣ Ж. Фуре соли 1827 пешниҳод намуда буд, ки атмо­сфера ба ҳарорати сатҳи Замин таъсири ҳархела дорад. Охири садаи XIX олими шведӣ Аррениус бо хулосае омада буд, ки зери афзудани сўзишвориҳои гуногун ҳаҷми диоксиди карбон (СО2) меафзояд, ки ин сабаби баландшавии ҳарорати сатҳи Замин мегардад. Ҳисоб шудааст, ки дар сурати чораҳои ҷиддӣ надидан, тайи ҳар 23 сол ҳаҷми СО2 ду маротиба меаф­зояд, ки ин сабаби боз тезтар баландшавии ҳарорат мегардад. Ҳамаи гуфтаҳои боло сабаби он гаштанд, ки соли 1957 аз ҷониби ҷамъияти байналхалқии олимон нуқтаҳои зиёди озмоишӣ оиди ифлосшавии муҳити зист ва экология таъсис ёфт.

Масъалаи дигари экологӣ, ин хавфи хароб гардидани қабати озонии атмосфера–озоносфера мебошад. Исбот намудаанд, ки танҳо дар сурати 1% кам шудани қабати озонии таркиби атмосфера шумораи маризиҳои саратони пуст то 5–7% меафзояд. Ин нишон медиҳад, ки танҳо дар минтақаи Аврупо соле то 6–9  ҳаз. кас гирифтори ин касалии шадид мегардад. Сабаби асосии хароб шудани қабати озонӣ афзудани ҳаҷми оксиди нитроген, атомҳои хлор ва буғи оби дар тарки­би атмосфера буда мебошад. Нурҳои ултрабунафш, ки дарозии мавҷашон аз 0,290 мкм камтаранд, барои тамоми мавҷудоти зиндаи сайёраи мо марговаранд. Ҳаёт дар сатҳи сайёраи мо маҳз аз он сабаб имконпазир аст, ки дар баландии 25–50 км-и  сатҳи атмосфера, дар қисми болоии тропосфераву қисми поёнии стратосфера қабати озонӣ–озоносфера   ҷойгир аст ва ин қабат нурҳои кутоҳмавҷи ултробунафшро нигоҳ дошта ба сатҳи Замин танҳо баъд, қисми лозимии нурҳои ултробунафши нисбатан дарозмавҷро  (0,300 – 0,400 мкм) мегузаронад. Нурҳои ултрабунафш аз чиҳати кимиёвӣ хеле фаъол буда, дар сурати аз меъёри табиӣ зиёд буданашон ба организмҳои зинда зарар меоваранд. Ин аст, ки қабати озонӣ таъсири нурҳои ултрабунафшро то ба 6500 маротиба кам менамояд. Чунки миқдори ками ин нурҳо барои фаъолияти муътадили организмҳои зинда, зарураст. Илова бар ин бо сабаби зиёд шудани партовҳои саноатӣ ба атмосфера, қабатҳои поёнии он хароб гардида, дар натиҷаи коатсерватсияи моддаҳои химиявӣ боришҳои ишқордор меборад, ки ин навъ боришотро ҳанўз дар нимаи охири садаи XIX химики машҳури англис Р. Смит пешниҳод намуда буд. Сабаби асосии ба амал омадани чунин боришотро Смит аз меъёри табиӣ зиёд сўхтани ангишт меҳисобид. Ў таъсири манфии боришоти ишқордорро барои набототу ҳайвонот, обу ҳаво ва умуман табиат нишон додааст. Аз нимаи дуюми садаи гузашта cap карда, олимони соҳаи экология таъсири ин ҳодисаро дар табиат ба таври мушаххас мавриди омўзиш қарор додаанд. Мутаассифона, дар давоми 20–25  соли  охир ин масъала яке аз проблемахои ҷиддӣ ва тезу тунди экологиро ба миён овардааст.

Бояд як нуктаи бисёр муҳимро баён намоем, ки дар Аврупо дарёҳои Сена, Рейн, Нева, Волга, Дунай ва Днепр бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиёд, ҳамеша ба обҳои партови саноатӣ ва хоҷагии манзилию маишӣ олуда карда мешаванд. Олудашавии оби дарёҳои Ому ва Сир аз ҳисоби поёноби заминҳои пахтаю шолии Ўзбакистону Туркманистон боиси фоҷеаи кўли Арал мегарда. Бо мурури афзудани шаҳру корхонаҳои саноатӣ ва кишти зироатҳои техникӣ дар Тоҷикистон сол аз сол зиёдшавии олудагии ҷўйу дарёҳо ба назар мерасад. Ҳоло оби дарёҳои Сир, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Вахш, Яхсў ва Обихингоб дар ҳамешагӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои каммуналӣ ва маишӣ олуда мешаванд. Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон солҳои охир ифлосшавии ҳавзҳо, ҷўю дарёҳо ва заҳбурҳо зиёд шуда истодааст. Яке аз сабабҳои он дар бисёр корхонаю муассисаҳо ва фермаҳои назди соҳили дарёҳо набудани иншоотҳои обтозакунӣ мебошад. Дар бисёр ҳолат ин ба талабот пурра ҷавобгўй набудани иншооти мавҷуда мебошад. Аксар ҳаҷми иншоотҳои обтозакунӣ хурд буда, қудрати ба миқдори зарурӣ тозакунии обҳоро надоранд. Дар натиҷа обҳои олуда ба дарё ва ҷўю заҳбурҳо омехта мешаванд.   

Дониши экологӣ ҳатман тамоми системаи таълими умумиинсониро дар бар гирифта, барои экологикунонии бисёр илмҳо замина фароҳам меоварад. Дар рафти таълиму тарбияи экологӣ дар байни тамоми табақаҳои ҷомеа бояд муносибати ҷиддии солим нисбат ба муҳити зист пайдо шавад. Бояд қайд намуд, ки барои экологикунонии ҷомеа як қатор ташкилотҳои байналхақӣ, минтақавӣ ва давлалӣ амал мекунанд ва натиҷаи дастоварҳои илмии олимони мамолики мухталифро оид ба масоили мубрами экологӣ дар конфронсу симпозиумҳои мухталиф баррасӣ менамоянд.  

Барои ҳалли ин проблемаи глобалии экологӣ соли 1985 дар шаҳри Вена гуфтугўи байналхалқӣ барпо гардид, ки «Конвенсияи Венаро оиди ҳифзи қабати озонӣ» қабул намуд. Гарчанде конвенсияи Вена имзо шуда бошад ҳам, ҳамаи имзокардагон ба хулосаи ягона оиди кам кардани партовҳои зиёновар наомадаанд. Аз ин лиҳоз соли 1987 протоколи Монреал (Канада) қабул шуд, ки дар он намояндагони 98 мамлакати дунё иштирок доштанд. Дар протоколи имзокардаи онҳо қайдшуда буд, ки партовҳои зиёноварро яку якбора не, балки давра ба давра кам кардан лозим. Соли 1990 дар Лондон вохўрии нави намоянда­гони мамлакатҳои имзокарда бо иловаи 60 мамлакати дигар шурўъ шуда протоколро доир ба то соли 2000-ум пурра қатъ гардондани истеҳсоли маводи ифлоскунандаи сатҳи атмосфе­ра ва харобкунандаи қабати озониро имзо намуданд. Моҳи май соли 1995 Қарори Ҳукумати Руссия таҳти № 526 дар бораи «Чораҳои аввалиндараҷа доир ба иҷрои конвенсияи Вена ва протоколи Монреал, моҳи май соли 1996 қарори № 563 доир ба танзими ворид намудан ба қаламрави Федератсияи Русия ва ё баровардан аз қаламрави он моддаҳое, ки қабати озониро хароб менамоянд» қабул на­муд. Мутаассифона, ҳамаи ин қарору қонунҳо ва протоколҳои қабул шуда сатҳи атмосфера ва қабати озониро муътадил накарда истодаанд.

 Инсон ба корҳои ҳаррўзаи худ машғул шуда, одатан таъсири худро нисбат ба муҳит равшан ҳис намекунад ва ё нисбат ба онҳо бетафовут менигарад. Чи тавре, ки маълум аст, тағйироти миқдорӣ ҷамъ шуда, дар як вақти муайян ба ҷаҳиш ба тағйироти сифатӣ бадал мешаванд, ки дар мавридҳои ҷудогона он боиси фалокатҳои даҳшатовар мегардад. Фалокатҳои ҷузъӣ нишонаи зуҳуроти бўҳрони умумии сайёравӣ мебошанд. Солҳои охир инсон ин масъалаҳоро натиҷагирӣ намуда, бояд ба он кўшад, ки робита ва таъсири мутақобилаи он аз ҳолати имрўза пуршиддаттар нагардад. Аз ин лиҳоз инсониро зарур аст, барои пешгирии хатари экологӣ чораҳои аввалиндараҷаро андешад.

 Номвар ҚУРБОНОВ 

Хондан 6141 маротиба