JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 06:04

Оё зани тоҷик космонавт мешуда бошад?

Муаллиф:

   Банда дар ин иншои хеш мехоҳам баъзе аз ақидаҳоямро оиди минбаъд пешрафту ҷаҳонро дарёфт намудани миллату халқи кўҳнабунёду меҳнатқаринам, оиди баҳси озоду изҳори ақидаву андешаҳои тоза, баҳри рушду нумуи минбаъдаи кишвари азизамон дар раванди ҷаҳонсолорӣ (глобализация) ба хонадагони азиз пешкаш намоям.Муттаассифона бо назардошти банда, дар солҳои охир дар малакатамон, алалхусус дар деҳоти мамлакат, мо мушоҳида менамоем, ки ҷараёни дарсомўзии ҷавонон хеле суст ба роҳ монда шудааст. Падарону модарон бошанд ба ин кам аҳамият дода ва духтаронро, ҳатто баъди синфҳои 9 ва боло дар аксари деҳоти мамлакат, алалхусус дар кули ноҳияҳои кўҳистони мамлакат барои давом додани хондан ва касбомўхтан садди роҳ мегарданд. Ва рўз аз рўз мо мушоҳида менамоем, ки дар саросари мамлакат, ҳатто дар пойтахти мамлакат ҷавонону занон ба назарияҳои хурофотпарастии кўҳнаи динӣ бештар дода шуда, ба дарсҳо ва дигар машғулятҳои зарурӣ кам эътибор медиҳанд.

   Дар пойтахт ҳатто занҳо ва духтарони ҷавон ҳам акнун ба намози ҷумъа хонӣ шурўъ намудаанд. Албатта ба намозу рўза ва бо худопарастӣ банд будан ва дар асоси талабу зарурияти ҷомеъаи демократӣ барои покизагиву дар рўҳияи солим тарбия ёфтани насли оянда ҳамаи ин раванду кушишҳо кўмаки хешро мерасонанд. Аммо аз тарафи дигар, ки чи тавре, ки мо мушоҳида менамоем, духтарону занҳоро боз зери фишори маҷбурӣ аз мактабу дарсомўзӣ боздоштан, рўю чашми онҳоро рўймолпеч намудан ва садди роҳҳи роҳбалад гаштану шахси комил тарбия наёфтани зани тоҷик дар ҷомеа гумон менамоям, дар назди ҷомеъа ва Парвардигор гўноҳи калон аст. Чунки Пағаймбари дини мубини ислом Муҳаммад (салоҳувасалам) омўзишу донишро «аз гоҳвара то ба гўрро» барои мардону занон фармуда буданд. Агар ҳоло дар сайёра бештар аз 7 миллиард нуфуз иқомат намояд, нисфи онҳоро занҳо ташкил медиҳанд ва дар Тоҷикистон бошад хушбахтона занҳо каме зиёданд. Ва мо бояд тассавур ва дарк намоем, ки агар ин нисфи зиёди аҳолӣ камсавод ва беҳурнар ба воя расад, чи қадар халқу миллатро дар оянда ба нокомӣ рў ба рў мегардонад? Агар зани тоҷик духтур набошад, олима набошад, омўзгор набошад, лётчику посбон набошад, пас намояндаи кадом дину миллат барои мо ин корро бояд ба ҷо биёрад? Банда бо боварии комил метавонам, бигўм, ки дар аксари мактабҳои деҳоти малакат духтаракон аз писарчаҳо дида, зеҳни хубу бурро доранд, нисбати писарбачаҳо аз тамоми предметҳои омўзишӣ дараҷаи баланди азхудкуниро доранд, вале афсўс, ки онҳоро дар давари ҷавониашон падарону модарони онҳо, ки ақидаи ғаллати дар ҷомеа паҳнгашта, ки … «хонда ки мешавӣ ё ин ки хондагиҳо ки гаштанд» ва ғайраҳоро ба онҳо пай дар пай гуфта, онҳоро дилшикаста гардонида, орзўю амали онҳоро барбод дода ва билохира онҳоро ба баҳри бесаводӣ, беҳунарӣ ва доим дастнигари иқтисодӣ будан ғўтавар мегардонад. Ин ҷои афсўс асту барои аз байн рабурдани ин падидаи номатлуб бояд ҳамагон ақли солимро кор фармуд. Дар ин кор инчунин дар деҳот баъзе аз домуллоҳои ҳамон деҳа низ сабагор мегарданд. Ба қавли онҳо бояд зан фақат дар хона нишинаду, рўи «номаҳрамон»-ро набинаду, фарзанд ба дунё биёраду бас… Дар аксари деҳаҳои мамлакат имрўзҳо боз мисли солҳои пешин дар назди домуллоҳои маҳал, ки онҳо ба ғайр аз ёд намудани якчанд сураи Қўръони масҷид ва бо овози баланд замзама намудани онҳо, дигар ягон саводи илми имрўзаро надоранд (боварӣ дорам, ки кули онҳо ҳатто формулаи обро намедонанду оиди донистани онҳо дар бораи гену ирсият ва ғайраҳо ҳоҷат ба сухан нест), толибилмон аз қабили мактаббачаҳо хело доман паҳн кардааст. Албатта «сабақомўзон» аз ин даромад пайдо менамоянд, ба қавлашон савоб мегиранд, ҷавонони аз роҳҳои дурру наздик омадаро кор мефармоянд ва билохира ин ҷавонон бошанд бесаводу бе касбу ҳунар дар ҷомеа мемонанд, ки ин пешравӣ нест.

   Аз Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, Мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ҳамагон, алалхусус падарону модарони ноҳияҳои дурдасти мамлакат, ки ҳар сол садҳо духтаракону ҷавонони деҳот мувофиқи кувотаи президентӣ ба донишкадаҳои олии мамлакат дохил гашта, соҳиби касбҳои гуногун мегарданд бояд миннатдору шод бошем. Банда ба мамлакатҳои пешрафтаи олам ба монади Чин, Олмон, Хитой, Туркия, Ҳолланд ва ғайраҳо сафар доштам ва дар он ҷо дидам ва ҳис намудам, ки духтарону занҳои ин мамлакатҳо чи қадар бо саводу дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт баробари мардон кору фаъолият менамоянд ва орзў кардам, ки занҳои тоҷик ба чунин пешрафти ҳаёту зиндагӣ кай муваффақ мегашта бошанд. Дар чунин ақибмонии духтарону занҳои тоҷик андеша менамоям, ки дар аввал худи мо падарону модарон гўнаҳгорем, инчунин мактабҳои омўзиши ҳамагонӣ, инчунин бетарафии ҳамсояҳову саркардаҳои деҳаҳо, ҷамоатҳои деҳот ва пасон рўз аз рўз рушду нўмў ёфтани ақидаҳои хурофотпарастии динии худи пиру ҷавон дар ҷомеа мебошад. Мо имрўз мушоҳида менамоем, ки агар ба падарону модарон гўянд, ки дар фалон ҷой бояд масҷид созем аз куҷое ки набошад, ҳатман маблағ ёфта, дар он саҳмгузорӣ менамоем, вале агар гўянд, ки биёед ба мактаби деҳаамон кўмак намоем, ё ин ки дар деҳа як маркази ҷавоноро сохта, дар он ҷой китобу компютру дигар лавозимоти заруриро барои ҷавону фарзандони худамон тайёр намоем, ё ин ки лоақал як порчаи заминро барои майдончаи варзишии ҷавонон ҷудо намоему эҳё созем, дар ҳол мо даъво менамоем, ки ин кори ҳукумату давлат аст, ё ин ки дафтарҳои байналмилал бояд дар ин кор ба мо кўмак расонанд. Аз ин ҷост, ки дар аксари ноҳияҳои кишвар ҳукумат ва ин ташкилотҳо дар якҷоягӣ дар ин самт кушиш ба харҷ медиҳанд, ки ин кўмаки хешро расонида истодааст.

Аз тарфи дигар мо инчунин мушоҳида менамоем, ки баъди истиқлолият ва оғози тақвият бахшидан ба рукнҳои демократӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, мутаассифона қисме аз ҷавонон ҳам ба як рўҳияи танбалхўҷагӣ ва кам сарф намудани нерўю қувва ва илҳоми ҷавонии хеш баҳри ҳарчӣ бештар хондану соҳиби илму маърифат гаштан, дар як рўҳияи бетаваҷўҳӣ ва камҳаракативу беташаббусӣ рў ба рў гаштаанд ва қарор доранд. Дар чунин ҳолату вазъ қарор доштани аксарияти фарзандонамон инчунин пеш аз ҳама мо падару модарон айбдор ҳастем. Худамонро ҳатто таги қарзу қавала монад, ба онҳо тамоми шароитҳоро мўҳаё месозем, мошин мехарем, телефон, либосҳои қимматро мегирем, хўрокиҳои болаззатро тайёр менамоем, онҳоро ба қавле «эркача» тарбия менамоем, вале ҳавсалаи дар ин хубиҳои мо кадом донишу малака, кадом касбро интихоб кардану ба кадом донишкада рафта хонданашонро намепўрсем ва дар ин ҷабҳа талош ҳам намеварзем. Мегўем, ки хайр ба синни болиғӣ расид як ҷиз мешавад гуфта, фирефтаи бесаводӣ мегардем. Дигар чизе, ки ҳоло ба пешрафти оилаҳо, ҷомеа ва мамлакат таъсири манфии худро ҳоло расонида истодааст, ин ҳам бошад афзоиши бе нақша ва нуфўзи зиёди фарзандон дар оилаҳо мебошад. Биёед як таҳлили соддалавҳона ҳам ки бошад ба чунин рушду нумуи як мамлакати абатқудартӣ дунёи имрўза - Чинро бинем ва назар андозем, ки имрўз аҳолии ин мамлакат бештар аз як миллиарду сесад миллион нафар аст, вале ин мамлакат на танҳо аҳолиашро мехўронаду мепўшонад, балки боз тамоми маҳсулоти дар олам истеҳсолшавандаро истеҳсол намуда, ба оламиён пашкаш менамояд. Банда яке аз чунин пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии ин мамлакати ба мо дўсту ҳамсояро дар он мебинам, ки дар оила хело нуфўзи кам одам аст. Як фарзанд тарбия менамоянд, вале ин як фарзанд, чунин тарбия меёбад, ки қариб тамоми саводи дунёиро соҳиб мегардад. Вале мо бошем, қувва ва тавонии зеҳниву иқтисодиамонро ба инбот нагирифта, фарзанди бисёреро тавваллуд менамоему, на онҳоро тарбия карда метавонем, на қудрати иқтисодӣ дорем ва на ҳавсала дорем. Фақат ҳамин фикри ғаллатро бобову бубямон дар мағзи сари мо ҷой кардаанд, ки Худо худаш рўзашаву ризқашро медиҳад. Вале инро намедонем, ки Парвардигор гуфтааст, ки аз ту ҳаракату аз ман баракат, ё ин ки ба умеди Баҳводдин нашаву буттаро мустаҳкамтар қап. Агар ин назарияро мо дар саросари олам таҳлил намоем, мебинем, ки дар тамоми мамолики дунё, дар тамоми мамлакатҳое, ки дар оила кўдаки бисёр тавваллуд мегардад, аз қабили мамлакатҳои Африқо, аксари мамлакатҳои мусулмонӣ ва собиқ Шўровӣ камбағалӣ, пешрафти пасти иқтисодӣ ва фасод бештар ба чашм мерасад. Дар ин ҷодда устод Бозор Собир низ қайд менамояд, ки шарқиён рў ба ғарб оварданашон аз гурўснагӣ ва аз таъсири беши дин аст. Албатта бесаводӣ ва камбизоатӣ ин худ манбаҳои асосии худро таркондан, экстремизм, терроризм, ҷиҳод, бесарусмонӣ ва ғайра, ки инҳо аз падидаҳои ғайриинсонӣ ва номатлуби ҷомаи ҷаҳони имрўза мебошанд.

Як чизи дигаре, ки ҳоло дар ҷомеа хело тез ру ба камолот овардааст, ин дода шудани кули зиёди ҷавонон ба назарияҳои аз асрҳои пешини давраҳои камсаводӣ меросмондаи динӣ ин ба хурофот дода шудан, яъне дил ба ин дунё набастану, фақат дар бораи охират, яъне фикри он дунёро кардану ва ғайраҳо ва ҳоказаҳо мебошад, ки ба андешаи банда ин ҳам яке аз омилҳои паст гардонидани ғайрату ғурури ҷавонон дар ободу дастрас гаштан ба касбу ҳунари дунёвӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодии миллату ҷомеа оварда мерасонад. Агар дар масҷидҳое, ки имрўз дар саросари мамлакат сохта шудаанду мардум ва ҷавонон дар он ҷой ҷамъ меоянд, мутаассифона шахс мебинад, ки пешнамозон, муллоҳои иззатманд, ки саҳми онҳо дар пешгирӣ намудани фисқу фасод, нашъамандӣ майнўшӣ ва дигар рафторҳои номатлуб дар ҷомеаи имрўза хело калон аст, вале онҳо ба мавзўҳои чи тавр саводнокии илмию фарҳангии мардумро баланд бардоштан, илми имрўзаи дунёвиро, забонҳои гуногуни дунёро омўхтан, чи тавр дўстии халқҳоро ва динҳоро тақвият бахшидан, кас хело кам бархўрдор мегардад. Дар вазъу сўҳбатҳои онҳо маслиҳатҳои тақвият бахшидани дўстиву рафоқати халқҳову динҳо кам ба гуш расида, дар аксари ин гуфторҳои онҳо чизҳои хеле кўҳнаи хурофотпарастӣ ва аз дунёи муосир хело қафомонда шунида мешавад. Масалан, дар яке аз рўзҳои ҷумъа ба банда низ муяссар гашт, ки бо аҳли ҳамон масҷид намози ҷумъаро хонем (аз гуфти номи деҳа худдорӣ менамоям), пеш аз намоз дар вақти вазъ домуллои мўҳтарам, дар баробари маслиҳатҳову панду гуфтаҳои ниёгон гуфтан, инчунин қайд намуданд, ки бояд ҳар шахси мусалмон дар сараш сала монад, ки фаши вай ҳатман дар мобайни ду шонаааш то ним метр дароз бошад ва пўшонидани тоқии маҳалии имрўза даст кашеду тоқиҳои гулдузиву рангаро пўшонед савобаш бештар аст. Баъди шунидани ин маслиҳати домулло рости гап ҳамон гуфтаҳои аҷдодон, ки гуфтагии муллоро куну, кардагиашро не ба ёдам омад, ки агар гуфтагии домуллоро кунему, ҳамаамон салабандон гардем, чӣ мешуда бошад? Аз ин фақат кору тиҷорати матоъфурўшон шояд хело авҷ намояд, вале мағзу ақлу идроки мо ба гумон аст, ки зиёд гардад. Ё ин ки дар масҷиду рўзномаҳо баъзе аз домуллоҳои мўҳтарам эълон менамоянд, ки арақфурўшӣ ҳаром аст, фоизи қарз ҳаром аст ва ғайраву ва ҳоказо. Локин ин нотиқон фикри онеро, ки дар дунёи сармоя, ки бе доду гирифту рафту омади ҳазорон меҳмонони хориҷӣ аз мамлакатҳои дурру наздик, ки аксари онҳо бе каме аз нўшидани май ҳаловати дунёро ва хастагиашонро дарҳам шикаста наметавонанд, баъзе аз одамон туйю маъракаҳои хурсандиашонро бо меъёри зарурӣ тассавур карда наметавонанд, ё ин ки бе спирт, ки вай ҳам арақ аст ва бе вай ягон кори ҷарроҳӣ ва табобати дарди одаму ҳайвону парандаву чарандаи руи олам ғайриимкон аст, чӣ мешуда бошад? Ғайр аз яъне фисади қарзро, ки макрў пиндорем, чи тавр кори бонкиро пеш барем, чи тавр иқтисодёт пеш равад, чӣ тавр олимони тоҷик истеҳсолу истифодабарии спиртро, табибон шифои дармандонро дар мамлакат ба роҳ монанд, ё ин ки ин корро бояд тоҷирони дигар миллату динҳо барои мо ба ҷо биёранду мо худамон боз дастнигарон бошем? Гумони банда дар он аст, дар баъзе таҳлилҳо мо яктарафагиро набояд пеша созем. Ҳамватанони гиромӣ бисёриамон мо ба ҳаҷ рафтем, ба бисёр мамолики дунё сафар намудем, бояд илми ин дунёвиро ҳам ба инобат гирем, чунки пеш аз он ки ба он дунёи абадӣ равем, ҳамагон бояд пеш аз ҳама фикру пойдории ин ҷаннати фониро, ки Худои таъолло ба мо ато кардааст, дошта бошем ва кушиш ба харҷ диҳем, ки вай барои наслҳои оянда хурраму обод монад. Агар чи тавре, Зардушти бузург чор ҳазор сол қабл фармудааст, яъне пиндору, гуфтору рафтори некро пеша насозем, боз солҳои сол дастнигари дигар афкорҳо, динҳо ва мардумон хоҳем монд, ки ин аламовар аст.

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ доктори илмҳои кишоварзӣ

Хондан 1907 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: Ояндаи Сайёра??? »