Имрӯз дар рафи мағозаву марказҳои савдо мо намудҳои гуногуни шоколадро вомехӯрем: шоколади талх, сафед, ковок (пористый), ширӣ, бо мағз, бо мавиз, бо йогурт, бо ҷем ва ғ. Умуман интихобу навъи шоколад дар рафҳо хеле васеъ мебошад. Аммо на ҳамаи ин тахтачаҳоро (плиткаҳоро) шоколад номидан мумкин аст.
Асал аз ҳама ширинии беҳтарини табиӣ ба ҳисоб меравад. Вай, на ин ки бомазза, балки фоиданок аст. Ҳатто духтурон онро ба беморон тавсия медиҳанд. Дар таркиби он витаминҳои гуногун ва микроэлементҳои фоидабахш мавҷуд мебошанд. Фақат агар он асали тоза бошад. Чӣ хеле маълум аст, бо мурури вақт асал сахту сафед мегардад.
Истеъмоли хушкмева ба инсон дар тўли ҳазорсолаҳо маълум ва маъмул аст. Ҳанўз дар карни санг, вақте, ки мардҳо ба шикор мерафтанд, занҳо меваҳои аз дарахт афтодаро ҷамъ карда, дар зери нури офтоб хушк мекарданд. Мусофирон дар вақти ба сафар баромаданашон, ҳатман хушкмеваро озуқа мекарданд, зеро меваи хушк дар сафар инсонро сер мекард ва аз касалиҳо эмин нигоҳ медошт. Табибони қадима хушкмеваро ганҷинаи табобатӣ меҳисобиданд.
Таърихи чойи кабуд аз Хитой оғоз меёбад. Дертар ба дигар давлатҳои Осиё ва Аврупо паҳн мегардад. Дар кишвари мо ҳам чойи кабуд шўҳрат пайдо кардааст ва нўшокии миллии мо шудааст.
Чойи кабуд аз кофеин ва полифенолҳо бой аст. Дар таркиби чойи кабуд боз микроэлеметҳои дигар ба монанди каротиноид, токоферол, кислотаи аскорбини (ё ин ки витамини С), хром, марганетс, селен ва тсинк мавҷуд аст. Агар Шумо таъми асили полифенолҳо ва антиоксидантҳои шифобахшро чашидани бошед, пас чойи 2-3 моҳ қабл истеҳсол кардашударо ҷустуҷу намоед.