JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 06:14

Нигоҳ ба таърихи чандмиллиардсола

Муаллиф:

    Ҳар кас мехоҳад ба гузашта нигарад, гузаштаро бо чашмони худ бубинад, пайдоиши Замину ситорагону коинотро бинад, лек фикр мекунад, ки ин кори гайриимкон . Яъне чӣ хел инсон метавонад ба гузашта нигарад ва онро бо чашмони худ бубинад? Ба гузашта нигоҳ кардан имкон дорад. Албатта, Шумо фикр доред, ки тавассути кинову китобу қиссаву афсона таъриху гузаштаро варақгардонӣ кардан мумкин. Вале  рохи дигаре ҳаст, ки Шумо метавонед ҳодисаи гузаштаро бо чашмони худ бубинед ва мушоҳида намоед. Мо роҳашро мегӯем: ба осмони ситоразор нигаред. Дар пеши Шумо тахрихи чандинмиллионсола ҷилвагар мешавад. Дар ҳақиқат дар осмон асрори зиёде нуҳуфтааст, аз он ҷумла ҳодисаҳои гузашта. Ин  мӯъҷиза нест, як ҳодисаи оддист.

 

    Акнун ба худи масъала мегузарем ва бояд донем, ки қабули маълумот чӣ тавр ба амал меояд. Қабули маълумот бевосита дар натиҷаи ба узвҳои ҳиссии мо таъсир расонидани ангезандаҳо ба амал меояд. Масалан мо он гоҳ садоеро мешунавем, ки мавҷи овоз омада пардаи гӯши моро ларзонад. Раванди биниш, яъне дидан низ ҳамон вақт амалӣ мегардад, ки ба чашмони мо рӯшноӣ омада афтад. Мо чизҳоеро дида метавонем, ки ё нур мебароранд ё нурро инъикос мекунанд ё мешикананд. Мо Офтобро мебинем, зеро нур меафканад ва чизҳои рӯи заминро ҳам мебинем, чунки онҳо нури офтобро инъикос менамоянд. Шабонгоҳ бошад, аз сабаби набудани рӯшноии офтоб мо чизҳоро он қадар хуб дида наметавонем. Танҳо ҳангоми ба сӯи онҳо равон намудани рӯшноӣ (чароғ, шамъ ва ғ.) мо онҳоро дида метавонем. Агар оддӣ карда гӯем рӯшноӣ ба чашмони мо афтода ангезишеро ба вуҷуд меорад ва он ангезиш ба мағзи сар интиқол меёбад, ҳамин тариқ раванди дидан ба амал меояд.Акнун фаҳмидем, ки мо чизҳову ҳодисаҳоро тавассути рӯшноӣ мушоҳида мекунем. Рӯшноӣ бошад суръати ҳаракати худро дошта, бо суръати 300 000 км/с ҳаракат мекунад. Тасаввур кунед, ки дар 1 сония 300 000 км-ро тай мекунад, бо ин суръат рўшної метавонад дар 1 сония гирди Заминро такрибан 7 маротиба чарх занад. Аз инљо хулоса баровардан мумкин аст, ки рӯшноӣ аз ҷисм то ба мо дар фосилаи ягон вақт омада мерасад. Чӣ қадаре, ки масофа то ҷисм зиёд бошад вақти омадани рӯшноӣ ҳамон қадар зиёд мешавад. Акнун фикр кунед, ки агар ҷисми мушоҳидашаванда аз мо дар масофаи 300 000 км/с ҷойгир бошад рӯшноӣ пас аз 1 сония, агар ҷисм дар масофаи 3 млн км дур ҷойгир бошад пас аз 10 сония, рӯшноӣ аз Моҳ, ки аз мо дар дурии 384,4 ҳазор км қарор дорад дар муддати 1,3 сония омада мерасад. Аз Офтоб бошад рӯшноӣ пас аз 8 дақиқа меояд. Ин маънои онро дорад, ки нуре, ки Офтоб меафканад пас аз 8 дақиқа ба Замин мерасад. Яъне он нуре, ки чашми мо дар ҳоли ҳозир қабул мекунад, ҳодисаи 8 дақиқа пешинаро инъикос мекунад. Акнун ситораҳо бошанд аз мо дар масофаҳое чойгиранд, ки аз онҳо рӯшноӣ пас аз 5 сол, 10 сол, 100000 сол, миллионҳо сол ва пас аз миллиардҳо сол омада мерасад. Мисол мегирем ситораи наздиктаринро, ки Пироксима Сентавра ном дорад, ки дар масофаи 4,3 соли рӯшноӣ қарор дорад, яъне рӯшнои пас аз ин муддати вақт омада мерасад.  Инро ин хел фаҳмидан мумкин аст: агар дар ин ситора ягон таркиш шавад мо онро танҳо пас аз 4,3 сол мебинему халос. Дар инҷо нур вазифаи хаткашонро иҷро мекунад. Агар хаткашон аз ягон шаҳр то ба шаҳри дигар дар як шабонарӯз равад, ӯ ҳодисаҳои рӯзи гузаштаро шарҳ медиҳад, аз ҳодисае, ки баъди аз шаҳр баромадани ӯ рӯй медиҳад хабардор шуда наметавонем. Маҷбурем то хаткашони дигарро интизор шавем. Имрӯзҳо, ки техникаву дастгоҳҳои алоқа хеле рушд кардаанд иттилоотро фавран аз як гӯша ба гӯшаи дигари сайёра мерасонанд. Лек ин иттилоърасонӣ низ фаврӣ нест, зеро сигнале, ки мо мефиристонем аввал ба радифи маснӯъ (спутник), ки моҳвораҳо низ мегӯянд меравад, аз онҷо баъд ба нуқтаи қабули иттилоот. Сигнали мо фиристода, ки бо суръати рӯшноӣ ҳаракат мекунад барои он ки ин масофаҳоро тай кунад, (яъне аз нуқтаи ирсоли маълумот то радиф ва аз онҷо то нуқтаи қабул) вақти муайяне зарур аст. Ҳарчанд ки ин вақти хеле кӯтоҳ аст, лек дермонӣ ба назар мерасад. Агар ин масофа зиёд бошад ин дермонӣ ҳам зиёд мешавад.

    Бинобар ин, масофаи ситораҳову галактикаҳо чунон дур аст, ки маълумот аз онҳо пас аз ҳазорҳову миллионҳо сол омада мерасад. Он нуре, ки мо имрӯз мегирем маълумотҳои гузаштаро инъикос менамоянд ва мо онҳоро омӯхта дар бораи гузашта маълумот дода метавонем.  Имрӯз ба мо нури ситорае меояд, ки шояд кайҳо «мурда» бошад. Нури Офтоби мо ҳам рӯзе ба он ситора ё сайёрае мерасад, ки ҳанӯз вуҷуд надорад.

    Барои онки мо он дуриҳор бинему ба гузашта нигарем, ба мо як асбоб кӯмак мекунад, ки онро Галилео Галилей сохта ба он номи «Перспектива»-ро гузошта буд, (перспектива-дурнамо) ки имрӯз бо номи телескоп маълум аст. Мо имрӯз тавассути телескопҳои пурқувват ба гузаштаи 14 миллиардсола менигарем. Яъне ба он дурие менигарем, ки аз онҷо рӯшноӣ пас аз 14 млрд сол омада мерасад. Нуре, ки имрӯз мо қабул менамоем, дар худ розҳои ниҳонии инкишоф ва таҳаввулоти коинотро дорад. Чӣ хеле ки профессор Ибодинов Х. мегӯянд «мо ин нури илоҳиро гирифта ба қисмҳо ҷудо намуда, ҳар як қисми онро дар алоҳидагӣ омӯхта, оиди ҷирми нурхориҷкарда маълумотҳои зиёдеро гмрифта метавонем». Дар ҳақиқат таҳлили спектрии рӯшноӣ ба мо оиди бисёр чизҳо маълумотҳои зиёд медиҳад, аз он ҷумла синну сол, таркиб, масофа ва ҳаҷму зичии ҷирмҳои нурафканандаро муайян кардан мумкин аст. Дар инҷо спектр гуфта мавҷҳои дарозиашон гуногун дар назар дошта мешавад, аз он ҷумла нурҳои рентгениву мавҷҳои электромагнитиву ултрабунафш низ.

   Ҳамаи ин дастовардҳоро ба назар гирифта палеантологи амрикоӣ Саган «тақвимӣ астрономӣ»-ро сохтааст, ки аз лаҳзаи «Таркиши бузург» то пайдоиши одамро дар бар мегирад ва дар он тақвим ҳар як сония 500 солро ташкил медиҳад, ки мо онро дар поён меорем:

  1 январ, соати 00:00 – «Таркиши бузург».

  10 январ – пайдоиши галактикаҳо .

  9 сентябр – пайдоиши Низоми Офтобӣ.

  14 сентябр – пайдоиши Замин.

  25 сентябр – пайдоиши шаклҳои аввалини ҳаёт дар Замин.

  9 октябр – пайдоиши бактерияҳо, обсабзҳои кабуду сабз.

  12 ноябр – ба вуҷудоии фотосинтез.

  15 ноябр – пайдоиши аввалин ҳуҷайраҳои соҳиби ядро.

  1 декабр – бойшавии атмосфера аз оксиген.

  16 декабр – пайдоиши организмҳои скелет доштанд.

  18 декабр – паҳншавии планктонҳои баҳрӣ, трилобитҳо.

  19 декабр – пайдоиши аввалин моҳиҳо.

  20 декабр – аввалин растанӣ дар хушкӣ.

  21 декабр – аввалин ҳашаротҳо, ҳайвоноти хушкигард.

  22 декабр – аввалин ҳашаротҳои обхокӣ ва парвозкунанда.

  23 декабр – дарахтҳои аввалин, аввалин хазандагон.

  24 декабр – динозаврҳои аввалин.

  26 декабр – ширхӯрони аввалин.

  27 декабр – паррандаҳои аввалин.

  28 декабр – маҳви динозаврҳо, пайдоиши аввалин растаниҳои гулдор.

  29 декабр – приматҳо аввалин.

  30 декабр – гоминидҳои аввлин.

  31 декабр, соати 22-у 30 дақ. – аввалин одамон.

   Бояд як чизро қайд кунем, ки телевизиону радио ва ҳамин телефони кисагиамон ҳам мавҷро қабул карда, ба қисмҳо ҷудо менамояд ва рамзҳои онро кушода дар шакли ба мо фаҳмо пешниҳод менамояд. Аз инҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки рушди техника ба ҳодисаҳои табиат асос ёфтааст, барои рушду инкишофи техникаро донистан аввал табиат ва қонуниятҳои онро бояд донем!

                                                                        Ризои Баҳромзод,  Қурбониён Меҳрдод

                                                                      

Хондан 2044 маротиба