JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». Душанбе. 23.12.2022.     

   Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ – дастовард ва таҷрибаи бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ҳамасола, ки паёмҳо, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмўъ ба мардуми шарифи кишвар ироа мегарданд дар худ фалсафаи бузурги созандагӣ баҳри рушди ҷомеа мебошанд. Албатта, ирсоли Паёмҳо талаби замон буда, зарурати воқеиеанд, ки масъалаҳои асосии ҷомеаро дар бар мегиранд. Аз ин рӯ, метавон моҳият ва чанд масъалаи усулии онро баён намуд:

   (Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

  Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар шахсони фаъоли ҷомеа дар шаҳри Душанбе аз дастовардҳо дар сиёсати дохилӣ, хориҷӣ ва супоришҳои минбаъда расонида шуд. Дастовардҳои сиёсати дохилӣ дар соҳаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла, иқтисодиёт, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ба мардуми шарифи ҷумҳурӣ ироа шуд. Яке аз дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул карда шуд. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

(чанд мулоҳиза дар ҳошияи китоби тозаи ҳиндшиноси маъруфи тоҷик Ҳабибулло  Раҷабов  “Тасвири воқеаҳои фоҷеавии тақсимоти Ҳиндустон дар асарҳои нависандагони Ҳинд”)

 Гузаронидани нишасту конфронс ва семинар-машварату маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ ва фаннӣ-ихтисосӣ аз ҷумлаи механизм ва ба истилоҳ, роҳкорҳои муассири илмӣ-назариявӣ ва амалӣ-эҷодӣ дар ростои шинохти чеҳраҳои матраҳи миллию фаромиллӣ, ошноӣ бо фарҳангу тамаддуни минтақавию ҷаҳонӣ, дарки авзои сиёсию мафкуравию геополитикӣ, ташхиси масири бархурдҳои тамаддунӣ, ҳифзи ҳувият ва манофеи миллӣ, муаррифии шоистаю боистаи  меросу арзишҳои асили қавмию бумӣ ва амсоли инҳо маҳсуб мешавад. Дар ин замина, дар пажуҳишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо ҷалби донишмандону коршиносон ва насли ҷавонони муҳаққиқон семинар-машваратҳои илмӣ-амалӣ доир гардида, аз ин тариқ раванди бедории фикрӣ дар ҷомеаи илмии тоҷик таҳкиму тақвият меёбад.

  Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон дар пешорӯи хатарҳои номатлуб қарор гирифтааст, ки яке аз чунин масъалаҳои муҳим ва мубрам мушкилоти норасоии оби тоза ва ошомиданӣ дар миқёси сайёра ба шумор меравад. Пас, раҳоӣ аз вартаи чунин ҳолати бисёр печидаву ногувор ва душвору хатарзо чи гуна буда метавонад? Чи тавр мебояд дар рӯ ба рӯи ин хатари ҳалокатовар истодагарӣ кард? Роҳҳои пешгириву ҳалли масъала кадом аст?

Китобҳо