(мулоҳизоти куллӣ дар ҳошияи семинар-машварати Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон)
Гузаронидани нишасту семинар-машварат, маҳфилҳои илмию фарҳангӣ ва мубоҳисоти фалсафӣ дар марказ ва пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон солҳост идома дорад ва аз ин навъ маҳофил сатҳи донишу биниши ширкаткунандагон, махсусан, насли ҷавон боло меравад. Мутаассифона, силсилаи чолишҳои имрӯзӣ, аз ҷумла зуҳури буҳрони беҳувиятӣ, мушкилоти фикрӣ, канороӣ бо хурофоту таассуби мазҳабӣ, дуршавӣ аз арзишҳои миллию ҷаҳоншиносии фалсафӣ, тамошогарии насли зиёӣ, парешонии қишри равшангарӣ, созишу муросо бо ҳангомасозиҳои руҳониёни мутаассибу муҳофизакори дохилӣ, зери бори хушкандешӣ қарор гирифтани ниҳодҳои фикрию академӣ ва насли наврасу ҷавон ҷомеаро осебпазир карда, роҳро барои густариш ёфтани буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ ҳамвор сохтааст.
1.ҚИССАИ ДИЛОРОМИ ЧАНГӢ ЧИ МАЪНӢ ДОРАД?
Чуноне ки аз таърихи адабиёти классикии тоҷик маълум аст, қиссаи ҷонсўзи муҳаббати Баҳроми Сосонї ба мутрибаи хушнаво Дилороми Чангӣ дар даҳҳо достонҳои бузург суруда шудааст. Бузургони назм Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишер Навоӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Низомии Ганҷавӣ дар осорашон ба ин сужаи қадимӣ рамзҳои пур аз муаммо илова намуда кушиш ба харҷ додаанд, ки нақши мусиқиро ҳамчун падидаи зебоӣ ва сози чангро ба сифати нозуктарин созҳои мусиқӣ шарҳ бидиҳанд. Андаке дертар, мусиқишиноси маъруфи қарни ХVII Дарвешалии Чангии Бухороӣ мазмуни ин достони ишқ шоҳонаро ба пуррагӣ дар рисолаи «Туҳфат-ус-сурур» иқтибос оварда, шарҳу тафсилоти зиёдеро низ зам кардааст.
Бахшида ба ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мафҳум ё вожаи «артиш» ҳаммаънои мафҳуми «армия» мебошад, ки аз забонии лотинӣ ба маънои «мусаллаҳ кардан» ва «яроқнок гардонидан» мебошад. Пеш аз он ки мо ба моҳияти артиш, яъне артиши як давлат сухан ронем, бевосита бояд мафҳуми «давлат»-ро дарк намуд. Давлат аз ҷониби илмҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз он ҷумла таърих, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба таври мухталиф маънидод карда мешавад. Барои мисол давлат аз нигоҳи илми таърих – «ин ташкилоти сиёсиест, ки ҷамъиятро ба воситаи сохторҳои махсуси маъмурӣ ва низомӣ идора мекунад»; аз нигоҳи сиёсӣ бошад, давлат ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ, таркибӣ ва ҳудудии ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Инчунин давлат ин ташкилоти ҳокимияти ҷамъият буда, дастгоҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ дошта, салоҳияити худро дар ҳудуди муайян амалӣ менамояд. Дар ҳақиқат, ҳар як давлат аз нигоҳи сиёсӣ, ки низоми сиёсӣ ва ҳокимияти сиёсии худро идора мекунад ва барои ҳифзи тартиботи дохилӣ ва ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон, манфиатҳои миллӣ дар дохил ва берун ниёз ба як мақомоти низомӣ ва қудратӣ дорад. Ба чунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ аз нигоҳи илми сиёсии муосир - артиш, суд ва полисия дохил мешавад.