Монографияи илмӣ-таҳқиқии шоир ва муҳаққиқи муосири тоҷик Беҳрӯзи Забеҳулло таҳти унвони “Таҳаввули шакл ва муҳтавои назми тоҷик дар асри ХХ” (ниг.: Забеҳулло, Беҳрӯз. Таҳаввули шакл ва муҳтавои назми тоҷик дар асри ХХ /Монография/. -Душанбе: Меҳроҷ-граф, 2020. -148 саҳ.) аз ҷумлаи рисолаҳои ҷолиби илмӣ-таҳқиқиест, ки дар даҳсолаҳои ахир дар робита бо мазмуну муҳтаво ва мушаххасоти бадеӣ-ҳунарӣ ва мафкуравии шеъри муосири тоҷик таълиф шудааст.
Монографияи Беҳрӯзи Забеҳулло аз се боб, муқаддимаю хулоса ва китобнома таркиб ёфтааст. Дар бахши муқаддимавии рисола муҳаққиқ зарурати баррасию бозбинии мавзуъ, дар доираи шароит ва авзои сиёсию мафкуравӣ пайгирӣ кардани арзишҳои адабиро ба миён гузошта, бар мабнои шароити замон ва авзои даврон ташхису таркиб намудани мероси манзуми замони шуравиро минҳайси аслу меъёри равиши таҳқиқӣ арзёбӣ карда, дар мавриди адабиёти шуравии тоҷик мунсифона доварӣ намудааст (С.3-9). Аз ҳама муҳим, адабиётшинос қазоват ва довариҳои як идда муҳаққиқонро, ки авзоъ ва шароити даврро дуруст нашнохта, ба назми тоҷикии даврони шуравӣ ғайримунсифона ва аз зовияи идеологияи динию мазҳабӣ бархӯрд кардаанд, бо далоили илмӣ ва ихтисосӣ интиқод намудааст (С.6-7).
Бад-ин минвол, боби якуми монография “Вижагиҳо ва равандҳои асосии ташаккули шеъри тоҷик дар ибтидои асри ХХ” (С.10-39) шомили се банд буда, муаллиф, бо такя ба сарчашмаҳои адабӣ ва адабиёти дастраси илмӣ-таҳқиқӣ мавзуъ ва масоили “Навгароӣ дар шеъри тоҷикии ибтидои садаи бист” (С.10-21), “Шикасти қолаби анъанавии шеъри классикӣ ва таҳаввули лирикаи иҷтимоию сиёсӣ” (С.22-29) ва “Умумият ва тафовутҳои шеъри ибтидои садаи бисти тоҷик бо шеъри давраи Машрута дар Эрон” (С.29-39)-ро ба риштаи таҳқиқ мекашад. Боби дувуми рисоларо муаллиф ба мавзуи “Насли комсомол ва шеъри хитоба” (С.40-70) ихтисос дода, дар доираи он масъалаҳои “Шеър василаи тарғибу ташвиқи идеологияи замон” (С.40-49), “Муносибат ба суннатҳои адабӣ ва густариши шеъри хитоба” (С.49-59) ва “Таҳаввули лирика дар ашъори шоирони насли комсомол” (С.59-70)-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Боби севуми рисоларо муаллиф “Таҳаввули шеър дар адабиёти тоҷики солҳои 60-80” (С.71-126) унвон карда, дар атрофи мавзуоти “Ҳаёти адабӣ дар солҳои 60-80” (С.71-88), “Мавқеи шеъри нав ва жанрҳои суннатӣ дар эҷодиёти шоирони ин давра” (С89-95), “Муносибати шеър ба арзишҳои иҷтимоию фарҳангӣ” (С.96-101), “Инъикоси мавзуъҳои воҳид аз диди ҳунари суханварӣ” (С.102-112),“Таҳаввули мундариҷавию шаклии достон” (С.112-126) баҳси ихтисосӣ меорояд ва дар қисмати хулосавӣ роҷеъ ба муҳтавои осори манзуми адабиёти шуравии тоҷик, ки ҷузъи муҳимми адабу фарҳанги замони шуравиро ташкил медод, дар дувоздаҳ банд натиҷагирӣ мекунад (С.127-131). Забони таҳқиқот равон, фасеҳ, салис, зебо ва омӯзанда аст. Муҳаққиқ дар ҳар бобе бар асоси равиши таҳқиқӣ ва мантиқи илмӣ хулосаву натиҷагириҳояшро мухтасар баён медорад ва муҳимтар аз ҳама, хонанда аснои муруру мутолеа ба мушкили забонию фикрӣ суъитафоҳумоти маъноӣ дучор намеояд, чаро ки мавзуъ ва масъалаҳо мантиқӣ, пайдарпай, мутавозин, муназзам ва силсилаӣ арзёбӣ гардидаанд. Бар илова, муҳаққиқ хидмати арзандаю бедареғи адибону шоирони саршиноси миллӣ, ки дар рушду таҳаввули адабиёти муосири тоҷик саҳми бевосита гузоштаанд, махсус таъкид мекунад.
Адабиётшинос Беҳрӯзи Забеҳулло зимни баррасӣ ва таҳқиқи мавзуъ ва масъалаҳои марбута, пеш аз ҳама, ба воқеиёти замонӣ, ҳассосиятҳои даврӣ, фазои ақидатӣ-мафкуравӣ ва эҳсосоти миллии адибону шоирони аср таваҷҷуҳ намуда, дар қазовату довариҳои илмӣ-ихтисосии худ аз ақлу мантиқ кор мегирад. Муҳаққиқ мисли як идда адабиётшиносоне, ки бо фаро расидани шароити нави сиёсӣ, марҳилаи тозаи таърихӣ, тағйир ёфтани қутби маънавӣ ва ҳузуру нуфузи фарогир касб кардани афкори мазҳабӣ дидгоҳу назар иваз карда, ба инҳирофоти илмӣ роҳ додаанд, мавқеъ намегирад. Аз тарафи дигар, дар баҳо додан ва нақд кардани арзишҳои адабии замон ва шароити мушаххаси таърихӣ (манзур назми замони шуравии тоҷик аст) ҳадди инсофро убур намекунад. Ин аст, ки нақду баррасиҳои адабиётшинос Беҳрӯзи Забеҳулло бар пояи равиши таҳқиқӣ ва мавқеъгирии миллӣ сурат гирифтаанд.
Нуктаи қобили таъкид ин аст, ки нақду арзёбии ғайримунсифона ва то андозае муғризонаи адабиёти даврони шуравӣ яку якбора пас аз инқирози империяи шуравӣ ба вуқӯъ пайваст. Ба ин маъно, баъди шикасти империяи шуравӣ зарурати бозбинӣ ва ташхиси мунсифонаи мероси адабии замони шуравӣ пеш омад. Мутаассифона, бахши зиёди нақду интиқодоте, ки дар заминаи адабиёти шуравӣ, аз ҷумла адабиёти тоҷик пахшу нашр шудаанд, ғолибан характер ва вежагии мафкуравию ақидатӣ доранд. Ба сухани равшантар, аксари мунтақидони адабу фарҳанги шуравӣ дар шароити пасошӯравӣ мероси замонро ё аз дидгоҳи мазҳаб ва ё аз даричаи манофеи миллӣ баррасӣ карданд. Агар баррасӣ ва бознигарии мероси адабии замони шуравӣ дар доираи манофеи миллӣ ва шароити ҳувиятсозии миллӣ ба вуқӯъ мепайваст, ҷойи шигифтӣ ва баҳс надошт. Аммо аз зовияи тафаккури танги динию мазҳабӣ нигаристан ва бар асоси манофеи мазҳабию мафкураи динӣ ба осори манзуму мансури замони шуравӣ бархурд кардан танҳо яксӯянигарӣ асту бас. Вале ин ҳаргиз ба он маъно нест, ки мероси адабиёту фарҳанги шуравӣ интиқод ва бозбинӣ нашавад, балки арзёбӣ ва баррасии арзишҳои сиёсию адабӣ ва мадании садаи бисти тоҷик, ки ба фазою муҳити шуравӣ бевосита бастагӣ дорад, муқтазиёти давру замон ва, бавежа шароити Истиқлоли давлатӣ мебошад.
Аз сӯйи дигар, пас аз нуфузманд шудани сиёсати горбачёвӣ дар нимаи дуюми солҳои ҳаштодуми асри бист таҷдиди назар ба арзишҳои ақидатӣ, мафкуравӣ ва мероси адабию бадеӣ ва дар ин замина интиқод кардани сиёсатгузориҳои замонӣ тадриҷан ба ҳукми анъана даромад. Ба ин тартиб, бо дамидани боди озодиҳои нисбӣ ва кам шудани сонсур(сензура)-и идеологӣ як идда адабиётшиносони мо қалами интиқодро тез карданд ва мероси адабию бадеии замони шуравиро аз суҳони андешаи ба истилоҳ, демократик гузарониданд. Ин буд, ки раванди интиқоди муғризонаи адабиёту фарҳанги шуравӣ муд шуд ва кор то ба ҳадде расид, ки ҳар нафаре, ки дирӯз балегӯйи низоми мафкуравии шуравӣ буд, дар як муддати кӯтоҳ ба мунтақиди сарсахти режими коммунистӣ ва адабиёти шуравии тоҷик табдил ёфт.
Ҳатто то имрӯз артиши мунтақидони фарҳангу адабу сиёсати шуравӣ, ки бидуни дар назар гирифтани авзоъ, хатти маш, муҳтавиёти мафкуравӣ, паҳнои дидгоҳи сиёсию адабӣ, воқеиёти замонию маконӣ, абзор ва василаҳои тасвири бадеӣ, қаламрави таҳқиқи илмӣ ва мушаххасоти дигари ҳунарию маданӣ хомафарсоӣ мекунанд, аз ҳисоби муҳаққиқони муосир бамаротиб зиёд мегардад. Яксӯнигарии ин қабил муҳаққиқон, аз як тараф, ба фурсатталабии онҳо бастагӣ дошта бошад, аз тарафи дигар, ба амдан сарфи назар кардани воқеиёти замон ва муваафақиятҳои даврон алоқаманд аст. Аммо дар бисёр маворид ин тарзи интиқод ва баҳогузорӣ як навъ сунъӣ ва яктарафа ба назар мерасад ва то имрӯз ҳангоми баррасӣ ва андозагирии мероси шуравӣ меъёрҳои илмӣ ва ихтисосӣ кам ба кор гирифта мешаванд, ки дар натиҷа, дидгоҳ ва мавқеъгирии моро яктарафа ҷилва медиҳанд. Муҳимтар аз ҳама, мунтақидони адабиёти шуравӣ баъзан ба чеҳраҳои саршиноси адабиёти миллӣ хурда гирифта, фаъолияти адабӣ ва осори ононро дар мизони хурофадовариҳои имрӯзӣ андозагирӣ мекунанд, ҳол он ки ин шеваи бархурд мунсифона нест. Дар зимн, хурдагирӣ (хурдагирӣ хусусияти яктарафабинӣ, ниқорталабӣ ва сӯъистифода аз вазъиятро дорад) аз хурдабинӣ фарқ дорад ва агар мехоҳем, дар доираи илмию таҳқиқӣ мероси гузаштаи таърихиро баррасӣ, бознигарӣ, таҳлил ва интиқод намоем, бояд ковишу ҷустуҷӯро бар мабнои равишу методологияи илмӣ мувофиқу мутобиқ созем. Ҳанӯз дар замони худ устод Айнӣ бо такя ба мавқеъгирии Аҳмади Дониш тарзи бархурди хурдабинонаро бо мушкилот ва масоили рӯзгору зиндагӣ матраҳ намуда, “назари хурдабинона” (манзур назароти Ањмади Дониш будааст –Н.Н.)-ро ҳамчун меъёри кори нависандагӣ ситоиш карда буд (ниг.: Айнї С. Ёддоштњо (чањор ќисм). Иборат аз як китоб. –Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тољик, 2009. С.558).
Боиси таассуф аст, ки муҳаққиқони муосири мо, ғолибан бар мабнои эҳсосоту тасаввурот ба ин ё он масъала ва падидаю зуҳурот таваҷҷуҳ ва аз хатти машйи таҳқиқ убур мекунанд. Ба сухани дигар, яктарафабинӣ ва ба истилоҳ, яксӯянигарӣ (ин тарзи нигариш, яъне яксӯянигариро донишманди иронӣ Абдулҳодии Ҳоирӣ ба унвони сабки таҳрифӣ ва дур аз воқеият арзёбӣ кардааст – ниг.: Њоирї Абдулњодї. Нахустин рўёрўйињои андешагарони Ирон бо ду рўяи тамаддуни буржуазии Ѓарб. Тењрон: Амири Кабир, 1367. С.131) гуногунандешӣ ва бавежа, интиқодро дар баданаҳои илмӣ ва ҳавзаҳои фикрию академӣ зери суол мебарад. Ба ин манзур, дар бахши аъзами мутолеоту таҳқиқоте, ки пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ дар фазои фикрию академии мо сурат баст, як навъ дидгоҳи яктарафа ва мавқеъгириҳои ғайриилмӣ ва ғайримунсифона ба воқеият табдил ёфтанд, ки таъсироти номатлубе ба муҳити илмӣ-академии миллӣ расониданд. Ин аст, ки муҳити илмӣ-адабиётшиносии мо ба буҳрони фикрӣ мувоҷеҳ гардидааст ва ҳар нафаре, ки даъвии адабиётшиносию муҳаққиқӣ мекунад, на бар мабнои илму мантиқ ва равиши таҳқиқӣ, балки бо дарназардошти ҳолу ҳавои ақидатӣ тасмим мегираду доварӣ менамояд. Ин ҳолат, мутаассифона, маризии вогири фурсатталабию авомфиребиро дар муҳитҳои илмию академӣ решадор кардааст ва миллатро аз масири дурусти ҳаракати фикрию маданӣ боздоштааст. Ба ҳар сурат, ин назари шахсии мост ва метавон бо он розӣ нашуд ва сари он баҳсу тааққули ҷиддӣ кард.
Дар баробари мунтақидони сиёсату фарҳанг ва адаби шуравӣ, дар қаламрави илму таҳқиқи миллию ватанӣ муҳаққиқоне мисли Беҳрӯзи Забеҳулло низ ҳастанд, ки бар мабнои ҳақиқати таърихӣ, муқтазиёти сиёсӣ ва мушаххасоти замонӣ осори адабиёти даврони шуравии тоҷикро ба риштаи таҳқиқ бармекашанд (дар ин замина, ҳамчунин таваҷҷуҳ шавад ба китобу рисолаҳои адабиётшиноси маъруфи тоҷик устод Ҷамолиддин Саидзода, аз ҷумла китоби “Нақди солим ва носолим” -- ниг.: Саидзода, Ҷамолиддин. Нақди солим ва носолим. Китоби 1. – Душанбе, 2021. -200 саҳ.).
Хулоса, монографияи илмӣ-таҳқиқии шоир ва муҳаққиқи муосири тоҷик Беҳрӯзи Забеҳулло “Таҳаввули шакл ва муҳтавои назми тоҷик дар асри ХХ” (ниг.: Забеҳулло, Беҳрӯз. Таҳаввули шакл ва муҳтавои назми тоҷик дар асри ХХ /Монография/. -Душанбе: Меҳроҷ-граф, 2020. -148 саҳ.) барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шуда, дар таҳқиқи мунсифонаи фазои сиёсӣ-мафкуравии давру замон, мушаххасоти назми шуравии тоҷик ва асолати ҳунарии шеъри муосири миллӣ аз ҷумлаи таҳқиқотҳои ҷиддии илмӣ тайи замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад.
Нозим Нурзода
пажуҳишгар