JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 09 Августи 2023 05:18

Дунёмадорӣ (секулоризм) ҳамчун тарзу низоми ҷаҳонбинӣ

Муаллиф: Нозим Нурзода

   Инсон аз бомдоди зиндагӣ ба донистану дарк кардани ҳастӣ ва вуҷуду ҳайсияти худ талош варзида, то имрӯз дар ин масир ҳаракат мекунад. Саъю талошҳои инсонӣ дар ростои шинохти ҷаҳону ҳастӣ ва шахсияту ҳайсияти фардию ҷамъӣ боиси ба вуҷуд омадани мактабу маслак, ҳазбу ҳаракат ва созмону иттиҳодияҳои гуногуни фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, динӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, ҳунарӣ, эҷодӣ ва маданӣ гардид. Дар меҳвари фаъолиятҳо ва барномарезиҳои рӯзмарраи инсонҳои огоҳу ҳушманд ҳамеша беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии инсонӣ қарор доштааст ва барои пиёда кардани пружаҳои сиёсӣ, фикрӣ, иқтисодӣ, илмӣ, эҷодӣ ва маданӣ инсон аз ирода ва неруи илму хирад истифода кард. Ба ин тартиб, маҳз ба воситаи талошҳои мудавом ва рӯзмарраи инсонҳои огоҳу ҳушманд тайи таърихи тӯлонӣ ҷомеа ва давлатҳои инсонмеҳвар ва хирадбунёд ба вуҷуд оварда шуданд. Намуна ва ё моделҳои давлат ва ҷомеаҳои инсонмеҳвар ва илмбунёдро имрӯз дар симои давлатҳои пешрафта ва модерну мутамаддини имрӯзӣ метавон мушҳоҳида кард. Албатта, дар ба вуҷуд овардан ва тавсеа бахшидани ҷомеаҳои хирадбунёд ва инсонмеҳвар дониш, биниш ва тпҷрибаи гузашта васеъ истифода бурда шудааст.

  Бояд тазаккур дод, ки ҳакимону файласуфон аз қадим дар орзуи сохтмони як давлат ва ҷомеаи озоду ободи ормонӣ будаанд, ки дар он инсон меҳвари зиндагӣ ва арзишҳо дониста ва пазируфта шуда, кору фаъолиятҳои инсонӣ дар партави хирад ва ойини меҳрварзию вафодорӣ сурат бигиранд. Ба ин далел, ҳанӯз дар қадим ва асрҳои миёна тарҳҳои фикрӣ, фалсафӣ, адабӣ, ирфонӣ, сиёсӣ ва мадание рӯйи кор омаданд, ки бар мабнои ормонгаройӣ таҳаққуқ ёфта буданд. Аммо, ба иллати ин ки ҷомеаҳо дар ҳолати карахтии фикрию эҷодӣ ва фақри маънавӣ қарор дошта, таҳти таъсири бевоситаи рӯҳониёну сиёсиёни мустабиди замон буданд, пружаҳои фикрию эҷодӣ ва фалсафии донишмадорону равшанфикрони вақт (манзур аҳли илму фалсафаи даврони қадим ва асрҳои миёна аст) на танҳо татбиқ нашуданд, балки онон ҳамеша ба фишору таъқиб, таҳдиду тазйиқ ва қатлу куштор мувоҷеҳ буданд. Ҳамин тариқ, меъёри асосӣ дар барномарезиҳо ва ё ба истилоҳ,, пешфарзияҳои ормонӣ, ки аз ҷониби мутафаккирону андешамандон ва ҳакимону файласуфони гузаштаи шарқию ғарбӣ матраҳ гардида буданд, хирадмандӣ ва меҳрварзӣ интихоб шудааст.

  Ин ки дар фалсафа ва афкори фалсафии муосир инсон ба унвони меҳвар ва маънои вуҷуду ҳастӣ талаққӣ шудааст (манзур фалсафа ва ҷараёнҳои муосири фалсафианд, ки инсонро дар маркази таваҷҷуҳ қарор медиҳанд), маънои онро надорад, ки дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна андешаҳое, ки бар мабнои инсонмеҳварӣ ироа гардидаанд, вуҷуд надоштаанд. Чи дар Шарқ ва чи дар Ғарб анвои андешаҳое, ки дар қолаби осори манзуму мансур мунсаҷим гардида, вежагии инсонмеҳварӣ доштанд, кам набуданд. Гузашта аз ин, ҳакимону файласуфон ва мутафаккирону шарқию ғарбӣ  барои аз қайдубанду асорати фикрию идеологӣ ва ақидатию иҷтимоӣ наҷот додани инсон саъю кӯшиши фаровон карда, дар ин замина осори арзишманди адабӣ, бадеӣ, фалсафӣ, сиёсӣ ва ҳунарӣ ба мерос гузоштаанд. Мероси арзишманди ҳиндӣ, чинӣ, эронӣ, мисрӣ, юнонӣ ва румӣ гувоҳи он аст, ки мавзӯи инсонмеҳварӣ дар тавъамӣ бо хирадварзӣ ва меҳрпарастӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор доштааст. Ҳарчанд ки дар осори фарҳангии бостонӣ ва асримиёнагӣ, махсусан мероси шарқӣ мавзӯоти динӣ ва ирфонӣ бештар инъикос ёфтаанд (ногуфта намонад, ки дар асрҳои миёна, дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб теократизм ва ё илоҳимеҳварӣ ба сифати мафкураи калидӣ дар тамоми шууни зиндагӣ салтанат доштааст), таваҷҷуҳ ба ҳайсият ва шахсияти инсони пӯё, ҷӯё, ҷуръатманд ва офаранда аз авлавиятҳои фикрию фалсафӣ ва эҷодию ҳунарӣ ба шумор мерафтааст. Ба ҳар сурат, фарҳанги бостонӣ ва асримиёнагии шарқию ғарбӣ аз матраҳ кардани масъалаҳои ҷиддии давру замон канор намондааст.

  Муҳимтар аз ҳама, дин ва мазҳаб аз қадимтарин замонҳо ба сифати қудрати сиёсӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданӣ дар ҷомеа нуфуз доштааст ва сардамдорони динӣ на танҳо умури мазҳабӣ ва ойинӣ, балки тамоми фаъолиятҳои инсониро таҳти назар доштаанд. Муҳаққиқон бар ин назаранд, ки муносибати мутақобили «дин ва сиёсат» тайи 5 ҳазор соли ахир ба масъалаи дин ва контрол иртибот мегирад. Дин ва контроли ҷомеа тайи асрҳои тўлонӣ, ки ба даврони набуди осори хаттӣ марбут мешавад, масъалаи меҳварӣ будааст (ниг.: Гараджа В. И. Социалогия религии: Учебное пособие для студентов и аспирантов гуманитарных специальностей. -Москва: Аспект Пресс, 1996. -С.146). То падид омадани давлат дин тавассути васила ва приёмҳои сиёсӣ ҷомеаро идора мекард ва аз ин тариқ бо системаи сиёсӣ пайванд ёфт. Муҳокимаи инсонҳо, бадарѓа ва муҷозот кардани онҳо дар доираи фармудаҳои динӣ дар ҷомеаҳои ибтидоӣ иттифоқ меафтодааст ва ин навъ муносиботи аввалияи иҷтимоӣ алоқамандии динро бо сиёсат дар давра ва мароҳили ибтидоӣ таҳаққуқ бахшидааст (таваҷҷуҳ шавад ба: Гараджа В. И. Социалогия религии: Учебное пособие для студентов и аспирантов гуманитарных специальностей. -Москва: Аспект Пресс, 1996. -С.145-148).

  Гузашта аз ин, муборизаи равшанфикрону мутафаккирон бо динмадорону рӯҳониён, ки аз пуштибонии бевоситаи шоҳону амирон ва сиёсиёни даврон бархӯрдор буданд, далели он аст, ки инсон ва озодиҳои фитрию зотии ӯ сарчашмаи баҳсҳои ҷиддии ҳар давру замон будааст. Агар дар Шарқ маобиди динӣ ба унвони фронти сиёсию идеологӣ ва фикрию ақидатӣ хидмат мекарданд, дар Ғарб калисо минҳайси неруи тавонои сиёсию мафкуравӣ ва динию мазҳабӣ дар пушти давлатҳо қарор гирифта буд.  

  Ба сухани дигар, калисо дар Ғарб ба дастгоҳи пурқудрати ақидатӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфта, бо давлат ва сиёсат дар иртиботи қавӣ қарор гирифта буд ва ин ду неру (калисо ва давлат) тамоми умури зиндагиро назорат мекарданд. Илова бар ин, ҳар ду неру (калисо ва давлат дар назар аст) танҳо ба хотири ба ҳам ҷур омадани манфиатҳояшон ҳамкорӣ мекарданд (мутаассифона, имрӯз ҳам дар бархе кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ, ки низоми давлатдории дунявӣ доранд, баъзан ҷараёни ҳамкории элитаи сиёсию давлатӣ бо рӯҳониён ба мушоҳида мерасад. Албатта, ниёзҳои муштарак онҳоро ба ҳам меоварад ва дар як масир қарор медиҳад). Бад-ин минвол, дар Ғарби асримиёнагӣ табақаи рӯҳонӣ дар симои калисо ва табақаи давлатӣ дар симои давлатмадор бо ҳам ҳамкорӣ мекарданд ва барои расидан ба манофеи худ як ҳадафро дунбол менамуданд. Ин буд, ки дахолат дар корҳои динию мазҳабӣ  (аз тарафи шоҳону давлатмадорон) ва вуруд ба умури сиёсию идорӣ ва давлатӣ  (аз ҷониби динмадорону рӯҳониён) ҳодисаи муқаррарӣ ба шумор мерафт. Бавежа, ҳамкории ин ду неруи тавонманд дар самти фишор болои озодандешону равшанфикрон ва аз саҳнаи сиёсию маданӣ ва иҷтимоию фикрӣ дур андохтани донишмандону мутафаккирон ҷиддӣ будааст. Барои намуна, яке аз императорони Рум ба номи Константин ва ҳамчунин ҷонишини ӯ бо хости худ дар умури дин дахолат ва барои расидан ба манофеи худ аз дин баҳрабардорӣ мекарданд. Як рӯҳонии бузург хитоб ба императоре ба исми Теодосиюс чунин гуфта буд: “Императури ман! Сарзамини маро аз кофирон поксозӣ кун, ман дар баробар биҳиштро ба ту пешкаш мекунам. Маро дар нобудии нобоварон ёрӣ деҳ ва ман туро дар аз байн бурдани эрониён мадад хоҳам дод” (ниг.: Иронӣ Аҳмад. Ҷудоии Ҳукумат аз дин. Лос-Анҷелес, 1994. С.16). Ин аст, ки калисо ва руҳониёни масеҳӣ ҳаргиз равшанфикрон ва озодандешонро таҳаммул намекардаанд ва ба ин далел дар он замон мадорои мазҳабӣ ва ҳамзистии эътиқодӣ аслан вуҷуд надоштааст.

  Бо гузашти замон қудрат ва неруи калисо ва рӯҳонияти масеҳӣ ончунон боло меравад, ки дар даруни рӯҳоният “силсилаи маротиб” ташаккул меёбад ва дастгоҳи калисо дар императории Рум ба яке аз тавонмандтарин ниҳодҳои сиёсӣ ва идеологӣ бадал мешавад. Баландтарин мақом дар ин силсилаи маротиб “поп” будааст, ки он ҷонишин ва ё намояндаи зиндаи Исои Масеҳ талаққӣ мешуд. Дар охирин солҳои қарни панҷуми мелодӣ қудрати рӯҳонияти масеҳӣ ончунон боло мегирад, ки яке аз попҳои масеҳӣ хитоб ба император мегӯяд: “Ду неру бар ин ҷаҳон ҳукмравоӣ мекунанд: неруи муқаддас рӯҳониён ва қудрати император. Неруи аввал муҳимтар аз дувумӣ аст, зеро дар рӯзи доварӣ ин неру дар баробари Худо ҷавобгӯйи ҳама ва ҳатто ҷавобгӯйи императорон хоҳад буд” (ниг.: Иронӣ Аҳмад. Ҷудоии Ҳукумат аз дин. Лос-Анҷелес, 1994. С.17).

  Ҳамин тариқ, бо ибтикороти табақаи равшангари ғарбӣ  дар Аврупо мавҷи нави таҳаввулоту пешравӣ ба вуҷуд омад, ки онро ба таври истилоҳӣ “Даврони Эҳё” (Эпоха Возрождение) ном бурдаанд. Даврони Эҳё (Ренесанс) дар Аврупо илм ва хирадро дар муқобили хурофоту таассуби мазҳабӣ қарор дод ва роҳи мубориза ва муқовиматро алайҳи калисоиён ва рӯҳониёни масеҳӣ ҳамвор сохт. Махсусан, озодии виҷдон ва ҷудойии дин аз давлат, ки аз мавзӯоти бунёдӣ ва калидии системаи давлатдории дунявӣ ва демократӣ маҳсуб меёбанд, дар тарҳҳои фикрию сиёсии андешамандони ғарбӣ, назири Волтер, Дидро, Монтискиё, Руссо ва дигарон таҷассум ёфтанд. Кору пайкори мутафаккирону маорифпарварони франсавӣ асрҳои баъдӣ самараи хуб ба бор овард ва ҷомеаро сифатан тағйир дод. Ба дунболи ин, бо барқароршавии шаҳрҳо ва инқилобҳои дохиликалисоӣ қадам ба сўйи демократия ва  ҳукумати мардумӣ дар Аврупо аз нав ҷон гирифт ва дар манотиқе, ки имрўз кишварҳои Шветсия, Шведсария, Белгия, Голландия, Олмон ва  Фаронса мустақаранд, шуълаҳои ҳукуматдории демократию дунявӣ барафрўхта шуд. Аллакай дар соли 1688 дар Англия ва соли 1720 дар Шветсия шаклҳои нави давлатдорӣ, ки ба намояндагони мардумӣ асос ёфта буданд, пайдо шуданд (ниг.: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. -С.41). Андешамандону сиёсатмадорони ғарбию аврупоӣ бо истифодаи аз неруи тафаккури илмӣ ва фалсафӣ тавонистанд, ки дунёро ба самти демократия ва дунёмадорӣ бикашонанд. Элитаи сиёсию маданӣ ва ҷомеаи муосири ғарбӣ ва аврупоӣ, ки дар доираи модели  давлатдории дунявӣ ва демократӣ зиндагӣ мекунанд, хидматҳои бедареғи маорифпарварону мутафаккирони бузургро арҷ мегузоранд ва дар ҳамкорию ҳамбастагӣ ҷиҳати боло бурдани сатҳи зиндагӣ талош меварзанд.      

  Тамоми пешравӣ, таҷаддуд ва таҳаввули Ғарб ба инсонмеҳвар ва донишбунёд будани системаи сиёсию давлатӣ марбут аст. Ҷомеаи муосири аврупоӣ системаи давлатдории дунявӣ (секулулярӣ)-ро ба унвони меъёри сиёсию давлатӣ ва иҷтимоию маданӣ шинохтааст ва ин низоми сиёсию идорӣ ва маданию фикрӣ инсонро ба сифати арзиши олӣ пазируфта, ба озодии виҷдон ва ҳаққи интихоб эҳтиром мегузорад. Озодии виҷдон озодии интихоби ақида, мафкура, дину мазҳаб ва соири эътиқодоту бовардоштҳо аст. Дар кишварҳое, ки деократия устувор аст, озодиҳои фардӣ ва ҳуқуқи инсонӣ арзишҳои баланди ҷомеа ва давлат шинохта мешаванд. Дар давлат ва кишварҳое, ки демократия ва дунёмадорӣ дар маънои томаш нуфуз  ва тасаллут доранд, намояндагони дину мазоҳиб ба таври озод фаъъолият мекунанд. Афзун бар ин, ҳеҷ дину мазҳабе аз адён ва мазоҳиби дигар имтиёз надорад ва давлат дар миёни адёну мазоҳиб нақши бетарафиро иҷро мекунад (ниг.: Иронӣ Аҳмад. Ҷудоии Ҳукумат аз дин. Лос-Анҷелес, 1994. -С.4-5).

  Бад-ин тартиб, таҳаввулоту тараққиёте, ки дар манотиқи гуногуни дунё иттифоқ афтодааст, ба баракати низоми дунявӣ будааст. Ин тарзи бинишу нигариш, ки бар мабнои илму мантиқ устувор аст, ҷаҳонро сифатан тағйир додааст. Ба ин маънӣ, таърих ва таҷрибаи инсонӣ системаи динӣ ва низоми сиёсии дунявиро бар низомҳои теократию тоталитарию диктатурӣ тарҷеҳ дода, бартариятро ба дунявият вогузоштааст, зеро ки ин тарзи мудирияти сиёсӣ бо илму дониши зинда ва муносиботи созандаи инсонҳо асос ёфтааст. Бо такя ба мероси сиёсию мадании ниёкон, ҳамчуни бар мабнои таҷрибаи таърихӣ ва усулу принсипҳои давлати дунявӣ раҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мардуми тоҷик ва халқи Тоҷикистон саъю талош меварзад. Танҳо дар низоми давлати дунявӣ инсон ва дар маҷмўъ, мардум ҷойгоҳи иҷтимоӣ касб карда, ҳуқуқи интихоби озодро пайдо менамояд. Ин аст, ки мардуми тоҷику тоҷикистонӣ интихоби дуруст кардааст ва дунявиятро ба сифати беҳтарин намуна ва низоми сиёсӣ, фикрӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ пазируфта, дар ин шоҳроҳ бардамона гом бармедорад.

 

                   Нозим Нурзода

              пажуҳишгар

 

Хондан 1655 маротиба