Нахустбунёдгузорони забони илмии тоҷикӣ дар давраи классикӣ олимони бузурги аҳди Сомониён – Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ мебошанд. Талабот ва сиёсати давлатдории Сомониён мутафаккирони даврро водор месохт, ки нисбат ба тараққӣ додани забони порсии дарӣ (яъне тоҷикии имрӯза) ва татбиқи он дар соҳаи илм низ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, имкониятҳои дохилии ин забонро дар баёни асосҳои илмҳои замона истифода баранд, то дурдонаҳои ҳар як илм дастраси аксари мардуми форсизабонон гардад. Хушбахтона, олимони муътабари замон - Абуалӣ ибни Сино ва каме баъдан (аввали асри XI, пас аз заволи давлатдории Сомониён) - Абурайҳони Берунӣ аз уҳдаи ин вазифаи заҳматталаб, вале боифтихор, низ баромада тавонистанд. Натиҷаҳои тадқиқоти илмии худро доир ба илмҳои мантиқ, ҳандаса, табииёт, ҳайат ва монанди ин бо забони форсии тоҷикӣ (бо хати арабиасоси тоҷикӣ) Абуалӣ ибни Сино дар асарҳои «Донишнома», ва Абурайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноат-ит-танҷим» ва чанди дигар баён карданд.
Нахустин кӯшишҳои бо забони тоҷикӣ ифода кардани афкори илмии замони Сомониён аз тарафи олимони барҷастаи давр Абуалӣ ибни Сино ва Абурайҳони Берунӣ дар заминаи порсии дарӣ ва сохтани ҳамтоҳои тоҷикии истилоҳоти илмии арабӣ бешубҳа аҳамияти бузурги илмию таърихӣ дорад. Забони ин асарҳо аз тавоноии забони тоҷикӣ дар ифода кардани афкори илмӣ ва сохтани истилоҳоти илмӣ шаҳодат дода, барои дар оянда ташаккул ёфтани забони адабии тоҷикӣ ва забони илмии тоҷикӣ нақши муассир бозиданд. Ҳарчанд, дар тӯли қарнҳои баъдина (то охири асри XIX ва аввали асри XX, то давраи ба Россияи подшоҳӣ ҳамроҳ шудани Осиёи Марказӣ ва оғоз гардидани замони Шӯравӣ) олимон ва мутафаккирони тоҷик дар асарҳои бо забони тоҷикӣ таълифнамудаи худ оид ба нуҷум, риёзиёт, тибб, фалсафа, ҷуғрофия ва монанди ин асосан аз истилоҳоти арабӣ истифода карданд, лекин истилоҳоти сохтаи ин ду олими ҷаҳоншумули тоҷик ҳоло қисми ҷудонопазири истилоҳоти илмии тоҷикӣ буда, дар баёни илмҳои замона оид ба физика, астрономия, геология, ҳандасаю риёзӣ ва ғайра бо замони тоҷикӣ истеъмоли умум доранд.
Дар ташаккули минбаъдаи забони илмии тоҷикӣ ва истилоҳоти он дар аввали асри XX ва баъд, забони русӣ нақши асосӣ бозид. Забони муосири илмии тоҷикӣ ва истилоҳоти он бо роҳҳои зерин ташаккул ёфтаанд:
- тарҷумаи китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ҷумҳурӣ (солҳои 20-40-уми асри XX);
- тарҷумаи китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ (солҳои 50-уми асри XX то айни замон);
- тарҷумаи жанрҳои гуногуни адабиёти илмӣ – илмӣ, илмию оммавӣ, илмию фантастикӣ аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ (солҳои 50-80-уми асри XX);
- тартиб додани луғатномаҳои русӣ ба тоҷикии истилоҳоти соҳавии илм (солҳои 40-уми асри XX то айни замон);
- тартиб додани Энсиклопедияи Советии Тоҷик дар 8 ҷилд (солҳои 70-90-уми асри XX);
- таҳияи китобҳои дарсӣ ва воситаҳои дигари таълимӣ бо забони тоҷикӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ (солҳои 90-уми асри XX то айни замон – давраи соҳибистиқлолӣ);
- таҳияи монографияҳо, мақолаҳо, ҳисоботҳо оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ бо забони тоҷикӣ (солҳои 2000-ум то айни замон – давраи соҳибистиқлолӣ).
Ҳоло забони илмии тоҷикӣ яке аз воситаҳои зарурии аз бар кардани асосҳои илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ буда, барои рушду равнақи ин илмҳо ва боло бурдани тафаккури илмӣ дар ҷомеа нақши асосӣ дорад. Бунёди забони илмии тоҷикиро воситаҳои забонии забони адабии миллӣ ташкил медиҳанд. Хусусан онҳо дорои грамматикаи қариб якхела мебошанд. вале аз ҷиҳати захираи луғавӣ ва истифодаи он фарқе низ доранд. Ба таъбири дигар, забони илмии тоҷикӣ маҷмӯе аз воситаҳои интихобии забони адабии миллӣ буда, барои б5. аёни ин ё он соҳаи илм ва техника истифода мешаванд.
Захираи луғавии забони илмии тоҷикиро калимаҳои маъмулии забони адабӣ; калимаҳои махсусе аз захираи луғавии забони адабӣ, ки дар забони илмӣ бар дӯши онҳо мазмуни нави илмие вогузор шудааст; тозакалимаву тозаибораҳое, ки дар раванди маърифати илмиву техникӣ барои ифода кардани номи мафҳумҳои илмиву техникӣ сохта шудаанд;калимаҳои байналмилалие, ки аз забонҳои муқтадири илмӣ ба таври тайёр (баъзан бо каме тағйироти савтиётӣ ва ё морфологии забони иқтибоскунанда) иқтибос карда шудаанд, ташкил медиҳанд.
Таркиби луғавии забони муосири илмии тоҷикиро инҳо ташкил медиҳанд: калимаҳои арабиасоси тоҷикӣ; калимаҳои соф русӣ; калимаҳои байналмилалие, ки якҷоя бо мафҳуми худ аз ба воситаи забони русӣ аз забонҳои дигари муқтадири илмӣ ба таври тайёр (баъзан бо каме тағйироти савтиётӣ ва ё морфологии забони иқтибоскунанда) иқтибос карда шудаанд, аз ҷумла калимаҳое, ки номи мафҳумҳои илмӣ, илмии техникӣ ва умумиилмӣ, номҳои ҷуғрофӣ, номҳои техникӣ, номи чизҳои кайҳонӣ ва монанди инҳоро ифода мекунанд; воситаҳои ғайризабоние чун аломат, рамз, ишора, нақша, расм, график, диаграмма, формула ва ғайра.
Қисмати зиёдтарини воҳидҳои луғавии забони илмии тоҷикиро дар баробари калимаҳои оддии забони адабӣ ҳамчунин истилоҳот, яъне маҷмӯи калимаву ибораҳои махсусе, ки номи мафҳумҳои илмӣ ва техникиро ифода мекунанд ва номгон (номенклатура), яъне маҷмӯи калимаву ибораҳое, ки номи чизҳои илмиву тахникиро ифода мекунанд, ташкил медиҳанд.
Воҳидҳои луғавии забони илмӣ дар натиҷаи амали махсуси номгузорӣ тавлид меёбанд. Тавре ки маълум аст, калимаҳо дар забони рӯзмарра барои ифода кардани номи шартии чизу ҳодисаҳое истифода мешаванд, ки дар шароити табиӣ вуҷуд доранд ва онҳоро инсон ҳамарӯза истифода ва мушоҳида мекунад. Ба иборати дигар, инсон барои аз якдигар фарқ карда тавонистани чизу ҳодисаҳои табиӣ онҳоро бо калимаҳои алоҳида номгузорӣ мекунад. Воҳидҳои луғавии забони илмӣ (яъне, истилоҳот ва номгон) барои ифодаи номи чизу ҳодисаҳои илмие истифода мешаванд, ки дар шароити табиӣ ба инсон маълум набуданд ва танҳо дар раванди аз тарафи инсон шинохта шудани табиат ва сохтани дастгоҳу механизмҳо ошкор мегарданд. Ҷиҳати ба ҳамагон ошкор гардидани ин ҳодиса ва ё чизи нави илмиву техникӣ онҳо бо калимае ва ё иборае номгузорӣ мешаванд. Дар ин маврид чиз ё ҳодисаи нави илмӣ бо калима ё иборае номгузорӣ мешавад, ки ба мазмуни мафҳуми ҳодиса ё сохти чиз алоқамандӣ дорад (сарфи назар аз он, ки ин ҳангом калимаи махсусе аз захираи луғавии забони адабӣ интихоб мегардад ва ё калимаи тозае сохта мешавад).
Истилоҳсозӣ яке аз манбаҳои ғанӣ гардонидани захира ва таркиби луғавии забони адабии тоҷикӣ мебошад. Дар ин маврид, тозавоҳиди сунъисохти забони илмӣ мазмуни илмии худро гум карда, чун калимаи оддӣ ба захираи луғавии забони адабӣ ворид мешавад. Масалан, истилоҳи илмии «нурбориш», ки муодили тоҷикии истилоҳи русии «облучение» аст ва мазмуни илмии «бо таъсири нур тағйир додани хосиятҳои ҷисм»-ро дорад, метавонад ба захираи луғавии забони адабӣ ворид шуда, маънии луғавии «нурбор кардан», «нур боридан»-ро гирад.
Дар забони як соҳаи илм (масалан, физика, математика, химия ва монанди инҳо) дарозои умумии матн на аз ҳисоби чӣ қадар ворид кардани калимаҳои нав, балки дар натиҷаи такрори чандкаратаи ҳамон як воҳиди луғавӣ ва ё воситаи ғайризабоние чун рамзу формула ба вуҷуд оварда мешавад.
Хусусияти дигари забони адабиёти илмии техникӣ соҳиби таъриф будани вожагони он (хусусан, истилоҳот) аст, ки ба воситаи он мазмуни асосии мафҳум баён карда мешавад. Ин тафовути асосии истилоҳ дар забонҳои адабӣ ва забони илмӣ аст, зеро дар забони адабӣ истилоҳ на соҳиби таъриф, балки шарҳу маънӣ мебошад.
Муҳимтарин ва асоситарин хусусиятҳои луғавиву услубии забони илмии тоҷикӣ инҳо мебошанд:
- дақиқу возеҳ, кӯтоҳу мӯҷаз, ғунҷо ва бо пайдарпайии мантиқӣ баёну сабт шудани матнҳо дар адабиёти илмии техникӣ;
- интихобиву якмаънӣ будани калимаву ибораҳо дар матнҳои илмӣ;
- такрорпазирии чандкаратаи ҳамон як воҳиди луғавӣ дар дарозои матни як зерзабони илм;
- интихобӣ ва мустақил будани ҳиссаҳои нутқ дар матнҳои илмӣ ва қисмати зиёдтарини таркиби луғавии адабиёти илмии техникиро ташкил додани исму феъл;
- аз рӯи такрорпазирӣ серистеъмол будани исм, феъл, сифат ва ҷонишин дар матнҳои илмӣ;
- асосан дар шакли шумораи танҳо истифода шудани аксарияти мутлақи исмҳо дар адабиёти илмии техникӣ;
- дар забони илмию техникӣ бештар хос будани истифодаи на ишорати ҳарфӣ, балки ишорати рақамии шумора;
- дар забони илмию техникӣ ба таври фаровон истеъмол шудани номвожагон (номенклатура), ишораҳои рамзӣ ва ҳамчунин калимаҳои сарҳарфӣ (аббревиатураҳо);
- фориғ будани воҳидҳои луғавии забони илмӣ аз сермаъноӣ ва умуман тобишҳои маъноӣ;
- дар баён ба шакли матни илмӣ (тавсиф, нақл, муҳокима, исбот ва монанди инҳо) вобаста будани ҳаҷми луғати умумиистеъмолӣ дар адабиёти илмии техникӣ;
- дар баён ва сабти матнҳои илмӣ истифода нашудани калимаҳои эҳсосотӣ;
- ба сифати баъзе истилоҳоти забони илмӣ интихоб шудани калимаҳои махсусе аз захираи луғавии забони адабӣ;
- дар забони илмии техникӣ ба таври фаровон истеъмол шудани воситаҳои ғайризабоние чун ишора, аломат, рамз, формула, муодила, нақша, расм, график, диаграмма ва монанди ин, ва ғайра.
Ҳамин тариқ, яке аз хусусиятҳои муҳими забони илмӣ майлони тахассусӣ доштани он мебошад. Вале забони илмӣ аз нигоҳи луғавӣ танҳо бо луғатҳои махсуси илмӣ ва илмию техникӣ маҳдуд намебошад. Таркиби луғавии забони илмии тоҷикиро ҳамчунин номҳои хос (номи олимон, кошифону ихтироъсозон ва ғайра), ихтисора ва калимаҳои сарҳарфӣ (аббревиатура) низ ташкил медиҳанд.
Истилоҳҳо воҳидҳои муҳими захираи луғавии забони илмӣ буда, баъзе қолабҳои махсуси воҳидсозиро соҳибанд, ки онҳо аз қоидаҳои калимасозии забони адабии миллӣ фарқ карда метавонанд. Истилоҳсозӣ ва истилоҳшиносӣ як воситаи муҳимеанд, ки илми забоншиносиро бо илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ алоқаманд мегардонанд. Истилоҳсозӣ, хусусан сохтани истилоҳоти илмию техникӣ, ҳамчунин яке аз манбаъҳои ғанӣ гардонидани захира ва таркиби луғавии забони миллӣ ва рушди минбаъдаи он мебошад. Ба таъбири дигар, азбаски истилоҳсозӣ фаъолияти эҷодӣ мебошад, мумкин аст дар раванди истилоҳсозӣ дар забони илмии миллӣ қолабҳои нави калимасозиву иборабандие ба вуҷуд оварда шаванд, ки дар забони адабии миллӣ дида намешаванд.
Истилоҳи илмию техникӣ калимаи махсус ё худ вожаи интихобие аз захираи луғавии забони адабии тоҷикӣ ва ё калимаи байналмилалие аз захираи луғавии яке аз забонҳои муқтадири илмӣ аст, ки дар забони илмии тоҷикӣ ба он ба таври сунъӣ мазмуни муайяни илмӣ бор карда шудааст. Истилоҳи илмию техникӣ ҳамчунин тозакалима ё тозаиборае буда метавонад, ки барои ифода кардани муодили тоҷикии истилоҳоти забонҳои муқтадири илмӣ, масалан забони русӣ дар заминаи мазмуни мафҳуми истилоҳи илмии русӣ ва қоидаҳои калимасозиву иборабандии забони тоҷикӣ сохта шудааст (дар ин маврид калима ё ибораи истилоҳшаванда бояд ақаллан яке аз аломатҳои барҷастаи мазмуни мафҳуми илмиро таҷассум карда тавонад). Бинобар ин, дар забони муосири тоҷикӣ дар зери мафҳуми «истилоҳофаринӣ» фароянди ҷӯйишу созиш ва пазириши муодилҳои тоҷикии истилоҳоти илмиро тариқи тарҷума ва истифода аз истилоҳоти забонҳои муосири илмӣ ба шарти донистани асосҳои ин ё он илми муосир ва қоидаҳои калимасозиву иборабандии забони тоҷикӣ фаҳмидан мебояд.
Меъёрҳои дурустии истилоҳоти илмию техникӣ инҳо бояд бошанд: якмаъноӣ, системнокӣ, саҳеҳӣ, кӯтоҳӣ ва ихчамӣ, гардишпазирӣ ё худ татбиқпазирӣ.
Иқтибоси истилоҳот аз забонҳои классикии илм (юнонӣ ва лотинӣ) ва забонҳои муқтадири илмӣ - англисӣ, русӣ, фаронсавӣ, олмонӣ ва чанди дигар, яке аз тарзҳои сермаҳсули истилоҳсозӣ дар ҳар як забони муосири пешрафта мебошад. Аз як тараф, иқтибоси калима гӯё яке аз тарзҳои осони калимасозӣ аст. Вале иқтибос, чун тарзҳои дигари истилоҳсозӣ (калимабандӣ, ибораороӣ, истилоҳгардонии калима, ихтисораҳо ва ғайра) бояд тибқи қоидаҳои қатъан илмӣ, бо риояи талаботи қоидаву қонунҳои забони миллӣ амалӣ карда шавад. Зимни дар забони тоҷикӣ иқтибос кардани истилоҳоти байналмилалии илмии техникӣ принсипҳои зерин бояд риоя карда шаванд:
- принсипи луғавиву семантикӣ;
-густариши байнизабонии калимаи иқтибосшаванда;
-имкониятҳои аз истилоҳоти байналмилалӣ сохтани ҳосилакалимаҳо;
-принсипи савтиётиву морфологии забони тоҷикӣ;
-мувофиқатии истилоҳоти иқтибосӣ ба талабот нисбат ба истилоҳот, яъне системнокии истилоҳ, якмаъноӣ ва дақиқии маънои он, кӯтоҳӣ ва монанди инҳо.
Дар забони илмии тоҷикӣ меъёрҳои пазириши истилоҳи байналмилалӣ ва русии илмии техникӣ бояд инҳо бошанд:
- осонталаффузии истилоҳ;
- дар чаҳор забони муқтадири илм (русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ) шакли якхела ё монанд доштани истилоҳ;
- гардишпазир будани истилоҳ (яъне имконпазирии аз истилоҳи байналмилалӣ сохтани ҳосилаистилоҳҳои тоҷикӣ);
- маънои номатлуб надоштани шакли истилоҳ дар забони тоҷикӣ;
- созгории истилоҳ ба савтиёти забони тоҷикӣ.
Истилоҳсозӣ дар забони муосири тоҷикӣ, хосатан дар забони адабиёти илмии техникӣ дорои як қатор хусусиятҳое мебошад, ки аз сохтани истилоҳот дар забони адабии тоҷикӣ бо баъзе ҷиҳатҳои худ фарқ мекунад. Ин тафовут, пеш аз ҳама, дар истифодаи қолабҳои истилоҳсозӣ зоҳир мегардад. Азбаски истилоҳоти муосири илмии техникӣ дар забони тоҷикӣ дар заминаи тарҷумаи адабиёти илмии русӣ поягузорӣ шуда, пеш меравад, бо таъсири забони русӣ дар забони тоҷикӣ дар сохтани истилоҳот қолабҳои наве пайдо шудаанд, ки пештар набуданд. Чунончи, сохтани истилоҳоти сохтаю мураккаби таркибӣ, фаъол гаштани қолабҳо бо ҷузъҳои зидди -, ғайри -, ҳам -, боз -, но -,бе -, во -, по(д) -, микро -, макро -, ултра -, инфра - ва ғайра.
Таҳияи луғатномаҳои русӣ ба тоҷикии истилоҳоти соҳаи илмҳои дақик, табиатшиноси ва техникӣ дар ҳалли масалаҳои алоқаманд ба мураттабсозии истилоҳот дар забони миллӣ мусоидат карда метавонад. Камиву норасоиҳои асосие, ки ҳоло дар луғатномаҳои русӣ ба тоҷикии соҳаҳои гуногуни илм ба назар мерасанд, инҳо мебошанд:
-якум, дар онҳо дар баробари истилоҳоти асосии соҳа, ҳамчунин ба чашм расидани калимаву таркибҳое, ки умумӣ мебошанд ва ё ба ин соҳа алоқамандие надоштани онҳо;
-дуюм, дар луғатнома пурра фаро гирифта нашудани аққалан истилоҳоти асосии як соҳаи интихобшуда.
Сабаби асосии ҷой доштани чунин камбудиҳо дар кори таҳияи луғатномаҳои русӣ ба тоҷикӣ, таҳқиқ ва коркард нашудани принсип ва меъёрҳои интихоби истилоҳ зимни тартиб додани луғатномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла дар соҳаи илм ва техника мебошад.
Дар роҳи мураттаб сохтани истилоҳоти илмии техникӣ дар забони илмии тоҷикӣ қадами якум мураттабу якгунсозӣ ва стандартгардонии истилоҳоти китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ мебошад. Барои расидан ба ин мақсад бояд дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби мутахассисони босалоҳияти соҳаи гуногуни илм, аз ҷумлаи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, омӯзгорон ва устодони беҳтарини донишгоҳу донишкадаҳо, тарҷумону муаллифони китобҳои дарсӣ, мураттибони луғатномаҳои истилоҳот, истилоҳшиносон ва забоншиносон комиссияи махсуси таҳияи истилоҳоти китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил карда шавад. Ин комиссия бояд истилоҳоти ҳар як китоби дарсиро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода, вариантҳои ниҳоии онҳоро дар шакли луғатномаи русӣ ба тоҷикӣ омода созад ва барои тасдиқ ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намояд. Баъди тасдиқ гардидани луғатномаҳои русӣ ба тоҷикии истилоҳоти ҳар як китоби дарсӣ (соҳаи илм) истеъмолу риояи ягонаи онҳо таъмин карда мешавад.
Зимни мураттабу якгун сохтан ва стандарт гардонидани истилоҳоти илмии техникӣ дар забони тоҷикӣ бояд меъёрҳои зерин ба инобат гирифта шаванд:
-дар системаи истилоҳоти ҳар як соҳаи алоҳидаи илм муодили тоҷикии истилоҳи русӣ бояд танҳо бо як калима ё ибора ифода карда шавад, яъне ин калима ва ё ибора дар ин системаи истилоҳот бояд мазмуни танҳо як мафҳуми илмиро инъикос намоянд;
-калимае, ки ба сифати муодили тоҷикии истилоҳи русӣ пазируфта мешавад ва ё калимаву иборае, ки дар ин маврид ҳамчун истилоҳ сохта мешаванд, бояд аз ҷиҳати забонӣ ва илмӣ дуруст буда, мазмуни мафҳуми илмиро ба таври саҳеҳ инъикос карда тавонанд; дараҷаи саҳеҳии истилоҳи илмӣ ба истифодаи воситаҳои дурусти калимасозиву иборабандӣ бастагӣ дорад;
-ба сифати истилоҳи илмӣ бояд калимае пазируфта ва ё сохта шавад, ки гардишпазир бошад, яъне аз он имкони сохтани истилоҳоти ҳосила вуҷуд дошта бошад; дар акси ҳол истилоҳ татбиқи васеъ дошта наметавонад;
- шакли истилоҳи иқтибосӣ (байналмилалӣ) бояд ба савтиёти забони тоҷикӣ мутобиқ гардонда шавад (агар ба ин зарурат бошад).
Танҳо бо ин роҳ дар забони илмии тоҷикӣ истилоҳоти саҳеҳу дақиқ ба вуҷуд оварда шуда, масъалаи мушкилу душвор дар роҳи эҷоди забони илмии тоҷикӣ, яъне масъалаи истилоҳот ҳалли худро ёфта метавонад.
Ниҳоят, таъсис додани хазина (бонк)-и истилоҳоти соҳаҳои гуногуни илм зарур аст. Хазинаи истилоҳот вазифаи хадамоти дохилизабонии истилоҳотро иҷро намуда, дақиқӣ ва қатъияти истеъмоли истилоҳотро дар муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ, соҳаҳои маъмуриву идорӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангиву тарбиявӣ таъмин менамояд.
Зимни мураттабу якгун ва стандарту қонунигардонии истилоҳоти илмии техникӣ дар забони илмии тоҷикӣ бояд принсип ва заминаҳои зерин ба инобат гирифта шаванд:
Якум, якгунсозии истилоҳот бояд, пеш аз ҳама, дар заминаи истифодаи имкониятҳои дохилии забони тоҷикӣ, яъне бо эътибори хусусиятҳои миллии он амалӣ карда шавад. Албатта, забони тоҷикӣ имконияти васеъ дорад, ки бо воситаҳои дохилии худ ҳар гуна мазмуну мафҳумеро бо калима ё иборае ифода кунад. Вале дар мавриди додани афзалияти пурра ба хусусиятҳои миллӣ, яъне танҳо ба имкониятҳои дохилии забони миллӣ дар сохтани истилоҳот эҳтиёткорона ва бошуурона рафтор кардан мебояд, зеро илм ва забони илмӣ пеш аз ҳама хусусияти умумиҷаҳонӣ дошта, аз рӯйи табиати худ байналмилалӣ мебошад. Мутлақгардонии ин имконият дар гумон аст, ки аз нуқтаи назари иҷтимоӣ ва аз нуқтаи назари истифодаи таҷрибаи умумиҷаҳонии рушди илм, техника ва фарҳанг, хусусан дар раванди ҷаҳонишавӣ қобили истифода бошад.
Дуюм, барои якгун сохтани истилоҳоти илмию техникӣ дар забони илмии тоҷикӣ истифодаи яке аз забонҳои муқтадири илмӣ, масалан забони илмии русӣ муҳим аст, ки таҷрибаи бузурги таъсиси системаҳои истилоҳотро дар ҳама соҳаҳои илм дорад.
Пирмаҳмад НУРОВ
доктори илмҳои филологӣ