JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 15 Феврали 2023 11:49

Кафили зиндагии осоишта дар ҷаҳон

Муаллиф:

  Моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд,  якдилона қабул кард. Ташаббуси навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмонро  153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд.Қабули чунин як Қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид боиси ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.

  Дар асоси ин Қатънома  21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо  ва соли 2025  Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва қарори дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расид.Ин ташаббуси Пешвои миллат барои инсоният   ва сайёраи мо  воқеан аҳамияти   бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиат ва  захираҳои обӣ,  дар маҷмуъ ба ҳифзи ҳаёти инсоният дар  сайераи мо  равона шудааст.

Ҷумъа, 10 Феврали 2023 09:35

Сарнавишти як халқ

Муаллиф:

  Дар давоми умри худ ман китобҳои зиёде навиштаам, ки ҳамаи онҳо ба як мавзуъ бахшида шуда, аз як маводи ҳаётӣ фароҳам омадаанд... Ҳамаи ин китобҳо – дар бораи тоҷик ва Тоҷикистон аст, дар бораи кишвари кӯҳистонии ман, ки ба воситаи қуллаҳои сарбарфалаки Помир бар фарози ҷаҳон қомат афрохтааст, дар бораи сарзамини модарии ман, ки дар гузашта тавассути анбӯҳе аз фотеҳон тороҷ гардидааст, дар бораи фарзандони ин сарзамин мебошанд, ки дар қарни ҳашт ба худ номи «тоҷик»-ро гирифт.

Панҷшанбе, 09 Феврали 2023 10:44

Тарғибгари дастовардҳои олимони тоҷик

Муаллиф:

 Чанде қабл ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон ва 70-солагии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби муарриху сертараддуду пуркор Ширин Қурбонова ва рӯзноманигори дақиқбину тозагуфтор Машраби Абдуллоҳ таҳти унвони «Чеҳраҳои академикӣ» дар ҳаҷми 278 саҳифа ба нашр расид. Китоби мазкур бо дастур ва дастгирии бевоситаи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ интишор гардида, муҳаррири он академики АМИТ Маҳмадюсуф Имомзода мебошад ва ба китоб узви вобастаи АМТ Муҳаммадалӣ Музаффарӣ тарқиз навиштааст.

   Гузаронидани нишасту конфронс ва семинар-машварату маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ ва фаннӣ-ихтисосӣ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, 7 январи  соли ҷорӣ, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо бо ҳузури доираи муҳаққиқону коршиносон семинар-машварати илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Мақоми равшанфикрон дар раванди ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ва таъмини амният” баргузор гардид. Семинар-машваратро директори пажӯҳишгоҳ Ёрмуҳаммад Ниёзӣ ифтитоҳ карда, минҷумла тазаккур дод, ки дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақола ва матолиби зиёде дар матбуоти даврӣ, сомона ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилӣ пахшу нашр мегарданд. Дар ин замина, матлаби илмӣ-ихтисосии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор С. Ятимов таҳти унвони “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад”, ки бар мабнои нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф гардидааст, дар баъзе маҷаллаву рӯзномаву ҳафтаномаҳои расмию мустақили ҷумҳурӣ ва сомонаву пойгоҳҳои таҳлилию иттилоотии ватанӣ интишор ёфт. Ба ин маъно, мудирияти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо тасмим гирифт, ки дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва матлаби илмӣ-ихтисосии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор С. Ятимов “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад” семинар-машварате доир намояд. Ба ин тартиб, дар семинар-машварат гузориши илмии сарходими илмии Шуъбаи ИМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо доктори илмҳои сиёсӣ Шамсиддин Каримов дар мавзуи “Мақоми равшанфикрон дар раванди ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ва таъмини амният” мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор гирифт.

Китобҳо