Сиёсати хориҷии муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ кишварро ҳамчун давлати рӯ ба рушд муаррифӣ намуда, имиҷи сиёсии он боло рафт.
Қадами аввалин дар ин самт дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов гузошта шуда буд. Воқеан, Иҷлосияи 16-ум қадами аввалин ва калидие буд барои эъмори давлатдории миллӣ ва заминагузор барои рушди сиёсати хориҷӣ ва дохилии Тоҷикистон. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Пешвои миллат зикр гардидааст.
Таҳқиқоти физикдон ва донишманди шинохтаи асри XVII Исаак Нютон (04.01.1643 – 31.03.1727) дар таърихи рушди илми физика нақши калидӣ доранд. Агар ба масири рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ назар намоем то асри XVII илмҳои физика, химия, геология ва монанди инҳо ба доираи таҳқиқоти як маҷмӯи комплексии донишҳо – фалсафаи натуралӣ дохил мешуданд. Аз ин лиҳоз масалан, агар ба ҳолномаи олимони барҷастаи қарнҳои гузашта назар намоем, то асрҳои XVI-XVII дар шарҳи самти илмии онҳо калимаи “физикдон” ба назар намерасад, гарчанде ниёгони мо дар ин соҳаи донишҳои бунёдӣ доштанд. Сабаб дар он аст, ки илми физика то асрҳои XVI-XVII дар доираи фаъолияти фалсафа рушд мекард ва қонуниятҳои табиат бештар аз нуқтаи назари илми фалсафа маънидод карда мешуданд. Ин ҳам асос дорад, зеро агар ба таври умумӣ баён намоем, ҳам физика ва ҳам фалсафа аслан гирем – механизми кори табиатро меомӯзанд.
Бардоштҳо аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-уми декабри соли 2022 ироа гашт, ки он дастоварду комёбиҳо ва камбудиҳои соли гузашта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рабт дошт. Ҳамасола онро ҳар як сокини мамлакат дар қатори хизматчиёни давлатӣ дар маҷмуъ бо диққат ва таваҷҷуҳи хосса ироаи Паёмро тамошо карда, нақшаҳо, дастуру супоришҳои қайдшударо сармашқи кори худ қарор дода, ҳамчун дастури рӯимизӣ онро дар давоми сол мавриди истифода қарор медиҳанд.
Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». Душанбе. 23.12.2022.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ – дастовард ва таҷрибаи бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ҳамасола, ки паёмҳо, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмўъ ба мардуми шарифи кишвар ироа мегарданд дар худ фалсафаи бузурги созандагӣ баҳри рушди ҷомеа мебошанд. Албатта, ирсоли Паёмҳо талаби замон буда, зарурати воқеиеанд, ки масъалаҳои асосии ҷомеаро дар бар мегиранд. Аз ин рӯ, метавон моҳият ва чанд масъалаи усулии онро баён намуд: