JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Чанде қабл тавассути омӯзгори соҳибтаҷриба ва рӯзноманигори хушсалиқа Саида Набизода китоби тозанашри муаррихи донишманду муҳаққиқи пуркор Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ бо номи «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV)» дастрас гардид. Китоби мазкур бо ороишоти хеле хуб ва сифати аъло дар ҳаҷми 312 саҳифа ба нашр расида, дар он маълумоти мухтасари энсиклопедӣ роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти бузургони асримиёнагии форс-тоҷик, ки дар қарнҳои VII-XV зиндагӣ ва фаъолият намудаанд, ба тартиби хронологӣ оварда шудаанд. Навиштаҳо дар хусуси мавқеъ ва манзалати ҳар шахсияти таърихӣ, аслан дар каломи маънӣ ва мунтаҳои ихтисор омадаанд. Новобаста ба оне, ки дар китоб оид ба ҳаёт ва фаъолияти бузургони қуруни вустои форс-тоҷик маълумот хеле мутахасар (дар бораи баъзеҳо танҳо пеша ё ҳунар зикр шудаасту халос) омадааст, вале муаллифи дақиқназар кӯшидааст, ки зиндагинома ва фаъолияти адабӣ, илмӣ, сиёсии беш аз 1000 нафар донишмандону мутафаккирони асримиёнагии форс-тоҷикро дар китобе гирд оварад. Бидуни муболиға, устоди соҳибназар Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ бо таълифи «Донишномаи мухтасари бузургони форс-тоҷик (асрҳои VII-XV)» хидмати мондагореро анҷом додааст, зеро ин иқдом дар таърихи илму адаби тоҷик нахустин қадам буда, роҳнамои хубе баҳри омӯзишу пажӯҳиши илми ниёкон ва шинохти бузургони миллати хеш мебошад.

  Метавон арз намуд, ки Сада рамзи пирӯзии равшаниву нур бар торикиву зулмот, рамзи нур ва нишоту тантана аз кашфу ихтирои оташ аст, ки бар пояи он тамаддуни инсонӣ гузошта шудааст. Илова ба ин ин ҷашн нишонаи муқовимат бо маҳрумиятҳои табиӣ ва озодӣ аз душвориву гирудорҳои ҳаёт аст, Аз нигоҳи гоҳшиносӣ фарорасии он бо ба анҷом расидани чиллаи калон ва саршавии чиллаи хурд алоқаманд аст, яъне фосилаи роҳе аз ҳаракати Хуршед дар миёни шаби Ялдо (22 декабр) ва Наврўз (21 март). Дар даврони бостон ҷашни Сада маъмулан дар даҳумин рўзи баҳманмоҳи гоҳшумории аҷдодӣ, мутобик ба 30 январи тақвими милодӣ таҷлил мешуд ва ба боварҳои динию ҷаҳоншинохтии ориёӣ марбут буд. Тибқи одат дар аҳди қадим ва инчунин имрўз рӯзи 30 январ ҳама дар кӯча ҷамъ шуда, гулхан меафрӯзанд, гурўҳе намоз мехонанд ва гурўхе суруд мехонанд, рақсу хурсандӣ мекунанд, намоишҳои мусиқӣ ё театрӣ ташкил карда мешаванд.

Дар қиссаву таърих чу озода бихонед,

Мақсуд аз озода  шумоед, шумоед.

Деҳхудо

   Илм ва адабиёт ҳамеша гирҳекушои инсон буд, яъне аз оғоз барои раҳоӣ аз мушкилот, асорати динӣ, мазҳабӣ, тарғиби ахлоқи пок, одамият, худшиносӣ, инсоншиносӣ, диншиносӣ ва ғайра хидмат менамуд, по ба пои замон ва талаботҳои он амал мекард, пеш мерафт. Ба хотир биёред, талошҳои олимону адибони моро баъд аз истилои араб, муқовимат ва муборизаи онҳоро ба забони бегона, яъне арабӣ, баргардони осори илмиву адабӣ ба забони арабӣ, барои аз нобудӣ раҳонидан ва баъдан аз нав ба тоҷикӣ тарҷума намудан, хусусан кӯшишҳои Рӯдакӣ ва соири адибони замони Сомонӣ, ки хеле босамар буданд. Дар ин бора устод Саид Нафисӣ чунин гуфтааст: «Кореро, ки Амир Исмоили Сомонӣ бо шамшери буррандаи хеш огоз карда буд, Абдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад бо хомаи хеш ба поён расонид. Ин Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад роҳбаре тавоно буд, ки роҳро барои Дақиқӣ ва Кисоӣ ва Фирдавсӣ кушуд ва муҳандиси ҳунарманде буд, ки хонаи ҷовидонии Унсуриву Фаррухиву Асҷадиву Мунҷик ва Носири Хусравро пояе устувор ниҳод».[1] Ба қавли шоире:

 Муқаддима

  Дар таърихи навтарини миллати тоҷик Паёми Роҳбари давлат – маҷмуи таҳлил, арзёбӣ, як навъ ҳисобот, инчунин, натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумат ва дар ин асос, ироаи тасмимҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва нақшаҳои ҳаётан муҳимми мақомоти олии мамлакат   мебошад.

  Нуқтаи архимедӣ - такягоҳии ҳуҷҷат баҳогузории кори ҳукумат дар соҳаи иқтисод аст.

  Вобаста ба ин, дар Паём, дар робита бо равандҳои бузурги ҷаҳонишавӣ таъкид мегардад: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд» (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». –Душанбе. Дониш, 2023. – С. 23)

Китобҳо