JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 17 Январи 2024 11:52

Ташаккулёбии ҷараёни равшанфикрӣ дар фарҳанги халқи тоҷик

Муаллиф: Дидавар БЕКЗОДА

   Мақолаи мазкур  доир ба ташаккулёбии ҷараёни равшанфикрӣ дар фарҳанги халқи тоҷик баҳс мекунад. Ҷараёни мазкур дар фарҳанги тоҷик зери  унвони маорифпарварӣ рушд намудааст. Маорифпарварон кӯшиш менамуданд, то ин ки ҷомеаи қафомондаи худро ба як ҷомаи пешрафтаи муосир мубаддал гардонанд. Илова бар ин Садриддин Айнӣ баъди  Инқилоби  Октябр,  огоҳона  ва  ҷасурона  кори Аҳмади  Донишро  идома  дод. Зимни тадқиқотҳои таърихӣ, адабӣ  ва фарҳангии худ миллати  тоҷикро ба худаш ва ба ҷаҳониён бисёр ба таври шоиста ва  равшанфикрона  шинос намуд. Дар ин марҳилаи таърихи халқи тоҷик маҳз ҳамин  худшиносии  равшанфикр  ва  расонидани огоҳиҳои  таърихӣ  ва  миллӣ  ба  ҷомеа  аз  ҳама  кори  муҳим  ва  мубрам  буд,  ки  С. Айнӣ  ин  корро  хеле  ҷолиб  ва  хирадмандона  анҷом  дод.

  Маврид ба зикр аст, ки имрӯз бояд бидонем, аҷдоди мо дар давраҳои таърихсозии гузашта, чи андешаҳо доштаанд ва масъалаҳоеро, ки замони нав лаҳза ба лаҳза пеши онҳо мегузошт, чи тавр ҳал кардаанд. Илова бар ин баррасии таҷрибаи гузаштагон аз шартҳои асосии комёбӣ дар ҳалли масъалаҳои бузурги замони муосир ва оянда низ мебошад.

  Яке аз чунин давраҳо ки андухтаҳои маънавии он барои имрӯз аҳаммияти ҷудогона дорад, давраи маорифпарварӣ дар таърихи адабиёт ва фалсафаи иҷтимоии тоҷикон аст. Чунон ба назар меояд, ки таълимоти маорифпарварон метавонад бисёре аз мушкилҳои имрӯзи моро осон кунад. Бинобар ин лозим медонем, ки ҳоло ба ҷустуҷӯҳои фалсафии баъзеҳо аз андешапардозони равшангарии поёни асри 19 ва оғози асри 20 як нигоҳи кӯтоҳе биандозем. Маорифпарварӣ дар таърихи тоҷикони Осиёи Миёна тахминан 50 солро дар бар мегирад ва аз охири сеяки асри 19 оғоз ёфта, пас аз инқилоби Руссияи соли 1905 номи ҷунбиши ҷадидонро гирифта, асосан бо инқилоби Бухоро дар соли 1920 ба охир расида аст. Агарчи осори Аҳмади Дониш (1826-1897), ки сарвари маорифпарварон буд, аз даҳаи 20-уми асри  бистум диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб намуда аст. Инчунин муҳаққиқоне чун С.Айнӣ, Э.Бертелс, З.Раҷабов, А.Баҳоуддинов, Р.Ҳодизода, Ғ.Ашуров, И.Шарипов ва чанде дигар хеле ҷидду ҷаҳд ба харҷ додаанд, то ақидаҳои фалсафӣ ва иҷтимоиву сиёсии ӯро бишносанд. Эҷодиёти маорифпарварони ибтидои асри бист Мирзо Сироҷ (Мирзо Сироҷи  Ҳаким, духтур) Собир 1877-1914), Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ (1875-1919), Саид Аҳмадшоҳи Сиддиқии Аҷзӣ (1865-1927), Абдуррауфи Фитрат (1886-1938), Тошхоҷаи Асирӣ (1864-1915) ва дигарон ҳанӯз мавриди таҳқиқи муфассал қарор нагирифтаанд. Ин насли дувуми маорифпарварони тоҷик ки дар оғози асри бист фаъолият доштанд, баъзе аз онҳо дар сафи муассисони ҳизби коммунистии Бухоро буда, дар инқилоб ширкат варзидаанд, бо вуҷуди инҳо дар замони Шуравӣ аз охири даҳаи бистум иртиҷоӣ ва  аксулинқилобӣ эълон гардиданд. Аз ин рӯ таҳқиқи осору фаъолияти аксари онҳо манъ буд, ва онҳоро дар навиштаҳо фақат бо суханони ношоиста ном гирифтан имкон дошту бас.

Бозсозиву ошкорбаёнии Горбачёв, ки соли 1985, оғоз ёфт, заминае фароҳам овард, ки мероси равшангарони ибтидои қарни бист низ мавриди таҳқиқ қарор гирад. Моҳи октябри соли 1988 бо ташаббуси Фарҳангистони Илмҳои Узбекистон дар Тошканд ҷамъомаде доир гардид, ки чанд нафар аз донишмандони Тоҷикистон, як нафар аз Тотористон ва нафаре аз Озарбойҷон иштирок доштанд. Азбаски ҷунбиши ҷадидия дар байни мусулмонони Қрим, Кавказ, Тотористон ва Осиёи Марказӣ интишор ёфта, хусусияти байналхалқӣ пайдо карда буд, дар ҷамъомади Тошканд қарор дода шуд, ки донишмандони ин минтақаҳо бо ҳамдастӣ таҳқиқи илмии ин ҷараёни бузурги иҷтимоиву фарҳангиро бояд оғоз намоянд. Тахминан аз соли 1986-1987 сар карда, дар ҳар кадоме аз ин ҷумҳуриҳо асарҳои равшангарони маорифпарвар ва мақолаҳое ба чоп расид. Аз ҷумла соли 1989 дар идораи маҷаллаи “Садои Шарқ” мизи мудавваре ташкил шуда, зарурати пажуҳиши мероси равшангарон таъкид гардид. Чун фаронсавиён соли 1994 дар Тошканд муассисае ба номи Институти таҳқиқи Осиёи Марказӣ таъсис доданд, нахустин коре, ки карданд, ин буд, ки моҳи феврали соли 1995 мизи мудавваре ба мавзуи “Ҷадидизм дар Мовароуннаҳр (асри нуздаҳ ва оғози асри бист); “Таърихнигории он ва ақидаи имрӯз” ташкил намуда, аз Фаронса, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия ҳаждаҳ нафарро дар Тошканд дар сари мизи мубоҳиса шинониданд.

Ба ҳар ҳол кам-кам бовар ҳосил мегардад, ки ҷунбиши равшангарон, аз ҷумла барои мардуми тоҷик, яке аз бузургтарин рӯйдодҳои таърихӣ буд. Осори маорифпарварон, аз ҷумла ҷадидон, пеш аз ҳама ба сифати як қисми мероси маънавии гузаштагон аҳамияти хоса дорад [15,c.81-83].

Агар ба заминаҳои ин масъала таваҷҷуҳ кунем, чунин ба назар мерасад, ки ҳарчанд Осиёи Миёна манбаи моли хоми саноати Русия буд, ва зулми мустамликадорон сахт монеи пешрафт омад, ба ҳар ҳол ҳатто дар Бухоро, ки муносибатҳои феодалии  дақёнусӣ (куҳна) устувор буд, насими замони  наве аз Урупо ва Русия вазидан гирифт, ва пеши чашми дурбини маорифпарварон, уфуқҳои тозае намудор омад. Аксари онҳо медонанд, ки давраи наве дар таърихи миллат наздик мерасад, ва мехостанд фаро расидани онро суръате бахшанд. Соҳибназарони нимаи дуюми асри 19 воқеъияти пурдаҳшати замонро қатъиян рад карданд. Аҳмади Дониш ба чашми худ дида буд, ки “умури миллатеву давлате ихтилофи куллӣ ёфта, осудагӣ, аз миёни фуқаро карон (дурӣ) гирифт” ва ҳоли кишвар аз “амирони ҷоҳил ва олимону сипоҳиёни гумроҳи ғофил” ба табоҳӣ кашид. Инсонпарварон наметавонистанд чунин воқеъиятро қобили қабул, ва қобили муросо донанд. Вале онҳоро умед тарк намекард ва “ҳар касе барои таҷдиди давлату миллат чашм медарид, лекин асаре боздид намегардид” [7,c.75].

Ба ҳар ҳол соҳибдилон бовар доштанд, ки “муҷаддиди миа” (ислоҳталаби аср) навсози қарн, марди забардасте, ки дар ҳар сад сол падид омада, оини исломро тоза мекунад, пайдо хоҳад шуд, ва “дину давлатро зиё ва баҳо (равнақу арзиш) бахшад ва назми мамлакат тоза гардад” [7,c.122]. Аҳмади Дониш пайрави он ақида буд, ки  “чун олам фасод аст, вақте ки харобӣ дар мизоҷи иқлиме ғалаба кард, (Худованд) боз касонеро барангезонад, то ҷаҳонро обод доранд ва адлу инсоф” [7,c.125].  Аҳмади Дониш ва ҳамзамонони ӯ аз таърих хабар доштанд ва огоҳ буданд, ки мардуми тоҷик чандин бор аз зери харобазори таърихи пуршӯри худ сар боло карда ва қомат рост намуда, роҳи тараққӣ пеш гирифтааст, ва акнун боз чунин қудрату қобилият намоиш хоҳад дод. На танҳо андешапарварони нозукбини тоҷик, балки баъзе мушоҳидагарони хориҷӣ низ пай мебурданд, ки давраи наве дар таърихи ин халқ наздик мерасад. Чунончи таърихшиноси рус Н.Павлов дар китоби “Таърихи Туркистон”, ки соли 1910 чоп шуд, дар бораи тоҷикон гуфтааст: “Ман ин сатрҳоро гоҳе ба қалам меоварам, ки мо дар арафаи эҳёи нави ин миллати  хушқобилият ва ҷонсахт ҳастем” [16,c.11].

Ин аст, ки дар ҷомеае умеди таърихӣ пайдо шуда буд. Равшангарон ба пешвози ояндаи неке, баъзеҳо ҳатто ба пешвози эҳёи миллӣ камар баста буданд, ва мехостанд фикрҳоро ба ҷавлон оварда, фардои таърихро тарҳрезӣ кунанд.  Мо бояд бидонем, ки маорифпарварон масъалаҳоеро, ки замони буҳронии охири асри 19 ва оғози асри 20 пеш мегузошт, чи тавр ҳал кардаанд, чӣ фикрҳое пеш овардаанд, чӣ идеалҳое доштанд. Посухи ин пурсишҳо барои имрузи мо хеле зарур  мебошанд.

Таърихи тоҷикони Мовароуннаҳр чунон омад, ки дар сарнавишти онҳо оғози асри 20 дар анҷоми он такрор шуд. Албатта, на айнан, балки аз баъзе ҷиҳатҳо моҳиятан таърих такрор ёфт. Мо дар охири даҳаи қарни 20 боз дар оғозгоҳи роҳи нави таърихӣ қарор гирифтем ва масъалаи интихобкорию гузиниши таърихӣ пеш омад. Мо ҳоло ба пурсишҳое аз ин қабил бояд посух биҷӯем, ки ба кадом роҳе бартарӣ бидиҳем? Барои имрӯзу фардои мо чӣ бояд авлавияту (приоритет) афзалият дошта бошад?

Маорифпарварон низ андаке пештар аз ин ва дар шароити наздик ба имрӯз маҳз бо чунин суолҳое ҷавоб ҷустанд. Пас ҳатман бояд бубинем, ки онҳо чӣ посухҳое ёфтаанд. Чун аз ин дидгоҳ ба мероси маорифпарварони тоҷик менигарем, аз ҳама пештар мебинем, ки ба масъала бо ҷиддияти тамом ва ба ниҳояти амиқбинӣ, аз роҳи дарки фалсафии моҳияти замони худ ва масъалаҳои ояндаи миллат наздик шуданд. Кӯшише дар роҳи шинохти фалсафии замон муҳимтарин нуктае дар маорифпарварии тоҷикист. Маорифпарварии тоҷикӣ пеш аз ҳама таълимоти фалсафист, ки асоси маънавию ахлоқии ҷомеа ва фардои онро меҷӯяд, таҳкурсии илмию назарии як эҳёи миллиро поягузорӣ мекунад. Ва баъзе аз маорифпарварон бештар рӯ ба сӯи фардо доштанд, ғами фардоро бештар аз ғамҳои он  рӯзи худ мехурданд. Он гоҳ ки Бухоро зери ҳукми русҳо даромад ва муносибатҳои тозаи иҷтимоиву иқтисодӣ оғоз ёфта, роҳе ба сӯи як давраи нави таърихӣ аз дур намоён шуд, Аҳмади Дониш ба андӯхтаҳои афкори фалсафӣ такя оварда, ба таҳлили ҳартарафаи рӯйдодҳои воқеъияти иҷтимоӣ ва равандҳои таърихӣ пардохт. Вай бо пайдо овардани моҳияти рӯйдодҳо, бо дарки фалсафии воқеъияти рӯз фардои эҳтимолиро пай бурдан хост, то ба мазмуну муҳтавои иҷтимоиву маънавии ҷомеаи оянда таъсир расонад, ояндаро ба ҷараёни матлуб равона созад. Тадқиқи бадеии Дониш бештар доғтарин масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва ахлоқу одоби муосирони худро дахл кардааст, ва бо нозукбинии реалистӣ анҷом ёфтааст. Устод С. Айнӣ таъкиде дошт, ки чун соли 1901 бо шарофати ғамхориҳои Садри Зиё (1865‐1932) нахустин бор бо китоби Аҳмади Дониш “Наводир‐ул‐вақоеъ” шинос шуд, гуфтааст, ки  онҷо рӯйдодҳои воқеъии замонро “бо тасвири реалӣ‐тасвире, ки худ дар зиндагӣ дида будам, дидам” [11,c.153]. Ба пиндори мо ҳақ ба ҷониби он адабиётшиносон аст, ки осори адабии Донишро ба реализми маорифпарварӣ нисбат додаанд. Тасвири воқеъияти Бухоро, манзараҳои назаррабои зиндагии мардумони рус, назари диққаткорона бо урфу одат ва тававвуроту ақидаҳои аврупоиён, ки дар навиштаҳои Аҳмади Дониш мебинем, барои муқоисатан аз назар гузаронидани шароити иҷтимоии мухталиф имкон фароҳам овард. Чашмандози Дониш пургустариш ва ҳамаҷӯй буда, ҷомеаи Бухоро ва баъзе ҷиҳатҳои ҳаёти кишварҳои дигарро фаро гирифтааст. Дар “Ҳикояти Ҳоҷӣ” яке аз персонажҳо, ки фарҳангист, мегӯяд: “Моро аз лавозим (заруриёт) аст, ки таҳқиқи милали аҳли олам кунем ва сара (солим) аз сақат (носолим) маълум кунем” [11,c.154]. Ин аст, ки Аҳмади Дониш фарқ кардани сара аз сақат, яъне шинохти ҳақиқатро вобаста ба густариши нигоҳи фарогирии “милали олам” (миллатҳои ҷаҳон) медонад, паси сар кардани маҳдудбинӣ ва дарбастагии феодалиро яке аз шароитҳои расидан ба ҳақиқати зиндагӣ мешуморад.

Вобаста ба ин дар эҷодиёти Аҳмади Дониш чунонки дар адабиёти маорифпарварии бисёр халқҳо дида мешавад, мавзуи сайру сайёҳат мавқеъи муайян пайдо кард. Тасвири сафарҳои хориҷӣ ва аҷоиботи кишварҳои дуру наздик дар чанд ҷои “Наводир‐ул‐вақоеъ”, масалан, дар бобҳои 5,6,7,8, ба назар мерасад.  Ин тасвирҳои Аҳмади Дониш ба ривоҷи жанри бостонии сафарнома мусоидат кард. Асари Раҳматуллоҳи Возеҳ “Савонеҳ‐ул‐масолик ва фаросих‐ул‐мамолик” (1887) ва Мирзосироҷи Сироҷи Ҳаким “Туҳафи аҳли Бухоро” (1910) ва ғайра ба вуҷуд омад. Асари Абдуррауфи Фитрат “Баёноти сайёҳи ҳиндӣ” (1912) шакли “сафар дар ватан”‐ро дорад. Бо ин асарҳо беҳтарин анъанаҳои жанри сафарнома давом меёфт: На аҷибу ғариб ва рӯйдодҳои хориқулода, балки чигунагии тарзи зиндагии мардум ва мулоқоти кишварҳои гуногун дар маркази диққати муаллифон қарор ёфтааст, ки ба диди мардуми Бухоро аҷиб менамояд. Диққати Аҳмади Донишро хусусиятҳои тафаккури русҳо ва аврупоиён, симои ахлоқии онҳо ва тарзҳои кишвардорӣ ба худ кашида аст. Мирзо Сироҷи Ҳаким ба тасвири батафсили таркиботи иҷтимоии кишварҳои Шарқу Ғарб ва муқоисаи ин тартибот бештар диққат дода, аз фарҳанги кишварҳои Аврупо, ки дар Вена, Будапешт, Берлин, Париж ва Лондон дида буд, ба ваҷд омада, бо ҳайрату мафтунӣ қалам рондааст. Ободиву озодӣ ва тартиботи шаҳрҳои Аврупо, одоби муомилаи мардуми он ва ғайра дар назари Сироҷӣ ғайри оддӣ ва боварнокарданӣ буд ва онро на бо назари бегонагӣ, балки бо хайрхоҳӣ тасвир карда, ҳар чи некӣ ва нишонаҳои одамияти баланд дида бошад, таъкидан ба тасвир овардааст. Вай аз таассуби динӣ дур аст. Муносибати ӯ ба он чи дар Аврупо дид, аз ақли солим, аз кӯшиши донишандӯзӣ ва дороиафзоии ботинӣ сарчашма гирифтааст, муносибати қадршиносонаи як марди фарҳангӣ ба тамаддуни баланд аст.

Бо чунин назаре нигаристан ба Ғарб ва Русия натанҳо ба Мирзо Сироҷ хос аст, балки бисёр маорифпарварони дигар низ аз ақибмондагӣ раҳоӣ ёфтани Осиёи Миёнаро алоқаманд ба фарогирии фарҳанги пешқадами аврупоӣ медонистанд ва умед доштанд, ки фарҳанги аврупоӣ пеши чашми мардуми Осиёи Миёна як дунёи нави ҷолиб хоҳад кушод, фикру андешаи тоза, тасаввуроти наве дар бораи ин ки зиндагӣ ва ҷомеа чигуна бояд бошад, хоҳад овард. Аз ин рӯ барҷастатарин намояндагони адабиёти ҷадида Абдулқодири Шакурӣ,Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Муҳаммадсиддиқи Аҷзӣ, Абдурауфи Фитрат, Тошхоҷаи Асирӣ, Садриддин Айнӣ ва дигарон таблиғгари маданияти Аврупо буданд. Баррасии диққаткоронаи воқеъияти рӯз ду самт дошт: аз як тараф воқеъияти иҷтимоии кишвари худ ва аз сӯи дигар кишварҳои Шарқу Ғарб, хусусан Русия ва Аврупоро таҳқиқ карданд. Ақидаҳои маорифпарварон дар асоси баррасии муқоисавии доманадори замони худ‐баррасии низоми иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии  гуногун, ҳатто хилофи   якдигар  ташаккул ёфта буд. Нахустин бор дар таърихи афкори фалсафии Осиёи Миёна таҷрибаи иҷтимоиву фарҳангии Русия ва Ғарб бо ҷиддияти тамом ба доираи назар даромада, дар ташаккули ақидаҳо нақше гузошт. Густариши чашмандоз, бартараф гардидани дарбастагии феодалӣ, ба чашми ибратҷӯӣ нигаристан ба мардуме, ки фарҳанги гуногун ва дину оини мухталиф доранд, боиси камолоти фалсафаи иҷтимоии маорифпарварон гардид.

Дигаре аз муҳимтарин хусусиятҳои маорифпарварии тоҷикӣ чи дар асри  19 ва чи дар ибтидои асри 20, ба хусус дар Бухоро ин буд, ки таҳқиқи пургустариш ва қиёсии воқеъияти рӯз бо таҳқиқи таърих баробар идома дошт. Таърих аҳамияти махсус пайдо кард. Нахуст, Аҳмади Дониш, ба таърихи кишвар муроҷиат намуд. Вай дар “Рисола” ном асараш гузаштаи наздик‐таърихи сулолаи манғитияро бо амиқбинии таҳлилӣ ва сахтгӯии танқидӣ аз назар гузаронид, он тарзи вилоятдориро, ки туркҳои манғитӣ рӯй кор оварданд, асосан ғайри қобили қабул донист ва тарзҳои наве ҷуст. Аҳмади Дониш зарур донист, ки “низоми давлатҳои хориҷӣ дар ин давлат ҷорӣ шавад, яъне давлати салотини Мовароуннаҳр” ва ният дошт, ки “рисолае таълиф кунам, ки мураккаб бошад ба назми ӯзбекӣ ва фарҳангӣ” [5,c.110] ва асаре бо номи “Рисолаи низомия” навишта, “низоми мураккаб ба русӣ ва ӯзбекӣ” ‐ро баён намуд [7,c.83].

Дар эҷодиёти Аҳмади Дониш навъи дигари таърихият, дигар як ҷанбаи назари таърихӣ, ки онро биниши таърихии маънавӣ метавон номзад кард, ба ғоят борвар омад. Фарҳанги маънавии миллат ва таърихи он бештар аз ҳама мавриди андешаҳои ӯ қарор ёфта буд. Вай бо биниши таърихии густурда ва доманадоре масъалаҳои фарҳанги маънавиро аз давраҳои аввали исломият то асри 19 аз назар гузаронида аст. Умдатарин ва муҳимтарин масъалаҳои бунёдии ислом, таърихи фалсафа, тасаввуф, фиқҳ, калом, ахлоқ ва ғайра дар “Наводир‐ул‐вақоеъ” баррасӣ шудааст. Вай баъзан ба ақидаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва иҷтимоиву сиёсии имом Ғаззолӣ, Алии Ҳамадонӣ, Насириддини Тӯсӣ, Хоҷа Аҳрор, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил ва дигарон муфассалан таваққуф намуда, ҳамеша аз осори Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз ва мутафаккирони дигаре иқтибос меорад. Ин ҳама таваҷҷуҳе, ки Аҳмади Дониш нисбат ба гузашта дорад, нишон медиҳад, ки ӯ фақат нисбат ба ақидаҳои баъзе андешапардозон, фақат нисбат ба чанде аз гароишу тамоюлоти фалсафӣ ва фарҳанги маънавии  асрҳои пешин ҷамъан ва ба яклухтӣ мавриди мулоҳизаронии ӯ қарор ёфтааст. Ба назар мерасад, ки Дониш баъзе аз риштаҳои асосии рушди маънавии миллатро дар чандин аср саросар ба андеша гирифта ва мувофиқи дархости замони нав аз назар гузаронида, хулосаҳои умумӣ баровардан ва ҷамъбаст кардан мехоҳад. Андешапардозиҳои Аҳмади Дониш хусусияти ҷамъбандӣ доранд.

Маълум аст, ки Аҳмади Дониш дар асарҳояш инкишофи иҷтимоии Бухорои замонашро хеле бо вусъат инъикос додааст ва инро муҳаққиқон ҳамаҷониба қайд кардаанд. Фитрат ҳам дар оғози қарни бист дар китоби “Мунозира” (1911) ва “Баёноти сайёҳи Ҳинд” (1912) муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодиро амиқан таҳлил карда, вазъи саноати пешаварию косибӣ, кишоварзӣ, фарҳангро як‐як нишон дод. Як фарқи маорифпарварони Бухоро аз ҷадидони Туркистон он аст, ки масъалаи давлатдорӣ ва низоми давлатиро низ аз чанд ҷиҳат мавриди баррасӣ қарор доданд. Бисёр масъалаҳои дигаре, метавон гуфт, ки  ҳар чи ба ҳаёти онрӯзаи халқу кишвар дахл дошт, ҳама ба доираи диққати маорифпарварон даромада аст. Аз ин миён масъалае ҳаст, ки ба хусус диққати маорифпарварони Бухороро бештар аз ҳама ба худ кашида, ҳамаҷониба баррасӣ шудааст. Ин ҳам бошад, масъалаи маънавият аст. Масъалаи асосии эҷодиёти Аҳмади Дониш ва Абдуррауфи Фитрат масъалаи ҳастии маънавии инсон ва ҷомеа мебошад. Аз ин сабаб аст, ки Аҳмади Дониш аз таърих бештар ба фарҳанги маънавӣ: асосҳои ислом, таърихи фалсафа, калом, ирфон, ахлоқ ва монанди инҳо, ба таълимоти Ғаззолӣ, Алии Ҳамадонӣ, Ҷомӣ, Бедил ва ғайра диққат дода буд. Назариёти фалсафию ахлоқи худи ӯ дар натиҷаи ҳамин баррасии роҳи чандинасра ва таҳлили тамоюлоти иҷтимоиву ахлоқии замони муосир ташаккул ёфтанд. Мақсад аз он ҷӯяндагиҳои Аҳмади Дониш ин буд, ки шахс ва ҷомеа ба худшиносии маънавӣ бирасанд ва “халқ бидонанд, ки барои чи  омаданд ва бар чи буданд ва чӣ карданд” [5,c.284]. Мақсад, таъмини худогоҳии маънавии миллат буд.

Воқеан, дида ба ҳоли худ ва ҳоли ҷаҳон бояд кушод, то моҳияти ҳастӣ аён гардад. Тааммуқписандӣ ва амиқандешӣ дар мавриди огоҳӣ аз ҳоли худ ва дигарон касро ба сари худшиносӣ меорад ва роҳи ислоҳи кори худро намоён месозад. Абдуррауфи Фитрат низ худогоҳии маънавиро мақсади асосӣ медонист. Вай гуфтааст: “Ҳаёт амри маънавист... ва барои ин ки дар хусуси осори ҳаётияи Бани‐Одам фикре пайдо кунем, бояд ба таърихи башарият муроҷиат намоем” [13,c.21]. Чанде пештар аз ин  ӯ  хонандагонро даъват карда буд, ки “ба таърихи аслофатон (пегузаштагонатон) руҷуъ намоед” [2,c.19] ва ҳамоно таърихи рушди маънавии миллатро дар назар дошта, қариб дар ҳар асаре, хусусан дар “Раҳбари наҷот” (1915) такя ба таърих оварда, ба ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҷомеа пардохтааст.

Идеалҳои иҷтимоии равшангарони барҷастаи тоҷик аз ҳамин дарки амиқи бунёди маънавии ҳастии инсон ҳосил шуда буд. Онҳо ҷомеаи ояндаро низ аз ҳамин дидгоҳи маънавӣ мехоҳанд ва мехостанд, ки марҳилаи тозаи таърихи халқҳои Осиёи Миёна даврони пирузии маънавият бошад: вазифаҳое, ки равшанфикрон дар пайи иҷрои он буданд ва ҷомеаро ба иҷрои он сафарбар кардан мехостанд, устувор намудани пояи маънавии зиндагонӣ буд. Бисёр мебинем, ки маорифпарварон дар навиштаҳои худ аз паст рафтани маънавият дар ҷомеа, аз ривоҷ ёфтани бемаънавиятӣ шикоят мекунанд. Ин аст, ки рӯ овардан ба таърих аз хоҳиши бозгаштан ба оғозгоҳи маънавӣ, расидан ба асли маънавии худ зарур омада буд, то ки давраи навини таърихи миллат аз аввал ҷои пое бар маънавияту ахлоқи аслӣ дошта бошад. Ба назар мерасад, ки вазифаҳо, ки равшангарон пеши аҳли ҷомеа гузоштаанд, дар оғози қарни бист, мукаммалтар аз ҳама дар севумин асари Абдуррауфи Фитрат рисолаи “Раҳбари наҷот” баён шудааст. Ин рисола гувоҳӣ медиҳад, ки Фитрат ба анъанаҳои чандинасраи ҳаёти маънавии миллат, ба бозҷустҳои маънавии Аҳмади Дониш садақоте дошт ва он анъанаҳоро давом додан мехост.

Бухоро  ба  ҳайси  маркази  илму  дини  тоҷикон  дар  аввали  асри  ХХ  майдони  афкори маорифпарварон  ва  андешамандони  ҷадиду  куҳанро    васеъ  намуда  буд.  Дар  ин  замон  осори зиёди  публисистӣ  ва  таърихӣ  рӯйи  чопро  дида,  рӯзномаҳои  даврӣ  аз  кишварҳои  мухталифи  Осиёи  Марказӣ  ворид  мегардиданд.  Яке  аз  ин  асарҳои  таърихӣ  ва  публисистӣ  “Таърихи инқилоби фикрӣ  дар Бухоро”-и  устод Садриддин Айнӣ мебошад. Ин асар, аслан «Таърихи инқилоби фикрӣ ё таърихи усули савтия ва инқилоби фикрӣ дар Бухоро» ном дошта, Устод онро  моҳи июни соли 1917 таълиф намуда, охирин саҳифаҳои китобро 7 феврали соли 1918 навишта  будааст [1,c.212].

Устод С. Айнӣ дар китоби «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», пеш аз ҳама, ба мубрамтарин  масъалаи  инсонӣ бедорӣ  ва  инқилоби  фикрӣ  ҷиддӣ  ва  муфассал  таваҷҷуҳ мекунад. Муаллиф дар он аз дахолат варзидани намояндагони аксар кишварҳои дуру наздик дар  фазои  иттилоотии  Осиёи  Марказӣ  ёдовар  шуда,  бинобар  авзои  ҳамонвақта аз фаъолияти ашхоси мубаллиғ изҳори  андеша  намудааст: “Қозӣ Мир  Бадриддини  қозиқалон  ҳам  яке  аз хонандагони  ҷаридаи  “Тарҷимон”  гардид.  Дар  ин  миён  ба  воситаи  сайёҳон  ва  пӯшта (почта)  баъзе ҷаридаҳои Истамбул,  Миср  ва  Ҳиндустон  низ  меомад.  “Ҳаблулматин”-и  мунташира  дар Ҳиндустон ва “Парвариш” -и мунташира дар Миср ба Бухоро хеле шуюъ пайдо кард”[3,c.30]. 

С. Айнӣ дар қиёс бо Фитрат на танҳо бехабарии аҳолӣ, балки аз фалаҷ гардидани ҳокимияти сиёсӣ бештар ҳарф зада, омили асосии дар ҷаҳлу торикӣ ғӯтавар шудани киштии бухориёнро дар ноуҳдабароиҳои ҳукумати вақт дидааст. Тибқи маълумоти Садриддин Айнӣ, ки дар китоби худ бо номи “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро” овардааст, бо ниқоби маориф ва тадриси наву муосир афроди ба Бухоро бегонаи тотор  ва ба низоми сиёсии импературии Русия мухолиф даст  андар  кор будаанд ва ақидаҳои онҳо ғолибан  таблиғи  маорифи  ҷавонтуркон  маҳсуб меёфтааст: “Дар санаи 1325 ҳиҷрӣ дар Бухоро дар хонаи Низомуддин Собитии тотор ба изни қозӣ Мир Бадриддини қозикалон ба зери идораи муаллим Абдураҳмон Саъидии тотор мактаби усули савтия ба забони тоторӣ кушода шуд. Ҳамон сол дар ин мактаб махсусан талабаҳои тотор давомат карданд. Соли дигар маҳрум Исмоилбек Ғаспаронӣ дар аснои саёҳати Туркистон ба Бухоро ворид шуда, дар сарои Ойим аз бухороӣ ва аз тотор чанд нафар соҳибфикронро ҷамъ карда, дар боби кушодани як боб мактаби усули савтия тарғибу тавсия намуд”[3,c.34]. Гузашта аз ин,  С. Айнӣ  иқрор  намудааст,  ки  дар  таъсис  ва  роҳандозӣ  намудани  мактабҳои  усули  савтия аз усулу дастурҳои таълимӣ бохабар набудааст ва ҳатто намедонистааст, ки дар Бухоро мактабҳои тоторӣ  вуҷуд  доштаанд,  аммо  дарк  кардааст,  ки  инчунин  усул  дар  таълим  аз  сарзамини Тотористон  маншаъ  мегирад: “Ҳамин  қадар  медонистем,  ки  маншаъ  равиши  таълими Тотористон аст, аммо аз будани мактаби тоторон дар Бухоро хабаре надоштем”[3,c.40].

Ҷувонбухориён ва ҷонибдорони макотиби усули ҷадид (ҷадидия аз ҳамин вожа бармеояд) бо дарназардошти таблиғ ва таҳияи мактабҳои усули савтия бо ҳукумати Аморати Бухоро бархурд дошта,  ҳатто  эҳсос  намекарданд,  ки  барои  аҳолии  ин  минтақа  андешаҳои  ғайрро  таҳмил менамоянд. Бархурдҳои ақидавии  ҷавонбухориён  бо  ҳокимони манғит ва султаталабони  аҳд оқибат мавриди маҳкум қарор доштани фаъолтарин навоварони Бухоро дар даҳсолаҳои аввали садаи  бист  гардид.  Гузашта  аз  ин,  дар  дохили  навоварон  ихтилофи  фикрӣ  густариш  ёфта, сабаби  ба  фирқаҳо  ҷудошавии  онон  шуд  ва  наҳзати  ҷадидияро  бо  дарназардошти  ҷангҳои мафкуравии  намояндагони  соҳибнуфузаш  чун  С. Айнӣ,  А. Фитрат  ва Мирзо Сироҷ ба  се  фирқаи асосӣ ҷудо намудан мувофиқат менамояд. Ҳар се фирқаи зикргардида ба марказе майл намуда, ҳангоми баёни андеша  ҳадафҳои  марказҳоро  низ  ба  инобат  гирифтаанд.   Мирзо  Сироҷ  дар китоби  худ  бо  номи  “Туҳафи  аҳли  Бухоро”, ки  аз  сафарҳои  ба  Аврупо  намудаи  муаллиф муҳтаво  пазируфтааст,  боз  Бухороро  бо  шаҳрҳои  қитъаи  Аврупо  қиёс намуда, омилҳои дар ҷаҳлу  нодонӣ  қарор  доштани  ҳаммеҳанони  хешро  кӯшидааст таҳқиқ намояд  ва  ҳангоми  васф намудани урупоиён  аз  ҳолу  аҳволи  меҳан  ва  ҳамватанони  худ бетафоввут  набуда, ин эҳсосро чунин баён доштааст: “Ғарази банда сафарноманигорӣ аст, вале дар баъзе ҷой ихтиёр аз кафам хориҷ мешавад”[12,c.56].

Дар пайравии «Наводир-ул-вақоеъ» сафарномаи Возеҳ «Савонеҳ-ул-масолик», дар ибтидои садаи XX «Туҳафи  аҳли  Бухоро»-и  Мирзо  Сироҷиддини Ҳаким, «Мунозира»-и  Абдуррауфи Фитрат  ҳамчун  асари  бадеию публитсистӣ ва таърихию  ёддоштӣ  офарида  шудааст.  Возеҳ  хулосаи сафари худ ва пешрафти  кишварҳои  Шарқи  мусулмонро дар асараш инъикос  намуда,  ба амал омадани низомияро дар  давлат тақозо мекунад. Мирзо Сироҷ дар «Тӯҳафи  аҳли Бухоро»  шароити зиндагонии кишварҳои гуногунро баён сохта, афсус аз он мехӯрад, ки мардуми ғофили Осиё неъматҳои моддӣ ва маънавии кишвари худро ба бегона ройгон тақдим менамоянд. Идомаи  ҳамин  мавзӯъ  дар  «Мунозира»-и А. Фитрат  дида  мешавад. А. Фитрат  асари мазкурро дар асоси баҳси аҷнабие бо мударриси бухорӣ иншо  намудааст, ки ғояи ҳамин асар дар боби «Дар  ҳикояти  ҳоҷӣ  ва  манофеи сафар ва хислати занон» дар «Наводир-ул-вақоеъ» дучор омадан мумкин аст. Бешубҳа,Дониш мактаби нави эҷодиро офарид, ки онро метавон идомаи анъанаҳои насрнависии адабиёти классикии форсу тоҷик маҳсуб намуд. Ба ҳамин тариқ, дар ибтидои асри ХХ дар байни адибони тоҷик як навъ назҳати миллӣ ва андешаҳои  пешқадами  миллӣ  ба  зуҳур омад, ки  ба  он  пеш  аз  ҳама  таъсири  ҳаракати маорифпарварии тоҷик хеле калон  буд. Дар  ибтидои асри  ХХ  фаъолияти  баъзе  адибони пешқадами тоҷик басо вусъат ёфт. Ҳайрат, Саҳбо, Асирӣ, Айнӣ ва баъзе дигарон аз ҷумлаи он адибон  буданд.  Агар  ин  суханварон  дар  осори  манзум  афкори  пешқадами  хешро  ба  қалам оранд, С. Айнӣ ва А. Фитрат барин нависандагон дар насри хеш ин гуна андешаҳои миллиро ироа менамуданд. Дар осори ин адибон оҳангҳои иҷтимоӣ равшан ба назар мерасанд ва  онҳо халқро ба маърифат даъват намуда, дар  роҳи беҳбудии мардум ҷаҳд  карданро  сифати  олии инсон мешуморанд. С. Айнӣ ва ҳамсафони ӯ дар  эҷодиёти худ хусусиятҳои  мусбати маорифпарварии Аҳмади Донишро маҳфуз дошта, бо роҳи маърифат ба халқ хизмат мекарданд, аморатро зери танқид мегирифтанд ва бо Россия алоқаву робита карданро ташвиқ менамуданд. Вале бояд қайд кунем, ки онҳо фаъолияти маорифпарварии худро бо вазифаю талаботи  инқилоб, ки рӯз аз рӯз вусъат меёфт, мутобиқ  карда  натавонистанд,  ба  ҳамин  сабаб,  ақидаи онҳо ва, умуман, фаъолияти онҳо ба андозае маҳдуд ва либералӣ буд. Зиёда аз ин баъзе аз ин адибон пайрави идеологияи  ҷадидизм  шуданд.  Тадриҷан,  адибони  равшанфикр  ва  дилсофу  поквиҷдон  ба андозаи ривоҷи  инқилоб боварӣ ҳосил карданд, ки ба кӯчаи ҷадидӣ даромада хато рафтаанд. 

А. Фитрат бо мавзуи растагорӣ ва наҷот, ки дар даврони Эҳёи миллии Эрон, дар аҳди оли Сомон аҳамияти хосса пайдо карда, Фирдавсӣ, Ибни Сино, ва дигар баёнгарони афкори фалсафӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ гаштаву баргашта онро дахл кардаанд, ру овардааст. Чунонки дар асри 9-10 дар замони Сомониён масъалаи растагорӣ (раҳоӣ ва наҷот)-и иҷтимоӣ аз муҳимтарин масъалаҳо буд, дар охири қарни 19 ва аввалҳои қарни 20 низ зарурати наҷот додани миллат, зарурати эҳёи миллӣ, пеш омад, ва баъзе равшанфикрон онро эҳсос кардан гирифтанд. Масъалаи растагорӣ масъалаи асосии замон буд, ки дар он ҳар равшанфикре бо таври худ ба андеша рафт. Ҷадидон дар ин ҷӯяндагӣ гоҳ ба ҳам наздик меомаданд, ва гоҳе аз ҳам дур рафта, хилофи якдигар фикр меронданд. Вале ҳама ҷустуҷӯро ба сифати мардони фарҳангӣ ва маорифпарвару тараққихоҳ давом медоданд.

Дар хулоса метавон гуфт, ки ҷомеаи  тоҷик пеш аз Инқилоби  Октябри  соли  1917  дар  Осиёи  Миёна  гирифтори  мушкилоти  зиёде  буд.  Равшанфикрони  тоҷик  бо  кишварҳои  ҳамзабон  ва  ҳамфарҳанг  (Эрон  ва  Афғонистон)  робитаи  амиқ  ва  танготанг  надоштанд. Бо  кишвари  Русия  ба сабаби  надонистани забон ва маданияти ин  қавм  аз  навовариҳои иҷтимоӣ ва илмии Урупо низ бехабар буданд. Машҳуртарин  равшанфикрони тоҷик  аллома  Аҳмади  Дониш  се  маротиба  ба  Петербург  сафар  кард  ва  таассуроти  ҷолибе  аз  ин  сафар  ба  ӯ  муяссар  шуд.  Вале  аз  нигоҳи  равшанфикрӣ  андешаи  ҷолиб  ва  қобили  қабуле  ба  ҷомеаи  худ  пешниҳод  карда  натавонист.

Устод  Садриддин  Айнӣ  баъди  Инқилоби  Октябр  огоҳонатар  ва  ҷасуронатар кори Аҳмади Донишро давом дод. Зимни таҳқиқотҳои  таърихӣ,  адабӣ  ва  фарҳангии  худ  миллати  тоҷикро  ба  худаш  ва  ба  ҷаҳониён  бисёр  ба  таври  шоиста  ва  равшанфикрона  шинос  намуд.  Дар  ин  марҳилаи  таърихи  халқи  тоҷик  маҳз  ҳамин  худшиносии  равшанфикр  ва  расонидани  огоҳиҳои  таърихӣ  ва  миллӣ ба ҷомеа  аз  ҳама  чизи  муҳим  ва  мубрам  буд,  ки  Устод  С. Айнӣ  ин  корро  хеле ҷолиб  ва  хирадмандона  анҷом  дод.

Баъди  Устод  С. Айнӣ  зиёиёни  тоҷик  кори  ӯро  давом  доданд.  Ин  зиёиён  тарбиятгарони  насли  ҷавони  ҷомеаи  худ  дар  рӯҳияи  сотсиалистӣ  буданд. Дар Тоҷикистони советӣ  нақши  равшанфикронро  зиёиёни  советӣ  мебозиданд.  Зиёиён  ба  таври  умумӣ:  муаллимон,  омузгорони  мактабҳои  ибтидоӣ,  миёна, олӣ, табибон, хизматчиёни  давлатӣ,  муҳандисон  ва  ғайраҳо  буданд,  ки  аз  рӯи  программаи  (барнома)‐и мушаххаси  давлатӣ  фаъолият  мекарданд. Хилофи  ин  барнома  амал кардан барои онҳо  мамнуъ буд ва  ҷавобгарии  маъмурӣ  дошт.  Онҳо  аз  ин сарҳадҳои аз  ҷониби  давлат  муайяншуда  берун  намебаромаданд.

Дар Иттиҳоди  Шуравӣ ба таври куллӣ равшанфикронро  “инакомыслящий” (дигарандешон)  меномиданд  ва давлат ошкоро  барои  онҳо имкони  фаъолият намедод. Касоне ки  ин қоидаҳои  давлатиро  риоя  намекарданд,  мавриди  таъқиб ва ҳабсу  бадрақа  қарор  мегирифтанд.  Ин дигарандешон одатан дар қисмати урупоии СССР фаъолият  мекарданд.  Дар  охирҳои  асри  XX  муҳаққиқи  рус  бо  номи  Людмила Алексеева китобе таълиф намуд бо номи “Таърихи дигарандешӣ  дар  СССР: марҳалаи  аввал”[4]. Дар  ин  китоб  доир  ба  184  дигарандеши  шӯравӣ  сухан  гуфтааст.  Вале  дар  байни  ин  184  нафар  касе  аз  Осиёи  Миёна  ва  ё  дигарандеши  мусулмон  зикр  нагардидааст.  Ӯ  бар  ин  назар  аст,  ки  дар  Осиёи  Миёна  дар  давраи  шуравӣ  ягон равшанфикре  вуҷуд  надоштааст.  Мо  ба  ақидаи  ин  муаллиф  мувофиқ  нестем  ва  дар  мақолаҳои дигар  доир ба ин мавзӯъ баҳс хоҳем кард.

 

Дидавар БЕКЗОДА

ходими илмии шуъбаи сотсиологияи

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи

А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АДАБИЁТ:

  1. Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро.‐Теҳрон.: 1381‐2002.‐212 с.
  2. А. Фитрат. Мунозира.‐Душанбе.:1992.‐95с.
  3. Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро.‐Душанбе.: “Матбуот” Ҷ.14, 2005.-260 с.
  4. Алексеева, Л. М. История инакомыслия в СССР //: новейший период,- 3-е изд., стер.- М.: Моск. Хельсинк. группа, 2012.-384 с.
  5. Аҳмади Дониш. Наводир ул-вақоеъ, қ. 2. Душанбе.: 1989.‐344с.
  6. Аҳмади Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Манғития. “Сарват”.-Душанбе.: 1992.‐102с.
  7. Аҳмади Дониш. Наводир–ул–вақоеъ. китоби 1. Душанбе.: 1988.‐ 287с.
  8. Ҳаким Мирзо Сироҷ. Туҳафи аҳли Бухоро. ‐Душанбе.: “Адиб” 1992.-272 с.
  9. А. Фитрат. Раҳбари наҷот. “Садои Шарқ”, 1992, № 7-8.
  10. Муҳаммадҷон  Шакурии Бухороӣ. Хуросон аст ин ҷо.‐Душанбе.: 2009.‐290с.
  11. Н.Павлов. История Туркестана.‐Ташкент.: 1910.‐239с.
Хондан 1158 маротиба