JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 24 Августи 2023 10:18

Назари коршинос. Душанбе ва Пекин дар марҳилаи нави ҳамкорӣ

Муаллиф: Рустам ҲАЙДАРОВ

  Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар таърихии муносибатҳои байнипарламентӣ ва байни пойтахтҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Мардумии Чин саҳифаи нав боз намуда, ин муносибатҳоро ба марҳилаи нави рушду тараққиёт мерасонад. Дар зимн андешаҳои коршиноси Агентӣ, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров атрофи мавзуи мавриди назар пешкаши хонадагони сомона гардонида мешавад. 

  Қобили тазаккур аст, ки бо сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар таърихи муносибатҳои ду давлати дӯст марҳилаи нави ҳамкории манфиатовари тарафайн оғоз мегардад. Тоҷикистон имрӯз сиёсати хориҷии худро дар асоси меъёрҳои  “дарҳои боз” амалӣ намуда истодааст, ки он дар тӯли 32 соли сипаригашта натиҷаҳои пурсамар барои давлати мо ба бор овардааст.

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар радифи аввалин давлатҳои ҷаҳон аст, ки истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва бо мамлакати мо   муносибатҳои судманди иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ  ба роҳ монд. Ин ҳамсоякишвари мо яке аз давлатҳои қудратманди сайёра маҳсуб шуда, дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ мақоми пешсафро ноил гардидааст.

Дастовардҳо ва таҷрибаи мардуми Чин дар рушди иқтисоди инноватсионӣ ва технологияҳои рақамӣ, саҳмгузорӣ дар ҳалли буҳронҳои байналмилалӣ ва ташаббусҳои сулҳофари онҳо назаррас буда, чун намунаи нодир таҳти омӯзиши ҷаҳониён қарор дорад.

Аз ин ҷо аст, ки таваҷҷуҳи муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ба омӯзиши таҷрибаҳои нодири Ҷумҳурии Мардумии Чин, бунёди иқтисоди инноватсионӣ ва инкишофи технологияҳои рақамӣ ва татбиқи ин таҷриба дар мамлакати мо равона шудааст. Мо шоҳиди он ҳастем, ки Чин  дар инкишофи инфрасохтории Тоҷикистон ва маблағгузорӣ ба соҳаи саноати тоҷик ва тараққиёт дар давлати мо иштирок менамояд.

Таваҷҷуҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз ба рушди иқтисоди “сабз”, ташкил намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузории хориҷӣ, ба кор даровардани корхонаҳои муштараки саноатӣ, инкишоф додани ҳамкории судманди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ нигаронида шудааст.

Давоми солҳои гузшта дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ чандин корхонаи истеҳсолии муштараки ватанию хориҷӣ, аз ҷумла бо соҳибкорони чинӣ ба фаъолият шуруъ намудааст. Дар ин замина сафари  шаҳрдори Душанбе ба Чин метавонад барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкории сохторҳои соҳибкориву тиҷоратӣ ва молиявию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин мусоидат намояд.

Бояд таъкид намуд, ки Рустами Эмомалӣ пайваста  ҷонибдори ривоҷ додани муносибатҳои мутақобилан судманд  ва ба сатҳи сифатан нав бардоштани ҳама  робитаҳо бо давлатҳои минтақа ва ҷаҳон  мебошад, ки дар ин радиф рушди ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳои Душанбе авлавияти бештар дорад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки сафари расмии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Чин, гузаронидани машваратҳо ва табодули назар бо роҳбарияти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масоили ташаккули  механизмҳои нави ҳамкории Тоҷикистону Чин дар асоси натиҷаҳои ҷаласаи “Чин ва Осиёи Марказӣ” амалӣ гардид. Раиси Маҷлиси миллӣ дар доираи  сафари расмиашон ба Чин ба масъалаи таҳияи стратегияи муколамаи нави иқтисодӣ диққат дода, дар ҳамин самт ба андешидани тадбирҳои ҳадафманд ҷиҳати таъмини савдои бемамониат ва зиёд намудани ҳаҷми интиқоли маҳсулоти тайёр аз давлати мо ба Чин, ташаккули фазои умумӣ барои ҳамкории васеи саноатӣ бо ҷалби сармояи чинӣ ва фанновариҳои ин давлат нигаронида шуда буд.

Бо баҳрамандӣ аз сиёсати хориҷии муваффақи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе дар талоши он мебошанд, ки  муносибатҳо бо тамоми ҷонибҳои ҳавасманд  пайваста таҳким ёфта, ба манфиатҳои тарафайн нигаронида шаванд.

Дар сатҳи баланд ҷараён гирифтани сафари расмӣ ва суҳбату вохӯриҳои  муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо доираи васеи сиёсатмадорон ва соҳибкорони Чин, муҳокимаи роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика ва технологияи муосир, кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум худ нишондиҳандаи он аст, ки ҷонибҳо то кадом ҳад дар пайи роҳандозии ҳамкории дарозмуддат ҳастанд.

Ҷониби Чин дар доираи стратегияи нави худ аллакай эълом доштааст, ки омодаи ривоҷи ин ҳамкорӣ ва дар шаклҳои гуногун маблағгузорӣ намудани онҳо мебошад. Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоди Чин имрӯз ва дар оянда  низ омода аст, ки дар амалисозии  лоиҳаи чинии дорои хусусияти фаромилии “Камарбанд ва роҳ”, инчунин  дигар  лоиҳаҳо ҳаматарафа ба ин давлат мусоидат намояд.

Мавриди таъкид аст, ки яке аз хатарҳои бузург ба амнияти минтақаи мо терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ-сиёсӣ ва ангезаҳои ҷудоихоҳӣ мебошад. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки  Тоҷикистону Чин дар доираи ҳамкорӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дар масъалаи мубориза бо ин зуҳуроти манфии даврони мо мавқеи муштарак доранд. Тоҷикистон имрӯз дилхоҳ ташаббусҳои байналмилалии Чинро, ки ба масъалаи таъмини амнияти байналмилалӣ, бартараф намудани оқибатҳои  манфии буҳрони иқтисодии ҷаҳон ва низоми  муносибатҳои сатҳи ҷаҳонӣ равона шудааст, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни ин сафар ҳамчунин ба мавзуи ҳамкории Тоҷикистону Чин дар масъалаи бартараф намудани таъсири манфии буҳрони низоми муносибатҳои байналмилалӣ ба минтақаи мо диққати махсус доданд.

Дар Тоҷикистон мутмаин бар онанд, ки Осиёи Марказӣ ва умуман Авруосиё  бояд минтақаи амн ва сулҳу  субот боқӣ монад ва маҳз  давлатҳои ин минтақа  масъули таъмини он мебошанд. Тоҷикистону Чин дорои зарфияти бузург баҳри таъмини амният, ташкили шароит барои ҳамкории иқтисодӣ, густариши тиҷорати  байналмилалӣ дар ин минтақаҳо   мебошанд. Ба ҳамин хотир сафари  муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ин давлат дар баробари тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба рушди  ҳамкории судманд баҳри таъмини амният ва муборизаи муштарак ба ҳар гуна таҳдидҳо ва чолиш дар минтақа мусоидат менамояд.

Бо ибрози андеша атрофи мавзуи мавриди назар ҳаминро бояд таъкид намуд, ки  сиёсати хориҷии дилхоҳ давлат аз рӯи  чунин арзишҳо, ба мисли анъана доштан, пайдарпай будан, мавҷудияти ҳусни ҳамҷаворӣ ва ниятҳои сулҳпарварона амалӣ гардонида мешавад. Тоҷикистон низ  маҳз дар асоси ҳамин арзишҳо сиёсати хориҷии худро дар ҳалқаи кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқ менамояд. Аз ин рӯ, бо итминони комил метавон гуфт, ки Тоҷикистон на танҳо имрӯз, балки барои давраҳои минбаъда низ дар фаъолияти сиёсии худ ва пешбурди сиёсати хориҷӣ  мувофиқи арзишҳои гуфташуда иқдом менамояд.

Рустам ҲАЙДАРОВ,
доктори илмҳои фалсафа,
Академияи миллии илм
ҳои Тоҷикистон

https://khovar.tj/2023/08/nazari-korshinos-dushanbe-va-pekin-dar-mar-ilai-navi-amkor/ 

Хондан 1686 маротиба