JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

   Гузаронидани нишасту конфронс ва семинар-машварату маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ ва фаннӣ-ихтисосӣ дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, 7 январи  соли ҷорӣ, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо бо ҳузури доираи муҳаққиқону коршиносон семинар-машварати илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Мақоми равшанфикрон дар раванди ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ва таъмини амният” баргузор гардид. Семинар-машваратро директори пажӯҳишгоҳ Ёрмуҳаммад Ниёзӣ ифтитоҳ карда, минҷумла тазаккур дод, ки дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақола ва матолиби зиёде дар матбуоти даврӣ, сомона ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилӣ пахшу нашр мегарданд. Дар ин замина, матлаби илмӣ-ихтисосии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор С. Ятимов таҳти унвони “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад”, ки бар мабнои нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф гардидааст, дар баъзе маҷаллаву рӯзномаву ҳафтаномаҳои расмию мустақили ҷумҳурӣ ва сомонаву пойгоҳҳои таҳлилию иттилоотии ватанӣ интишор ёфт. Ба ин маъно, мудирияти Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо тасмим гирифт, ки дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва матлаби илмӣ-ихтисосии доктори илмҳои сиёсӣ, профессор С. Ятимов “Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад” семинар-машварате доир намояд. Ба ин тартиб, дар семинар-машварат гузориши илмии сарходими илмии Шуъбаи ИМА ва Канадаи Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо доктори илмҳои сиёсӣ Шамсиддин Каримов дар мавзуи “Мақоми равшанфикрон дар раванди ташаккул ва рушди давлатдории миллӣ ва таъмини амният” мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор гирифт.

  Ватандӯстӣ ҳамчун падидаи ҳаёти ҷамъиятӣ моҳият ва ҳусусиятҳои инкишофёбандаи худро доро мебошад. Дар таърихи ҳар як давлату миллат марҳилаҳое ҳастанд, ки дар он рӯҳияи ватандӯстӣ ва ватанпарварии шаҳрвандон тақвият меёбанд. Барои мисол ба даст овардани истиқлоли сиёсиву давлатӣ дар таърихи муосири кишвар барои ҳар як шаҳрванди солимфикру равшанфикри Тоҷикистон дастоварди беназир буд. Соҳибистиқлолӣ тавонист, ки рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро тақвият диҳад. Мардуми шарифи Тоҷикистон боз як бори дигар имкон пайдо намуданд, ки дар бораи кишвари худ, таърих ва фарҳанги он таҷдиди назар намоянд. Дар ин раванд корҳои бузурге ба анҷом расонда шуд.

   Идеологияи ҷамъиятӣ ва психологияи ҷамъиятӣ дараҷаҳои шуури ҷамъиятӣ маҳсуб меёбанд. Идеологияи ҷамъиятӣ як навъи маърифат ва баҳодиҳӣ ба воқеият дар шакли муназзаму назариявӣ аз ҷониби гурӯҳҳои иҷтимоӣ мебошад. Таҳти мафҳуми «идеология» одатан маҷмуи ормонҳо, арзишҳо, идеяву ақидаҳоро мефаҳманд, ки мавқеи иҷтимоии гурӯҳи калони иҷтимоӣ (табақа, қишр, синф), инчунин кулли ҷомеаро ифода мекунад ва ба ҳифзи манфиатҳои ин гурӯҳҳо, ба асоснок кардану ҷонибдорӣ намудани фаъолияти иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбии онҳо нигаронида шудааст. «Дар ҷое, ки манфиат ҳаст, он ҷо идеология пайдо мешавад. Дар ҷое, ки идеология ҳаст, манфиат пайдо мешавад»[1]. Дарвоқеъ ин аксиомаи ҳаёт аст.

   Рӯзи 1 –2 – юуми феврали соли 2023 ба сайёраи мо Кометаи C/2022 E3(ZTF) аз масофаи наздиктарин мегузарад. Масофаи наздиктарини байни Замину ин комета ба 40 млн. км баробар мешавад. Дар ин наздикшавӣ дурахшонии комета  ба 4,7 – 5,5 қадри ситорагӣ мерасад, ки бо чашми оддӣ диданаш имконпазир аст. Дарозии думаш бошад, ба 10 дараҷаи кунҷӣ мерасад. Имконияти дидани ин комета аз соати 3 –и шаб то баромадани Офтоб аст. Аммо шарти дидани ин комета ин берун аз шаҳр будан, осмони софу беғубор ва набудани Моҳ дар осмон аст. Мутаассифона аз сабаби номусоидии обу ҳаво дидани комета шояд ғайриимкон шавад. Ин комета дар нимкураи шимолии осмон буда, дар  рӯзи зикр шуда дар байни ситораи қутбӣ (полярная звезда) ва  бурҷи Хирси калон (Большая медведица)  воқеъ мешавад.

Китобҳо