Центральная Азия в настоящее время переживает комплекс трансформаций в политической, экономической и общественно-духовной жизни. Фаза налаживания и перестраивания отношений между республиками ЦА уже пройдена, что подчеркивалась во многих встречах на высшем уровне, в научных и деловых кругах. Пограничная проблема, также отчасти между несколькими странами региона также нашла своё решение и они находятся в заключительном этапе решения данного вопроса. Осталось решить проблему демаркации и делимитации границ между Киргизией и её соседями Таджикистаном и Узбекистаном.
Таърихан рағбат ба омӯзиши муносибати ташкилотҳои тартиботи хуқуқӣ ва ҷамъият ҳамеша дар мадди назари мутафаккирони Ғарб қарор дошт. Дар давраҳои гуногуни таҳаввулоти ҷамъият омӯзиши назарияҳои ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ, вобаста ба тағйирёбии сохти он шакл ва мазмуни нав мегирад. Бинобар ин ҳам ҳолати ҷамъияти шаҳрвандӣ, махсусан дар назарияҳои файласуфони асри миёна ва давраи нав бо ҷузъиётҳои назариявӣ ва гоҳо куллӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз ин сабаб таҳлили таърихии фалсафӣ-иҷтимоии ин масъала нисбати ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ, яке аз масъалаҳои баҳсбарангез ва мубрам ба шумор меравад.
Чунонки дар боло ишора шуд, на ҳамаи фаъолиятҳои инсон ба воситаи шуури ӯ танзим мешаванд. Як идда аз фаъолиятҳои инсон ба таври ғайрииродӣ мустақиман тавассути зершуур, ки дар он барномаҳо ва дастурамалҳои фитрӣ аз тариқи генҳо сабт шудаанд, танзим мегарданд. Масалан, фаъолияти дастгоҳи нафаскашӣ, низоми ҳаракати хун, инстинктҳову рефлексҳо, ниёзмандӣ ба хоб ва амсоли инҳо аз қабили фаъолиятҳои доимиву хеле муҳими ҳаётии инсон мебошанд, ки бидуни дахолати ақлу иродаи мо ба таври фитрӣ ва табиӣ мунтазам ва хеле дақиқ танзим мегарданд. Ин қабил фаъолиятҳои ба таври табиӣ барномарезишуда мутлақан таҳти таъсири омилҳои фитрӣ қарор дошта, дахолат дар танзими онҳо ба воситаи ирода аслан таъсири ҷиддӣ ва бунёдӣ наметавонад дошта бошад.
Ҳар рӯз шабакаи телевизионии CNN-ро тамошо мекунам. Бегоҳ ҳатман ним соат ё зиёда аз он хабарҳои охиринро аз ин шабака дастрас мекунам. Ин шабака дар тамоми нуқоти ҷаҳон хабарнигорони худро дошта, барномаҳои хабарии хеле ҷолиби тахассусӣ ва босифатро пешкаши бинандагони худ мекунад. Аз тамошои ин барномаҳо хеле манфиат мегираму ба омодасозони он сипос мегӯям. Аммо намедонистам, ки дар омода сохтани барномаҳои сатҳи баланд, саҳми бонуи тоҷик, як хоҳари мо, низ ҳаст.