JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

“Илм ин кори тафаккури монданашавандаи асрҳост: ба воситаи система ҷамъ овардани тамоми падидаҳои маърифатии ҷаҳони мо”.

Алберт Эйнштейн

  Илм дар ҷамъияти муосир дар бисёр соҳаҳои ҳаёти инсоният нақши муҳим дорад. Сатҳи рушди илм яке аз нишондиҳандаҳои асосии инкишофи ҷамъият ба ҳисоб рафта, инчунин ин нишондиҳандаи инкишофи давлати муосирро низ таҷассум менамояд. Он муҳите, ки инсонро иҳота менамояд – ин ҳама дастовардҳои илм мебошад.

  Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеяи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуд.Боварии комил дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

   Ҳеҷ ҷои инкор нест, ки тағйири шуури ҷамъиятӣ ва дар зимн ҳувийяту менталитети миллии  мо дар паи адаптатсияву мутобиқшавии равон (психика)-и миллӣ ба таъсиргузориҳои носолими муҳити иҷтимоиву сиёсӣ ва таърихии пур аз мушкилоту фоҷеаи миллатамон ба вуҷуд омадааст. 

   Ҳувийяти миллӣ падидаи равониву иҷтимоиест, ки дар тӯли таърих шакл мегирад ва унсурҳои таркибии он бо мурури замон ба қолабҳои фарогири фикрӣ ва меъёрҳои устувори рафторе табдил меёбанд, ки омма ба таври ғайрииродӣ онҳоро риоят  мекунанд.

  Забони яғнобӣ ба гурӯҳи шарқии забонҳои нави эронӣ мансуб аст. Баъзе муҳаққиқон яғнобиёнро аз халқиятҳои Помир пиндошта, забонашонро ба забони ҳиндӣ нисбат медоданд. Дигарон тахмин мекарданд, ки забони яғнобӣ боқимондаи яке аз шеваҳои қабилаҳои сакоӣ аз водии дарёи Сорбо ва Ромит аст. Баъди дар ибтидои асри XX дар Туркистони Шарқӣ ёфт шудани осори забони суғдӣ маълум шуд, ки забони яғнобӣ идомаи бевоситаи яке аз шеваҳои забони дар ҳозира матруки суғдӣ будааст. Аз ин рӯ, забони яғнобиро забони «суғдии нав» ҳам меноманд (15, 37). Ин забон аз ду шева – ғарбӣ ва шарқӣ таркиб ёфтааст. Забони яғнобӣ фақат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (то даҳаи ҳафтуми асри ХХ асосан дар мавзеи Яғноби водии Зарафшон) паҳн шудааст. Як қисми яғнобиён ҳанӯз дар асри XVIII ба дараи Варзоб омадаанд. Солҳои 50-уми асри XX муҳоҷирати яғнобиён ба водии Ҳисору шаҳри Душанбе авҷ гирифт, минбаъд баҳори соли 1970 ҳамаи яғнобиёнро ба ноҳияи Зафаробод кӯчониданд. Охири солҳои 80-уми асри XX аз нав гурӯҳи муайяни яғнобиҳо барои обод кардани дараи Яғноб камар бубастанд ва ҳоло миқдори муайяни аҳолии яғнобизабон дар ин ҷо умр ба сар мебаранд. Дар шароити кунунӣ яғнобизабонон дар дараи Яғноб, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ноҳияҳои Варзоб, Ёвон, Зафаробод ва дар бархе аз ноҳияҳои тобеи марказ зиндагонӣ мекунанд.

Китобҳо