(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи табиатшинос, кайҳоншинос, файласуф, муаррих, фарҳангшинос, андешаманд ва равшанфикри миллӣ устод Акбар Турсон)
Аз солҳои шастуми садаи бист шурӯъ карда, илм ва фарҳанги миллӣ дар симои устод Акбар Турсон такягоҳ ва пуштибони воқеии худро дарёфт. Воқеан, бо вуруди устод ба муҳит ва фазои илмию фаннӣ ва эҷодию мадании миллӣ тағйироти куллие дар арсаҳои кайҳоншиносӣ, тоҷикшиносӣ, ватаншиносӣ, ҷуғрофиёи таърихӣ, қаламрави аҷдодӣ, ҳофизаи миллӣ, хештаншиносӣ, фарҳангу тамаддуни бумӣ ва дар маҷмӯъ, ҳувиятмадории тоҷикӣ ба вуҷуд омад.
Академик Акбар Турсон як умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи кайҳонӣ, фалсафӣ, равонӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Ҳанӯз аз овони наврасӣ устод Акбари Турсон бо ташвиқи падари бузургвор ва муаллимони сахтгири рӯзгор ба омӯзиши кайҳони беохир, фазои ҷирмонӣ, ҳисобу китоби масофаву ҳаҷми аносири улвию суфлӣ (самовию заминӣ) ва ҷузъиёту куллиёти олами ҳастӣ камари ҳиммат барбаста, дар ин замина такмили дониш кард. Баъди хатми факултаи физикаю математикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (соли 1961) умри хешро ба илм пайванд медиҳад ва дар бонуфузтарин марказҳои илми вақти шӯравӣ такмили донишу маърифат мекунад.
Шароити кунунии ҷаҳони имрӯза, таҳаввулот дар системаи сиёсии давлатҳо, бархӯрди тамаддунҳо, таҳдид ва хатарҳои глобалӣ, пайдоиши падидаҳои номатлуби аср ва маҳдуд гаштани захираҳои табиӣ ҳаёти одамон ва сиёсати давлатҳоро ба ҳам вобаста намуд. Фазои сиёсии ҷаҳонӣ имрӯзаро рақобатҳои шадиди иқтисодӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва бархӯрди тамаддунҳо тира намуда, воқеӣ гаштани падидаҳои ҷаҳонишавӣ ва ваҳдати олами инсониро зери суол бурдааст. Бо пайдоиши тамаддуни нави башарӣ дар масири ҷаҳонишавӣ мавқеи давлатҳои миллиро дар самти сиёсати дохилӣ ва берунӣ мустаҳкам намуд, ки ин раванд ба шаклгирии онҳо ҳамчун давлати миллӣ мусоидат намуд.
Ахиран баъзе расонаҳо ва шахсиятҳои вобаста ба ҳаракати аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ мамнуъ ва террористӣ эълоншудаи Толибон сару садо карда, ки гӯё Тоҷикистон дар умури дохилии Афғонистон мудохила намуда ва бояд ин мудохиларо қатъ кунад. Мавқеи Тоҷикистон нисбати қазияи Афғонистон бар кадом усулҳои ҳуқуқии байналмилалӣ асос ёфтааст? Маншаи ин сару садо ва таблиғот чист? Чаро ин гурӯҳ нигарон ва саросема шудааст? Таҳдид ва чолишҳо аз ҷониби Афғонистон барои минтақа бо омадани толибон зиёд шудааст ё кам? Роҷеъ ба ин ва дигар масъалаҳои доғи Афғонистон суҳбати номзади илмҳои таърих, Раҳматкарими Давлат бо Қосимшо Искандаров, доктори илмҳои таърих, профессор, саркотиби илмии АМИТ, мудири Маркази мутолиоти Афғонистон пешкаш мешавад.
Изучение отношения национального самосознания и социального бытия с позиции разрешения проблем социального неравенства включает исследование всех его многообразных и исторически меняющихся типов и форм.
Социально-экономические процессы, которые произошли в Таджикистане, со времен приобретения статуса государственной независимости, радикально изменили ту систему страт на которых «стояло» таджикистанское общество. Сегодня эта система совершенно иная, чем она была до конца 1980-х гг. Определяя новый характер расслоения таджикистанского общества, эти процессы имеют как позитивные, так и негативные последствия.