JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Январи 2022 04:08

Бозтоби чеҳраҳои асотирӣ дар ашъори устод Рӯдакӣ

Муаллиф: Фаридун ИСМОИЛОВ

  Дар осори пурарзиши устоди шоирони Аҷам, поягузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чеҳраҳои асотирӣ, фолклорӣ, таърихиву фарҳангӣ бо корномаву шахсияти онҳо бозтоб шудаанд. Маликушуаро Рӯдакӣ ҳамчун шоири тавонову донишманди нотакрор аз таърихи гузашта ва махсусан, аз чеҳраҳои мондагори қаҳрамониву паҳлавонии фолклориву асотирии бостонии ориёиву сомӣ огоҳӣ доштааст. Дар ашъори ӯ ҳама гуна ёдгориҳои таърихиву асотирӣ, бахусус, ҷойҳои таърихӣ, ёдгориҳои таърихӣ-ҷуғрофӣ, чеҳраҳои таърихӣ, симоҳои асотирӣ - афсонавӣ, унсурҳои асотирии тахайюлӣ, зикри номи ҷирмҳои осмонӣ ва ғайра инъикос ёфтаанд.  Устод Рӯдакӣ дар осори хеш образҳои  фолклориву таърихии Ҳотами Той, Луқмони Ҳаким, Кисро (Хусрави Парвиз), Рустам, Сифандиёр (Исфандёр), Сом, Лайливу Маҷнун, Юсуф ва Зулайхоро истифода намудааст ва чунин ишороти шоир гувоҳ бар онанд, ки таърихияти шеъри ӯ ниҳоят дар пояи баланд аст. Мо дар ин мақола чеҳраҳои қаҳрамониву паҳлавонӣ, таҷассуми ишқи поки онҳо ва бозтоби он дар шеъри Абуабдулло Рӯдакиро баррасӣ менамоем.

  Дар илми бадеъ санъате, ки дар он роҷеъ ба истифодаи симоҳо ва воқеоти таърихӣ, тахайюливу асотирӣ ва ҷойҳои ҷуғрофӣ маълумот дода мешавад «талмеҳ» ном дорад. Дар ин маврид донишманди каломи бадеъ Тӯрақул Зеҳнӣ дар асари худ «Санъати сухан» (1967) менависад: «Дар адабиёти бадеӣ ишорат кардан ба воқеаҳои таърихӣ, асотирӣ, қиссаву афсонаҳо ва ҳоказо санъати талмеҳ номида мешавад» [3, 301].

  Санъати талмеҳ, ки дар он шоир роҷеъ ба воқеот, шахсиятҳои таърихиву асотирӣ ишорат мекунад, дар шеъри устод Рӯдакӣ низ ба таври густурда истифода шудааст. Донишманди эронӣ Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ дар асари тадқиқотии хеш «Сувари хаёл дар шеъри форсӣ» андешаҳои ҷолибро роҷеъ ба истифодаи санъатҳои бадеӣ дар шеъри Рӯдакӣ зикр намудааст:  «Дар сувари хаёли ӯ (яъне Рӯдакӣ - Ф.И.) нишонаҳои фарҳанги зардуштӣ ба хубӣ маҳсус аст. Ё беҳтар аст бигӯем дар сувари хаёли ӯ аносури Эрони қадим беш аз аносури исломӣ ва арабист ва бештар шеърҳое, ки мансуб бад-ӯст ва дар онҳо сухан аз фарҳанги арабӣ ва сомӣ аст, шеърҳое аст, ки аз ӯ нест. Аз қабили: «Юсуфрӯе к-аз ӯ фиғон кард дилам» ё  ин ки «Дилаш аз карашмаи Салмо чун хотири Маҷнун», ки мусаллам аз ӯ нест ва аз Қатрони Табрезист» [9, 414-423].

  Аз иқтибоси боло бармеояд, ки Шафеии Кадканӣ бархе аз чеҳраҳои асотириро, ки аз фарҳанги сомӣ (арабӣ) баромаданду дар ашъори устод Рӯдакӣ номашон ба назар мерасад, бе ҳеҷ далел ба Рӯдакӣ мансуб будани он мисраъҳоро рад намуда, аксарияти чунин ашъорро мансуб ба Қатрони Табрезӣ мепиндорад. Албатта, ба ин ақида чандон розӣ наметавон шуд, зеро ҳарчанд чеҳраҳои фарҳанги зардуштӣ дар ашъори Рӯдакӣ ба таври густарда истифода шуда бошанд ҳам, шоир тавонистааст, аз  симоҳои барҷастаи адабиёт ва фарҳанги арабӣ ва юнониву румӣ низ дар шеъри худ фаровон корбаст намояд. Аз чеҳраҳои таърихиву асотирии арабу юнонӣ, ба мисли Ҳотам, Маҷнун, Мусии Имрон, Исо, Сулаймон, Суқрот, Фалотун ва ғайра истифода бурдааст.

  Яке аз чунин чеҳраҳои мифологии араб Ҳотами Той мебошад, ки на танҳо дар шеъри Рӯдакӣ, балки дар осори аксари шоирони форсигӯй тавсиф шуда ва махсусан дар осори шифоҳии халқи тоҷик нуфузи калон дорад. Халқи тоҷик дар бораи Ҳотами Той ва саховату ҷавонмардии ӯ нақлу ривоят, афсонаву қиссаҳои зиёдеро офаридааст, ки то ба имрӯз аз даҳон ба даҳон, аз насл ба насл  интиқол меёбанд. Ҳотами Той яке аз шахсиятҳои маъруфи араб буд, ки бо саховат ва накӯкории худ миёни оммаи Арабу Аҷам машҳур гардид. Чеҳраи Ҳотами Тойӣ ҳамчун симои мусбат аз адабиёти араб ба фарҳангу адабиёти форсизабонон гузаштааст. Ҷавонмардиву саховатмандии Ҳотам дар як қатор рубоиёти омиёнаи тоҷик низ инъикос ёфтааст. Гӯяндагони мардумӣ бо шеваву лаҳни сода тавонистаанд, ки аз чеҳраҳои асотириву таърихӣ ёдовар шаванд. Ҳамчуноне, ки дар рубоии зайл гӯянда Қосимов Ҳошим маълумот медиҳад: Ҳотам шахси бадавлат ва дорои қалъаву сарватҳои зиёд будааст. Аммо дар мисраъҳои охири рубоӣ таъкид менамояд, ки ҳамаи сарвату дороии Ҳотам аз тарафи Аллоҳ аст ва то Худованд ба ӯ надиҳад, вай чӣ гуна метавонад, ки ба халқ ёрӣ расонад. Аз ин ҷост, ки Ҳотам шахси сахӣ ва родмарди роҳи Ҳақ буда, ҳамеша ғамхору мушфиқ дар хидмати мардум будааст:

Мурғе дидам нишаста дар гумбази вой,

Дар пешаш фитодааст, қалъаи Ҳотами Той.

Ин мурғ амон мегуфт ё розиқи хай,

То Ҳақ натияд, кай тияд Ҳотами Той [11, 3].

  Устод Рӯдакӣ низ дар шеъри худ аз ҷавонмардиву саховатмандии Ҳотам ёдовар шудааст. Аз рӯйи маълумоти маъхазҳо қитъаи зерини Рӯдакӣ ба шоҳ Наср ибни Аҳмади Сомонӣ бахшида шудааст. Шоир саховатмандиву қаҳрамонии Насрро ба Ҳотами Той ва Рустами Дастон ташбеҳ медиҳад. Ҳотам бо родмардӣ ва хислатҳои барҷастаи худ ҳамеша вирди забони хосу ом қарор мегирад:

Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо,

Рустами Дастон туӣ андар набард.

Не, ки Ҳотам нест бо ҷуди ту род,

Не, ки Рустам нест дар ҷанги ту мард [1, 36].

  Дар қитъаи боло шоир бо вуҷуди Ҳотаму Рустамро аз мамдуҳи худ паст донистан, аммо дар аввал онҳоро меситояд ва ёд мекунад.

 Дар байти дигар ҳамчунин аз ҷавонмардиву саховатмандии Ҳотам ёд шудааст. Дар ин байт калимаи «Ҳотамфаш» ба кор рафтааст, ки маънои шабеҳи Ҳотам, мислу монанд ба  Ҳотамро ифода мекунад. Мурод аз гуфтаи шоир бисёр сахӣ ва саховатмандии Ҳотам, шахси карим будани ӯ мебошад:

Ай дареғ, он ҳури ҳангоми сахо Ҳотамфаш,

Ай дареғ, он гави ҳангоми вағо Сомгироҳ [1, 94].

  Вожаи «вағо» дар байти боло ба маънии корзор, ҳангоми набард истифода шудааст. Ва ин вожа дар «Луғатнома»-и Деҳхудо низ ба ҳамин маънӣ оварда шудааст [10, 3137].

  Дигар аз чеҳраҳои бисёр машҳури асотирӣ ва ба ҳамагон маълум Луқмони  Ҳаким мебошад, ки ӯро ҳам аҳли илму адаб ва ҳам оммаи васеи ҷомеа  мешиносанд. Луқмони ҳаким ва донишманди асотириву афсонавист, ки дар бисёр ривоятҳои мардуми Шарқ, бахусус арабҳо, эрониҳо, тоҷикон, туркҳо ва ғайра мавқеъ дорад. Луқмон  шахси донишманд ва ҳамадон будааст ва аз ин сабаб халқ ба ӯ лақаби «Ҳаким»-ро додаанд. Чеҳраи Луқмон дар байти зерини Рӯдакӣ низ як шахси ҳамадон, олиму ҳаким тасвир ёфтааст:

Гар бикушояд зуфон ба илму ба ҳикмат,

Гӯш кун инак, ба илму ҳикмати Луқмон [1, 55].

  Ба андешаи  устод Рӯдакӣ, Луқмон донанда ва фарогири ҳамаи донишҳои замонӣ мебошад. Луқмони Ҳаким файласуфу табиби машҳуру маъруф, фарҳехтаи илму маърифати ҷаҳонист. Ном ва хираду донишмандии ӯ ба вижа дар адабиёти классикии тоҷику форс ҷойгоҳи махсус дорад.

  Мақоли  халқии «Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст» низ дар байни халқ то ҳол роиҷ мебошад ва мардум онро дар вақти суҳбат истифода мебаранд. Ғайр аз ин нақлу ривоятҳои зиёде дар бораи шахсият ва корномаҳои Луқмони Ҳаким дар байни халқ густариш ёфтаанд. Ин қабил нақлу ривоятҳо шаҳодат медиҳанд, ки Луқмон шахси донишманд, хирадманд, донандаи забони гиёҳҳову растаниҳо мебошад ва беморонро тавассути гиёҳҳои табобатии табиӣ муолиҷа мекунад. Маҳз ҳикмати Луқмон ва ҳунари шифобахши ӯ, ки дар миёни халқ арҷгузории бесобиқа дорад, сабаб шудааст, ки Рӯдакӣ аз вай дар шеъраш ёдовар шавад. 

  Ҳамон гуна, ки аз қавли доктор Шафеии Кадканӣ зикргардид дар ашъори Рӯдакӣ чеҳраҳои асотирии зардуштӣ ё ба истилоҳи дигар, симоҳои ориёӣ нисбат ба образҳои фарҳанги арабӣ бештар бозтоб ёфтаанд. Ин андеша воқеият дорад, зеро хонанда ҳангоми мутолиаи девони шоир ба зудӣ пай мебарад, ки фарҳанги миллӣ, чеҳраҳои таърихӣ ва ойину русуми суннатии тоҷикону форсизабонон дар шеъри ӯ барҷаста тасвир ёфтаанд. Яке аз ин гуна симоҳо Соми Наремон мебошад, ки устод Рӯдакӣ дар баъзе аз порчаҳои шеърии хеш аз ӯ ёд мекунад. Сом номи падари Золи Зар ва бобои Рустам буда, яке аз қаҳрамонҳои мусбату хирдварзи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин Соми Наремон қаҳрамони асотирии адабиёти форсу тоҷик гардида, чеҳраи ӯ дар адабиёти мо барҷаста арзёбӣ шудааст. Ӯ қаҳрамони ҷасур  будааст. Исми  вай дар адабиёти классикӣ ва асотири бостон бо номҳои «Соми Дастон» ё «Дастони Сом» низ машҳур аст. Соми Наремон дар асотири эронӣ ба сифати савори бузурги разманда ва паҳлавони беҳамто машҳур буд, ки дар байти зерини устод Рӯдакӣ ҳам ҳамин хислату қобилияти Сом таъкид гардидааст: 

Соми суворе, ки то ситора битобад,

Асп набинад чун ӯ сувор ба майдон! [1, 55].

  Дар байти дигар вожаи «Сомгироҳ» зикр шудааст, ки ишора  ба шахсе, ки дар қаҳрамонӣ ва садоқат шабеҳ ба Сом аст, мебошад: 

Ай дареғ, он ҳури ҳангоми сахо Ҳотамфаш,

Ай дареғ, он гави ҳангоми вағо Сомгироҳ [1, 94]. 

  Мавриди сухан аст, ки дар бораи қаҳрамониву корномаҳои Сом дар осори шифоҳии халқи тоҷик маълумоте зиёде мавҷуд нест. Шояд сабаб он бошад, ки халқ ӯро он қадар намешиносад ва дар бораи ӯ маълумоти кофӣ надорад. Аз ин ҷост, ки чеҳраи ӯ асосан дар осори хаттӣ густариш ва  дар ашъори шуарои форсу тоҷик таҷассум ёфтааст.

  Рустами Дастон номи яке аз қаҳрамонҳои афсонавии як қатор достонҳои халқии мардуми эронинажод ва инчунин, номи яке аз қаҳрамонҳои асосии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсист. Писари Золи Зар, набераи Соми Наремон  аст. Симои барҷастаи Рустам дар адабиёт ва фарҳанги мо ба гунаи образҳои қаҳрамониву паҳлавонӣ, нерумандиву далерӣ ҷилвагар шудааст. Зеро зикри номи ӯро мо дар ашъори шоирон ва осори омиёнаи халқи тоҷик бо ҳама гуна тавоноиву нерумандиаш мушоҳида мекунем. Чеҳраи Рустами қаҳрамон дар осори шифоҳии халқи тоҷик дар рубоиву таронаҳо, ривояту афсонаҳо, қиссаву достонҳои қаҳрамонии эпоси «Гӯруғлӣ» ҳамеша ва барҷаста тасвир ёфтааст. Дар бораи Рустам дар байни халқи мо нақлу ривоятҳо ва афсонаҳои ҷолиб бо нусхаҳои гуногун густариш ёфтаанд. Чунончи, дар ривоятҳои «Ҷанги Афросиёб бо Рустам», «Овозаи Рустам беҳ аз Рустам», афсонаи «Ҷанги Рустам бо дев» ва ғайра аз байни халқ ҷамъоварӣ шудаанд, ки дар Фонди фолклори тоҷик маҳфуз мебошанд.

  Мавриди зикр аст, ки роҷеъ ба қаҳрамонҳои «Шоҳнома» дар осори шифоҳӣ фолклоршинос С. Фатҳуллоев  дар мақолаи хеш «Шоҳнома дар осори шифоҳӣ» нуктаҳои ҷолибро иброз намудааст. Тавре ӯ менависад: «Аз ин ривоятҳои халқӣ чунин бармеояд, ки қаҳрамонони «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ: Рустам, Суҳроб, Золи Зар, Рахш, Исфандиёр ва дигарон симоҳои дӯстдоштаи тоҷиконанд... Қаҳрамонони «Шоҳнома» на танҳо дар байни гӯрғулихонҳо, балки дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ба таври васеъ интишор ёфтаанд. Аз ривоятҳои халқӣ бармеояд, ки гӯяндагони халқӣ бо истифода аз воситаҳои тасвири бадеӣ дар забони зиндаи халқ аз Рустам ва Исфандиёр нақшҳои фаромӯшнашуданӣ офарида, бад-ин васила меҳру муҳаббати халқро нисбати «Шоҳнома» бештар гардонидаанд» [6, 122-129]. Воқеан, чунин чеҳраҳои асотирӣ дар фарҳангу адаби мо тимсоли паҳлавонӣ, ҷасуриву далерӣ, қаҳрамониву пирӯзмандӣ буда, халқ дар симои онҳо шахси боҷасорату пурқувватро мебинад.

  Дар як силсила дубайтиву рубоиёти шифоҳӣ чеҳраи Рустами Достон  ва аспи номии ӯ Рахш тасвир ёфтааст, ки халқ аз хислату амалиёти паҳлавон воқиф мебошад, зеро овозаи қаҳрамони ҷасуру нотарс будани Рустам дар байни халқ паҳн гардидааст. Чунончи, дар дубайтии зер мебинем, гӯянда бародари аскари худро ба Рустами Достон монанд мекунад ва таъкид менамояд, ки ӯро Рустам ном баранд:

Ман садқа шавам чилими дар чилима,

Ман садқа шавам акаи аскарчима.

Аскараш наген, Рустами Достонаш биген,

Дар мийнаи аскаро гулистониш биген [13, 1, 3870, 7].

  Дар ҷойи дигар гӯянда Кабиров Набӣ аз номи аспҳои ҳазрати Алӣ ва Рустами Достон – Дулдул ва Рахш ёд мекунад. Зимнан ба яке аз воқеаҳои дар шаби Меъроҷ рух дода, ки ба Муҳаммад (с) мансуб мебошад, ишорат мекунад. Чунончи:

Рӯзе, ки нафас бар тани одам доданд,

Аввал ба забон сабақи «Алҳам» доданд.

Доданд ба шаби Меъроҷ ёраке ба Набӣ,

Дулдул ба Алӣ,  Рахша ба Рустам доданд [12, 2, 1380].

  Симои Рустам дар адабиёт ва фарҳанги форсу тоҷик ҳамоно рамзи далериву паҳлавонист. Дар ашъори  устод Рӯдакӣ ҳам ҳамин хислату махсусияти Рустам дида мешавад. Рустами Достон дар шеъри Рӯдакӣ ҳам рамзи тавоноиву диловарӣ, қаҳрамониву ҷасурӣ ва паҳлавонист. Чи тавре ки дар байти зер мебинем, номи Рустами Достон ҳамеша зиндаву ҷовид хоҳад монд, зеро шуҳрату шаъну шони ӯ номашро дар ҳар давр зинда нигоҳ медоранд: 

Рустамро ном, агарчи сахт бузург аст,

Зинда бад-ӯяст номи Рустами Дастон [1, 56].

  Яке аз қитъаҳои машҳури устод Рӯдакӣ ба тавсифи шоҳ Наср бинни Аҳмади Сомонӣ бахшида шуда, шоир саховатмандиву ҷавонмардии ӯро ба Ҳотами Той ва далериву паҳлавониашро ба Рустами Дастон шабоҳат додааст. Ӯро дар набард ба гунаи Рустам мепиндорад ва таъкид менамояд, ки дар ҷанги ӯ каси дигар наметавонад то ба охир разм оварад ва пирӯз шавад. Роҷеъ ба ин масъала муаллифи тазкираи «Лубоб-ул-албоб» Муҳаммад Авфии Бухороӣ чунин нигоштааст: «Ва агарчи шеъри ӯ аз ҳаду ад мутаҷовиз аст, аммо он чи ин маҷмӯи онро эҳмол кунад сабт афтод, дар мадҳи Наср бинни Аҳмад мегӯяд дар аснои қасидае» [8, 246]. Ҳамин тавр, Муҳаммад Авфӣ зимнан бо овардани қитъаи шеърии поён дар мадҳи Наср бинни Аҳмад бахшида шудани онро иттилоъ медиҳад. Муҳим ин аст, ки шоир мамдуҳи хешро ба Рустами Достон шабоҳат медиҳад: 

 Ҳотами Тойӣ туӣ андар сахо,

Рустами Дастон туӣ андар набард.

Не, ки Ҳотам нест бо ҷуди ту род,

Не, ки Рустам нест дар ҷанги ту мард [1, 36].

  Рустами Достон дар шеъри Рӯдакӣ ҳам тимсоли нерумандиву паҳлавонӣ мебошад. Номи ӯро шоир бо сарбаландӣ ёд мекунад ва ӯ яке аз чеҳраҳои бостонии фарҳанги миллии мо маҳсуб мешавад ва ба ин хотир дар байни халқи тоҷик мардум бо орзуву умеди бедард ва нотарсу паҳлавон шудани фарзандонашон номи он қаҳрамонҳо, амсоли «Рустам»-ро  мегузоранд.

  Чеҳраи дигаре, ки дар фарҳанг ва адабиёти мо ҳамеша аз ӯ ёд мешавад, Исфандёр мебошад. Исми Исфандёр дар шеъри Рӯдакӣ ба шакли «Сифандёр» вомехӯрад. Сифандёр шакли кӯтоҳшудаи номи Исфандиёр буда, паҳлавони афсонавӣ, писари Гуштосп аст ва ӯро Рӯйинтан низ мегуфтанд. Яке аз қаҳрамонҳои асосии «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки чеҳраи Исфандёр дар байни халқ он қадар маъмул намебошад ва дар осори шифоҳӣ аз ӯ кам ёд мешавад ва номи ӯро асосан мо дар ашъори шоирони классикӣ дучор мешавем. Дар байти зерини Рӯдакӣ дар бораи разми Исфандёр ва ҷанговарии ӯ маълумот дода шудааст:

В-ар-ш бидидӣ Сифандёр гаҳи разм,

Пеши синонаш ҷаҳон давидию ларзон [1, 55].

  Чун Исфандёри пилтан ба набард мебаромад, дар пеши шамшеру синони вай ҳамагон тарсидаву ларзон мешуданд. Дар ин байт Рӯдакӣ аз санъати иғроқ ва муболиға истифода намуда, суханонашро бо ҳамин санъатҳо назокат бахшидаст.

  Равобити адабиёти форсии тоҷик бо дигар адабиёти ҷаҳон, махсусан бо адабиёти араб собит менамояд, ки дар натиҷаи масоили сиёсиву иҷтимоӣ дар тӯли таърихи гузашта ин ду адабиёт ба ҳам таъсири мутақобила доштаанд. Манзур аз ин суханон ин ҷо таъсирпазирии ду достони ишқӣ-романтикии адабиёти Арабу Аҷам «Лайлӣ ва Маҷнун» ва «Юсуф ва Зулайхо» мебошад, ки ин достонҳо ҳам дар адабиёт ва фарҳанги араб ва ҳам дар адабиёти форсии тоҷикӣ мавқеи хоссаро доро ҳастанд.

  Достони «Лайлӣ ва Маҷнун», замоне ки аз адабиёти араб ба адабиёти форсизабонон ворид мешавад, то ба дараҷаи яке аз достонҳои маъруфу машҳур мубаддал меёбад. Дар ин замина шоирони зиёде ба навиштани ин достон машғул шуда, арзиши онро ба дараҷаи олӣ мебардоранд. Дар адабиёти мо шоирони зиёде чун: Амир Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Шамсиддин Шоҳин ва дигарон дар пайравӣ ба он бо сабку равияҳои махсуси худ ин қиссаи асотириро ба риштаи назм кашидаанд.

  Маҷнун ва Лайлӣ қаҳрамонони асосии достони ишқии адабиёти форсии тоҷикӣ ва дигар халқҳои Шарқ маҳсуб мешаванд. Дар “Донишномаи Рӯдакӣ”  адабиётшинос Абдушукури Абдусаттор роҷеъ ба таърих ва зуҳури калимаи «Маҷнун» менависад: «Вожаи «Маҷнун» аввал дар адабиёти араб  сипас, дар шеъри форсу тоҷик ба туфайли моҷарои ишқи шоири ошиқпешаи араб-Қайс ибн Муравваҳ, ки дар ишқи Лайлӣ ақли худро бохта, лақаби Маҷнунро гирифта буд, роиҷ ва маъмул гардидааст. Дар шеъри устод Рӯдакӣ ҳам вожаи Маҷнун ишора ба қаҳрамони ҳамин қиссаи ишқии арабист» [2, 106-107].

  Дар адабиёти форсии тоҷикӣ чеҳраи Маҷнун ҳамчун тимсоли шахси дорои ишқи поки инсонӣ бозтоб шудааст. Номи ӯ дар фарҳанги омиёнаи тоҷик ва махсусан, дар намунаҳои осори шифоҳӣ хеле барҷаста зикр шудааст. Чунончи, дар рубоии зер гӯянда худро ба мисли Маҷнун ошиқи маҳҷур ва дурафтода мепиндорад ва пайваста ба маъшуқаи хеш дуо мегӯяд ва ҳамчунин, аз азобу уқубати ишқи худ ёд мекунад. Ва ранҷу азоби хешро ба Юсуфи зиндонӣ ташбеҳ менамояд, ки ин манзури қаҳрамони лирикӣ ба саргузашти Маҷнуну Лайлӣ ва ҳамзамон ба азоби зери чоҳ афтодани Юсуф равона шудааст. Рубоӣ:

Маҷнунаму пайваста дуо мегӯям,

Дар фақр фитодаям, сано мегӯям.

Ҳамчу Юсуф фитодаям дар зери чоҳ,

Бо Лайлии сухтадил видо мегӯям  [7, 30].

  Ҳамон гуна ки дар боло зикр шуд,  ба навиштаи А. Абдусаттор дар ашъори Рӯдакӣ низ мурод аз Маҷнун ва Лайлӣ ҳамон қиссаи ишқии арабӣ аст. Дар рубоии зерини Рӯдакӣ мазмуни зарбулмасали «Андӯҳи дилсӯхтагон, сӯхта донад» [5, 274], ифода ёфтааст ва ин зарбулмасал дар байни халқ дар мавридҳое истифода мешавад, ки  агар шахс ягон мусибате ба сараш  наояд, ба қадри он расида наметавонад.

Ҷойе, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст,

Он ҷо ду ҳазор найза болохун аст.

Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд,

Маҷнун донад, ки ҳоли Маҷнун чун аст [1, 68].

  Ҳамчунин, дар ин рубоӣ роҷеъ ба ҳолу аҳволи Маҷнуни ошиқи шайдо ва пурҷабру ҷафо маълумот дода шудааст. Касе, ки аз роҳи ишқ гузаштааст ва моҷарои ошиқиро паси сар кардааст, ба қадри Маҷнун мерасад.

  Қитъаи шеърии дигар, ки дар байни хосу ом маъмулу машҳур аст ва Рӯдакӣ дар он  тавсифи Лайливу Маҷнун мекунад, ин аст:

Бихандад лола бар саҳро, ба сони чеҳраи Лайло,

Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун.

Зи оби ҷӯй ҳар соат, ҳаме бӯйи гулоб ояд,

Дар ӯ шустаст пиндорӣ, нигори ман рухи гулгун [4, 173].

  Дар ин абёт шоир аз санъати ташбеҳ ниҳоят моҳирона ва шоирона истифода намудааст. Ибораву таъбироти «хандидани лола ба сони Лайло» ва «гиристани абри борандаи баҳорӣ ба сони Маҷнун» ташбеҳоти воқеӣ мебошанд, ки ҳолати руҳиву ҷисмии қаҳрамонони лирикиро ҳувайдо месозанд. Дар ҳақиқат, зебоиву матонати Лайлӣ ё маъшуқа ба мисли лолаи зебову шукуфони баҳорист, аммо гиристани абри найсони баҳорӣ бар моҷарову саргузашти Маҷнуни саҳроӣ ташбеҳи воқеъбинона мебошад. «Аз ҷӯй мудом омадани бӯйи гулоб» ба хотири он аст, ки дар он «нигори шоир» рухи гулгуни худро шустааст.

  Дигар достони ишқии ҷолиби таваҷҷуҳи хосу ом гардида, достони «Юсуф ва Зулайхо» мебошад, ки дар он моҷарои зиёде мавҷуд буда, заминаҳои асотириву афсонавӣ дорад ва ин қисса низ дар фарҳангу адаби форсӣ ва дигар мамолики мухталифи олам паҳн гардидааст. Қаҳрамонҳои асосии ин қисса Юсуф ва Зулайхо мебошанд. Юсуф яке аз пайғамбарон ва писари Яъқуб пайғамбар буд. Саргузашти ӯ пур аз моҷаро мебошад. Юсуф бо зебоиву бартарияти худ назди падар аз дигар бародаронаш азизтар буд. Мувофиқи ривояте ӯ шабе хоб мебинад, ки моҳу ситорагон дар баробараш ба саҷда афтодаанд ва ӯ хобашро ба бародарон ва падараш нақл мекунад. Аз ин пас,  бародарон ба ӯ рашку ҳасад пайдо мекунанд ва ӯро ба чоҳ меандозанд ва ба назди падар омада ба ӯ мегӯянд, ки Юсуфро гург хӯрд. Ҳамин тавр, корвоне ӯро аз чоҳ раҳо карда, ба Миср мебаранд ва ба Азизи Миср мефурӯшанд. Баъд аз ин  моҷарои Юсуф меафзояд. Зулайхо, ки номи аслии ӯро «Роил» ва мувофиқи иттилоъи ривояте «Нико» гуфтаанд, ҳамсари Азизи Миср – Қатифар ибни Раҳиб буд ва дар замони фиръавни Миср Раён ибни Валид мезистааст. Чун шавҳари Зулайхо Юсуфро аз корвоне харид, Зулайхо аз сабаби ниҳоят зебо буданаш ба ӯ дил баст. Аз ин пас, дар байни Юсуф ва Зулайхо моҷароҳои зиёде гузашт, ки дар ашъори шоирону адибони мо дар ин хусус маълумот дода шудааст.

  Дар осори шифоҳии халқи тоҷик низ аз саргузашти Юсуф ва Зулайхо маълумоти зиёдеро вохӯрдан мумкин аст. Як силсила афсонаву қисса ва ривоятҳои омиёна роиҷ мебошанд, ки дар онҳо оид ба қаҳрамонони зикршуда сухан рафтааст. Як чанд нусхаи афсонаи «Юсуф ва Зулайхо» дар Фонди фолклори тоҷик ҷамъоварӣ шудаанд, ки то имрӯз маҳфуз мебошанд. Инчунин, дар як силсила  рубоиву таронаҳои ошиқонаи халқӣ дар хусуси ишқи поки онҳо маълумот дода шудааст. Масалан, дар як рубоӣ ҷавони ошиқ  худро ба Юсуф шабеҳ  намуда, маъшуқаашро ба Зулайхо монанд мекунад ва ба дилдодааш муроҷиат карда мегӯяд, ки «эй ёри зебо аз хона ба берун баро, то ман қомати раъно ва рӯйи зебои туро бубинам». Ва дар ин рубоӣ аз ҷудоиву фироқи ошиқи ноком иттилоъ дода шуда, ҳамчунин аз воқеаи дар зери чоҳ будани Юсуф хабар медиҳад:

Эй ёр биё, қади раъно бинам,

Аз хона баро, рӯйи зебо бинам.

Ман Юсуфаму фитодаам дар зери чоҳ,

Армон дорам, рухи Зулайхо бинам [12. 2, 1380].

  Дар ашъори Рӯдакӣ зикри номи Юсуф дар се маврид истифода шудааст, ки шоир аз воқеаву ҳаводиси марбут ба саргузашти ӯ маълумот медиҳад. Аммо номи Зулайхо дар ягон маврид дар шеъри Рӯдакӣ зикр нашудааст. Дар як рубоии устод Рӯдакӣ ба Юсуф-писари Яъқуби Канъонӣ, ки яке аз пайғамбарони асотирии исроилист, талмеҳан ишора шудааст. Дар афсонаи Юсуф ва Зулайхо гуфта мешавад, ки Зулайхо ошиқи Юсуф шуд ва занони аъёни мамлакати Миср ӯро таъна карданд, аммо ҳангоме ки худи он занҳо Юсуфро диданд, аз ҳусну ҷамоли ӯ  моту маҳбут монда, ба ҷойи турунҷе, ки дар даст доштанд, беихтиёр дастони худро буридан гирифтанд. Рӯдакӣ бо ибораи «дасти занони мисриён» ба ҳамин воқеа ишорат кардааст:

Юсуфрӯйе, к-аз ӯ фиғон кард дилам,

Чун дасти занони мисриён кард дилам.

З-оғоз ба бӯса меҳрубон кард дилам,

Имрӯз нишонаи ғамон кард дилам [1, 71].

  Дар абёти дигари  устод Рӯдакӣ ибораи «се пироҳан», мурод аз се пироҳани Юсуф аст, ки якеро бародаронаш бо макр хунолуд карда, Юсуфро гург хӯрд гӯён пеши падар бурдаанд; дуюм пироҳане ки аз дасти Зулайхо чок шуд ва бо туҳмати ӯ Юсуфро ба зиндон андохтанд ва сеюмӣ пироҳане буд, ки бо бӯйидан ва ба чашм молидани он дидаи Яъқуб бино шуд, ишорат шуда, аз воқеияти қиссаву афсонаи саргузашти ду ошиқи маҳҷур дарак медиҳад: 

Нигорино, шунидастам, ки гоҳи меҳнату роҳат,

Се пироҳан салаб будаст Юсуфро ба умр-андар:

Яке аз кайд шуд пурхун, дувум шуд чок аз туҳмат

Савум Яъқубро аз бӯш равшан гашт чашми тар.

Рухам монад бад-он аввал, дилам монад бад-он сонӣ,

Насиби ман шавад дар васл он пироҳани дигар? [1, 44].

  Дар қитъаи боло ҳунари волои шоир дар масъалаи истифодаи талмеҳ барои ташбеҳ ҳувайдост.

  Мусаллам аст, ки Рӯдакӣ шоири тавонову забардаст ва ҳофизи хушовозу машшоқи хушсадо буда, шуҳрати шоириву овозхонии ӯ дар Бухорову Ҳирот ва шаҳрҳои дигари ҳукумати Сомониён паҳн гардида буд. Дар байти зер ғурури шоирии  ӯ боло гирифта, садову савти худро ба андалеб монанд мекунад, аммо дар мисраи дувум аз ранҷу машаққати Юсуфи зиндонӣ ёд мекунад.  

Ба ҳусни савт чу булбул муқайяди назмам,

Ба ҷурми ҳусн чу Юсуф асиру зиндонӣ [1, 65].

  Ранҷи зиндонро Юсуф аз сабаби ҳусни зебояш кашид ва Рӯдакии шоир маҳз масъалаи ҳуснро, зебоиро, ки барои ҳар дуяшон хос ва боиси ранҷи ҳар ду гардидааст, ёд мекунад.

  Ҳамин тариқ, аз таҳлилу масълаи мазкур баромеяд, ки устод Рӯдакӣ яке аз аввалин шоироне мебошад, ки дар ашъори хеш бо ҳунару истеъдоди фавқулодаи худ симоҳои асотирии мардумони эронитабор ва арабро фаровон истифода кардааст. Устод Рӯдакӣ дар заминаи воқеоти тахайюлии қадимаи мардумӣ ва ҳаводиси мавҷудбуда тавонистааст ашъори хешро пурарзишу хонотар гардонад.

 

Фаридун ИСМОИЛОВ

ходими илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти

 ба номи Рӯдакии АМИТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№5 (27), 2021 

Китобнома ва феҳристи Фонди фолклор

 

  1. Девони Рӯдакӣ / Таҳия, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам. – Душанбе: Бухоро, 2015. – 334 с.
  2. Донишномаи Рӯдакӣ. Иборат аз 4 ҷилд, ҷилдҳои 1-2 / Зери назари М. Муллоаҳмад. – Душанбе: ҶММ Ксерокс Ланд, 2008. – 408 с.
  3. Зеҳнӣ, Тӯрақул. Санъати сухан / Т. Зеҳнӣ. – Душанбе: Маориф, 1992. – 304 с.
  4. Нуров, Амон. Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ / А. Нуров. – Душанбе: Маориф, 1990. – 368 с.
  5. Тилавзод, Бозор. Зарбулмасал ва чистонҳои халқӣ ва моҳияти ахлоқию тарбиявии онҳо / Б. Тилавзод. – Душанбе: Шаҳпар, 2012. – 292 с.
  6. Фатҳуллоев, Салоҳиддин. Шоҳнома дар осори шифоҳӣ // Садои Шарқ. №12, 2016 /  С. Фатҳуллоев. – Душанбе: 2016. – С. 122-129.
  7. Фолклори Роғун / Гирдоварӣ, тадвин ва пажӯҳиши Рӯзии Аҳмад ва Салоҳиддин Фатҳуллоев. – Душанбе: Эр-граф, 2017. –508 с.
  8. .بخارایی، محمد عوفی. لباب الباب. با تصحیح ا. براون و میرزا محمد خان قزوینی. جلد لیدان:1903. 246
  9. محمد رضا شفیعی کدکنی. صور خیال در شعر فارسی/ تهران: 1387 هجری. – 423 صفحه
  10. دهخدا علی اکبر. لغت­نامه. جلدهای 1.2 .انتشارات دانشگاه تهران : 1379 –4798 صفحه    
  11. Ф.Ф: 2. 1388, 3. (Саховатмандии Ҳотами Той дар рубоӣ).
  12. Ф.Ф: 2, 1380. (Рубоӣ дар бораи номи аспҳои ҳазрати Алӣ ва Рустам, Дулдул ва Рахш). 
  13. Ф.Ф: 1, 3870,7. ТИ6. Балҷувон. Солҳои 1949-1950. Гӯянда: Қудратова М. 51-сола.
Хондан 1071 маротиба