JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 27 Январи 2022 08:46

Ҷойгоҳи антропология дар таснифоти Арасту ва Абунасри Форобӣ

Муаллиф: Исомиддин ШАРИФЗОДА

   Миёни муҳаққиқон ва файласуфон сари таснифоти илмҳо ва ҷойгоҳи антропология ҳамчун илми алоҳида баҳсҳои ҷиддие матраҳ нагардидааст, аммо воқеиёте дар ин замина ба мушоҳида мерасад. Муҳитар аз ҳама, баҳс сари таснифоти илмҳо, чи дар осори файласуфони юнонӣ ва чи дар мероси файласуфони форсу тоҷик собиқаи тӯлонӣ дорад. Ин аст, ки мо ба чунин баҳсе иқдом мекунем ва сараввал ба масъалаи ҷойгоҳи антропология дар таснифоти Арасту таваҷҷуҳ намуда, пасон масъалаи марбутаро дар низоми таснифотии Арастуи сонӣ – Абунасри Форобӣ дунбол мекунем.

  Файласуф ва мутафаккири юнонӣ Арасту аз аввалин донишмандонест, ки дар таърихи тамадуни башарӣ тавонистааст, илмҳои замони хешро ба низом дароварда, таснифоти илмҳоро ба роҳ монад. Ҳанӯз Арасту илми ҳикматро дар тақсимот  ба ду қисмат тақсим намуда буд. Фалсафаи назарӣ ва фалсафаи амалӣ, ки дар фалсафаи назарӣ масоили физикию метафизикӣ матраҳ гардида, масоили ахлоқӣ, зебоишиносӣ, суханварӣ, сиёсат ва шеъру адабиёт ба қисмати фалсафаи амалӣ дохил карда мешуданд. Метавон рисолаи ӯро “Дар бораи Нафс” аз аввалин ва асоситарин таълифоти фалсафаи антиқа ҳисобид, ки дар он масоили антропологӣ баррасӣ гардидаанд. Маҳз дар ҳамин рисола Арасту дидгоҳи антропологии хешро дар бораи нафс ва ҳалли масоили психофизиологиро дар табиати инсон баррасӣ менамояд.[1]

Масоили антропологиро Арасту дар осори ахлоқӣ, сиёсӣ ва поэтикии худ ифода менамояд, ки онон дар таснифоти мутафаккир марбут ба ҳикмати амалиянд. Дар ин маврид  махсусан метавон рисолаи ӯро “Дар бораи нафс” қайд намуд, ки маҳз масоили  антропологӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар мавҷуди зинда мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Қобили қайд аст, ки Арасту масоили антропологиро дар рисолаҳои этика, дар бораи нафс, сиёсат ва поэтика дарҷ намудааст ва ин қисматро, ки ба ҳикмати амалӣ дохил мекунад, бунёди онҳоро инсон ва муносибату ҳамгироӣ ва тарзи такомули инсон ташкил медиҳад. Дар тақсимбандии арастуӣ мантиқ, метафизика, физика ва риторика бо масъалаи инсон алоқамандии бавосита доранд. Зеро инсон пеш аз ҳама дар муҳити муйаяни табиӣ ба сар мебарад ва он ҷузъе аз коинот аст ҳамчунин ба табиати зинда мансуб буда, ба қонуниятҳои он мутобиқ аст. Масъалаи инсон ки бевосита ҷамбаҳои дохилӣ ҷиҳати равонии зиндагии инсон ҳамчунин ташаккули анвои зиндагӣ дар замин махсус дар рисолаи “Дар бораи нафс”и Арасту инъикос ёфтаанд. Ҳамин аст, ки Арастуро поягузори илми равоншинсоӣ низ меноманд. Дар асоси ҳамин асари Арасту чи дар Ғарб ва чи дар Шарқ даҳҳо асарҳои ҳамсони асари Арасту ба вуҷуд омадаанд, ки маншаи асосиашон рисолаи “Дар бораи нафс”и Арасту ба ҳисоб мерафт.

Дар шинохти моҳияти инсон таълимот “Дар бораи нафс” дорои аҳамияти қобили мулоҳиза аст. Тамоми фалсафаи назарии  Арасту ҷиҳати маърифати инсон шурӯъ намуда аз асрори зуҳури нафс нигаронида шудааст. Ҳамин аст, ки Арасту ноогоҳона низоми фалсафии худро аз метафизика шуруъ наменамояд. Ҳарчанд ӯ дидгоҳи устодаш Афлотунро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, вале дар баробари ин, ӯ таълимот дар бораи шакл ва ҳаюлоро дар доираи ягонагии нафсу ҷисм асоснок менамояд. 

Арасту дар бораи моҳияти нафс сухан ронда пайвастагии онро бо шакл, яъне бо ҷисм қайд менамояд. Мутафаккир ин  маъниро чунин қайд менамояд, ки “ ... Моҳият... ( ҳамчун шакл) ин энтелехия аст;  стале быт ва нафс ин Энтелехияи ҷисм аст”.[2]

Ба фарқ аз Афлотун, ки моҳиятро як ҷузъе аз нафс медонист, Арасту моҳиятро “як аз анвоъи вуҷуд” медонад. Ба назари ӯ “ ... ба моҳият аввалан модда, ки худ ба худ ҳеҷ аст ва чизеро ифода наменамояд; дуввум шакл ё симо, ки тавассути он ҳеҷ ба худ муаяниву ном мегирад; саввум он чи ки аз материя ва шакл таркиб ёфтаанд;”[3]

Аз ин таъриф чунин натиҷа гирифтан мумкин аст, ки Арасту дар моҳияти инсон на танҳо нафсро ҳамчун энтелехия, балки ҷисми моддии инсонро низ энтелехия медонад. Ҷисм дар ин маънӣ ба ҳайси имкониятҳо ва шакл ҳамчун энтелехияи инсонӣ баромад мекунад. Моҳияти инсон ҳамчун нафс ва ҳамчун ҷисм ба назари Арасту дар он ифода меёбад ки “... нафс ин энтелехияи аввали ҷисми табиӣ аст, ки дар он узвҳо зуҳур меёбанд.”[4]

Дар бораи табиати инсон ба таври маҳз Арасту аз дуализим пайгирӣ мекунад. Барои мутафаккир танҳо Энтелехия метавонад ба ҳайси синоними ягонагӣ ва ё ҳастӣ дар маҷмуъ баромад намояд. Ба назари ӯ “Ҳарчанд ягонагӣ ва ҳастӣ маъниҳои гуногун доранд, аммо энтелехияи ягонагӣ ва ҳастӣ дар маънии онҳо нуҳуфтааст”.[5]

Дар бахши таълимоти ахлоқӣ Арасту низ худи мафҳуми ахлоқ ва ҳамчун илми алоҳида баррасӣ шудани онро ба миён мегузорад ва бо тафовут аз таълимот дар бораи нафс, ки ҷамбаҳои равонӣ ва ботинии инсонро бозгӯ мекунад, ахлоқ бештар ба ҷиҳати берунӣ ва рафтори зоҳирии инсонҳо алоқамандӣ дорад. Аз ин рӯ аҳамияти асосии ахлоқ ҷиҳати тарбияти баланди ахлоқии инсон ҳамчун мавҷуди зинда ба ҳисоб меравад. Яъне дар ин марҳилаи ахлоқист, ки инсон аз дигар анвои мавҷуд бо доштани амалҳои накукорона фарқ менамояд. Мундариҷаи ин таълимот ва асоси онро накукорӣ ташкил медиҳад, ки тибқи таълимоти Арасту онро метавон ба ду тақсим намуд: накукории ахлоқӣ (ҷавонмардӣ, мардонагӣ, меъёрпазирӣ ва ҳақиқатнигорӣ). Инчунин накукории дианоэтикӣ (ҳакимӣ ё донишмандӣ, муҳокимаронӣ ва амсоли ин).

Аз рисолаҳои ахлоқии Арасту “Ахлоқи никомах” муҳим ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин китоб ахлоқро ба ҳайси илми мустақил баррасӣ намуда, дар он ҳадафнок масъалаи инсон тарзи таҳқиқи масоили рафторӣ ва муайян намудани баъзе аз ҳолатҳои пушидаву номуаяне, ки дар ахлоқи инсонанд, мавриди баррасӣ қарор мегирад. Тавре дар раванди таҳаввули худ таълимот дар бораи нафс пояи асосии ба вуҷуд омадани равоншиносӣ гардид, илми ахлоқ низ дар раванди таҳаввули хеш яке аз пояҳои ба вуҷуд омадани илм дар бораи инсон яъне антропология гардидааст.

Ҷанбаҳои муффассали баррасии масоили писихологиву ахлоқиро дар табиати инсон метавон дар рисолаи “Ахлоқи Никомах”и Арасту дучор омад. Дар ин асар ҳамчунин дар баробари масоили писихологиву ахлоқӣ боз масоили сотереологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дорои аҳамият низ ҳастанд. Маҳз дар ҳамин асар Арасту масоили накукориро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ба назари Арасту “ Накукорӣ ба се навъ тақсим мешавад: берунӣ, пайваст ба нафс, ва пайваст ба ҷисм. Он чи пайваст ба нафс аст мо онро накукорӣ ба маънои том ва бартар медонем...”[6]

Маънои мундариҷавии категорияҳои фавқуззикрро метавон дар муқоисаи хислатӣ бо мафҳумҳои психологӣ аз қабили мавриди тамйиз қарор дод.

Яке аз накукории ахлоқиро, ки Арасту ба он таваҷҷуҳ менамояд, накукорӣ дар хислат ва дар ҷони инсон аст. Ин навъи накукорӣ  бо зиндагии ҳамарӯзаи инсонҳо алоқаи бевосита дошта инсонро вазифадор менамояд, ки ба тақдир тан надода ва тақдирсози худ бошад ва имконияти дохилии худро ҷиҳати амалӣ намудани он равона созад. “Арасту масъалаҳои ахлоқиро дар муқаддимаи қисмати чоруми осораш қайд мекунад Ф.Х. Кеседи  барои он ки ба мардумон кӯмак намоӣ ва ҷомеаро такомул диҳӣ ахлоқ ниоят зарурӣ аст. Баръакси Суқрот накукорӣ азхуддуркунӣ ва донишро Арасту бори аввал дар таърихи таълимоти ахлоқӣ пайванд менамояд ба накукории ахлоқӣ аз ҳама муҳим ба ҳолатҳои хостан, орзу кардан ва ирода намудан”.[7]

Қобили қайд аст, ки дар системаи фалсафии Арасту махсусан дар метафизика низ масоили инсонӣ мавриди баррасии бавосита қарор мегиранд. Ҳарчанд дар ин қисмат баҳс байни ду мафҳуми асосӣ шакл ва ҳаюло сурат мегирад, вале дар маҷмуъ он дурро низ метавон ба табиати инсон ҳамчун таносубу алоқамандӣ байни ҷисму нафс арзёбӣ намуд. Дар рисолаи стагиритаи Арасту консепсияи асосии сохтори низоми фалсафии ӯ ки масоили ҳастишиносӣ махсусан шаклу ҳаюлоро баррасӣ мекунад ва дар он  чор навъи ҷумбиш ё ҳаракатро баррасӣ менамояд.

Дар қисмати мантиқ низ Арасту онро ҳамчун афзори дуруст андешидаан, тамйиз кардани  байни ҳақиқату ғайри ҳақиқат ва тарзи дурусти шинохти ҷаҳон, ки он ҳам бевосита ба инсон алоқаманд аст мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Тавре Вефе Асмус дар пешгуфтори китоби Арасту “Метафизика” қайд менамояд: “Ин китоб (Метафизика) дар дарозои қарнҳо мавриди омӯзиши файласуфони Шарқ ва Аврупо буд. Ҳар кас ин китобро омӯхт, вай фалсафаро омӯхт. Ба умқи он ворид мешавад ва тамоми мушкилӣ ва таноқузро аз худ дур менамояд ва худро ба қуллаи болотаре расонида аз маҳдудсозӣ хешро мераҳонад. Ин аст, ки Арасту ба ҳайси муаллими башарият шинохта шудааст”.[8]

Масоили зиёде, ки ба он тавваҷҷуҳи хосса Арасту зоҳир менамояд, ин масоили табиату моҳияти инсон аст. Ҳамчунин масоили соотерологӣ аз ҷониби мутафаккир мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар муқоиса ба ин масоил, мутафаккир баррасии масоили эсхатологӣ ва пайдоиши инсонро камтар мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Ба назари донишманди тоҷик М.Музаффарӣ дидгоҳҳои зиёди баррасии масоили антропологиро дар осори Арасту метавон дар расоили физикӣ, космологӣ, этикӣ ва таълимот дар бораи ҷомеа ва сиёсат дарёфт намуд. Ба таври ҷамъбастӣ дидгоҳи антропологии мутафаккир рӯи масоили табиат, моҳият, пайдоиш ва роҳҳои такомули табиати инсон мутамаркиз мегардад.[9]

Таърихи масоили антропологӣ дар фалсафаи асримиёнагии Шарқи мусалмонӣ  дар чорчӯбаи тақсимбандии улум, ки ҳанӯз дар фалсафаи антиқӣ аз ҷониби Арасту сурат гирифта буд бо таъсирпазирӣ аз ин таснифот анҷом дода шудааст.Дар маҷмӯъ, ҳамин тарзи тақсимоти илм ва ҳамин принсипро, ки аз осори Арасту маншаъ мегирад, метавон дар файласуфони машоияи шарқӣ, бахусус дар тақсимбандии улуми Абунасри Форобӣ ва Ибни Сино мушоҳида намуд. Мусаллам аст, ки ташаккулёбии дидгоҳи фалсафӣ, илмӣ ва ҷаҳонбинии машоиёни шарқӣ бо таъсири дидгоҳи энсеклопедии Арастуи мутафаккир ташаккул ёфтааст. Мусаллам аст, ки осори Арасту таъсири зиёдеро ба мактаби машоияи шарқӣ гузошт, ки зимни он як равияи бисёр фарогир ва бисёр машҳур шакл гирифт. Он ҳануз дар замони худаш аз доироти фалсафи юнонӣ берун рафта, дар асри миёна як ҷузъи таркибии тамаддуни исломӣ гардид ва мутафакрриронеро аз қабили Ал-Киндӣ, Ибни Боҷа, Ал-Форобӣ, Ибни Сино, Умари Хаём ва Ибни Рушд барои фарҳанги ҷаҳонӣ ба миён овардааст. 

Таъсири осори Арасту ба тамоми машшоиёни шарқӣ эҳсос мешавад. Зеро аксари файласуфони машшоӣ бо такя ба назариёти Арастуву Афлотун масоили ҳастишиносӣ, назарияи маърифат, инсоншиносӣ ва масоили ахлоқию зебоишиносиро баррасӣ намудаанд. Махсусан  тақсимбандӣ ва таснифоти илмҳо, ки аз ҷониби Арасту сурат гирифта буд, он имкон дод ҳамин тарзи тақсимотро донишмандони машшоияи шарқӣ, бахусус Абунасри Форобӣ ва Ибни Сино истифода намоянд.

 Абунасри Форобӣ ҳамчун муаллими сонӣ, баъд аз Арасту дар фалсафаи машшоия  мақом дорад. Ӯ дар таърихи фалсафаи асри миёнаи Шарқ аввалин файласуфест, ки рисолаеро бо номи «Иҳсо-ул-улум»  таълиф карда, донишҳои гуногуни асри худро дастабандӣ кардааст.

“Иҳсо-ул- улум” китобест, ки Абунасри Форобӣ сабаби  таълифи онро чунин баён медорад: “ Қасди ман аз ин китоб  он буд, ки илмҳои машҳурро яке бишуморем. Ва ба  иҷмоли аз мавзӯъ ба ҳар яке аз онҳо  огоҳ шавем ва ҳар якеро, ки ҷузъҳое бошад ба аҷзои он воқеъ гардем ва ҳамчунин аҷзои он аҷзо. Ва онро дар панҷ фасл овардем. Нахуст дар илми  забон ва аҷзои он, дуюм  дар улуми таъолим, сеюм дар илми табиӣ  ва аҷзои он  ва чаҳорум дар илми илоҳӣ ва аҷзои он,  панҷум дар илми маданӣ ва аҷзои он  ва шашум илми фиқҳ ва илми калом.»[10]

Дар муқоиса ба Арасту, ки фақат илмҳои ақлиро ё (ҳикмати фалсафаро) тақсимбандӣ карда буд, дар дастабандии Абунасри Форобӣ баробари қисматҳои фалсафа, инчунин илмҳои ғайри фалсафӣ, монанди забон ва фиқҳро дар таснифоти хеш шомил кардааст.

Таснифоти илм, дар назари Абунасри Форобӣ, иборат аз:

  1. Забон (шомили луғат ва қоидаҳои алфоз, сарф ва наҳв).
  2. Мантиқ (мақулаҳо ибораҳо, қиёс, бурҳон, ҷадал, софистика, хитоба ва шеър).
  3. Риёзиёт ё таъолим (илми адад, ҳандаса, манозир, нуҷум, илм - ул - асҳол ва илм ал-ҳиял).
  4. Табииёт (манзараи табиат, манзараи олам, мавҷудият ва нобудшавӣ, чизҳои осмонӣ, маъданҳо, наботот, ҳайвон ва нафс).
  5. Илми илоҳӣ ё мобаъд-ут-табиа.
  6. Илми маданӣ (дар бораи саодат ва ахлоқ ва рафтори инсонҳо).
  7. Илми фиқҳ.
  8. Илми калом мебошад. [11]

Ҳарчанд дар ин тақсимот инсон ва табиату моҳияти онро Форобӣ ба таври алоҳида баррасӣ наменамояд, вале аз бандубасти онҳо пай бурдан мумкин аст, ки меҳвари ин тақсимотро инсон ташкил медиҳад. Масалан, ӯ илми забонро дар ибтидо меоварад, ки он шомили луғат ва қоидаҳои алфоз, сарф ва наҳванд, ки ҳамаи онҳо пайванд ва иртибот бо инсон доранд; Илми мантиқ низ, ки шомили мақулаҳо ибораҳо, қиёс, бурҳон, ҷадал, софистика, хитоба ва шеър дониста мешавад, агар ба таҳқиқ ба дарунмояи он нигарем, хоҳем дарёфт, объекти асосии он низ тарзи дурусти андеша ва тамйизи ҳаққу ботил ба инсон бармегардад. Дар илми риёзӣ, ки шомили илми адад, ҳандаса, манозир, нуҷум, илм - ул - асҳол ва илм ал-ҳиял аст, агарчӣ инсон дар онҳо бевосита матраҳ ҳам набошад, вале бавосита мавриди баррасӣ қарор мегирад, зеро дар ҳамаи ин улум маърифати инсонӣ мавриди назар аст. Дар мавриди баррасии табиёт, ки фарогири улуме аз қабили манзараи табиат, манзараи олам, мавҷудият ва нобудшавӣ, чизҳои осмонӣ, маъданҳо, наботот, ҳайвон ва нафс аст метавон ҳамбастагии инсону табиат ва инсону набототу ҳайвонот ва дараҷаҳои рушди нафсро мушоҳида намуд. Дар илми илоҳӣ ё Мобаъ ут табиа агар чи баррасии улуми илоҳист, дар он низ ҷойгоҳу дараҷаи инсонӣ низ равшан мешаванд. Илми маданӣ, ки шомили саодат ва ахлоқу рафтори инсонҳо ё ба ибораи дигар улуми ахлоқу зебоишиносӣ ва сиёсату иқтисодро фаро мегирад предмети бевоситаи онҳоро инсон ва масоили марбут ба инсон ташкил медиҳад. Илми фиқҳ ва илми калом низ идомаи ҳамин улуманд, ки барои риояти чорчубаҳои ҳуқуқуи исомӣ ва маърифати он тақсимбандӣ шуда объекти онҳо низ метавонад инсон бошад.

Ба ин тартиб мулоҳиза метавон кард, ки Абунасри Форобӣ донишҳоро ба шеваи Арасту тақсим накардааст ва ду илми дигар яке фиқҳ  ва дигаре калом, ки аз улуми исломӣ  ба шумор мераванд ва дар асри ӯ аҳмияти босазое доштаанд, бар онҳо биафзуд[12].

Фалсафаи Абунасри Форобӣ, ба гуфтаи  Ҳанна - ал –Фохурӣ ва Халил ал – Ҷарр, омезише аст аз ҳикмати Арасту ва навафлотунӣ, ки ранги исломӣ ба худ гирифтааст. Ӯ дар мантиқ ва табииёт арастуӣ аст, дар ахлоқу сиёсат афлотунӣ, дар мобаъд - ут- табиъа плотинӣ, пеш аз ҳама ҳакиме аст таълимоти ислом ва фалсафаро омехта дар ҳар ҳол пуштибони дини ислом аст. Ӯ дар фалсафа бунёдгузори барҷастаи як низоми фикрӣ  буд ва саросари зиндагии хешро ба тафаккур ва тааммул  гузаронд ва худро аз ошӯбҳои сиёсӣ  ва иҷтимоӣ барканор дошт. Ӯ осори фаровоне аз худ ба ҷой гузошт. Табақабандии илмии ӯ дар таърихи  андешаи исломӣ нахустин кӯшиш аст, ки дар ин замина ба амал омадааст. [13]

Баъди тақсимоти илм аз тарафи Арасту, дар фалсафаи Шарқ Абунасри Форобӣ нахустин файласуфе буд, ки системаи тақсимоти илмии Арастуро боз ҳам такмил дод, шохаҳои он  вобаста ба тараққиёти  илмҳои назарию амалӣ зиёдтар ва гуногунтар шуданд.

    Ба гуфтаи Расул Ҳодизода, Абунасри Форобӣ маҷмӯи  дониш ва фанҳои  гуногунро на ба номи  фалсафа, балки ба истилои  “илм-ул-улум”  зикр намудааст. Дар ин тақсимот  ду нуқтаи фарқкунанда нисбат ба тақсимоти  Арасту мавҷуд аст. Аввал ин ки шумораи илмҳо ва гурӯҳои илмҳо назар ба тақсимоти Арасту хеле зиёд аст. Дуюм ин ки пайдоиши баъзе  илмҳо мисли фиқҳу калом, бевосита ба пайдоиши Ислом  ва идеологияи он вобаста аст.[14]

Дар муайян кардани мавзӯъ  ва моҳияти дониши илмӣ  ва хусусияти ҳар як бахшҳои  илмҳо дар асрҳои миёна  Абунасри Форобӣ нақши муҳим бозидааст, ки барои рушди минбаъдаи илмҳои табиӣ ва фалсафӣ заминаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

Муҳақиқони осори Форобӣ муътақиданд ки меъёрҳои  аслии тақсимоти илм аз ҷониби Абунасри Форобиро  масъалаи маърифатшиносӣ ва ҳастишиносӣ ташкил медиҳад. Абунасри Форобӣ маълум кардааст, ки инъикоси олами беруна ба узвҳои ҳисси инсон  метавонад ақлро водор созад, то маъалаҳои ҳастӣ ва маърифатро тасниф кунад. Яъне бештар илмҳои ақлӣ  мавриди тақсимоти ӯ буд. Дар ҳоле ки дар замони ӯ илмҳои нақлӣ низ маъмул буданд. [15] Агар ба ҳамин муҳокима такя намоем, метавон натиҷагирӣ намуд, ки меъёр ва ҳадафи дарунмояи Форобӣ аҳ таснифоти илм инсон ва маърифати инсонӣ будааст.

      Абунасри Форобӣ мушкилоти таснифоти илмро на дар як рисола, балки  дар чанд рисолаҳои худ ба тарзҳои  гуногун пешниҳод мекунад. Дар рисолаи “ Муқадима ба мантиқ” донишҳои илмиро аз нигоҳи шаклҳои мантиқ баррасӣ карда, ба  улуми қиёсӣ (силлогизм) ва ғайри  қиёсӣ тақсим месозад.

Дар илмҳои қиёсӣ фалсафа, диалектика (санъати баҳс), риторика ва поэтикаро ворид месозад. Дар илмҳои ғайри қиёсӣ он намуди донишҳоеро ворид месозад, ки хусусияти амалӣ доштаанд, мисли тиб, кишоварзӣ, косибӣ ва ғайра. Дар рисолаи “Китоб-ат – тафсил –ас-саодат” ҳамаи донишҳоро ба назарӣ ва амалӣ тақсим мекунад. Фалсафаро низ Ӯ ба ду бахши назариявӣ ва амалӣ ҷудо месозад.

Меъёри дигаре, ки ӯ дар тақсимоти илм истифода кардааст ва донишҳои илмиро баррасӣ намудааст, ин тақсимоти мавзӯии донишҳо мебошад. Тақсиомти мавзӯии донишҳоро Абунасри Форобӣ бештар дар  рисолаи машҳури худ “Китоб фи исо ал- улум ва ат- таъриф” ё номи ихтисоршудааш “Иҳсо –ул-улум” мавриди таҳқиқ қарор медиҳад.  

Хулоса, таснифоти илм аз назари Абунасри Форобӣ бо такя ба илмҳои замони худаш воқеъият дошта, дар асоси усулҳои маърифатшиносӣ ва ҳастишиносӣ тасниф мекунад. Ҳар илм ҷанбаи муайяни ҳастиро меомӯзад, ки хусусиятҳои  воқеияти  реалиро ифода мекунад. Фарқияти байни илмҳо пеш аз ҳама дар мавзӯъ ва масъалаҳои мавҷуд буда матраҳ мешавад.

Фарқияти  таснифоти илми Абунасри Форобӣ аз таснифоти илми Арасту дар он аст, ки  таснифоти Абунасри Форобӣ бештар хусусияти динӣ дошта, дар аввали силсиламаротиби илмҳо на метафизика, балки теология  гузошта шудааст. Дар таснифоти илми арастуӣ метафизика бештар масоилеро баҳс  мекард, ки қонуниятҳои абстрактию умумии воқеиятро ифода мекунад, дар ҳоле ки дар метафизикаи  Абунасри Форобӣ дар баробари  ифода кардани  қонунҳои абстрактӣ ва умумии воқеият, инчунин ба исботи вуҷудияти  Худо низ мепардозад, яъне фалсафаро бо бинишҳои  динӣ омезиш медиҳад.

Фарқияти дигаре, ки дар тақсимбандии Абунасри Форобӣ мавҷуд аст,  илмҳо бештар дар асоси хусусиятҳои олами объективӣ ташаккул ёфта, дар робитаи  байниҳамдигарӣ қарор доранд. Таснифи Абунасри Форобӣ, ки робитаи байниҳамдигарии илмҳоро устувор нигоҳ медорад, дар ибтидо илмҳоеро асос гузоштааст, ки хусусияти  таълимӣ ё педагогиро доранд. Яъне барои  ворид шудан ба илм, пеш аз ҳама, аз рӯи омӯзиши забон  ва мантиқ шурӯъ бояд кард. Биноан аз ин шеваи тақсимот метавон дарёфт, ки меҳвар ва меъёри таснифоти Форобиро дар тақсими илм инсон ташкил медиҳад[16].

Таснифоти Абунасри Форобӣ дар замони худаш комилтарин таснифоти  илмҳои ақлию нақлие буд, ки баъдан ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб таъсири амиқ гузоштааст. Махсусан, таснифи илми Абунасри  Форобӣ барои Ибни Сино яке аз сарчашмаҳои асосии  таснифоти илм ба ҳисоб мерафт.

 

Исомиддин ШАРИФЗОДА

 антрополог-инсоншинос

 

[1] Мухаммад-Али М. Введение в антропологию. Душанбе, 1999. С. 27

[2] Арасту. Осор дар 4 ҷилд. Ҷ.1. С. 394

[3] Ҳамон ҷо.

[4] Ҳамон асар. С. 395.

[5] Арасту. Осор дар 4 ҷилд. Ҷ.1. С. 395.

[6] Ҳамон асар. С.22

[7] Кеседи Ф.Х. Этические сочинения Аристотеля.  В книге Аристотель. Соч в 4-х томах. Т 4. С.22

[8] Асмус В. Метафизика Аристотеля. Аристотель. Соч. в трех томах. Т.1. С.50

[9][9] Мухаммад-Али М. Введение в антропологию. Душанбе, 1999. С. 28

[10]  Ҳанна ал-Фохӯрӣ  ва Халилал-Ҷур.  Таърихи фалсафа дар ҷаҳони исломӣ. Теҳрон, 1377.  С . 398-400.

[11]  Ҳақиқат Абуррофеъ. Таърихи улум ва фалсафаи эронӣ. Теҳрон, 1372.  С. 80.

[12] Ниёзӣ Ёрмуҳамад Бобо. Таснифоти илм дар фалсафаи машшоиёни шарқӣ ва таъсири он ба таснифоти муосири илмҳо//дисертатсияи докторӣ. Душанбе, 2020

[13] Таърихи фалсафа дар ислом . Ҷ.1. Тасниф ва кӯшиши Мир Муҳаммади Шариф. Теҳрон, 1362. С. 826-643.

[14]  Ҳодизода. Р. Аз Рӯдакӣ то имрӯз. Душанбе: Адиб, 1988. С. 288. С.91-93

[15]  Хайруллоев М.М. Форобӣ: эпоха  и учение. Ташкент. 1975. С. 252. С. 197.

[16] Ниёзӣ Ёрмуҳамад Бобо. Таснифоти илм дар фалсафаи машшоиёни шарқӣ ва таъсири он ба таснифоти муосири илмҳо//дисертатсияи докторӣ. Душанбе, 2020

Хондан 1288 маротиба