JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 15 Ноябри 2021 05:16

Оилаи солим ва рушди ҷавонони ояндасоз дар кишвар

Муаллиф: Садбарг ИБРОҲИМОВА

  Оила муҳимтарин мактаби наслу нажод буда, арзишҳои баланди инсониро дорост. Ин мактаб  ба инсон дар роҳи ташаккули насли ахлоқию сиёсӣ ва созандагӣ қадамҳои устувор гузоштанро меомӯзонад. Ҳамчунин   ячейкаи асосии ҷамъият ба ҳисоб меравад, чунки  кӯдак дар он ҷо тарбия ёфта, ба воя мерасад ва одобу ахлоқу муоширати иҷтимоӣ аз он ҷо сарчашма мегирад. Падару модар бояд рисолати муқаддаси худро дар тарбияи поктинатӣ, зебоипарастӣ, заҳматкашию ободкориро дар замири фарзандон ҷой намуда, онҳоро дар рӯҳияи ватандорӣ ба камол расонанд.

  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як чорабинӣ ва вохӯриҳое, ки бо мардуми кишвар мегузаронанд, ҳамеша аз солимии оила ва тарбияи хуби  фарзандон, ки масъалаи аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад, ёдрасӣ менамоянд.

  Оилаи солим барои  рушду такомул ёфтани ҷомеа нақши муҳимро мебозад. Ҳамчунин, худи инсон дар муҳити оила аз фазилату рисолатҳои аслии зиндагӣ ба хубӣ бархӯрдор мешавад. Дар оила ба якдигар эҳтиром гузоштан ва муносибати хуб доштани калонсолон ба фарзандон низ таъсири худро мерасонад. Онҳо низ ба рафтору гуфтори волидони худ пайравӣ мекунанду аз онҳо сабақ меомӯзанд. Ин ҳам як роҳи тарбия дар хонавода аст.

  Ва чунон, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: «Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад»[1].  Дар ҳақиқат ҳар як фарди ҷомеа  бояд ба оила  диққати махсус диҳад ва як ҷомеаи солимро бисозад.

  Пойдории оила бо вожаҳои муҳаббат, ишқ, эътироф, боварӣ, эътиқод, маърифат ва маданият пайвандии зич дорад. Агар ҳар як аъзои оила ба эҳтирому муҳаббати якдигар бо самимият рафтор намоянд, асолати оиладорӣ намудор мегардад. Аз ин лиҳоз, оила аз беҳтарин ва  комилтарин ҷузъи ҷомеа буда, дар такомули одоб, ахлоқ ва маърифат замина мегузорад. Таъсири оила тавассути ҷавҳару асолати инсониро ошкор месозад ва маҳз оила боис мегардад, ки фард дар ҷомеа камол ёбад ва соҳиби иззату икром гардад. Ҳар як амали ибратбахше, ки фарзандон анҷом медиҳанд, маълум аст, ки дар оилаашон мушоҳида кардаанд ва дар пайравӣ бо волидон ва ё бобокалону бузургони хонаводаи худ намудаанд. Ин аст, ки анъанаҳои наҷиби гузаштагони мо дар мавриди оиладорӣ таъсири хуб ба асолати инсонии насли нав мегузорад.

  «…оилае, ки дар доираи қонунҳои муайян ва арзишҳои миллию умумибашарӣ бунёд шудааст, василаи камолоти моддӣ ва маънавии инсон мебошад. Вайрон гардидани оила ва ё берун аз доираи қонун таъсис ёфтани он ҳалокати миллат ва ҳатто ҳалокати инсониятро дар пай дорад»4.Набояд фаромӯш кард, ки  мушкилию сахтиҳои рӯзгор дар ҳаёти оила аз нахустин таърихи инсоният низ вуҷуд дошт ва он ҳам бо таҳаммулпазирӣ сипарӣ гардид ва дар он хушиву осудагӣ ҳукумфармо гашт. Оилае, ки бо дасти ҳикмат ва хиради созанда таъсис шуда бошад, солим ва хушбахтияш бардавом мемонад.

  Дар  оила нақши модар бузург аст, барои оиларо сарҷамъ намудан бояд қабл аз ҳама, шахси хирадманду ботадбир, инсони оқилу комил бошад. Ҳамфикрӣ ва ҳамоҳангӣ дар байни аъзоёни оила муҳаббатро зиёд мегардонаду солимиро дар муҳит ҳукумфармо менамояд ва дар натиҷа  фарҳангу сиёсати давлат низ мустаҳкам мегардад. Ин, яке аз он омилҳои асосии пойдории давлати хурди ҷамъият (оила) мебошад.

  Ҳукумати ҷумҳурӣ барои дастгирии бонувон доираи фаъолияти онҳоро дар ҷомеа васеътар намуд ва ин имкон медиҳад, ки онҳо донишу ҳунари худро тақвият дода, маҳорати кории хешро дар соҳаҳои афзалиятнок нишон  диҳанд.

   «…худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, то ки дар тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонашон нақшу мақоми онҳо ба хубӣ эҳсос гардад…»2. Аз ин ҷо «Поягузори ҷомеаи солим, ин модари солим, ва насли солим аст. Ҷомеаи кунунии миллати тоҷикро наметавон бе иштирок ва саҳми бонувони  донишманд, бофарҳанг ва хирадманди он тасаввур кард, зеро имрӯз бонуи тоҷик метавонад озодона баҳри рушди кишвар саҳм гузорад»3

  Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон барои дастгирӣ ба духтарони навоҳии дурдасти Ҷумҳурӣ квотаҳои Президентиро таъсис додааст, ки  мувофиқи он духтарон бе ягон мамоният дар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таҳсили илм мекунанд. Дар ин замина рушди илму маориф дар ҷомеа вусъат ёфта истодааст. Шумораи унвонҷӯён, олимон ва муҳаққиқон низ аз ҳисоби бонувон сол то сол меафзояд, ки ин барои пешрафти соҳаи илму маориф хеле муҳим ва зарур аст.

  Дар ҳақиқат зани босавод, бомаърифат бо ақлу   хиради солим аз кору амалҳои нозарур ва ношоиста худ ва атрофиёни худро ҳифз менамояд. Намегузорад, ки халале ба рӯзгори ӯ ворид гардад. Пеши роҳи ҳама гуна зӯроварию хушунатҳоро дар оила метавонад гирад. Бо ҳисси баланди худшиносӣ ва ватандӯстии хеш иҷозат намедиҳад, ки  ба марзи фарҳангии миллати ӯ пойи бегонае  расад. Аз арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти кишвари хеш бо сухани созанда, тарбияи хуби фарзандон ва кору фаъолияти шоистаи худ ҳимоят мекунад.

  Аз ин лиҳоз, ба суханони бузургон равшанӣ андохтан ба маврид аст, ки аз ҷумла чунин гуфтаанд: «Биомӯзем, то ба дигарон бимӯзонем». Зеро инсоният ҳамеша ба таълиму тарбият ниёз дорад. Агар ба таърихи фарҳангу тамаддуни миллат бо диди таҳқиқ назар кунем, дармеёбем, ки ниёгони мо ба мавзӯи  таълим ва тарбияи инсон таваҷҷуҳи хосае зоҳир мекарданд.

  Меҳвари асосии ҳастии инсонро дар ҳаёт илм ташкил медиҳад. Зеро илм метавонад  маҳз ба зиндагии инсон такони ҷиддие ворид созад ва разилату фазилатҳои ахлоқиро  муайян намояд. Илм  ба василаи фазилатҳо тоҳир шуда, инсонро аз ҳама рафтору кирдорҳои бад  эмин нигоҳ медорад. Барои ба мақсад  расидан инсон, бояд пеш аз ҳама иродаи мустаҳкам дошта, матину қавиирода  бошад.

  Ба насли муосири миллати тоҷик аз ниёгони хирадманду хирадварзаш хазинаи басо пурғановату арзишманди фарҳангӣ ба мерос расидааст.  Ин хазинаи бузург  на танҳо мояи ифтихори мо мебошад, балки мо метавонем, онро ҳамчун дастуруламал дар ҳалли масоилу мушкилоти гуногуни  ахлоқӣ ва иҷтимоии  ҳаёти ҷомеа истифода барем. Азбаски худшиносии инсон аз тарбияи ахлоқӣ - эстетикии ӯ вобастагӣ дорад, пас, дар ин раванд аз лаҳзаҳои ибратомӯзи ҳаёти  хирадмандон ва назари онҳо ба хислатҳои ҳамидаи инсонӣ  ёдрас шудан аз манфиат холӣ нест.

 Ошноӣ бо осори ахлоқии мутафаккирони форсу тоҷик моро ба хулосае меорад, ки барои тарбияи ахлоқии ҷавонон ва тамоми ҷомеаи муосир аз осори гаронбаҳои илмиву ахлоқии онҳо пурра истифода бояд намоем. Панду андарзҳои онҳоро, ки  дорои арзишҳои баланд ва ҳакимона аст тамоми паҳлуҳои ҳаёту рӯзгорро дар бар мегиранд, биомӯзем ва дар зиндагӣ мавриди истофода қарор бидиҳем.

 Маҳз бо такя ба панду андарзҳои гузаштагони аҳди куҳан, мо ниҳоятан қонуни муҳими ҷомеаро таҳия ва мукаммал гардонидем.  Ба ҳамин хотир, дар қонуни мазкур масъалаҳои хеле муҳими тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудааст, то ин ки мо тавонем, дар ҷомеаи имрӯза кӯдакони солим ва боодобу фозилро тарбия намоем. Агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоиву фарҳангӣ дучор меояд.

 Бояд зикр кард, ки  имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоли мо баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ саҳми ҷавонон баръало эҳсос мегардад. Чунин ҳам бояд бошад, зеро агар ҷавонон ҳарчи бештар ба омӯзиш машғул шавад, ҳамон қадар закӣ ва дорои  дарки олӣ мегарданд. Маҳсули ақл илму дониш аст ва маҳз илму дониш сайқалдиҳандаву ғизо барои ба камолрасии ақл аст. Ҳамин ҷавононанд, ки ояндасози ҷомеа маҳсуб ёфтаанд. Дар ҷомеаи кунунӣ омилҳои зиёди сар задани разилатҳо ба чашм мерасад, ки бо паст будани сатҳи маърифатнокии инсонҳо таъсир мерасонад. Аз он ҷумла бекорӣ, бад будани вазъи иқтисодӣ дар оила, дармондан дар бунбасти иҷтимоӣ, муҳоҷирату нобарориҳо, дур будан аз муҳити хонаводагӣ боиси падид омадани яке аз  омилҳои пайвастан ба разилатҳои ахлоқии инсон мебошад. Дар ҳолати бархӯрдор будан аз донишу маърифат ва доштани дарки худшиносии миллӣ инсон метавонад аз ҳама ҳолатҳои манфии атроф бо андешаи солим берун шавад.

 Аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон  яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза - терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Терроризм ин ҳаёти одамонро нест намуда, ва ба мафкураи ҳар як инсон зарари манфии худро мерасонад. Шомилшавии ҷавонон ба ин гуна ҳизб ин бесаводӣ, паст будани маърифати фарҳангии ҳар як инсонро нишон медиҳад. Терроризм мазҳаби сиёсати бегона буда, ба ҷавонон хиёнат кардан ба ватани хешро меомӯзонад.

 Агар ба сарчашмаҳои таърихию фалсафӣ назар афканем, гуфта шудааст, ки сабаби бадбахтии инсон ва умуман, башарият дар нофаҳмӣ ва дуруст дарк накардани роҳи ҳақиқат аст. Бо ибораи дигар, дуруст дарк накардани моҳияти амалҳои бадӣ ва некӣ сарчашмаи бадбахтиҳои ҳамаи инсонист.[2] Дар ин марҳила ҷавонон бояд зиракии худро аз даст надиҳанд, ба фиреби манфиатҳои бегона дода нашаванд ва Ватани азизи худро аз ҳар гуна бадбахтӣ ва хатарҳо ҳифз намоянд. Имрӯз дар пешрафти кишвар саҳми ҷавонон хело ҳам зиёд ба назар мерасад. Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва пуштибонии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷавонон ҳар чи бештар талош ба он мекунанд, ки дар ҷомеа шахси арзандаю  ботадбире  бошанд.

 Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд намуда буданд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон  бошанд».

 Ҳар як ҷавони кишварро мебояд бо амалҳои нек, баҳри андухтани илмҳои муосир, донистани фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика, математика, химия, астрономия донистани техникаю технология ва забонҳои хориҷӣ аз қабили русию англисӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар оянда ҳамчун донишманд ва мутахасиси арзанда дар раванди давлатдории навин мавқеи  хосаро  касб намояд.

 Ба ҳамин хотир, ҳар як ҷавони ин кишвар бояд ҳисси миллӣ дошта, аз зинаҳои ташаккулёбӣ ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза огаҳ бошад. Зеро дар раванди ҷаҳонгароӣ маҳз бедории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва зиракии сиёсӣ самти асосии тарбияи насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ маҳсуб меёбад.

 

Садбарг ИБРОҲИМОВА 

ходими калони илмии шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи Институти фалсафа,

сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (26), 2021

 

[1] Муаррифии нуктаҳои асосии  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (аз 23-январи соли 2015) Душанбе - 2015

4 Ҳакимова З.А. Масъалаҳои оила ва оиладорӣ дар фалсафаи асримиёнагии тоҷик. Душанбе-2001.- С. 184.

 2 Паёми  табрикии  Президенти ҶТ Э.Раҳмон бахшида ба рӯзи модар.7 марти соли 2011.

3 Шарипова Г. Саҳми занон дар рушди илм. Душанбе-2014. - С 163.

[2] Муҳаммадалӣ М. Ваҳдат – ҷавҳари ҳастии миллат ва омили рушди устувори кишвар. -Душанбе – 2016. С - 85

Хондан 1330 маротиба