JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 05 Ноябри 2021 09:21

Саҳми Пешвои миллат дар қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф: Хоҷаев Ҳикматулло Ҳимматович

    Имсол  ба  қабули  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон 27 сол  пурра  мешавад. Дар муҳокима ва қабули он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хеле назаррас аст. Сарвари давлат дар мавриди Конститутсия чунин гуфтаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпокардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст.

   Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».

  Қабули  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таърихи навини давлатдории  тоҷикон  ҳамчун  рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ  арзёбӣ  мегардад. Тибқи ин санад Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуд. Аз ин ба баъд  марҳалаи муҳими таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар оѓоз гардид. Конститутсия воқеан ҳам омили муҳими муттаҳидкунанда, ҳимояткунандаи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо мебошад.

  Дар тўли ин солҳо он тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад ва тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад, барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид.

  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣва фарҳанги миллӣҳисобида  аст.

  Бояд зикр кард, ки дар робита ба ин Пешвои миллатамон чунин ибрози назар намудаанд: «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба воситаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст».

  Дар асоси ин санади таърихӣ дар фазои сиёсии мамлакат парлумони дупалатагӣ таъсис  дода  шуд, ки пайваста дар такмили қонунгузории  кишвар  нақш  мебозад.

  Конститутсия ҳуҷҷати ҳуқуқие аст, ки он асосҳои сохтори давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян мекунад. Дар як маврид Конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсӣба ҳисоб меравад, ки он таъсири муносибатҳои сиёсиро ба ҷамъият танзим менамояд.

Воқеъият ин аст, ки  дар  кишвар  волоияти  қонун, яъне  озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, дӯстии тамоми миллату халқиятҳо, таъмин гардида, дар маҷмўъ ҷомеаи навини  адолатпарвар барқарор гардидааст. Вале, дар баробари инкишофи давлат ва муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати тағйиру такмили он пеш омад. Аз тариқи муҳокима ва раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба ворид кардани тағйиру иловаҳо низ маҳз бо тақозои ҳамин зарурати таърихӣ анҷом додашуд.

Ба ин асос, дар давоми 27 сол ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба бо тариқи раъйпурсӣ- 26 сентябри соли 1999, ҳамчунин 22 июни соли 2003  ва 16 ноябри 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои мустаҳкам намудани ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти худи меъёрҳои Конститутсия, қонунияти ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ, адолати судии конститутсионӣ ва назорати судии конститутсионӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст.Агар тағйироти 26 сентябри соли 1999 барқарории сулҳу суботро дар кишвар ҳукми қонунӣ бахшида бошанд, пас тағйиру иловаҳое, ки 22 июни соли 2003 ворид шуданд, бо густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа марбутанд ва тағйиру иловаҳои соли 2016 барои таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ ва такмили меъёрҳои он дар ҳамбастагӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ гузоштанд.

Дар маҷмуъ тағйиру иловаҳое ворид гардиданд,  мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои онро такмил дода, ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо, таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани фаъолияти низоми мақомоти давлатӣ, фаъолияту ҳамкории байни онҳо, суфтаву равон гардонидани вожаву таркибот он тибқи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои конститутсионӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мусоидат намуданд.

Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷавобгӯйи ба меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ ва мутобиқат ба дастовардҳо ва арзишҳои ҷомеаи мутамаддин аз тарафи коршиносони давлатҳои пешрафта ва демократии ҷаҳон ба таври сазовор арзёбӣ ва қадр шудааст.

Конститутсия   ҳамчун ҳуҷҷати барномавии ҳаётии давлат ва ҷомеа буда дурнамои пешрафти кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд, барои халқи мо бардавому поянда хизмат мекунад ва дар навбати худ мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ ба хотири амалӣ гаштани ин орзую ормонҳои нек, пеш аз ҳама тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои он қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона адо хоҳанд кард.

Дар  доираи  Конститутсия  бо  ташаббуси  Пешвои  миллат  дар  кишвар  даҳҳо  санадҳои  меъёрӣ  - ҳуқуқии  дигар  қабул  гардиданд,  ки  самтҳои  муҳимми  ҳаёти мардуми  тоҷикро  ифода  менамоянд.

Бо ташаббуси  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият ба парлумони кишвар лоиҳаи қонунҳои зиёде, пешниҳод намуда, онҳо аз чониби Мачлиси Олии Ҷуиҳурии Тоҷикистон ҷонибдори вақабул шудаанд. Ҳамаи онҳо дар марҳалаи навини таърихӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои геополитикию идеологии таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ва ниёзҳои ҳаётан муҳими миллӣ қабул гардида, барои таҳкими самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа, рушди бемайлони давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Чунончи, бо мақсади ба низоми муайян даровардани расму оинҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна сарфу хароҷотӣ беҳуда, аз байн бурдани хурофот ва зоҳирпарастӣ санади муҳими миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мақсади асосии Қонуни  мазкур ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, ҳамчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад. Қабули ин Қонун дар таърихи қонунгузории на танҳо кишвари мо, балки дигар давлатҳои ба омузиш ва қабули онҳам бемислу монанд буда, аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тозаистиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил мекунанд, дарак медиҳад.

Бинобар ин, ҳар як фарди тоҷик бояд ба Конститутсияи кишварамон ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ намояд ва меъёрҳои онро, ки барои  рушду  суботи  кишвар  равона  шудааст, риоя  кунад.

Хоҷаев Ҳикматулло 

ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи

меҳнат ва муҳоҷират

Хондан 1224 маротиба