JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 04 Ноябри 2021 05:13

Афғонистон ва Хуросон – ду кишвари мустақил

Муаллиф: Ҷамолиддин Саидзода

 Хуросон з-оли Сомон чун тиҳӣ шуд,

Ҳама дигар шудаш аҳволу сомон.

                                   Носири Хусрав

  Дар ҳақиқат,  баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён ва рӯи кор омадани сулолаҳои бегонатабор, на танҳо аҳволи Хуросон, балки аҳволи Мовароуннаҳру Эрон низ дигаргун гашт ва қудрати сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, низомӣ дар ин сарзаминҳо ба дасти бегонагон афтод ва мардуми бумии ин сарзаминҳо, соҳибони ҳақиқии ин се минтақа–Эрону Хуросону Мовароуннаҳр (тоҷикҳо ва форсҳо) дар ҳолати гурезагӣ ба сар мебурданд, зеро давлати миллии худро аз даст дода буданд. Носири Хусрав, ки аҳли Хуросон (тоҷик-форс) буд, аз дасти Ғазнавиён, ки бо баҳонаи рофизию қарматию муътазилӣ тоҷику форсро мекуштанд, гуреза шуд, ғурбат гузид ва ба ифшои ин бегонагони ситамгар, ки давлати миллии моро аз байн бурдаанд, пардохт ва сиёсати истилогаронаи Маҳмудро, ки ба номи дин амалӣ мекард, маҳкум намуд:

Ном ниҳӣ аҳли илму ҳикматро,

Рофизию қармативу муътазилӣ.[1]

                       ***

Он, ки ба Ҳиндувон шуд, яъне ки ғозиям,

Аз баҳри бардагон, на аз баҳри ғазо шудаст.[2]

  Аз ҳамин давра буд, ки аҳли Хуросон (тоҷикони Афғонистони имрӯза, соҳиби аслии ин сарзамини ориёиҳо-Ҷ.С.) дар ватани худ овораю ғариб гардиданд, ба кӯҳу дараҳо роҳ гирифтанд, аз як гӯша ба гӯшаи дигари Эронзамин ва берун аз он панаҳ бурданд, зеро, ба қавли шоир:

Оқилонро дар ҷаҳон ҷое намонд,

Ҷуз, ки дар кӯҳсорҳои шомихот.[3]

Ва:

Куҷо бошад маҳал озодагонро дар чунин вақте,

Ки бар ҳар гоҳеву тахте нишаста миру мавлое.[4]

  Хулоса, мардуми Хуросонзамин ва аҳли он баъди фурӯпошии давлати миллии Сомониён дигар дар тӯли зиёда аз 1000 сол рӯи оромишу осоишро надиданд, ки надиданд, зеро кишварашон ба майдони набарди султонону амирону шоҳони бегона ва задухурдҳои мазҳабию динии қавмҳои ҳоким табдил ёфт ва аҳолиаш қатлу кушта гардид, рӯ ба фирор овард, овораю саргардон шуд, хору зору забун ва зери пои ин ҳокимони бегона монд. Яке аз эшон Носири Хусрав буд, ки бо ҳасрат мегуфт:

Озурда кард каждуми ғурбат ҷигар маро,

Гӯӣ, забун наёфт зи гетӣ магар маро...[5]

  Бадбахтона, қавми шикастхӯрдаву мазлуми тоҷик баъд аз асорати Ғазнавиёну Темуриён боз ба чанголи афғонҳо афтид. Аҳмадшоҳи Дурронии пушту сиёсати бадтар аз атрокро пеш гирифт ва як давлати қавмии пуштутаборро ташкил кард, ба қавмҳои дигари ин сарзамин муносибати душманонаро роҳандозӣ намуд ва ба нобуд кардани онҳо иқдом кард... Баъдан, афғонҳо (пуштуҳо) ба воситаи ҳизбсозӣ ва билкул исломсозии кишвар боз ҳам бештар ба тазъиқу фишори ақвоми ғайрипушту пардохтанд, вазифаву мансабҳоро байни ҳамқавмону хешу табори худ тақсим намуданд ва тавассути равшанфикрони худ (Маҳмуди Тарзӣ…–Ҷ.С.) дар як муддати кӯтоҳ забони пуштуро ба масобаи забони давлатӣ дар баробари забони форсии дарии тоҷикӣ дар кишвар боло бурданд ва расмият бахшиданд. Ба ҳарфи дигар, на танҳо аҳли сиёсат, балки аҳли илму адаб, ки аз қабоили мухталифи пушту буданд ва ба забони мо эҷод мекарданд, пинҳону пайдо барои мустаҳкам кардани қудрату нуфузи сиёсиву иҷтимоии давлати афғониасоси худ ба хидмат пардохтанд. Онҳо хеле устокорона на танҳо ба фарҳангзудоӣ, балки ба миллатзудоӣ, бехотира кардани қавмҳои ғайрипушту, аз ҷумла тоҷикон, машғул шуданд, ки дар таърих назир надорад, яъне эшон на танҳо номи кишварро, ки аз замони Аҳмадшоҳи Дурронӣ аз Хуросон ба Афғонистон (ба номи қавми худ) табдил дода буданд, иктифо накарданд, балки тамоми аҳолии ин кишварро афғон хонданд. Мардуми ғайри пуштуи Афғонистон, аз ҷумла тоҷикон-соҳибони аслии ин сарзамин ҳам, бе он ки ба ин ҳилаи шаръиву сиёсии онҳо пай бибаранд, худро афғон хондан гирифтанд ва ба дастони худ аз ҳувияти миллии худ даст кашиданд. Ҳатто як бор фикр накарданд, ба гӯшаи хаёлашон ҳам наомад, ки онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ афғон нестанд, балки афғонистонианд қаблан хуросонӣ ва аз рӯи мантиқ худро бояд на афғон, ки ба қавми пушту ихтисос мегирад, балки афғонистонӣ ё халқи афғонистон хонанд ва муаррифӣ намоянд, аммо, ба қавли шоир:

Хибрат омад далели огоҳӣ,

Ҷаҳл бурҳони нуқсу гумроҳӣ.[6]

  Гузашта аз ин, сиёсати динии кишвар ба ҳадде қавмҳои соддаи ғайрипушту, аз ҷумла тоҷиконро фирефтаи худ карда буд, ки онҳо дар пурсиш миллаташонро пинҳон медоштанд, худро мусулмон, кобулӣ, ҳиротӣ, балхӣ, бадахшӣ ва ғайра муаррифӣ мекарданд, ба ҳеҷ ваҷҳ тоҷик намегуфтанд. Онҳое ҳам ки аз қазия андаке бохабар буданд (равшанфикрон дар назаранд–Ҷ.С.), аз тарс маҷоли ошкоро аз миллати худ хабар доданро надоштанд, зеро онҳоро қавмгароёни соҳибдавлат, ки қудрат дар дасташон буд, нобуд мекарданд. Намунаи боризи ин гуна нобудкунии равшанфикрон Тоҳири Бадахшӣ метавонад буда бошад, ки тӯъмаи қавмгароёни пушту гардида буд. Албатта, дар ин бора нақлу ривоятҳои зиёд мавҷуд буданд ва ҳастанд, ҳатто дар бархе аз китобҳо низ дар ин бора маълумот дода шуда буд, аммо бефоида, зеро қудрат дар дасти пуштуҳо буд, ҳарфи аввалро онҳо мезаданд ва ҳоло ҳам мезананд. Дар ин бора гуфтори муаллифи китоби «Дар хизмати маорифи Афғонистон» Муҳаммадуллоҳи Лутф қобили хондан аст, ки мегӯяд: «Тоҳири Бадахшӣ зодаи Бадахшони Афгонистон аст. Фарзанди баору номуси миллати тоҷик аст. Ӯ ҳанӯз дар замони таҳсил дар Пуҳантуни (Донишгоҳи) Кобул бо фаъолияти инқилобӣ машғул мешавад ва бо ҳаммаслакон, мисли Бабрак Кормал, Абулқодир, Анаҳито, Коваи Ҳиротӣ, Нурмуҳаммад Таракӣ, Бунёдӣ, Панҷшерӣ мепайвандад. Айни замон дар мамлакат се ҳизби нисбатан бонуфуз амал мекард. Ҳизби парчам (роҳбараш Б.Кормал), Ҳизби халқ (роҳбараш Н.Таракӣ) ва Ҳизби заҳматкашони Афғонистон (роҳбараш Тоҳири Бадахшӣ). Шоҳидон нақл мекунанд, ки дар замони ҳукмронии Довуд ин се ҳизб ва боз чанд ҳизбҳои майда-чӯйдаи дигар дар парки (боғи) Зарнигор ҳар кадом дар гӯшае ҷамъ меомаданд, ҳамоиш (митинг) ташкил мекарданд ва ҷониби қаср нигариста шиорҳо мепартофтанд. Чун мебинанд, ки фаъолият натиҷабахш нест, ҳамон се ҳизб таҳти номи умумии «Ҳизби халқӣ-демократӣ» муттаҳҳид мешаванд. Дар ҳамин вақт Ҳафизуллоҳ Амин, ки дар Америка буд, аз ҳамон ҷо ариза равон карда хоҳиш мекунад, ки ӯро ба сафи аъзои Ҳизби халқӣ қабул намоянд. Ягона шахсе, ки муқобил овоз медиҳад, Тоҳири Бадахшӣ буда ва ӯ далел ҳам дошт, ки Ҳ.Амин ҷосуси америкоиҳост. Ин ҳақиқати ҳол ба гӯши Амин расида буд ва ӯ пайт мекофт. Ва ин пайти мувофиқ расид: Инқилоби Савр ғалаба кард ва Ҳ.Амин бо макру ҳила худро ба Н.Таракӣ наздик карда, ба боварии ӯ даромад. Азбаски ба хуни Тоҳир ташна буд, ӯро душмани халқ эълом карда, рӯзи 13 августи соли 1978, ки бо ду нафар мушовир ҷониби Ҳирот мерафт, бо баҳонае дастгир карда ба Кобул оварданд. Бе ягон хел суду маҳкама муддате чанд дар таҳхонаи бинои шаҳрволӣ, ки волии (раиси) он бародари Ҳ.Амин–Асадулло Амин буд, нигоҳ дошта, ниҳоят ду бародарон сари одами зиндаро футбол намуда, ваҳшиёна куштанд. Ба ифодаи дигар, Амин, ки ваҳшӣ буд, ваҳшиёна рафтор намуд. Ҳаммаслакон ҳар қадар кӯшиш карданд, ки зинда ё мурдаашро ёфта, инсонвор ба хок супуранд ва ё фотеҳа бигиранд, наёфтаанд. Танҳо баъди ба сари ҳокимият омадани Бабрак иҷоза шуд, ки фотеҳа бигиранд».[7]

  Дар бораи кушта шудани яке аз  муаллифони китоби «Алифбо», як тоҷики хоксору сода, камбағал, аммо донишманди Афғонистон, ҳамин муаллиф чунин мегӯяд: «Банда дар нашри якуми «Алифбо»-и забони дарӣ ному насабамро ҳамчун муаллиф нанавиштам (аниқтараш, Сафорати Шӯравӣ иҷозат надод). Аммо дар нашрҳои дигар «Муҳаммадуллои Лутф» муаллиф аст. Бо як азоб Абдулғаффори Раҳилро ҳамчун муаллиф омода намудам ва гаштаю баргашта таъкид намудам, ки мо ин ҷо доимӣ нестем. Шумо бояд ин санъатро омӯзед, «Алифбо»-ро соҳибӣ кунед ва минбаъд такмил диҳед. Бо ҳамин орзуи нек, 10 июни соли 1979, рухсатии меҳнатӣ гирифта, сӯи Душанбе парвоз кардам. Ба ҷои 32 рӯз 40 рӯз гашта, баъд ба Кобул баргаштам. Бинам, Раҳил дар ҷойи кор нест. Рӯзи дигар ҳам наомад. Пурсидам, касе чизе намедонад. Ниҳоят, фаҳмидам, ки сиёҳпӯшон (ҷаллодони Амини пушту-Ҷ.С.) омада: «Шуморо барои чанд дақиқа мебарем» гуфта гирифта бурдаанд. Ва ин воқеа пас аз як рӯзи рухсатӣ рафтани банда рӯй додааст. Даррав сафорат рафтам, ки пушту паноҳи ҳамаи шаҳрвандони СССР буд. Воқеаро арз кардам, он ҷо ваъда доданд, ки аз тариқи каналҳои худ меҷӯем, ба шумо хабар медиҳем. Баъди се рӯз намояндаи сафорат худаш вазорат омад, маро ба дафтари мушовирин даъват кард ва гуфт: «Мы опоздали, Рахила больше нет. Ты этими вопросами незанимайся. Это их дело». Бовар мекунед ё на, хонандагони азиз, Раҳил (ҷояш ҷаннат бошад) ҳатто мӯрчаро намеранҷонд. Ба касе ва чизе кор надошт. Як тоҷики хоксору сода, нодору камбағал буд. Табъи шеъргӯӣ ҳам дошт…».[8] Воқеан, дар бораи аҳволи бади тоҷикони ин кишвар устод Муҳаммадуллоҳи Лутф дар бахши «Таваққуф дар таълифи китобҳои дарсӣ» чунин  менависад: «Аз ёру ошноҳо  пурсида, ҷустуҷӯ карда, бо чанд азобе шӯъбаи дариро мукаммал карда будам. Восифи Бохтарӣ, Абдураззоқи Рӯйин, Пӯйёи Форёбӣ, Халили Рустоқӣ шӯъбаро нуру ҳаловати дигар мебахшиданд. Қадами номубораки Амини тоҷиккуш ба ин ҷо ҳам расид. Сиёҳпӯшон меомаданду «Шуморо барои чанд дақиқа» гуфта мебурданд. Халилро бурданд. Бохтариро бурданд, Рӯйину Пӯйё ғайб заданд. Аз шӯъбаҳои ӯзбекӣ, туркманӣ ва балуҷӣ ҳам мебурданд. Шӯъбаи пуштуро даст намезаданд: 6 нафар рӯз кӯр мекарданд… Дар шӯъбаи дарӣ, ки одам намонд, дар таълифи китобҳои дарсӣ ҳам холигие ба амал омад. Ин холигӣ танҳо баъди марҳалаи дуюми Инқилоби Савр, ки Бабрак Кормали падараш тоҷику модараш пушту ба сари ҳокимият омад, пурра гардид. Шукри Худо, Бохтарию Халил сиҳату саломат аз зиндони Пули Чархӣ баромаданд, дигарон ҳам якта-якта омадан гирифтанд. Шӯъба нафаси тоза гирифту вазири маориф ҳам нав шуд. Ба вазорат Анаҳитои тоҷик омад, ки хеле фаъол, меҳрубон, ғамхор буд. Пӯйёи Форобӣ супориш гирифт, ки китоби хониши синфи чорро бинависад. Яке аз мушкилоти дигар офаридани китоби дарсии таърихи адабиёти дарӣ буд, ки таълифи он аз синфи 8 сар мешуд. Навиштани ин китобро Рӯйин ба зимма гирифт. Дар пешгуфтори ин китоб ҷумлаи зерин дучор мешавад: «Дар фаслҳои панҷгонаи китоб… фишурдае аз таърихи гузаштаи мардумони тоҷик (форсизабонон) ва адабиёти онҳо…» оварда мешавад». Тоҷике, ки дар Афғонистон хурсанд бошаду ифтихор бикунад, хеле кам аст: болои сари онҳо ҳамеша абри сиёҳе шино мекард. Рӯйин хурсанд буд ва ифтихор мекард, ки ҳамин ҷумларо навиштааст. Бори аввал ба гӯши 17 миллион мардуми Афғонистон мерасонад, ки забон ва адабиёти дарӣ соҳиб дорад ва соҳиби он тоҷикони ин кишвар мебошанд. Рӯйин аз куҷо илҳом гирифта, ҷуръат карда ин гапро гуфта буд? Аз Бабрак Кормал ва Анаҳито, ки дар шарҳи ҳол ва рӯйхати аъзои Бюрои сиёсӣ дар сутуни (графаи) миллат худро тоҷик навишта буданд, ҳол он ки то ин замон дар муқобили миллат ҳама «афғон» менавиштанд».[9] Ҳамин муаллиф дар бораи аз тарс ва бо овози паст «ман ҳам тоҷикам» гуфтани Ёсин Бунёдии тоҷикро чунин ба қалам медиҳад: «Рӯзи 12 августи соли 1978 – 6 нафар Сиротенко А.И., В. Здоровсов, банда, муовини аввали вазири маориф ва ду нафар ҷондору муҳофиз роҳи вилояти шимолии Афғонистонро пеш гирифтем. Соати 7-и бегоҳ дар шаҳри Қундуз шудем. Моро ба меҳмонхонаи шоҳӣ бурданд ва ҷо ба ҷо карданд. Пеш аз хоб Бунёдӣ моро ба ҳуҷраи хобаш даъват кард. Чун ба ҳуҷраи хоби Бунёдӣ даромадем, Бунёдӣ аз банда хоҳиш кард: –Устод ба сармушовир тарҷума кунед: «Ин меҳмонхонаи шоҳӣ аст. Ҳар вақт ки Зоҳиршоҳ ба вилоятҳои шимол сафар мекард, дар ҳамин меҳмонхона ва дар ҳамин утоқ, болои ҳамин рахт хоб мерафт. Файзи инқилобро бубинед, ки имрӯз ман ин ҷо хобам. Бунёдӣ масъалаҳои маорифро намефаҳмад, аммо марди серғайрат ва андаке саросема буд. Гоҳ-гоҳ ба гӯши ман, ба овози паст, мегуфт: «Ман ҳам тоҷикам».[10]

  Устод Муҳаммадуллои Лутф дар бораи ба қудрат расидани Амини тоҷиккуш ва тарси мардум дар ҷои дигар чунин менависад: «Пас аз Инқилоби Савр, хусусан баъди марҳилаи дуюми он, кадрҳои лоиқи тоҷик хеле зиёд ба Афғонистон рафтанд. Ин ба тангназарони афғон намефорид… Баъди хоинона ба сари қудрат омадани Ҳафизуллои Амини хуношом офате, ки ба сари халқи тоҷики Афғонистон ва даризабонони ин кишвар (ҳазораҳо, узбакҳо, туркманҳо, балучҳо) омада буд, қалам дар тасвираш оҷиз аст. Ин қотил дар як суханронии телевизиониаш гуфта буд: «Шарт нест, ки дар Афғонистон 17 миллион аҳолӣ зиндагӣ кунад, 8 миллион кифоя аст». Ин гузориш чунин маънӣ дошт: Афғонистон барои 8 миллион пушту аст, 9 миллиони дигар ё бояд кушта шавад ё мамлакатро тарк намоянд. Амин баҳри иҷрои ҳамин ҳадафи шум камар барбаст… Зиндони Пулхи чархӣ, ки бо лоиҳаи амрикоиҳо сохта шудааст, ғунҷоиши бештар аз бист ҳазор касро дорад… «Дар ҳар камера, мегӯяд зиндонии собиқ Халили Рустоқӣ, - ба ҷои 15 кас то 42 кас хоб будем. Одамон мисли рамаи гусфанд болои ҳам мехобиданд». Дар ин зиндон асосан тоҷики шурбахт, узбак, ҳазора ва балучи пойлуч соати марги худро интизор буданд. Тамоми шаҳри Кобул ва ҳатто маркази вилоятҳои тоҷикнишин зиндон буд, дар зиндонҳо таҳхонаҳо ва биноҳо дигар ҷо намонд, Амин куштори беамон ва рӯиростро пеш гирифт. Дар назди гуристони шуҳадо теппаи баландест. Фармуд ҳафтае даруни ҳамин теппаро кофта, дарғоти бузурге созанд. Як шаб бештар аз ҳазор зиндонии марду зани тоҷик, ҳазора ва узбакро оварда даруни ҳамин теппа пеш кард ва фармуд, ки теппаро тарконда, даҳони ғорро банданд. Пас аз он ки ин амри ваҳшиёна содир шуд, роҳгузарон қариб як моҳ мушоҳида мекарданд, ки теппа меларзид. Садои ҳазён ба гӯш мерасид. Чор пилотбачаи тоҷикро, ки таҳсилкардаи Шӯравӣ буданд, дар самолёт бор карда, дасту пойҳояшонро баста, дар осмони Бадахшон поён партофтанд. Худам баъди чил рӯз бо даъвати хоҳари яке аз он чор нафар Меҳрӣ, ки дар Вазорати маорифи кор мекард, рафта дуо карда сабри ҷамил хостам. Бо амри бевоситаи Амин панҷаҳои дастони мардон ва ҷавонони шаҳри Файзободро бо баҳонаи ёрӣ расондан ба дастаи Раҳмонқулихони туркман табар заданд, ки ба даст яроқ гирифта натавонанд.

  Дар вазорат, кӯча ва бозор гунгакбозӣ сар шуд. Одамон бо имою ишора гап мезаданд. Гӯё забон гум карда бошанд. Рӯзе Тобеъро хилват ёфта пурсидам, ки чӣ сир аст. Ӯ атрофро аз назар гузаронда гуфт:

  «Ҷосусони Амин мегарданд, гӯш мекунанд, аз лаҳни гуфтор мефаҳманд, ки тоҷик ё форсизабон аст, бурда зиндон мекунанд. Бинобар ин, мардум аз тарс гап намезананд, баланд сӯҳбат намекунанд». Пурсидам, ки пештар ҳам ин тавр мешуд. «Бале, дар умри 70-солаи ман ин дафъаи сеюм аст, ки забони дариро куштанӣ мешаванд. Аммо ин забон боз ҳам зинда мемонад». Бале, дар Афғонистон борҳо кӯшидаанд, ки муқобили забони дарӣ (тоҷикӣ, форсӣ) теғу шамшер кашанд. Аммо ҳар дафъа тирашон хок хӯрдааст. Мисоле меорам ҷолиб аст: Асарҳои мунтахаби маорифпарвари Афғон Маҳмуди Тарзиро, ки таҳсилкардаи мактаби Туркия буда, дар соҳаҳои сиёсатшиносӣ, маорифпарварӣ, забону адабиёт хеле «машҳур» ва дар Тоҷикистон перомуни ҳаёт ва эҷодиёташ таҳқиқҳо гузарондаанд, хондам. Ӯ менависад: «Барои рушди забони пушту ҳам тадбирҳоро бояд дид. Агар лозим шавад, аз баҳри забони дарӣ ҳам метавон гузашт. То чӣ андоза ғамангез аст ин навиштаҳо ва ин кӯшишҳо! Аҷаб ин аст, ки Маҳмуди Тарзӣ ва мисли ӯ-Сулаймон Лоиқ ва чанде дигарони пуштузабон, муқобили забони дарӣ баромада, аммо ҳамаи асарҳояшонро асосан бо ҳамин забон (забони дарӣ) навиштаанд. Зеро нағз медонистанд, ки агар бо забони модариашон, яъне забони пуштуӣ нависанд, касе намехонад ва машҳур ҳам намешаванд. Кӯрнамакӣ магар аз ин зиёд мешавад? Боре аз Сулаймон Лоиқ пурсидам:

–Устод, шумо ки пуштун (афғон) ҳастед, барои чӣ бо забони пуштуӣ эҷод намекунед?

–Забони пуштуӣ аз хона то фурӯдгоҳ аст, –ҷавоб дод ӯ.

Аҷоиботи дигар ин аст, ки дар Тоҷикистони Шӯравӣ касонеро мисли М.Тарзӣ, С.Лоиқ таърифу тавсиф мекарданд, медалҳо медоданд, ки тоҷиконро дар Афғонистон одамони омад, қавм, майдамиллат мегуфтанд. Маҳз дар замони диктатурии Ҳ.Амин ва бо супориши ӯ Сулаймон Лоиқ бо мақолаи таҳқиромезе баромад намуда, миллати соҳибватани тоҷикро «қавме на бештар» номид. Бечора, чанд тоҷики боҷуръат муқобил баромада бар ивази он кунҷи зиндони Пули чархиро макон гирифтанд. Танҳо ин қазия баъди ба сари ҳокимият омадани Бабрак Кормал ҳалли худро ёфт: Ба муроҷиати Созмони заҳматкашони Афғонистон Комитети марказӣ ҷавоб гардонд, ки «Ин фикри шахсии С.Лоиқ аст, ки ба он КМ розӣ нест».[11]

Аммо мо–содҳо то имрӯз аз Маҳмуди Тарзӣ, ки барои ба тахт нишондани забони пушту тамоми чораҳоро дид, то мавқеи забони дарӣ (тоҷикӣ-форсӣ)-ро танг намояд, Сулаймон Лоиқи пушту, ки ба забони тоҷикӣ менавишт, аммо тоҷиккушӣ мекард, Халилуллоҳи Халилӣ, ки ба забони мо шеър мегуфт, аммо аз пуштуҳои ҳаммиллаташ дифоъ намуда тоҷикро бо як пули пашиз намехарид, балки тарафдори бемиллативу беҳувиятии ӯ буд, ситоиш мекунем, осорашонро дар мактабҳо меомӯзем.

Имрӯз Афғонистонро ба Аморати исломии Афғонистон табдил доданд ва бад-ин тартиб ҳуқуқи тамоми миллатҳои ин кишвар, аз ҷумла тоҷиконро, ки соҳибони аслии ин мулканд, зери по гузоштанд. Аммо боз ҳам даъво доранд, ки онҳо мусулмонанд, қавмгаро нестанд, ҳадафашон озодӣ ва баробарии ҳамаи қавму қабоилу миллатҳост. Аммо, хушбахтона, ин дурӯғи онҳо тавассути иқрори Ашраф Ғанӣ,  ки пас аз фирор ва ба толибон супурдани кишвар дар ҳузури 50 нафар ҳамқавмонаш дар Дубай баён дошт, бармало шуд. Чунончи ӯ, гуфт: «Чун ҳама аз худ ҳастед, яъне афғону пуштун, ман он чиро ки ба Шумо мегӯям, таърих онро барои фарзандони мову Шумо ба хатти заррин хоҳад навишт. Хидмати бузурги ман, ки Шарқу Ғарбро ба ҳайрат андохтам ва кореро, ки ман кардам на Амонуллохон тавонист, на Довудхон, на доктор Наҷиб! Ин аст, ки тамоми сарзаминро моҳирона ва оқилона аз Помир то Турғундӣ, аз Исломқалъа то Турхам, аз Нуристон то Кобулу Қандаҳору Ғазнию Бомиёну Урузгон, ба моликҳои аслиашон супурдам ва на бо дасти холӣ, балки бо қулурдуҳо (дивизияҳо), салоҳу муҳимот ва ин кори сода набуд!

Давраи аввали раёсатҷумҳурӣ ҳам мехостам, аммо вақташ муяссар нашуд, даври дувум бо чанд ҳамфикри дигар, чун Муҳиб соҳиб, Фазли соҳиб, Довудзай соҳиб, Стоникзай соҳиб ва ғайра ба ин натиҷа расидем, ки аз шарри Шимол-Рашид Дустум, тоҷик ва ӯзбак ва ҳазора халос кунам, ки фақат як роҳ буд ва он ҳам ҳузури фотеҳу қотеи толибону бас! Ба ҳамин сабаб ба ҳукумати муваққат тан надодам ва ҳукумати убуриро рад кардам.

Дар суҳбатҳои хос ба Халилзод ҳам фаҳмондам, ки иштибоҳи Боннро такрор накунем! Ӯ ҳам қабул кард ва аввал тааррузи урдуро манъ кардам, дувум қатаъотро кӯчак сохта, ба нуқоти дастраси толиб савқ додам. Ва икмолоташонро заъиф сохтам, то ба толибон таслим шаванд ва толиб ҷуръат пайдо кунад!

Қумандонҳои вулусволиҳоро шахсан таъйин кардам, то ба номи ақабнишинии токтикӣ ҷой холӣ кунанд, ки хеле хуб пеш рафту тамоми вулусволиҳои Шимолро аввал плон кардам!

Тавассути Стоникзай ба раҳбарии толибҳо нақша дода шуда буд. Ба ҳеҷ қитъа (низомиён) ҷуз ақибнишинӣ иҷозаи таарруз ва ҳатто мудофиа ҳам надодам. Шимол то Вахон, ки яктарафа шуда, навбати шаҳрҳо расид. Бояд баъзе тағйирот ва масруфсозии одамҳо ва шахсиятҳои муассирро шурӯъ мекардам! Масалан, як панҷшериро вазири дифоъ сохтам (Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ), то Амруллоҳи Солеҳ масруф шавад.

Муҳаққиқро овардам, то ҳазораҳо масруф шаванд. Кодрҳои беэътиборро дур кардам, то одамҳоеро, ки ба фармонам буданд, муқаррар намудам. Дар вилоятҳо волиҳоро ҳам аз афроди хос ва бо аҳдофи хос муқаррар кардам. Моршол Дустумро хостам бо дасти холӣ ҳамроҳи муаллим Ато ба Шимол бифиристам, аммо ҳеҷ иҷоза надодам қаблан ҳатто як мармӣ (тир) ҳам ба Шибирғон бифиристанд, то суқут кунад. Моршолу Ато, ки ба Мазор расиданд, ба хотире ки кадом харобие нашавад ва ғофилгирашон кунанд, худам фавран ба Мазор рафтам ва як бачаи қаҳрамонро ба сифати қумандони қулурду таъйин кардам, ба номи Муманд Забеҳулло ва барояш гуфтам, ки номи Мумандро зинда кунед! Ва хусусӣ барояш ҳидояти лозим додам ва Ҷумъахон Ҳамдардро таҳдид кардаму гуфтам, ки вақти интиқом наздик аст, аммо аҷала накунӣ, ки харобӣ нашавад! Ба Исмоилхон чунон дом нишондам, ки мисли муш дар тала афтод. Хулоса, то суқути Кобул.

Шумо худ фикр кунед, агар ман амри ҷанг медодам, толиб дар муқобили қумандуҳо муқовимат наметавонист, чӣ расад ба қувваҳои ҳавоӣ ва қулурдуҳо! Хулоса, вақте мутмаин шудам, ки қудрат гирифтани афроди Шимол маҳол шуда ва ҳама торумор шуда, фирор кардаанд, на Моршол мондаву на сохтор, зарурат ба интиқоли ҳукумати муваққат нест, ки боз муовинбозии тоҷику ҳазора шавад! Соати 10 баҷа буд, ки ба Карзай соҳиб занг задаму гуфтам: Абдуллоҳ ва вазири дифоъро масруф бисоз, то дохил шудани толибҳо!

Ҳоло шумо бигӯед, ки ман қаҳрамони ояндаи Афғонистон ҳастам ё не? Ман ин қаҳрамониро ба ҳама бадномияш харидам, албатта, барои шумо ҳамқавмонам!».[12]  

  Баъди изҳороти рӯирости Ашраф Ғанӣ дигар масъалаи ташкили давлати ҳатто федеративӣ, ки бархеҳо, аз ҷумла Латифи Пидром, ба миён мегузоштанд, аз байн меравад ва масъала барои тоҷикон ранги ҷиддии ҳаёт ё мамотро мегирад. Ба қавли аҳли қалам:

Гаҳ сулҳ мекунӣ ту бо чӯпону гоҳ ҷанг,

Гургоштист, кори ту пайваста бо шӯбон.[13]

                             ***

То кай бувад ин гурграбоӣ, бинмо,

Сарпанҷаи душманфикан, эй шери Худой![14]

                                ***

    Мо, ки аз ҷон гузаштем, чи ҳиҷрон, чи висол,         

     Мурдану зистани мардуми бебок якест.[15]

  Албатта, ташкили давлати алоҳидаи Хуросон, яъне дар баробари Афғонистон масъалаи тоза нест, зеро солҳо пеш (ба ин ё он навъ) ба ин  қазия ишораҳо мешуд, аммо мардум ҷиддӣ намегирифтанд. Имрӯз дигар ҷои чунун чаро намонд. Ҳамагон фаҳмиданд ва ба хулосае омаданд, ки тоҷик низ бояд қудрат дошта бошад, бидуни қудрат марг домангираш аст, яъне тавре ки афғонҳо қудрат доранд, ҳар чӣ бихоҳанд, мекунанд, тоҷикон низ бояд қудрат дошта бошанд. Аз ин рӯ, зарурати ташкили ду давлат-Афғонистон (ҳаққи ҳалоли пуштуҳову афғонҳо) ва Хуросон (ҳаққи ҳалоли тоҷикону ҳазораҳову узбакҳо…) як амри ҳаётӣ ва таърихӣ маҳсуб мешавад. Дар ин замина ба андешаи зери Муҳаммадуллоҳи Лутф таваҷҷуҳ фармоед, ки ҳанӯз дар соли 2013 ин фикрро ба миён гузошта, чанд шартро пешниҳод намуда ва навишта буд: «Гиреҳи Афғонистон натиҷаи 35-40 соли охири Афғонистон набуда, балки таърихи чуқуртаре дорад… Вале ин чунин маъно надорад, ки халқи ғаюру заҳматкаши Афғонистон ба боз намудани ин кӯргиреҳ омода ва қодир набошад. Қодир аст ба чанд шарту роҳҳо. Шарти аввал. Ҳадаф аст… Дуюм. Ташкил ва гузаронидани интихоботи озоду демократии Президент ё Садри аъзами кишвар бо иштироки мушоҳидони ҳарчи зиёди давлатҳои дигар… Сеюм. Барҳам задани фарқи байни истеҳсолкунандаю истеъмолкунанда… Вале агар ин шарту роҳҳо сарфи назар шаванд, он гоҳ роҳи дигар ба миён меояд, ки мисли давлатҳои Олмону Россия ташкили давлати федералист… Роҳи охир–ташкили давлатҳои алоҳида…».[16] Оре, роҳи охир, танҳо роҳи охир аст, ки ягона роҳи наҷоти тоҷикон, калиди ҳалли масъалаи амният дар ин кишвар метавонад буда бошад. Имрӯз, ки толибон хун мерезанд, хуни тоҷикон ва ақвоми ғайри пуштуро. Ягона роҳ ташкили давлати алоҳидаи тоҷикон ба номи Хуросон аст, роҳи дигаре нест, ки нест. Ин амал аз рӯи ҳуқуқи худмуайянкуии миллатҳо, тибқи қонуни Эъломияи ҳуқуқи башар сурат мегирад, ба Ойиномаи СММ такя мекунад ва билкул мувофиқат менамояд. Тавре ки дар асри гузашта Ҳиндустону Покистон аз ҳам ҷудо шуданд ва имрӯз бо номи давлатҳои мустақил арзи андом менамоянд. Аммо намунаи беҳини ин гуна ҷудошавӣ ва ташкили давлатҳо барои пуштуҳову афғонҳо ва тоҷикону ҳазораҳо ва қавмҳои дигари ин кишвар давлати Чехословакия мебошад, ки ба ду давлат-Чехия ва Словакия тақсим гардид. Ба ҳамагон маълум аст, ки халқҳои ин кишвар замоне зери номи як кишвар, давлати воҳид-Чехославакия мезистанд, аммо баъдан ин ду халқ аз рӯи ақлу хирад, зарурати таърихӣ, бо роҳи осоишта, бидуни ҷанг ҳар яке давлати алоҳидаи худро ташкил карданд ва имрӯз ҳамчун ду давлати комилҳуқуқ дар дили Европа дар оромию осоиш мезиянд. Лиҳозо, афғонҳо ва тоҷикҳо дар ташкили давлати Афғонистон ва Хуросон-ду давлати дар оянда мустақил метавонанд аз чехҳову словакҳо ибрат бигиранд ва давлатҳои мустақили худро ташкил бидиҳанд ва бад-ин тартиб ба ҷанги чандсадсола дар ин кишвар хотима бахшанд. Дар акси ҳол дар Афғонистони пуштуӣ аз тоҷику узбаку ҳазора ному нишоне нахоҳад монд, зеро, ба андеши шоир:

   Гурги аҷал якояк аз ин галла мебарад

  В-ин галларо бубин, ки чӣ осуда мечарад. [17]

  Мутаассифона, кишварҳои абарқудрат, манфиатдор (ба хотири манфиатҳои худ), ки табли демократӣ ва инсондӯстӣ мезананд, дар мавриди ин ҳаракати қавмгарои ваҳшӣ, ки дар асри XXI низоми исломии асри VII-ро дар Афғонистон ҷорӣ менамояд, на танҳо сукут меварзанд, балки аз он ҷонибдорӣ менамоянд, ки аз рӯи инсоф нест. Эшон набояд дар ин ҳол мардуми мазлум, бечора ва бепушту паноҳи Афғонистонро танҳо гузоранд. СММ ва дигар ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар ва тамоми мардуми мутараққӣ, инсондӯст, бовиҷдон ва боинсофи олам ва сокинони худи ин кишвар бояд дар муқобили толибон садо баланд.  Пеши роҳи генотсидӣ миллати тоҷикро, ки ба ҷаҳониён як тамаддуни бузург, олимону адибони ҷаҳонӣ, аз ҷумла Абушакури Балхӣ, Шаҳиди Балхӣ, Робеаи Балхӣ, Дақиқии Балхӣ, Унсурии Балхӣ, Фаррухии Систон, Манучеҳрии Домғонӣ, Фахруддини Гургонӣ, Азрақии Ҳиравӣ, Саноии Ғазнавӣ, Сайид Ҳасани Ғазнавӣ, Мухтории Ғазнавӣ, Орифии Ҳиравӣ, Шоҳии Сабзаворӣ, Осафии Ҳиротӣ, Маҳмуди Гардезӣ, Байҳақӣ, Алии Ҳиротӣ, Ҳаҷвирии Ғазнавӣ, Ибни Балхӣ, Исмоили Ҷузҷонӣ, Минҳоҷиддини Ҷузҷонӣ, Муинуддини Ҷувайнӣ, Озарии Исфароинӣ, Замчии Исфизорӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ, Фахриддин Алии Сафӣ, Фасеҳии Ҳиротӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Биноии Ҳиротӣ, Ҳотифӣ, Восифӣ, Нозими Ҳиротӣ ва садҳо бузургони дигарро ҳадя кардааст, ҳар оина бояд бигиранд. Халқи тоҷики тамаддунофар дар ин кишвар алҳол 46% ё 20-25 миллионро ташкил медиҳад. Беҳуда Президенти кишварамон дар суханронии хеш ба муносибати сисолагии Истиқлоли Тоҷикистон дар ин бора нагуфтаанд: «Мехоҳам як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор, ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд… Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд. Вазъияти Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бевоситаи манфӣ мерасонад, ки амнияти минтақаи мо, дар навбати аввал, ба  вазъи ин кишвари ҳамсоя вобастааст. Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки тайи зиёда аз бист соли охир ман аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта таъкид намудам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад. Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла доираҳои манфиатдору дахлдор, ба ҳалли ин масъала то андозае бетафовутӣ зоҳир карданд. Дар натиҷа мушкилоти Афғонистон ба ҷое расид, ки имрӯз тамоми башарият, махсусан Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавори онро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст… Расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар аз ҷумла тадбирҳои таъхирнопазир мебошад».[18]

  Зимнан, ҳар балое, ки ба сари тоҷик меояд, сабабгори аслӣ худи онҳо мебошанд. Ба Хуросон омадани афғонҳо низ, бадбахтона, ба дасти худи тоҷикон, оли Курт  сурат гирифтааст. Дар ин боб дар китоби «Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX-XIV чунин навишта шудааст: «Тоҷикон ҳеҷ гоҳ бар миллати бегона ва сарзамини он чашми тамаъ надӯхтаанд, магар ба Ҳиндустон (дар замони Ғуриён) ва вилояти Афғонистон (дар аҳди оли Курт). Бояд таъкид намуд, ки ин забткории Куртҳо, ки дар асоси ярлиғи хони муғул сурат мегирифт, ибтидои дигаргуниҳои азимест бар таърихи халқи тоҷик, ки тадриҷан бар сари он бадбахтиҳои бузург овард. Умуман, сарчашмаи таърихиеро ёфтан душвор аст, ки аз он шаҳодат бидиҳад, ки то қарни сездаҳум дар ҳудуди Афғонистони имрӯза, ба истиснои сарҳаддоти шарқии он, афғон (пуштунҳо) ҳамчун сокинони ягон вилояти он буда бошанд. Фатҳи вилояти Афғонистон, ки дар ҳудуди Покистони имрӯза, дар доманкӯҳҳои Сулаймония воқеъ буд, ба он оварда расонид, ки асирони зиёде аз ҷумлаи афғонон ба Хуросон оварда шуданд ва ҳатто аз ҳисоби эшон лашкариёни алоҳида низ тартиб дода буданд, ки дар ҷангҳо истифода мешуданд. Ҳамин тавр, Куртҳо ба воситаи ин фатҳкорӣ роҳи қабоили афғониро ба сӯи Хуросон кушоданд ва эшон оҳиста-оҳиста аз ватани худ баромада, ба сӯи шимолу ғарб пош мехӯрданд ва сарзамине, ки аз мардумони бумии хеш-тоҷикон ба воситаи куштори муғул тиҳӣ гашта буд, макони бодиянишинон қарор гирифт. Ба амри тақдир афғонҳо баъд аз гузашти рӯзгор дар ҳудуди Хуросон паҳн шуданд ва каме баъдтар дар қарни XVIII давлати худро барпо намуда, онро «Афғонистон» ном гузоштанд, ки иборат аз Афғонистони имрӯзист. Ва акнун тоҷик дар сарзамини асливу бумии хеш таҳти унвони «миллати афғон» муаррифӣ мешавад. Аммо аҷибтар аз ҳама он аст. ки тоҷиконро ҳамеша дар сарзамини худашон таъқиб кардаанд ва мекунанд ва саркӯб медоранд. Шояд Худованд тақдири ҳама миллатҳои қадими бофарҳангро чун зиндагонии сангини аҳли илм пурдарду ранҷ раво дидааст ва шояд «дунёи дунпарвар» аз ин гӯянд?!».[19] Дар ҳамин китоб дар мавриди Хуросонро истило кардани афғонҳо ва ҷойгузини номи Хуросон кардани Афғонистон ва саркӯбиву ҷабру зулми эшон бар миллати тоҷик чунин маълумот дарҷ шудааст: «Сабабҳои аз худшиносии миллӣ дур афтодани тоҷикон: –дар Афғонистон: Ба дурустӣ, ки гаҳвораи тамаддуни Эрониён ин кишвар аст. Дар асрҳои миёна бо номи Хуросону Систон машҳур буд, дар миёнаҳои асри XVIII қабоили афғонӣ ин сарзаминро фатҳ карда, давлати худро сохтанд ва дар асри XIX тавассути англисҳо номи «Афғонистон»-ро гирифт. Ва баъд аз ин дар ин кишвари навноми «Афғонистон» саркӯбии тоҷикон шурӯъ шуд ва оҳиста-оҳиста ба худ номи «миллати афғон»-ро гирифтанд… Ҳамин тавр, дар Афғонистон низ пеши худшиносии миллии тоҷикон рӯз то рӯз ториктар гардонида мешуд ва мешавад».[20] Дар ҳақиқат, ҳамин авомил буд, ки тоҷикон аз худшиносии миллӣ дур афтода буданд ва худро на ба номи миллат, нажод, балки дину мазҳабу макон ном мебурданд ва ҳамчун мусалмону ҳиротиву кобуливу панҷшериву бадахшӣ ва ғайра муаррифӣ мекарданд.

  Тавре ки гуфтем ва маълум аст, таърихи давлатдории афғонҳо аз асри XVIII, аз замони Аҳмадшоҳи Дурронӣ, шурӯъ мешавад. Давлати Дуррониён пас аз марги Нодиршоҳ ба вуҷуд омад ва бунёнгузори он Аҳмадшоҳи Дурронӣ (1747-73) буд. Ӯ на фақат мулкҳои қабилаҳои афғонро мутамарказ намуд, балки Хуросону Балуҷистон, Систон, Панҷоб, Синд, Кашмир, Сирҳинд, Ҷамму ва соири сарзаминҳоро низ ба давлати хеш ҳамроҳ кард. Вай дар соли 1761 ҳукумати маратҳоро дар Понипат шикаст дод ва кори Маҳмуди Ғазнавиро такрор ва идома бахшид. Аҳмадшоҳи Дурронӣ Қандаҳорро ба сифати пойтахти давлати худ баргузид. Баъд аз он ӯ ба тарафи шимол лашкар кашида, Балху Қундузу Шибирғону Майманаву Андхую Бадахшонро, ки мулкҳои аморати Бухоро маҳсуб мешуданд, ба даст овард ва бад-ин тартиб як императории азимро барпо намуд. Воқеан, баъд аз Аҳмадшоҳи Дурронӣ то имрӯз дар Афғонистон, ба истиснои ҳукмронии шашмоҳаи Ҳабибуллохони Калаконӣ (Бачаи Саққои тоҷик), дигар амирону шоҳону вазирон аз пуштуҳо будаанд. Мисли Дӯстмуҳаммадхон, Шуҷоъ, Шералихон, Яъқубхон, Абдураҳмонхон, Ҳабибуллохон, Нодирхон, Муҳаммад Юсуф, Майванд, Муҳаммадҳошим, Эътимози Нураҳмад, Муҳаммад Абдузоҳир, Шафиқ Муҳаммад Мусо, Нурмуҳаммад Таракӣ, Ҳафизулло Амин, Наҷибуллою Карзаю Ашраф Ғанӣ ва ғайра пашту буданд, ки танҳо барои худ ва ҳамқавмони хеш хидмат карданд ва манфиати миллатҳои дигари ин сарзаминро нодида гирифтанд ва кишварро дар ҳолати ҷангу задухурдҳои дохиливу хориҷӣ қарор доданд. Адибону олимони пуштуи ин кишвар низ ҳамвора дар хидмати ҳамқавмони худ ва сиёсатмадорони он қарор доштанд ва пинҳону пайдо барои ҷойгузин кардани фарҳангу тамаддуну забони худ ба ҷои тамаддуну фарҳангу забони тоҷикон саъю кӯшиш намудаанд. Ҳамин буд, ки дар аввали асри гузашта, дар як муддати кӯтоҳ, забони пуштуро дар қатори забони форсии тоҷикии дарӣ забони давлатию расмии кишвар эълон намуданд ва ҷои забони тоҷикӣ-дарӣ-форсиро танг сохтанд. Онҳо бад-ин васила тазъиқ ва фишори миллатҳои ғайриафғонро ба авҷи аъло расонданд ва ба несту нобуд кардани миллатҳои дигар, аз ҷумла тоҷикон, ҳазораҳо, узбекҳо ва дигарон, пардохтанд, кишварро Аморати исломӣ эълон карданд, исломи асри 7 ва шариатро ба сифати қонуни давлати худ баргузиданд, ба ҷорӣ кардани тартиботу ҷазои асримиёнагӣ дар кишвар камари ҳиммат бастанд ва динро ҳамчун яроқ барои мусулмонкушӣ, қавмкушӣ, дар ҷаҳолату торикӣ, мазлумӣ нигоҳ доштани сокинони Афғонистон мавриди истифодаю корбурд қарор доданд. Онҳо аз нав дар кишвар ваҳшату даҳшату қатлу тороҷро, ки аз замони Аҳмадшоҳи Дурронӣ, ташкилкунандаи давлати Афғонистон, шурӯъ шуда буд, ҷорӣ ва ҳоким намуданд. Пас, бо ҷуръат метавон гуфт, ки агар ҳақиқати ислом, дин, мазҳаб ҳамин куштору қавмгароӣ бошад, ки толибон роҳандозӣ кардаанд ва ҳамчун доғе бар пешонии дин, ислом, мазҳаб, имрӯз ҷилвагар мешаванд, мусулмонон то абад мазҳакаи рӯи олам хоҳанд монд. Ба қавли саҳеҳи шоир:

 

Агар ҳақиқати ислом дар ҷаҳон ин аст,

Ҳазор хандаи куфр аст бар мусулмонӣ.[21]

       

Ҷамолиддин Саидзода

адабиётшинос     

 

[1] Носири Хусрав. Куллиёт. Девони ашъор, –Ҷ.1. –Душанбе:Эр-граф, 2003. –С.717.

[2] Ҳамон ҷо. –С.101.

[3] Ҳамон ҷо. –С.140.

[4] Ҳамон ҷо. –С.732.

[5] Носири Хусрав. Девони ашъор. –Душанбе:Адиб, 2010. –С.27.

[6] Абдураҳмони Ҷомӣ. Гулчини панду ҳикматҳо. –Душанбе, 2014. –С.8.

[7] Муҳаммадуллоҳи Лутф. Дар хизмати маорифи Афғонситон. –Душанбе. 2013. –С.24-25.

[8] Ҳамон ҷо. –С.34.

[9] Ҳамон ҷо. –С.36-37.

[10] Ҳамон ҷо. –С.45-46.

[11] Ҳамон ҷо. –С. 137-141.

[12] Иблисе дар ниқоби одамӣ. Ё чӣ гуна Ғанӣ Афғонистонро фурӯхт! Имрӯз News, 6 сентябри соли 2021.

[13] Фарҳанги забони тоҷикӣ. –Ҷ.1. –Москва, 1969. –С.294.

[14] Ҳамон ҷо. –Ҳамон с.

[15] Девони ашъори Бобо Фиғонии Шерозӣ. –Теҳрон, 1364. –С.136.

[16] Ҳамон ҷо. –С.148.

[17] Фарҳанги забони тоҷикӣ. –Ҷ.1. –Москва, 1969. –С.294.

[18] Суханронии пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиќлоли давлатӣ. Адабиёт ва санъат, 16 сентябри соли 2021.

[19] Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX-XIV. –Душанбе:Амри илм, 1999. –С.37-38.

[20] Ҳамон ҷо. –С.123-124.

[21] Файзӣ. Девони қасоид, нусхаи захираи дастхатҳои шарќии АФ РСС Тоҷикистон, №607, вар.34.

Хондан 1277 маротиба