JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 04 Ноябри 2021 04:16

Нақши Кониститутсия дар рушди ҷомеаи демократӣ

Муаллиф: Нусратуллои НАЗАРИЁН

  Башар аз бомдоди зиндагӣ дар талоши бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи адолатпарвар буда ҷиҳати дарёфти озодӣ ва таъмини баробарии иҷтимоӣ мубориза бурдаанд. Инсон аз замони шинохти манфиатҳо чунин муборизаҳоро тақвият дода баҳри муаян намудани ҳуқуқҳои хеш ва ҳифзи онҳо ҳамеша роҳҳои мухталифро ҷустуҷӯ менамуданд. Дар роҳи расидан ба озодӣ ва дарёфти ҳуқуқҳое ки ба инсон имконият медиҳад, ҳамчун махлуқи боарзиш дар ин ҷаҳон зинадгӣ намояд, даҳҳо насли инсони қурбон гаштаанд. Барои башар осон муясар нагардида аст,  то ҷомеаеро бисозад, ки дар он инсон меҳвари тамоми арзишҳо қарор гирифта, ҳуқуқҳои фитрии ӯ таъмин бошад. Илму хирад ва заковати инсонҳои озодихоҳ даст дод, то роҳи вақеӣ гаштани ормонҳои башариро дар масири бунёди ҷомеаи демократӣ ҷустуҷӯй намоянд. Зеро давлат ва ҷомеаи демократӣ ин навъи ҷомеаест, ки дар он ҳокимият ба иродаи мардум вобаста буда, халқ дар ҳаёти сиёсӣ иштироки фаъол дорад. Инчунин дар рафти қабули қонунҳо ва ташкили мақомоти олии давлатӣ иродаи озодӣ шаҳрвандон нақши ногузир дорад. Дар бунёд ва рӯшди ҷомеаи демократӣ Кониститутсия аз муҳимтарин масоилест, ки таввасути он ғояҳои демократӣ ва ормонҳои халқи озодихоҳ амали мегардад. Бунёди давлат бар асоси арзишҳои инсонӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои ҷомеаи демократӣ бо қабули Кониститутсия ки дар он иродаи мардум таҷҷасум мегардад, имконпазир мебошад. Кониститутсия дар рӯшди ҷомеаи озоду демократӣ нақши созгор дорад. Ҳар як давлат боҳамон масире рӯшд менамояд, ки дар қонуни асоси муқарар шуда аст ва онро халқ дар райпурсии озоду демократӣ ҷонибдори намудаанд. Ба ҳамин хоти Кониститутсия бахтномаи ҳар миллат аст, ки таввасути он бо таъмини қонуният ба ояндаи дурахшон роҳ пайдо менамоянд. Волоияти қонун кафили рӯшди ҷомеа аз ҳамон масирест, ки дар Кониститутсия муқарар шудааст. Таъмини иҷрои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд василаи муҳими амалисозии ҳокимияти халқ мебошад ва баҳри инкишофи ҷомеаи демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёд заминаро фароҳам меоварад.

  Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мардуми Тоҷикистонро вориди марҳилаи нави давлатдори гардонид. Бори нахуст баъд аз чанд садсола миллати тоҷик соҳиби давлат шуда зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд. Миллати соҳибтамуддуни тоҷикро лозим омад, то низоми давлатдориро бар асоси арзишҳои инсонӣ ва манфиатҳои миллӣ муайян намоянд. Аз ҳама муҳим дар шароити бади сиёсӣ ва дигаргуниҳои кулли дар ҳаёти ҷомеа ба миён омада, масъалаи ҳифзи арзишҳои миллиро дар низоми қонунгузори мушахас кардан муҳим арзёби мегардид. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи навӣ рӯшду инкишоф қарор гирифт ва зарурати такмили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти ба миён омад. Инчунин дар заминаи дигаргуниҳо, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар ба вуҷуд омада буд, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии давлату ҷамъиятро бар асоси ислоҳоти кулли талаб менамуд. Мутобиқ сохтани асосҳои ҳуқуқии ҷомеа бо принсипҳои демократӣ ва ташаккули арзишҳои миллӣ дар низоми қонунгузори аз ҷумлаи ҳадафҳое буд, ки мардуми Тоҷикистон ҷиҳати расидагӣ ба онҳо иқдом намуданд. Ин буд, ки 13-уми апрели соли 1994 лоиҳаи Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Раёсати Шуроӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳокимаи умумихалқи пешниҳод гардид. Ин нахустин қадам баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёд буд. Ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи Кониститутсия асоси таҷҷасум гардидани падидаҳои демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Аз дигар тараф то чи андоза санади муҳиму тақдирсоз будани он аз сӯйи шаҳрвандон эҳсос гардида умеди онҳоро ба ояндаи дурахшон дар заминаи рӯшди демократия дар кишвар нек намуд. Зеро Кониститутсия ҳамчун санади муҳим дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон асосҳои рӯшди минбаъдаро дар заминаи устувории ҳуқуқи ба вуҷуд меоварад. Мардуми кишвар бо эҳсоси баланди ватандори ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ҷараёни муҳокимаи лоиҳаи Кониститутсия фаъолона иштирок намуда, як қатор пешниҳодҳо низ ба миён оварданд.  Билохира баҳри таъмини адолату озодӣ ва ташаккули ҷомеаи демократӣ мардуми Тоҷикистон 6-уми ноябри соли 1994 Кониститутсияи худро қабул намуданд.

  Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик баъд аз Истиқлолият ин қабули Кониститутсия мебошад. Бо қабули он мардуми тоҷик тақдири ояндаи миллатро дар низоми ҳуқуқи ва давлатдори мушаххас намуданд, ки ин раванд ба шаклгирии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ ва рӯшди ҷомеаи демократӣ дар кишвар мусоидат намуд. Халқи Тоҷикистон бо қабули Кониститутсия соҳибихтиёрии миллиро таъмин намуда ҷиҳати тақвият додани давлатдории миллӣ ва амали намудани ормонҳои мардуми тоҷик иқдом пеш гирифтанд. Тамоми дастовардҳо, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлоли онҳоро ба даст овардааст, натиҷаи амали Кониститутсия ва иродаи халқи оқилу заки маҳсуб мегардад. Маҳз иродаи мардуми сулҳофар буд, ки бо қабули Кониститутсия дар муддати кӯтоҳтарин сулҳу субот дар Ҷумшури таъмин гашт. Баҳри бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ Кониститутсия сабаб гашт ва ҷиҳати таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ шароит муҳайё намуд.  Кониститутсия ин асоси эҷоди навъи давлатдори ба ҳисоб меравад. Мушаххас намудани низоми давлатдори, самти инкишофи давлат ва мустаҳкам намудани соҳибихтиёрии давлати таввасути Кониститутсия муайян ва ҳифз мегардад. Инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи принсипҳои Кониститутсия, ки ҷавҳари онро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад сурат мегирад. Давлати ҳуқуқбунёд дар рафти инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ шакл мегирад. Мустақилияти давлатӣ тавасути Кониститутсия ҳифз ва дар якҷоягӣ бо рӯшди ҷомеаи шаҳрвандӣ мустаҳкам мегардад.

  Бо эълон намудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар сатҳи Кониститутсия масири давлатдории миллӣ боз гардид. Ин қадами муҳим баҳри мустаҳкам намудани Истиқлолияти давалтӣ ба ҳисоб рафта имкониятҳои фаровонро баҳри рӯшди ҷомеаи демократӣ ва инкишофи давлатдории миллӣ фароҳам овард. Дар шароити ҷаҳони муосир ин принсип даст дод, то Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар радифи дигар мамлакатҳои мутамаддин ҳамчун давлати озоду соҳибистиқлол арзи вуҷуд дошта бошад. Соҳибихтиёри барои як давлати миллӣ принсипи бо арзиш ба ҳисоб рафта, онро ҳамчун кафили давлат ва бақои миллат ҳифз менамоянд. Иникос гардидани манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ дар сатҳи Кониститутсия як қатор имкониятҳоро баҳри ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва  арзишҳои миллӣ дар дохили кишвар ва берун аз он эҳё намуд. Бо таъмини соҳибихтиёри ҳадафҳои минбаъдаи кишвар дар роҳи давлатдори муайян гашт, ки ин раванд баҳри ташаккули қонунгузории миллӣ мусоидат менамояд. Дар шароити имрӯз ки ҷаҳон аз давлат-миллатҳо иборат аст, соҳибихтиёри асоси рӯшди ҷомеаи демократӣ ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд дар пиёда сохтани ғояҳои демократия вуҷуд доштани истиқлоли миллӣ мадди назар гардад, вале бо ташаккули давлатҳои миллӣ ва афзӯдани нуфӯзи онҳо дар муносибатҳои сиёсӣ вуҷуд доштани соҳибихтиёри ва мустақилияти миллӣ ҷиҳати бунёди давлати демократӣ амри ногузир мебошад. Зеро дар рафти воқеӣ намудани падидаҳои демократия дар тамоми қишрҳои ҷомеа имконияти ба амал омадани мушкили дар сатҳи шинохти миллии он қишрҳо, мавқеи иҷтимоии онҳо нисбат ба дигар қавмиятҳо ва ё ҷой доштани афзалияти миллӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад. Инчунин бо таъмини тамоми ҳуқуқу озодиҳо бо такя ба принсипҳои демократӣ ба вуҷуд омадани ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ дар давлатҳои федерали имкон дорад. Аз ин рӯ бо назардошти инкишофи давлатҳои миллӣ вуҷуд доштани истиқлол ва озодии миллӣ баҳри роҳандози намудани демократия шарти зарури ба шумор меравад. Муҳим аз ҳама он буда метавонад, ки ҷомеаи демократӣ дар давлати миллӣ қобилияти рӯшди мустақилонаро касб менамояд. Тавонмандии як миллат дар рафти демократикунонии ҷомеа зоҳир мегардад. Қудрати миллиро соҳиб шудани як миллат дар ташаккул додани давлати демократӣ мебошад. Зеро дар давлати демократӣ халқ асоси инкишофи самтҳои мӯҳими давлатдори маҳсуб мегардад. Демократия дар ҳокимияти халқ таҷассум гашта он ифодагари ормонҳои миллат ва иродаи халқ мебошад.

  Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз давлати соҳибихтиёр эълон намудан, демократӣ будани давлатро низ эътироф намудааст. Демократия ба сифати як принсипи муҳим ва мақсаднок дар заминаи соҳибихтиёрии давлатӣ инкишоф меёбад. Дар замони муосир таъмини ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон аз шартҳои муҳим баҳри рӯшди ҷомеаи демократӣ маҳсуб мегардад. Дар ҷомеаи демократӣ иродаи халқ асоси инкишофи низоми намояндагии халқ буда, баробарҳуқуқии онҳоро таъмин менамояд. Тарақиёти ҷомеа бо роҳи демократия дар якчанд марҳила сурат мегирад, ки дар натиҷа тамоми ғояҳои он воқеӣ мегардад. Инкишофи ҷомеаи демократӣ ба суръати рӯшди маданияти он дар шуури ҷамъият вобастагӣ дорад. Омодасозии мафкураи ҷомеа баҳри пазириш ва зиндагӣ дар доираи принсипҳои демократӣ, инчунин инкишоф додани фарҳангӣ ҳуқуқӣ, боло бурдани хиради сиёсӣ ва маданияти демократӣ аз масъалаҳои зарури дар таъмини ҳокимияти халқ мебошад. Маданияти демократи заминаро барои рӯшди демократия омода месозад. Сатҳи баланди дониш ва ахлоқи иҷтимои, ки эҳтироми ҳуқуқҳои якдигарро дар рафтори инсонҳо ташаккул медиҳад, васила баҳри шаклгирии маданияти демократӣ буда баҳри бунёди давлати демократӣ замина шуда метавонад. Масъалаи риоя ва таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба рӯшди маданияти демократӣ дар ҷамъият вобастагӣ дорад ва марҳила ба марҳила такмил меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлол гаштан баҳри демократикунонии ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои волои инсони ба як қатор комёбиҳои назарррас ноил гаштааст. Дар такомули арзишҳои демократӣ ва рӯшди давлати демократӣ дар Тоҷикистон нақши Кониститутсия муҳим арзёби мегардад. Давлати демократӣ давлате мебошад, ки дар он ҳокимияти халқ бартари дошта, иродаи халқ аз асоситарин унсури давлатдори ба шумор меравад, ки дар Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 6 ифода гаштааст. Бад ин тариқ халқи Тоҷикистон соҳибихтиёр ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлати эълон гардид. Муарифии Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ки ҳокимияти халқ дар он бартари дорад дар моддаи мазкур мушаххас гашта халқ манбаи соҳибихтиёри ва истиқлолияти давлатӣ муайян шуда аст. Соҳибихтиёрии халқ воситаи роҳандозии ҳокимияти халқ ба шумор рафта худмуаянкунии сиёсиро таъмин менамояд. Ҳимояи манфиатҳои мардуми танҳо бо соҳибихтиёр будани халқ имконпазир аст. Ҳамчунон сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ дар самти демократи кунонидани ҷомеа авлавият дорад ва бо ин тарз манбаи ҳокимият ва қудрати давлатӣ будани онҳоро таъмин менамояд. Эътирофи халқи Тоҷикистон ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлати шароит фароҳам овард то халқ дар раванди ташкилу фаъолияти мақомоти намояндагӣ, иҷроия ва судӣ иштирок намоянд. Нақши халқ дар ташкил ва фаъолияти мақомотҳои олии давлатӣ ба воситаи вакилони онҳо ва ё бевосита тавасути интихобот сурат мегирад. Халқ орзу ва ормонҳои худро бо ширкат дар интихоботи озоду демократӣ амали менамоянд. Ҳамин тариқ рӯшди ҷомеаи демократӣ дар рафти таъмини ҳокимияти халқ, ифодаёбии адолат ва озодиҳои инсон буда, марҳилаи инкишофи соҳибихтиёрии халқ маҳсуб мегардад.

  Рӯшди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз як зовия ҳамкори миёни шаҳрвандон ва ниҳодҳои давлатиро ба роҳ мемонад, танҳо дар давлати демократӣ, ки дар он гуногунандешии сёсӣ ва фазои озоди мафкӯравӣ таъмин аст, имконпазир мебошад. Набудани гуногуншаклии мафкӯравӣ дар ҷомеа ва ё ба роҳ мондани низоми идораи давлатӣ бар асосӣ як мафкӯраи таҳмилӣ, амали ғайри қобили қабул дар замоин муосир ба ҳисоб меравад. Баҳри рӯшди ҷомеаи демократӣ вуҷуд доштани гуногунандешии сиёсӣ шарти зарури буда, ба ин васила ҳуқуҳои сиёсии шаҳрвандон таъмин мегардад.  Бояд тазакур дод, ки яке аз рукнҳои муҳими давлати ҳуқуқбунёд ва демократӣ маҳз принсипи кониститутсиони, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкӯравӣ мебошад. Ин аз принсипҳои асосии Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар моддаи 8 ба он кафолат дода шуда аст. Тоҷикистон ҷиҳати бунёди давлати демократӣ бо роҳи қабули Кониститутсия тавонист арзишҳои демократиро, ки асоси онҳо ҳокимияти халқ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад, ҳамчун арзишҳои воло ҳифз намояд. Махсусан кафолати Кониститутсия дар хусуси он, ки инкишофи ҳаёти ҷамъияти дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ таъмин мешавад, аз унсурҳоест, ки ҷомеаи демократӣ онро талаб менамояд. Ҳамзамон муқарар намудани як мафкӯра ба сифати мафкӯраи давлатӣ ҳуқуқҳои шаҳрвандонро маҳдуд месозад ва нақши халқ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа коҳиш меёбад.  Бо дарназардошти ин ҳама Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бартарият надодан ба ягон мафкӯра ишора намуда, гуногунандешии сёсиро кафолат медиҳад ва баҳри ҳимоя аз манфиати гӯруҳҳои иҷтимоӣ тавасути ҳизбҳои сиёсӣ, ки асоси таҷҷасум гардидани равияҳои гуногуни сиёси ва мафкӯравӣ дар ҷамъият мебошанд, заминаро фароҳам намудааст. Ҳамин тавр Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар Конистититутсияҳои давлатҳои демократӣ Кониститутсияи устувор баҳри инкишофи ҷомеаи демократӣ маҳсуб мегардад. Ба сифати арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд замина баҳри ташаккули давлати ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Нақши Кониститутсия дар инкишоф ва рӯшди ҷомеаи демократӣ муҳим мебошад. Халқи Тоҷикистонро саодати бузурге насиб гаштааст то марҳилаи бунёди давлати миллии хешро бо такя ба Кониститутсия, ки асоси ҳама пешравиҳо дар кишвар мебошад ба роҳ бимонанд.

Нусратуллои НАЗАРИЁН

донишҷӯйи соли чорум, бахши ҳуқуқшиносии ДМТ

Хондан 1343 маротиба