Мусаллам аст, ки Рӯзи ҷаҳонии фалсафа аз сӯйи Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО панҷшанбеи севуми моҳи ноябри ҳар сол муқаррар гардидааст. Нахустин маросими бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии фалсафа дар таърихи 21 ноябри соли 2002 иттифоқ афтодааст. Дар аксари кишварҳои дунё Рӯзи ҷаҳонии фалсафа панҷшанбеи севум ва ё охири моҳи ноябри сол таҷлил мегардад ва дар ин рӯз, ғолибан гузоришу суҳбатҳои файласуфони шинохта мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор мегиранд. Дар Фаронса баъзан се рӯзро барои таҷлили ин Рӯзи ҷаҳонӣ ихтисос медиҳанд ва дар доираи чорабиниҳои фалсафӣ баҳсу мунозироти фалсафӣ бо ҳузури фаъоли занону бонувони файласуфи фаронсавӣ доир мегардад. Дар мамолики пасошӯравӣ суннати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии фалсафа густариш пайдо намуда, дар ин замина ибтикороти зарурӣ рӯйи даст гирифта мешавад. Ба ин маънӣ, дар Федератсияи Россия, Украина, Белоруссия имсол 19 ноябр ба унвони Рӯзи ҷаҳонии фалсафа таҷлил мегардад. Дар ин рӯз гузоришҳои илмӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, нишастҳои ихтисосӣ, намоишгоҳҳои ҳунарӣ, мубоҳисоти фалсафӣ ва маҳофили илмӣ гузаронида мешаванд.
Ҷаҳони имрӯза ва шаҳрвандони ҳамаи кишварҳои дунё оғоз аз аввали соли 2020 ба касалии сирояткунанда ва зуд паҳншавандаи «коронавирус» дучор гардидаанд, ки вобаста ба он бисёри корхонаю идораҳо бевосита аз шакли моликияташон фаъолияти худро дучанд паст кардаанд, ё ин ки муваққатан қатъ намудаанд. Чунин зуҳуроти ба амал омада шумораи бекоронро боз ҳам зиёд намуд ва он ба сатҳи зиндагии аҳолӣ ва вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад.
Имрӯз охирин рӯзест, ки дӯстони ҷонӣ ва ҳамкурсон аз ҳам ҷудо мешаванд. Барои Шариф, Нилуфар, Сурайё ва Ҷовид рӯзи вазнин аст. Имрӯз рӯзест, ки онҳо ба роҳи зиндагии мустақилонаи худ равона мешаванд, чунки курси панҷумро хатм кардаанд. Дипломҳояшонро ботантана гирифтанд. Ба ҳамин хотир, ба ин хулоса омадаанд, ки пеш аз ҷудо шудан аз ҳамдигар ва ба шоҳроҳи мустақили зиндагӣ қадам задан, дар тарабхонаи “Саодат” нишаста, охирин маротиба даврони донишҷӯияшонро ҷамъбаст намоянд. Ҷойи нишастро интихоб карданду нишастанд. Дар болои мизе, ки нишаста буданд, феҳристи номи хӯрокҳо гузошта шуда буд. Духтари зебое, ки вазифаи пешхизматиро адо мекард, назди онҳо омад. Онҳо хӯрокҳоро интихоб намуданд. Дар варақа-бейҷик, ки пеши бари пешхизмат насб шуда буд, бо ҳарфҳои калон вожаи “Фирӯза” намоён мешуд ва аз ин тариқ аён мегардид, ки ин исми хос ба духтари пешхизмат иртибот дорад.
Дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмии аксарияти давлатҳо, аз он ҷумла, давлатҳои пасошӯравӣ рушди инноватсионӣ тайи чанд даҳсолаи охир ба масъалаи бениҳоят мубрам табдил ёфтааст. Баъзеи ин кишварҳо, иқидори истеҳсолӣ ва илмӣ-техникии худро нигоҳ дошта, аз содироти маҳсулоти нафтӣ даромади зиёд ба даст оварда, қисмати зиёди ин маблағҳоро ба фондҳои махсус барои наслҳои оянда сафарбар намуда, роҳҳои тараққиёти ояндаи худро муайян намуданд. Давлатҳои сатҳи тараққиёташон паст бошад, ба мушкилиҳои зиёде мувоҷеҳ гардиданд, ки мутаассифона ба гуруҳи ин кишварҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилии дохилии муқовимати шаҳрвандӣ дохил мешавад.