JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 26 Ноябри 2020 07:59

Оё медонед, ки…

Муаллиф:

…аз 170 минерали то имрӯз маълуми мис танҳо 17- тоаш аҳамияти саноатӣ доранд.

…минералҳои аҳамияти саноатӣ доштаи мис инҳоянд: халкопирит, борнит, халкозин, ковеллин, энаргит, малахит, хризоколла, халкантит, куприт ва ғ.

…аз минералҳои ҷинсҳои беҳосил дар таркиби маъданҳои мисӣ кварс, калсит, шпати саҳроӣ ва ғ. бештар паҳн шудаанд.

 Дар миёни шеърҳои устод Лоиқ як навъ шеъре нуфузи бештаре аз навъҳои дигаре дорад, ки то ҳол дар нақд ва адабиётшиносии мо номи он мушаххас нашудааст. Ин навъи шеър на он «шеъри конкрет», на он «шеъри мавзӯ», на он «шеъри рӯз», на он «шеъри отиф» ва на он «шеъри андеша» аст, ки мегуфтему мегӯему менависем. Ин шеърест, ки дар он ҳамзамон ҳам лаҳзаҳову саҳнаҳову ҷузъиёти зиндагии воқеъ, ҳам манзараҳои маҳсуси табиат, ҳам ҳолат, отифа, андеша, таассурот ва тасаввуроти инсони замин дар фазо ва муҳити муайяни иҷтимоиву сиёс бозтоб ёфтааст. Ва дар он «таносубу тасвирҳои шоирона аз рӯйи зарурат ва танҳо ба тақозои мавзӯъ ва дар таносуб ба табиати ашёи тасвир офарида мешавад. Аз ин сабаб як шеър дигареро такрор намекунад. Ҳар шеър «макон, замон, унвон ва фазои парвоз дорад» ва аз як ҳолати муайян, рӯҳияи муайян ва эҳсосоти муайян дарак медиҳад» [4]. Аз ин сабаб онро наметавон сирф ба «шеъри отиф» ва ё «шеъри андеша» ва ё «шеъри тавсиф» ва ё «шеъри тасвир» ва ё ҳар навъи дигари шеър ҷудо кард. Агар гоҳе ҳам чунин коре карда мешавад, гумон мекунам сирф ба хотири осон гардонидани дарк ва маҳдуд намудани доираи таҳлилҳои илм ва нақду баррас дар замина мебошад.

  “Парчами миллӣ” яке аз рамзҳои муҳими Истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

  Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободию осудагии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми воҳиди Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои  Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва  меоянд.

Китобҳо