Асри XXI, ки асри илму технология аст ва тасаввур кардани ҷамъияти имрӯза бидуни интернет ғайриимкон аст. Қуввае нест, ки боиси монеаи пешрафт ва инноватсияи интернет гардад, зеро ки дар шароити имрӯза он яке аз талаботҳои асосии ҷамъият ба шумор меравад. Мо наметавонем ба муқобили интернет баромад кунем ва онро ҳамчун зуҳуроти манфӣ маънидод намоем. Ин ҳам мисли дигар ихтирооту кашфиёти инсоният аст, ки истифодаи он аз худи инсон вобастагии зич дорад, зеро интернет маҳсули дасти инсон аст ва ба кадом оқибатҳо овардани он низ аз инсонҳо вобастагӣ доред. Далели ин гуфтаҳо ихтирои атом мисол шуда метавонад, ки Алберт Эйнштейн онро барои нерӯи барқ офарида буд, вале баъдан инсоният онро ҳамчун силоҳи қатли ом истифода бурд. Дар ин ҷо ба хулосае омадан мумкин аст, ки истифодаи дуруст ё нодурусти ин ё он технология аз инсонҳо вобастагии калон дорад.
Асри ХХ бо назардошти зуҳурот ва моҳияти воқеаву фоҷеаҳои дар ҳаёти инсони муосир бавуҷудомада, ки баъзе аз онҳо аз рӯи миқёси худ бебақоии мавҷудияти башариятро дар ҷаҳон ба намоиш гузоштанд, бесобиқа буд. Тағйироту таҳаввулоти дар соҳаҳои мухталиф руйдода, аз ҷумла, муносибати инсон ба сайёра, инчунин, ба қисме аз фазои кайҳонӣ, ки онро инсон аз худ карда истодааст, муносибатҳои байни давлатҳои ҷаҳон, ки ба тақдири башар, ба вижа, табиати ихтилофоти байни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва субъектҳои сиёсии сатҳи байналмилалӣ таъсир мегузоранд, на ҳама вақт дуруст дарк карда мешаванд.
Санаи 24 ноябри 2020 нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия баргузор гашт.
Федератсияи Россия ва Тоҷикистон шарикони стратегӣ мебошанд ва инчунин ин давлат шарики асосии тиҷоративу иқтисодии ҷумҳурии мо аст. Ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ ва ҳарбӣ-техникӣ низ байни кишварҳои мо фаъолона ба роҳ монда шудааст.
Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар давоми сафари худ бо роҳбарияти олии Федератсияи Россия мулоқотҳои судманд анҷом доданд.