JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 05 Апрели 2021 05:27

Назаре ба таърихи қасри илми тоҷик

Муаллиф: Қориева Р.А., Холов А.

Ба пешвози 70-ум солгарди

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

  Сарфароз намудани Академияи илмҳо бо мақоми миллӣ, ки 18 марти соли 2020 дар вохӯрӣ бо олимон ва аҳли эҷоди кишвар аз минбари баланд дар суханронии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод, барои аҳли илм тӯҳфаи бебаҳост ва иқдоми нави навбатии Сарвари оқилу доно ва пешбару заковатманди мо мебошад.

  Одатан дар арафаи ҷашни бузург ба солҳои тай карда, ба солҳои гузашта, чун ба корвони зиндагӣ ва фаъолияти хеш менигаред ва он шахсонеро, ки солҳо муқаддам аз таҳкурсии ин муассисаи илмиро гузоштаанд, як-як ба хотир меоваред.

  Дар солҳои 30-ми қарни гузашта дар Тоҷикистон корҳои мунтазами илмӣ-таҳқиқотӣ оғоз ёфта буданд, ин корҳо бо ёрии олимони Академияи фанҳои СССР чун экспедитсияҳои комплексӣ гузаронида мешуданд ва ба омӯзиши таърих, маданияти миллӣ ва тамаддуни халқи тоҷик, захира ва боигариҳои табии республика, барои офаридани марказҳои таҳқиқотӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ равона буданд. Натиҷаҳои ин экспедитсияҳо, ки дар он солҳо мутахассисони гуногун – географҳо, геологҳо, геодезистҳо, ботаникҳо, зоологҳо, иқтисодчиён ва дигар мутахассисонро муттаҳид намуда буданд, дар оянда таҳкурсии корҳои илмӣ-тадқиқотии мунтазам ва мақсадноки олимони Тоҷикистон гардиданд.

   Бо қарори комиссияи Академияи фанҳои СССР, январи соли 1933 базаи тоҷикистонии АФ СССР кушода гардид ва якумин директори ин базаи илмӣ академик С.Ф. Ольденбург таъин мешавад. База секторҳои геология, ботаника, зоология ва паразитология, хокшиносӣ ва илмҳои гуманитариро дар бар мегирифт.

   Соли 1941 базаи тоҷикистонии Академияи фанҳои СССР ба филиали республикавии АФ СССР табдил шуда, ҳамчун маркази мутобиқкунандаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ки дар республика гузаронида мешуданд, хизмат мекард. Аз рӯзи ташкилшавии филиал олими машҳур, академик Е.Н. Павловский ба он роҳбарӣ кард. Генерал-лейтенанти хизмати тиббӣ, академик Е.Н. Павловский зиёда аз шаст соли умри худро ба хизмати илм бахшидааст.

  Арбоби давлатӣ, ки он солҳо дар аппарати Совети Комиссарони Халқи республика кор мекарданд ва ҷонинишини ғайриштатии раиси филиали Тоҷикистонии АФ СССР интихоб шуда будаанд, Ҳотам Ҳакимович Солеҳбоев дар китоби ёдоштҳои худ «Замон ва одамон» дар бораи Е.Н. Павловский беҳтарин суханҳо овардаанд: «Е.Н. Павловский – як одами фавқулодда дилрабо, маълумотноку маданӣ, мустаҳкамирода ва заковатманд буд… Ба шогирдони худ дониши васеъ, меҳру-муҳаббат ба илм ва меҳнатдӯстиро меомӯзонад». Сонитар собиқ Президенти Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон Муҳаммад Сайфидинович Осимов хизматҳои Е.Н. Павловскийро тавсиф намуда, чунин навиштанд: «Хизмати ӯ дар ривоҷу равнақи таҳқиқоти тиббӣ-биологӣ дар Тоҷикистон, дар ташкили муассисаҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ ниҳоят калон аст». Ҳарчанд ташкилшавии филиали тоҷикистонии АФ СССР ба солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва солҳои вазнини баъд аз ҷанг рост меояд, аммо фаъолияти илмии филиал ба инкишоф ва такмилдиҳии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Тоҷикистон равона буд ва дар оянда мусоидати намоён намуд. Дар муддати даҳ сол фаолияти асосии филиал ба тайёр кардани базаи моддию-техникӣ барои ривоҷ додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ба омода кардани кадрҳои илмии маҳаллӣ, кадрҳои боистеъдод, ки дар оянда мустақилона тавонанд кор кард, равона буд.

  Натиҷаи самаранок ва наҷиби корҳои олимони филиали тоҷикистонии АФ СССР шароитҳо фароҳам намуд, ки 14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон таъсис гардад. Ба ҳайати Академияи нав таъсисёфта 3 аъзои фахрӣ: академикҳо А.Н. Несмеянов, Е.Н. Павловский, К.И. Сатпаев, 11 академикҳо ва 14 аъзо-корреспандентон дохил шуданд. Аввалин Президенти Академияи фанҳои Тоҷикистон, сардафтар ва поягузори адабиёти муосири тоҷик, арбоби барҷастаи илму маърифат, аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон соҳибистиқлол Садриддин Айнӣ интихоб шуданд.

  Бамаврид аст, ки дар ин ҷо сатрҳои дурдонаҳое, ки дар бораи устоди бузург, муаллифи китоби сарнавиштсози миллат «Намунаи адабиёти тоҷик» Садриддин Айнӣ навиштаҷот шудаанд ва мусанниф ва мураттиби энсиклопедияи «Тахти сомон» Назрӣ Обидов дар аввалин саҳифаҳояш овардаанд, барои хонандагони ин мақола низ такроран хотирасон намоем: «Дар саромади маданияту фарҳанги миллии ҳар як халқи ҷаҳон ашхоси заковатманде қарор мегирад, ки пайдоиш ва тараққии он бо номи пуршарафи онҳо зич алоқаманд аст, - нигоштааст Абдуалӣ Мирзомуддин – Фарзанди фарзонаи барӯманди миллати тоҷик С. Айнӣ яке аз чунин ходимони барҷастаи фарҳанги мардуми тоҷик мебошад». Албатта, ҳар бузург ва донишманд дар таърихи миллат мақоми худро дорад ва ҳеҷ кадоми онҳо фаромӯш намешаванд. Устод С. Айнӣ, бидуни муболиға чеҳраи нотакрор ва ҷовидонӣ мебошад.

  Аз соли 1957 то сои 1964 Академияи илмҳоро яке аз олимони шинохтаи соҳаи физика, дуюм Президенти Академияи Фанҳои Тоҷикистон, академики Академияи фанҳои Тоҷикистон ва Академияи фанҳои Узбекистон, ташкилотчии боистеъдоди илм ва арбоби намоёни давлатӣ Султон Умарович Умаров сарварӣ намудаанд. Айнан дар ҳамин солҳо инкишофи ҳамаи соҳаҳои илм, хусусан илмҳои дақиқ, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавон дар шаҳрҳои Москав, Ленинград (Санкт-Пеербурги имрӯза), Минск, Новосибирск, Боку ва Тошканд вазифаи аввалиндараҷаи корҳои илмии Академия буданд ва ин корҳо танҳо бо ташабус ва маҳорати баланди ташкилотии Султон Умарович гузошта шудаанд. Ин саҳми арзанда ва беназири он кас дар саҳифаҳои тарихи ин Қасри илм абадӣ хоҳанд монд. Яке ин ташаббусҳои наҷиби С.У. Умаров – дар ин марҳилаи тарихӣ, соли 1964 дар сохтори Академия ба вуҷуд омадани се Институт – Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, Институти физология ва биофизикаи растанихо ва Институти экономика мебошад. Муалифони ин мақола, кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, собиқадорони меҳнат, бо фаъолияти пурмаҳсул ва беназири Султон Умарович дар соҳаи илми физика ва корҳои наҷиби ташкилии он кас вобаста ба имрӯз ва фардои илми тоҷик шиносанд. Институти физикаю техника, ки номбардори С.У. Умаров мебошад, дар ҳама вақту замон яке аз институтҳои пешбар дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҳоло Институт,

 - Маркази байналмилалии таҳқиқоти ядроӣ–физикӣ

 - Маркази омӯзиш ва тадқиқоти манбаъҳои барқароршавандаи энергия,

 - Шӯбаи наномаводҳо ва нанотехнология,

 - Сектори физикаи назариявӣ ва 6 озмоишгоҳҳоро дар бар мегирад, ки ҳар яки онҳо, бо дастовардҳои худ чи дар ҳалли масалаҳои ҷорӣ намудани натиҷаҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар истеҳсолот, чӣ дар бардоштани сифати пешниҳоду тавсияҳо ва такмил додани онҳо ва чи дар тайёр кардани мутахассисони ҷавони боистеъдод, ҷойи алоҳидаро ишғол менамоянд.

  Бинобар ин тайёр намудани кадрҳо бо воситаи магистратура ва докторантура, инчунин бо таҷрибаомӯзии мақсаднок дар Россия ва кишварҳои хориҷи дуру наздик дар фаъолияти илмии Институт аввалиндараҷаанд. Имрӯз бе илму иноватсия, технологияи иттилоотиву коммуникасионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ корҳои илмиро тасаввур кардан мушкил аст. Аз ин рӯ, тафаккури техникии ҷомеаро, хусусан ҷавононро бояд тақвият бахшем. Бо ҳамин мақсад солҳои 2020 – 2040 бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзи эълон карда шудаанд. Ин иқдоми неки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди тафакури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа албатта мусоидати мусбат намуда, шоистаи таҳсин мебошад. Лоиҳаи мазкур кормандони илмии Институтро водор месозад, ки нақшаҳои илмии худро аз нав дида бароем, аз назар гузаронем, ки онҳо ба талаботи имрӯза мувофиқ бошанд, такмил додани корҳои илмӣ–таҳқиқотии Институт, мукаммал намудани корҳои фундаменталӣ ва амалӣ бо истеҳсолот, ки ҷавобгӯ ба талаботи замони ҳозира бошанд.

  Бояд ҳаминро қайд намоем, хотирнишон кунем, ки аз кӯшишу ғайрати ҷавонон дар донишомӯзи, завқи онҳо ба кор бо адабиёти илмӣ аз соҳаҳои гуногуни илми физика, онҳо интихоб намудаанд, шуғлу ҳавас ба навигариҳои мухталифи сиёсию фарҳангии ҷумҳуриявию ҷаҳонӣ, ки ҷаҳонбинии онҳоро ғанӣ гардонида ба тафаккури зеҳнӣ ва рушди шахсият, ахлоқи ҳамида, худшиносӣ, ватандӯсти, илм ва маърифатпарварии онҳо таъсири бонуфуз менамоянд.

  Якчанд сол аст, ки бо ташабуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон як қатор қонуну санадҳо доир ба ояндасозони диёри тоҷикон, ба маърифатнокӣ ва адабнокӣ, баланд бардоштани сатҳи маънавӣ ва донишомӯзии онҳо, мисоли Қонун оиди соли 2017-ум қабул кардани соли ҷавонон ва бошукӯҳ, ҷашнгирии он шаҳодат медиҳад, ки Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавонони кишвар боварӣ ва орзуҳои беназир, маънавиёти ғанӣ ва бомаданиятӣ умедворанд. Мавриди қайд мешуморем, ки суханони Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри таваҷҷӯҳи ҷиддии олимон ва донишмандон ба таърихи халқи тоҷик оварем – «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».

  Аз соли 1965 то соли 1988 устод Муҳаммад Сайфиддини Осимӣ, академик, олими барҷаста, ходими ҷамъиятӣ ва давлатӣ, файласуф ва физик, сарвари Академияи илмҳои Тоҷикистон буданд, олиме буданд, ки аз ҳама бурду бохти илму фарҳанги тоҷик иттилоъ доштанд. Фаъолияти серқирраи устод М.С. Осимӣ ба амалӣ гардондани орзую ниятҳои устод С. Айнӣ ва С.У. Умаров, собиқ президентони Академияи илмҳои Тоҷикистон равона буд ва дар он солҳо якчанд Марказхои илмӣ – таҳқиқотии Институтҳо дар сатҳи баланд ва муваффақ ба талаботи он солҳо буданд.

  Муаллифонии мақола лозим мешуморад, ки суханҳои беҳтарини устод М.С. Осимиро оиди худшиносӣ манзури хонандагон намоянд; «Худшиносӣ диққати файласуфонро аз қадимулайём ба худ ҷалб кардааст. Ҳанӯз файласуфони Юнони Қадим мегуфтанд: худатро шинос! Дар фалсафаи тоҷик мафҳуми худшиносӣ мавқеи хосеро ишғол мекунад. Ҳамаи нависандагону файласуфон ин масъаларо мавриди муҳокима қарор додаанд. Албатта ҳар як инсон бояд худашро шиносад, ба фикри мо, худшиносӣ пеш аз ҳама шинохтани мавқеи худ дар зиндагист. Кас дар ҷамъият чӣ гуна мавқеъро ишғол мекунад, ба кадом кор лаёқат дорад, кадом корро ба сомон расонида метавонад ва чӣ нафъе ба ҷамъият меоварад, аз меъёрҳои асосии худшиносианд».

  Институти физикаю техника дар ҳама вақту замон яке аз институтҳои пешбар дар сохтори Академияи миллии илмҳо ба ҳисоб меравад ва дар ояндаи дуру наздик чунин хоҳад монд. Боварии комил дорем, кормандони илмии Институт, хусусан ҷавонон ин меъёрҳои худшиносиро, ки бузургон чун мерос мондаанд, дастурамал дониста, ба қуллаҳои баланди илм ноил мешаванд. Дар сафи аҳли илм будан – ин худаш ифтихор аст.

   Ин насиҳати олими барҷастаи рус, хирург – анатом Н.И. Пирогов айни мудаост: «Ба роҳи илм ва ҳақиқат чунин содиқона ва садоқатмандона хизмат кунед, ки дар даври пириатон ҷавонии бенуқсони худро ба ёд оварда, ҷавонии дигаронро ҳурмат тавонед кард».

 

Муаллифон:

Қориева Р.А.

Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии

маориф ва илми Тоҷикистон, ходими пешбари

илмии Институти физикаю техникаи ба номи

С.У. Умарови АМИТ, номзади илмҳои техникӣ.

Холов А.

Мудири лабораторияи физикаи кристаллҳои

Институти физикаю техникаи ба номи С.У.

Умарови АМИТ, Аълочии маориф ва илми

Тоҷикистон, номзади илмҳои химия.

 

Хондан 1030 маротиба