JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 07 Апрели 2021 05:45

Назаре ба таърихи «Арӯси сол» - Гули Лола

Муаллиф: Муродова Тоҷинисо

  Дар фарҳанги тоҷикон Гули Лола, ки бо номи «Арӯси сол» машҳур аст, дар фасли баҳор ҳама дашту чаманзор ва саҳроҳоро гулгун мекунад. Мувофиқи маълумоти муҳакқиқон, Гули Лола дорои навъҳои зиёде аз 100 то 150 гуна аст. Ҷою макони аслии Лолаи худрӯ, мувофиқи маълумоти сарчашмаву расонаҳои интернетӣ, Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Ин гули зебои худрӯи айёми баҳорӣ бештар дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Самарқанду Бухоро, Туркия, Сурия, дар соҳилҳои баҳрҳои Арал, Хазар, Сиёҳ, ҳамчунин Юнону Италия, Ҳоланду Испания ва Африқо мерӯяд. Аммо дар байни кишварҳои Шарқи форсу тоҷик ва туркзабон-Эрон, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркия ва Озорбойҷон гули лола нуфузи зиёд дорад. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқон Амана Ҳонда ва Э. Попов, дар Эрон 19 хел аз шаклҳои гули лола мерӯяд.

  Аз нуқтаи назари гиёҳшиносӣ, лола ба ду гурӯҳи калон – парваришӣ ва худрӯ тақсим мешавад. Баргҳои лолаи худрӯ нозуку ҳассос ва зуд осебпазир аст. Аммо гулҳои лолаи парваришшуда бузург ва гулбаргҳои нисбатан бақуввати тобовару пуртоқат дорад. Ҷоми ин гулҳои парваришӣ калонтар ва аз ҷиҳати рангомезӣ ғанитаранд. Лолаҳо ба таври умумӣ дар чор табақаи куллӣ тақсим мешаванд: а) лолаҳои зуд гулдиҳанда, ки ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: 1. Лолаҳои зудрӯяндаи такпар, гули нисбатан қадкӯтоҳ буда, 15-45 сантиметр баландӣ дорад. 2. Лолаҳои зудрӯяндаи серпар, ки бештар аз шаш гулбарг дорад; б) лолаҳои миёнрас, ки онҳо низ аз ду гурӯҳ иборатанд: 1. Лолаҳои пирӯзӣ, ки аз ҷиҳати навъу аъдод бузургтарин гурӯҳи гулҳои лола мебошанд; 2. Лолаҳои дурагаи Дарвин - баландии ин гул ҳудуди 50-70 сантиметр аст; в) лолаҳои деррас - ба ҳафт гурӯҳ тақсим шудааст: 1. Лолаҳои дерраси такпар, ки баръакси гурӯҳи зудраси такпар гиёҳи қадбаланд аст, ки ҳудудан 45-75 сантиметр аст; 2. Гули лолаи савсанӣ, ки шакли ҷоммонанд дорад; 3. Гули ҳошиядор, ки дар лабаҳои гулбаргҳояш буридагиҳои зиёди начандон ба назаррас дорад; 4. Гули лолаи сабзи баҳорӣ – шакли нимпӯшида дорад ва гулбаргҳояш пурра сабзранг аст бо ҳошияе аз дигар ранг ё хатчаҳое аз ранги сабз дар қисмати миёнии гулбаргҳои он рангҳои дигар дида мешавад; 5. Гули лолаи Рембранд – шикастагии рангӣ ва рах-рах будани рангҳо дар онҳо дида мешавад; 6. Гули Тутӣ- лабаҳои гулбаргҳояш тоб хурдагӣ ва ба Тутӣ монандӣ дорад; 7. Гули дерраси пурпар; г) гулҳои шаклҳои махсус дошта, ба се қисмат ҷудо мешаванд: 1. Лолаҳои нилуфари обӣ, ки ба лолаҳои худрӯ монандӣ доранд; 2. Лолаҳои импературии дурага; 3. Лолаҳои шинелқирмизи дурага.[1]

  Аз соли 1981 тақсимбандии гулҳои лола тавассути Анҷумани салтанатии пиёз (реша)-и Лолаи ҳоландӣ шурӯъ шуд ва лолаҳо бар асоси шакли гиёҳ ва шаклу замони кушода шудани гул ба 15 гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар замони ҳозир аз лиҳози тавлид ва содирот решаву гулу шохаҳои Лолаи ҳоландӣ ҷойгоҳи аввал дар байни кишварҳои ҷаҳон дорад.[2]

 Умуман, дар байни тамоми гулҳои баҳорӣ гули лола ҳамчун гули «Ороиши соли нав» ва ё « Арӯси сол» дар айёми баҳорӣ ба ҳисоб меравад, зеро ки дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту теппаҳоро дар байни сабзаву гиёҳҳо махмалпӯш  ва табиатро бо ҷилваи латифи худ зебову ҳаловатбахш менамояд. Аммо, мутаассифона, ин гули худрӯи табиии зебо нисбатан умри кӯтоҳе дорад, чунки он на тоқати гармо ва на тоқати сармои сахт дорад. Ин гули «Ороиши саҳро» ниҳоят зарифу нозук буда, ҳавои баҳоронаи нарму латиф ва муътадилро дӯст медорад ва барои вай бодҳои сахту шамолҳои тунд ва офтоби сӯзон душмани қавӣ аст. Гули лола гули ишқу муҳаббат ба табиат, гули ваҳдату ягонагӣ байни гиёҳону дигар гулҳои худрӯи табиат буда ҳаргиз зараре ба ҳеҷ кадоми онҳо намерасонад. Дар айни замон он дар беҳбудии ҳолатҳои рӯҳӣ-қалбии инсон муассир аст. Аз ин ҷо, ин гули латифу ҳассос дар фасли сол як-ду моҳе рӯи қолинҳои сабзи табиат ҷавлон намуда, дар дили кас рӯшаниву сурур, ишқу муҳаббатро нисбати табиату сарзамини хеш бедор намуда, вуҷуди инсонро пур аз ҳисси меҳанпарастӣ ва ватандӯстӣ мекунад. Шахс бисёр   дӯст медорад ва мехоҳад, ки дар айёми шукуфтани гули «Арӯси сол» ба ин дашту саҳро ва сабзазорҳои пургул баромада, аз зебоии онҳо лаззат бибарад. Махсусан, сурхии гули лола ва гулҳои нозукаки худрӯи бунафшу гулобӣ, зардаку сафедак, кабудчаву суратӣ ва ранги сабзи сабзаҳои худрӯ хеле бо ҳам месозанд ва табиат аз зебоии онҳо ва боди латифи насим меболад. Кӯдакон бошанд, аз муғчаҳои навшукуфтаи гули лола арӯсак месозанду бо шавқ байни гулу сабзаҳо давутоз мекунанд.

  Хотиррасон намудан зарур аст, ки гирду атрофи кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғчаҳо ва боғу чаманзорҳои навободи шаҳри Душанбе ҳар сол дар айёми баҳор то тобистон бо лолаҳои рангоранг бо як санъату фарҳанги воло оро дода мешавад. Зебоиву таровати он ба шаҳр як нури биҳиштӣ эҷод мекунад, ки дар ин ҷо хизмати Раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ниҳоят бузург аст. Он кас бо заҳмату истеъдоди баланд тамоми фаслҳои солро мувофиқ бо ҳарорату бардошти онҳо аз табиат сабзу хуррам ва бо рангомезии гулҳо пурнақшу нигор мекунанд, ки мо шаҳрвандон аз Он кас сипосгузорӣ мекунем.

  Аз фурсат истифода намуда, аз шаҳрвандандон ва махсусан, ронандаҳои мошинҳои савора, шахсӣ ва нақлиёти мусофирбарӣ эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки мусофиронро дар истгоҳҳо пиёда кунанд, ки ба  меҳнату заҳматҳои модарону хоҳарон ва бародарони хеш, ки дар киштукошти гулзору чаманзорҳо ва ободии шаҳр ширкат меварзанд, эҳтиромро ба ҷо биоранд ва рӯи гулгаштҳо, ки неъмат аст, по нагузоранд, дигар пасмондаҳои даҳону чизҳои нозаруриро напартоянд ва ҳамчунин мошинҳояшонро нагузоранд. Зеро ки неъмати Худо танҳо нону об нест, балки ҳамаи табиат ва сохтусозҳо неъмати ӯст. Махсусан, гули лола, ки мавзӯи баҳси  мақолаи ҳозир аст, ниҳоят табиат нозук дораду зуд осебпазир аст ва бо андак беэҳтиромиву беэҳтиётӣ аз байн меравад. Умедворам, ки хонандаҳои азиз аз ин хоҳишҳои мо дилгир нашаванд ва ҳамчун як хоҳиш ин ҷумлаҳои болоро ба эътибор гиранд.

 Чунонки дар боло гуфтем, гули лола бо унвони машҳуртарин гули худрӯ дар фарҳангу адаби тоҷику форс нуфуз ёфта, бисёре аз мутафаккирону шоирон онро дар ашъори хеш дар шароиту лаҳзаҳои гуногун мавриди тасвиру  тавсиф қарор доданд (лолаи доғдор, лолапӯш, лоларух, лолазор, лолагун, лоласор, ҳамчунин мафҳумҳои ирфонии паймона, ҷом, соғар, қадаҳ ва амсоли инҳо дар адаби форсу тоҷик зиёд вомехӯранд). Ҳамчунин, гули лоларо дар лаҳзаҳои гуногуни пешомади зиндагӣ  ба таври рамзӣ барои баёни ҳолатҳои рӯҳӣ-қалбӣ ва андешаҳои ахлоқӣ-иҷтимоии хеш истифода намудаанд. Аз он ҷумла, Соиби Табрезӣ фармудаанд:

Мотаму сури ҷаҳон ба якдигар омехтааст,

Софу дурди ин чаман чун лола як паймона.

(Девони Соиби Табрезӣ. Т.,1374.-С.7).

Бисёр мутафаккирону шоирон барои обуранги сухан гули лоларо корбаст карданд. Чунончи, Сайидо навиштааст:

          Эй шамъ, бар сари мани гирён хуш омадӣ,

          Чашми чароғи шоми ғарибон хуш омадӣ!

          Чун барги лола доғи маро тоза сохтӣ,

          Эй шохи гул ба сайри гулистон хуш омадӣ!

          (Сайидои Насафӣ. Асар. мунтахаб. Д.,1977.-С.488)

Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳ Рудакӣ лоларо бо забони ширину шево чунин васф намудааст:

          Бихандад лола бар саҳро,

          Ба сони чеҳраи Лайло.

          Бигиряд абр бар гардун,

          Ба сони дидаи Маҷнун.

Хайёми бузургвор дар «Наврӯзнома»-и хеш фармудаанд:

          Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,

          Бархезу ба ҷоми бода кун азм дуруст.

          Ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,

          Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.

 Дар ҷои дигар омадааст:

          Аз ҳасрати лаби ширин ҳанӯз мебинем,

          Ки лола медамад аз хоки турбати Фарҳод.

  Маъно ва мафҳуми лола. Лола ба туркӣ «Тулипо» ном бурда мешавад, ки то ба Аврупо  расидааст ва дар он ҷо ҳам ин ном машҳур аст, вале худи туркҳо дар замони ҳозир монанди мардуми тоҷику форс ин гулро лола меноманд. Номи «Гули лола» аз калимаи лол, ё лаъл аз забони санскрит ба маънои  «қирмиз» гирифта шудааст. Лолаҳо дар байни гулбаргҳояшон доғи сиёҳ доранд, ки ин рамзи доғи ишқро дорад.

  Лола пурпарчам аст, баргҳои он дорои буридагии амиқ ва камаш се қисмат ё се баргча дорад. Ҳамаи гулҳои лолаи худрӯ дорои се гулбарг ва се косабарги рангин ба шакли гулбаргҳо ҳастанд. Хонаводаи навъҳои ранги гули лола то дараҷае аст, ки метавон гуфт, тамоми рангҳоро доро мебошанд. Аз ин ҷо, гули лола дар замони ҳозир дорандаи чунин рангҳо мебошад: сурх, сафед, норанҷӣ, суратӣ, суратии бунафшаранг, бунафшаӣ, сабз, кабуд, сиёҳ, қаҳваӣ, қаҳваранг, зард ва рангҳои омехта. Ҳамаи ин гулбаргҳои рангӣ хатчаҳои сиёҳ доранд. Се номбурди гули лола – шақоиқ, шақоиқи нуъмонӣ ва лоларо медонем, ки онҳо дар айни замон гиёҳони мутафовит ҳастанд. Ин се гул ҳамроҳ бо доғҳои сиёҳ, ки дар маркази гулашон ҳастанд, ба якдигар хеле шабоҳат доранд. Вале бояд гуфт, ки як донистани шақоиқ ва лола хатост, зеро номи илмии шақоиқ “анемоне” аст ва шақоиқи нуъмонӣ – номи илмиаш “папеверсез” мебошад[3] (аммо дар асл, ҳамаи ин гулҳо аз як хонавода ба ҳисоб мераванд). Лолаи маъмулӣ бошад, баргҳои нозуки зудранҷ ва зуд аз байн раванда дорад, аммо баргҳои гулҳои шақоиқҳо пурқувваттар ва пурбардошттар буда, умрашон дарозтар мебошад.

  Гулҳои лолаи худрӯ қариб дар ҳама ҷои Тоҷикистон, махсусан дашту теппа ва боғу чаманҳои Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Данғара, Фахробод, Ховар, шаҳру рустоҳои ноҳияи Хатлон, Истаравшан, Исфара, қисматҳои кӯҳии Деваштич, теппаву доманаҳои Кӯҳистони Мастчоҳу Айнӣ, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Ванҷу Дарвоз, Вахё, Рашт, аз кӯҳҳои Помир то Тияншон мерӯянд.

  Дар Ванҷ дар Шӯрои деҳоти Водхуд дар деҳаи Узбай мавзе бо номи «Лолазор» воқеъ аст, ки мувофиқи гуфтаи муҳаққиқи озодандеши таърихи фалсафа Комил Бекзода, он маҳал аз зебоии худ касро ба ҳайрат меандозад. Ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа (Қалъаи сурх)-и Бадахшони Боло тақрибан моҳи апрел лолаҳои кӯҳистон чун арӯсаки сол қомат меафрозанд. Ба ҷуз ин, дар ҳамин Роштқалъа маҳаллае бо номи Тӯсиён аст, ки макони лолаҳои рангоранг мебошад.

  Бояд гуфт, ки яке аз маҳаллаҳои Файзобод, қаблан як дашту теппаи пурсабзаву пургули лолаи худрӯи қоматбаланд буд, ки бо номи  «Лолагӣ» машҳур аст, ки қисмати зиёде аз он маҳалро ба ҷои гули лола  одамон бо хонаҳои истиқоматиашон ишғол намудаанд. Аммо бо вуҷуди ин, аз роҳи мошингард, ки рад шудӣ, дашту теппаҳои махмалини лолаҳо дили инсонро ба ваҷд оварда, вуҷуди шахсро як ҳисси меҳру муҳаббат нисбати табиати сарзамини Ватан фаро мегирад. Фалсафаи зебоиҳои табиат дар он аст, ки вай бо бӯи атру тароватҳои табиии хеш ба рӯҳу дили инсон дар ҳар як фасли сол умеди зиндагии наву тоза ба тоза мебахшад.

  Агар нигоҳе ба таърихи гули лола андозем, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ низ ба назар мерасад. Нақши лола дар муҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудааст, қадимияти онро, ки беш аз 20 аср пеш аз мелодро ташкил медиҳад, ба намоиш мегузорад. Дар асрҳои дуюм ва сеюми пеш аз мелод низ нақши гули лола бо як даста гули лола ба даври сар ва ба рӯи сикаҳо тасвир ёфтааст. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин, муҳрҳо ба се гулбарг тасвир шудааст. Аммо дар осори аз  Сосониҳо боқӣ монда дар асрҳои 5-6 мелодӣ теъдоди гулбаргҳои нақши лола ба 5 адад афзоиш ёфтааст, ки тасвири он дар тоқи бузург гули лолаи бо панҷ гулбарг кандакорӣ шудааст.[4]

  Дар замони ислом низ ишқу алоқа ба гули лола дар кишварҳои Эрон, Мовароуннаҳру Хуросон ба назар мерасад, ки намоёнгари он осори мутафаккирону шоирони асримиёнагӣ мебошад. Дар ин бора дар боло  намуна аз осори классикони тоҷик оварда шуд. Замони подшоҳии Аҳмади сеюм (1703-1730) дар импературии Усмонӣ ба номи «асри лола» маъруф аст ва дар ҳамин давра таваҷҷуҳ ба гули лола дар Туркия боло мегирад.                         

  Дар ҳоли ҳозир ҳазорон навъи лола бо рангҳои мутафовит вуҷуд дорад. Дарозии қади лолаи худрӯ бештар аз 20 сантиметр мебошад ва аз нигоҳи зоҳирӣ ҷоми гули лола ба қисматҳо тақсим мешавад: такпари финҷоншакл; пурпари қадаҳшакл; ҷомшакл; ҳошиядор; гулбарги баланду борики нозук; ситораӣ.[5]

  Муҳити зисти гули лола: гули лола нисбатан ба салқинӣ тобовар мебошад. Беҳтарин ҳарорати ҳаво барои решадиҳии ин гул 9 дараҷа, барои рушд 15-18 дараҷа гармӣ аст. Аммо гули лола ба муҳити ниҳоят гарм тобовар нест. Лола гули нозуку ҳассос буда, дар ҷойҳои офтобии дур аз чангу хок ва бод мерӯяд ва ҳосилхез аст.

  Навъҳои қадимии лола аз таркиби ду навъ: лолаи боғчаӣ ва лолаи арманӣ гирифта шудаанд. Хонадони лолаҳои ҷадидтар се навъанд: лолаи шинелқирмизӣ; лолаи импературӣ ва лолаи нилобӣ.

  Ҳамин тариқ, гули лола танҳо ду-се моҳ  дар сол шукуфон мешавад, яъне замони гулдиҳии он аз нимаи апрел то аввали июн вобаста ба маҳаллаҳои гарму салқин идома меёбад.

 

                                                                      Муродова Тоҷинисо

                                                  ходими пешбари илмии ИФСҲ-и

                                                  Ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

 

[1] Амана Ҳонда, Эдуардо Регелия…Попов, Оризуя Д.Дон https://fa.wikipedia. orq/wiki/

[2] Амана Ҳонда, Эдуардо Регелия Попов. Орињия Д.Дон https;//fa. Wikipedia.orq/wiki/

[3] Hitps://fa.wikipedia.org/wiki/

[4] Ниг.: ҳамон ҷо.

[5] Ҳамон ҷо.

 

Хондан 1338 маротиба