Дар пешорўйи ҳар соли нав, ки анъанаест бозмонда аз даврони Шўравӣ, бештар ду нигоҳ фарогирандаи зеҳн ва шуури ҳар як инсони андешаманд мебошад. Яке, нигоҳ ба он чи ки гузашт ва дигаре, нигоҳи ояндае, ки моро интизор аст. Баъзан ташвишҳову нигарониҳо аз имрўзу оянда барангезандаи ҳолати навмедии инсон мешаванд. Ин ҳолат аз он сарчашма мегирад, ки инсонҳо ба амалишавии барномаҳои тарҳрезишудаи худ бовар надоранд. Аз нигоҳи равоншиносӣ, ягона ҳолате, ки дар рўҳияву зеҳни инсон ангезаи муҳаббат ва маънои зиндагӣ мебахшад, умед аст. Умеду орзуҳо сарчашмаҳоеанд, ки ояндаи зеҳни ҳар инсонро пешгўйӣ мекунанд. Яъне, нигариш ба оянда аз умедҳо файзёб шуда, дар масири зиндагӣ моро дар оғўши худ мегирад. Маҳз ҳамин умед буд, ки фарҳанги куҳанбунёди мо дар домони тафаккур ва тахайюли рангини худ ҷашну маросими зиёде парварида, ба ҷаҳониён манзур сохт, ки ҳар яки онҳо умед ба ояндаро дар қалби инсонӣ таҳким мебахшанд. Умед ба ояндаи рўшан ва нармиши иҷтимоӣ дар ҷашни Зоиш (мелоди Меҳр), ки бозгўкунандаи умеду орзуи инсонист, рамзи хайриятхоҳӣ ва шодмонии башар талаққӣ мешавад. Муҳим он аст, ки Зоиш аз ҳавзаи фарҳанги бумӣ ба муҳити румӣ-урупойӣ интиқол ёфта, умеду хайрхоҳиро барои насли инсонӣ ба дуриҳои дур бурд ва самараи он умедро дар ҳамкорию ҳамбастагии мардуми сайёра имрўз метавон ба хубӣ мушоҳида кард.