JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 20 Апрели 2021 04:30

Завқи бадеӣ-эстетикӣ ва сатҳи ҷомеаи дунявӣ (мулоҳизаҳои куллӣ дар доираи барномаҳои вежаи телевизионӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

  Омӯхтани мероси гаронмояи гузашта ва андӯхтани таҷрибаю собиқа дар боло рафтани сатҳи тафаккур, андеша ва маънавиёти миллату халқият нақши асосӣ дорад. Таърихи андеша, ҳунар ва фарҳанги башарӣ собит намудааст, ки бинишҳои устуравӣ, ойинҳои динию мазҳабӣ, қолабҳои тафаккурӣ, моделҳои ҷомеашинохтӣ, мактабҳои фикрӣ ва ҳавзаҳои илмӣ дар асоси омӯзиши дақиқи осори пешин, андӯхтани таҷриба ва мушоҳидаҳои  амиқ рӯйи кор омадаанд. Ҳамин гуна таҷрибаро метавон дар самти фарҳанг ва ҳунар низ, ки аз қадимулайём олами тафаккуру тахайюли инсонро бою ғанӣ гардонидааст, ба хубӣ мушоҳида кард. Ҳадаф аз навиштани матлаби мухтасар ва овардани муқаддимаи кӯтоҳ дар заминаи омӯзишу андӯзиши мероси гузашта ва таҷриботи ҳунарӣ тамошои барномаҳои “Садои ошно”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ва “Хумори ёдҳо”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” мебошад, ки рӯзҳои истироҳатӣ (рӯзҳои шанбею якшанбе) дар нимарӯз пахш мегарданд. Нуктаи дигар, ки иҷмолан таъкид карданашро бамаврид мешуморам, пахшу нашри барномаҳои ҷолибу дидании Муассисаи давлатии “Телевизиони Кӯлоб” аст, ки охири ҳар ҳафта (рӯзҳои истироҳатӣ) беҳтарин намоишномаҳои телевизионии замони шӯравӣ ва давраи истиқлолро, ки мазмуну муҳтаво ва аҳаммияти баланди тарбиявӣ, маданӣ, бадеӣ, эстетикӣ ва билохира миллӣ доранд, манзури бинандагон месозад (дар мавриди барномаҳои ҷолиби ин шабакаи телевизионӣ, агар фурсат даст диҳад, матлаби алоҳидае ихтисос хоҳам дод). 

  Албатта, дар дигар шабакаҳои телевизионӣ ҳам чунин барномаҳо, ки фарогири суруду мусиқиҳои солҳои қаблӣ буда, аз ҷониби овозхонони маъруфи садаи бисти тоҷик садо додаанд, пахш мегарданд. Шабакаҳои дигари расмии телерадиоӣ ҳам рӯзҳои истироҳатӣ аз бойгонии радиову телевизион суруду мусиқиҳои ҷолиби солҳои пешинро манзури тамошобинон мекунанд, ки ин тадбир як навъ риштаи пайванди наслҳоро таъмин месозад. Ҷойи таъкид аст, ки мудирияти шабакаҳои телевизионии мо ин иқдоми заруриро барои ҳифзу нигаҳдошти санъати миллии касбӣ ва эҳёи суннатҳои овозхонии мардумӣ роҳандозӣ намудаанд.

  Вақте ки барномаҳои “Садои ошно”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ва “Хумори ёдҳо”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” -ро  тамошо  мекунем, бегумон, худро дар олами суруду мусиқӣ ва ҳолу ҳавои  солҳои  пешин, ки ҳунарманду ҳунармадорӣ дар ҷомеа ҷойгоҳи вежа дошт, тасаввур менамоем. Бад-ин минвол, чанд соли ахир  барномаҳои вежаи телевизиониро, ки бар мабнои суруду мусиқиҳо ва ҳаҷву зарофатҳои даврони шӯравии тоҷик дар шабакаҳои телевизионии “Телевизиони Сафина”, “Телевизиони Душанбе” ва ТМТ пахшу нашр мегарданд, тамошо мекунаму  ногузир  ҳушу ёдам  мисоли парандаи озод ба осмони солҳои ҳафтодуму ҳаштодуми садаи бист парвоз менамояд. Бо дидани чеҳраҳои матраҳи мусиқӣ ва ҳаҷви миллию ватанӣ (Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Нигина Рауфова, Хурмо Ширинова, Тоҷиддин Муҳиддинов, Кароматуллоҳи Қурбон, Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Фазлиддин Шаҳобов, Бобоҷон Азизов, Маҳкам Зубайдуллоев, Устоқадам Машрабову Мастибек Паллаев ва дигарон) ва шунидани овози ширадори онҳо кас фазо ва муҳити мусиқавӣ ва ҳунарии замонро, ки бар асоси низоми сиёсии дунявӣ ва рушди ҷомеаи секулорӣ созмон ёфта буд, пеши назар меоварад. Суруду оҳангҳои марғубу дилнишин, ки аз хазина ва бойгониҳои телевизион тариқи вежабарномаҳои телерадиоӣ пахшу нашр мегарданд, на танҳо бинанда ва шунавандаро ба сайру сулуки олами рангини хаёлоти афсонавӣ, дунёи меҳру муҳаббати самимӣ, ҷаҳони дӯстию рафоқат ва ростию садоқат даъват мекунанд, балки сатҳи огоҳиҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, адабӣ, ҳунарӣ ва фарҳангии тамошобин ва мустамеъро боло бурда, боиси таҳкиму тақвияти завқи баланди бадеӣ-эстетикӣ мешаванд. Аз ин ҷост, ки меъёри завқшиносӣ (манзур завқи бадеӣ-эстетикӣ аст) ва зебоиписандии мардум сатҳи маърифатнокӣ ва дунёмадории ҷомеаро мушаххас мекунад.

  Ростӣ, ҳар замоне ки дидану шунидани мусиқию ҳаҷвҳои замони гузашта аз тариқи барномаҳои телерадиоӣ даст медиҳад, масъалаи қиёси суруду мусиқӣ ва ҳаҷву зарофатҳои замони муосир пеш меояд. Албатта, манзури мо қиёси мусиқӣ ва ҳунари асили тоҷикӣ бо мусиқӣ ва ҳаҷли беҳадаф ва орӣ аз мазмуну муҳтавои имрӯзӣ аст, ки солҳои ахир дар фазои ҳунарии мо “танин” андохта, боиси доман паҳн кардани безавқӣ ва кӯрзавқӣ  гардидааст. Имрӯз безавқӣ ва кӯрзавқӣ ба унвони падида ва зуҳуроти риққатовар ва ҳувиятшикан ҷуғрофиёи бузургро дар манотиқи мухталифи ҷаҳон фаро гирифта, рӯз ба рӯз масоҳати худро тавсеа дода, густариш меёбад. Безавқӣ ва кӯрзавқӣ, ки аз сатҳи пойини маърифат ва шинохти ҳунару зебоиписандӣ сарчашма мегирад, инсон ва дар маҷмӯъ, ҷомеаро ба бемории вандализм (бар асари ҷаҳолату нодонӣ ҳадафмандона несту нобуд кардани меросу арзишҳои фарҳангию ҳунарӣ) ва манқуртизм (беҳувиятию бегонашавӣ) гирифтор мекунанд. Дар натиҷа, инсон ба меросу арзишҳои ҳунарию фарҳангии ватанию хориҷӣ нафрат пайдо мекунад ва барои нобуд кардани онҳо ҷаҳд менамояд. Инҷост, ки ҷомеа ба буҳрони фикрию зебоиписандӣ, ки бар асари безавқию кӯрзавқӣ иттифоқ меафтад,  мубтало мегардад ва дар бунбасти маънавӣ қарор мегирад. Мутаассифона, буҳрони безавқӣ солҳост, ки ҷомеаи моро ҳам таҳдид карда, дар андаруни фазою муҳитҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, ҳунарӣ ва мадании миллӣ ҷой гирифтааст.

   Маҳз безавқӣ ва кӯрзавқӣ аст, ки иддае аз насли ҷавони мо роҳи хатарноки ифротгаройиву тундгаройиро пеш гирифта, ҳадафмандона дар баробари эҳсосу авотифи инсонӣ ва арзишҳои ҳунарию эстетикӣ (мисли суруду мусиқӣ, театру кино, наққошию мусаввирӣ ва амсоли инҳо) мубориза мебарад. Ҳар қадар завқи бадеӣ-эстетикӣ пойин равад, ҳамон қадар нафрату бадбинӣ миёни аҳли ҷомеа тасаллут пайдо менамояд. Агар завқи мусиқиписандӣ ва дӯстдорӣ дар вуҷуди одамӣ ҷӯш занад, онро, ба истилоҳи ҳунарӣ, “эстетика” ва баръакс, агар рӯҳи безавқӣ ва нафрату адоват дар инсон боло бигирад, онро, ба забони фалсафӣ, “антиэстетика” мегӯянд. Тавозуни зиндагии инсонӣ тавассути ба кор андохтан ва фаъол сохтани қудрати мусиқиписандӣ ва ҳунарофаринии ҷомеа ба вуҷуд меояд. Ба ин тариқ, агар безавқӣ дар ҷомеа тасаллут пайдо намояд ва дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давонад, инсон аз фазои фарҳангу тамаддун  канда шуда, ба ҷангал ва муҳити ҷангалӣ боз мегардад. Моҳияти муҳити ҷангалӣ  аз силсилабарномаҳои “Олами вуҳуш”-и шабакаҳои телевизионии минтақавию ҷаҳонӣ маълум аст – мубориза барои зинда мондан. Беҳуда нест, ки:

Шӯри безавқӣ танинандоз гашт,

Сози хушзавқӣ чӣ беовоз гашт,

Одамӣ дилбастаи эъҷоз гашт,

Гӯиё дунболи он як роз гашт,

Роз не, дунболи як динбоз гашт,

Аз тамаддун сӯйи ҷангал бозгашт,

Бешаро анбоз гашт,

Пири ҷангалсоз гашт. 

   Ба сухани дигар, дар муҳитҳои иҷтимоӣ роҳи танинандоз гаштани “шӯри безавқӣ” гирифта мешавад ва дар иваз, “сози хушзавқӣ” ҷойгоҳ касб мекунад. Бо ҷойгоҳ касб кардани хушзавқӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ гармония ва тавозун ба ҷомеа бармегардад ва ҳунар бар беҳунарӣ пирӯз мешавад.

   Мусаллам аст, ки ҷараёни безавқӣ ва кӯрзавқӣ аз тариқи суруду мусиқӣ ва ҳаҷву ҳазли бемаънию бемуҳтаво, ки, мутаассифона, муҳити фарҳангӣ ва ҳунарии минтақаро фаро гирифтааст, интишор меёбад. Пахши суруду оҳангҳо ва ҳаҷвҳои аз лиҳози мазмуну мундариҷа паст ҷомеаро ба сӯйи безавқӣ ва беҳувиятӣ савқ медиҳад ва дар ниҳоят, ба бурузи таассубу хурофоти динию дунявӣ мусоидат мекунад. Дигар ин ки имрӯз пеши роҳи пахшу нашри анбӯҳи суруду мусиқии дохилию бегонаро гирифта намешавад, зеро ки ҳамарӯза шабакаҳои гуногуни телерадиоӣ ва иҷтимоӣ дар амри фазосозӣ ҷаҳду талош меварзанд. Дар баробари ин навъи фазосозӣ, шабакаҳои телевизионию радиоии расмии ватанӣ  бо интишори суруду мусиқиҳои асили гузашта ва имрӯзаи миллӣ ва мардумӣ метавонанд ба арсаи рақобати озоди эҷодӣ ворид гарданд. Пахши пай дар пай ва мутавотири суруду мусиқиҳои гузашта дар иҷрои устодони санъати тоҷик дар баробари намунаҳои мусиқии имрӯзӣ, ки аксаран беҳадафу бемазмунанд, ба унвони алтернатива ё гузинаи муқаввои ҳунарӣ хидмат карда, вазъи фарҳангӣ ва ҳунарии ҷумҳуриро беҳтар хоҳад кард. Дарк ва шинохти мусиқии асил, ҳунари асил ва билохира фарҳанги асил дар иҷрои устодони фақиди санъати овозхонӣ ва ҳаҷвнигории ҷумҳурӣ, ки аз тариқи барномаи вежаи телерадиоӣ (аз ҷумла барномаҳои “Садои ошно” ”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина” ва “Хумори ёдҳо”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” )  тайи ҳар ҳафта пахш мешаванд,  дар сатҳҳои гуногуни ҷомеа ба ҳукми анъана медарояд ва суннати зебоиписандӣ миёни мардуми синну соли гуногун эҳё мегардад. Ҳамчунин, пешниҳод намудани мусиқиҳои пурмуҳтавои гузашта тафаккури навшаклгирифтаи насли наврас ва ҷавони ҷомеаи тоҷикро, ки дар шароити кунунӣ бо бархӯрдҳои фикрӣ, динӣ-мазҳабӣ ва идеологӣ мувоҷеҳ аст, сифатан тағйир медиҳад.

    Пахшу интишори мудавоми ин қабил барномаҳои ҷолиби телерадиоии ҳунарӣ рангорангии фазои ҳунарию фарҳангии ҷумҳуриро таъмин намуда, ҷилави буҳронҳои ахлоқӣ, эстетикӣ ва ҳунариро мегирад ва ҷомеаро дар инсиҷом ва инзиботи хушзавқӣ ва зебоиписандӣ нигоҳ медорад. Воқеан, пахшу нашри бардавоми барномаҳои ҷолиби ҳунарӣ (аз ҷумла бозпахши барнома ва намоишномаҳои беҳтарини замони шӯравӣ ва даврони Истиқлоли давлатӣ бо ҳузури устодону арбобони ҳунари миллӣ ва чеҳраҳои матраҳи ҳунари ватанӣ) раванди ҳувиятсозию бозсозии миллӣ ва давлатдории дунявиро таҳкиму тақвият мебахшад.

        Нозим Нурзода

Хондан 1008 маротиба