JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 03 Ноябри 2020 11:33

Давлати дунявӣ ва фарҳанги миллӣ

Муаллиф:

  Башар ҳанӯз аз бомдоди зиндагӣ дар орзуи сохтмони як давлат ва низоми сиёсие будааст, ки ниёзҳои озодихоҳию рифоҳталабӣ ва адолатписандию хирадварзии инсонҳо бароварда шаванд. Табиист, ки башар, чи дар гузашта ва чи имрӯз ба донишу хирад ва рифоҳу озодӣ ниёз дошту дорад ва маҳз сиришти ҷустуҷӯгар ва пурсишгари инсон ӯро ба офаридан вомедорад. Офаридани неъматҳои моддию маънавӣ, дар маҷмӯъ, дар қолиби фарҳанг инсиҷом меёбанд. Аз ҷониби дигар, орзу ва ормони сохтусози давлати намунавӣ (образцовое государство) аз дер боз зеҳни инсонро ором нагузоштааст ва барои амалӣ кардани ин навъ ормон саъю талоши фаровон варзидааст. Талошҳои пайвастаи инсонҳои ҷӯёву пӯё ва ба истилоҳ, қишри равшанфикрӣ дар имтидоди тӯлонии замонӣ ормонҳоро ба ҳақиқат бадал кард ва намуна-моделҳои муосири давлатдории дунявие, ки дар Ғарбу Шарқи сайёраи Замин арзи ҳастӣ мекунанд, натиҷаи ташаббусоту ибтикороти насли саршиноси инсонианд.

  Вуруд ба мавзӯъ. Масъалаҳои вобаста ба ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ имрӯзҳо ба таври васеъ дар пойгоҳҳои таҳлиливу коршиносии Қазоқистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор мегирад ва баргузор шудани ин нишаст дар Душанбе низ як фоли нек аст. Зеро дар кишвари мо мутаассифона олимону коршиносон ба паҳлуҳои амалии ҳамгироӣ таваҷҷуҳи лозимаро зоҳир намекунанд. Аксар ҳолат бо пажуҳиши мавзуҳои таърихию назариявӣ банд ҳастанд, ки он амалан дар дискурси имрӯза перомуни ҳамгироӣ дигар ба кор намеравад. Зеро вазъи шинохт ва баррасии ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ дар 5 соли охир хело дигар шуд: муҳимтар аз ҳама қадами ҷиддӣ барои беҳтар шудани муносибатҳои дохилиминтақавӣ гузошта шуд; аксари мушкилоти давраи пеш ба таври табиӣ ҳаллу фасл шуданд.

  Ахлоқи антиқа. Зери мафҳуми “антиқа” дар таърих марҳалаи аз асри VII – VI то м. то асри IV – V то м. (қариб 10 аср) фаҳмида мешавад. Марҳалаи аввали инкишофи афкори ахлоқӣ бо заволёбии сохти қабилавӣ-авлодӣ ва худро ҳамчун шахсият дарк кардани инсон, ҳамчун “Ман”-и аз дигарон (кул) ҷудошуда алоқаманд мебошад. Тасаввурот дар бораи ногустанӣ будани “Мо” ва “Ман” дар асарҳои Гомер тавсиф ёфтааст.

 

  Рамзҳои сиёсӣ категорияи умумӣ -фалсафӣ мебошанд, онҳо бештар маънои «озодӣ «, «демократия», «мубориза», «иттиҳодия», «зӯроварӣ « ва ғ. таҷассум менамоянд. Рамзҳои бадеӣ дорои тасвир ё филм бо мундариҷаи сиёсӣ, варақа, овеза мебошанд, карикатура ва ғайра. Рамзҳои сиёсии мифологӣ инҳоянд, ки мундариҷаи объективии равандҳои сиёсиро бо дарки субъективии худ - беасос ё қасдан тақаллубӣ иваз мекунанд. Масалан, афсонаи шахсияти бузург, сиёсати оқилонаи роҳбарӣ дар бораи тағйирот. Рамзҳои динӣ дар сиёсат салиб, свастика, ситора, Ҳилоли Аҳмар ва ғайра мебошанд.

Китобҳо