JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 05 Феврали 2021 11:55

Моҳият ва аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021

Муаллиф: Абдурашитов Ф.М.,Маҳмудова М.М.

   Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Воқеан, гарчанде, ки Паём барои таҳқиқи сиёсати давлатии Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ ин ҳисобот и Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат мебошад. Пеш аз ҳама ин таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он муайян намудани дурнамои он дар солҳои наздик мебошад.

  Имсола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти ниҳоят душвори иқтисодӣ ва иҷтимоие, ки бо сабаби паҳн шудани коронавирус дар минтақа ва дунё ба вуҷуд омадааст, ироа гардид. Дар ҳолате, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ин бемории сироятӣ рӯ ба рӯ шудааст, иод ба вазъи кунунии тандурустӣ, тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти пешгирӣ ва мубориза бо КОВИД – 19 худи Сарвари давлат гузориш намуданд, ки барои таъмини ҳаёти ором ва осоиштаи мардум дар ин вазъият хеле муҳим мебошад.

  Агар Паёми Сарвари давлатро аз нигоҳи сохтори давлатдорӣ ва функсияи давлат дар назди шаҳрвандон таҳлил намоем, маълум мегардад, ки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини рушди устувори иқтисодии давлат дар асоси ин таҳлилҳои муқоисавӣ бар меояд.  Новобаста аз коҳиш ёфтани даромади буҷа, афзоиши талаботи маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама ба тандурустӣ ва инчунин дигар хароҷоти пешбининашуда, буҷети давлатӣ барои соли 2020 бознигарӣ шуда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйиротҳои дахлдор ворид гардиданд. Аз таҳлилҳои Пешвои Миллат бармеояд, ки иқтисодиёти кишвар дар соли 2020 4,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 82,5 миллиард сомонӣ баробар гардид. Дар ин давра 9,7 фоиз афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 8,8 фоиз кишоварзӣ ва 0,8 фоиз гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла содирот дар ҳаҷми 19,8 фоиз заминаи рушди иқтисоди кишварро ба вуҷуд овард.

 Дастовардҳои истеҳсолӣ-иқтисодӣ имкон фароҳам овард, ки дар саросари кишвар 18 300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ба истиқболи Ҷашни 30-солагии истиқлолият банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардиданд.

  Вобаста ба силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар самти расидан ба ҳадафҳои стратегӣ бошад, исбот гардид, ки ҳар яке аз онҳо амалишавандаанд. Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат бештар таваҷҷӯҳ ба раванди расидан ба чор ҳадафи стратегии кишвар ва як қатор иқдомҳо дар ин самтҳои барои давлат ҳаётан муҳим, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар баромад инчунин дастовардҳо дар самти амалишавии ҳар як ҳадафи стратегӣ муфассал арзёбӣ гардида, барои пурра расидан ба ҳадафҳои стратегии ҳаётан муҳим вазифагузориҳои ҷиддӣ ироа гардид. Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба рушди соҳаи саноат ва тақвияти саноатикунонии босуръати кишвар таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, иброз доштанд, ки баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ сиёсати давлат дар соҳаи саноат комилан тағйир ёфт. Диққати асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ нигаронида шуд.

  Дар баромади худ Пешвои миллат иброз доштанд, ки равона карда шуд.

  Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир дар дохили кишвар ба маблағи умумии беш аз 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолии давлат аз маҳсулоти воридотӣ гардид.

  Аз баромади Пешвои миллат маълум гардид, ки соҳаи илму маориф дар маркази эътибори сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сарвари давлат дар самти беҳтар намудани сифати таълим, соҳибмаърифат гардонии саросарии аҳолӣ, рушди илм, махсусан илмҳои табии дар кишвар як қатор тадбиру чорабиниҳо роҳандозӣ намуданд. Аз ҷумла, танҳо соли гузашта дар ҷумҳурӣ 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63 000 ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Дар маҷмӯъ, аз соли 1991 то имрӯз дар мамлакат 3 020 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 1 миллиону 300 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода супорида шудаанд.

  Вобаста ба сиёсати иҷтимооии давлат аз баромади Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки дар ин самт танҳо барои соҳаи тандурустӣ дар хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷаи давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона гардид. Дар кишвар барои табобати пурра ва саривақтии шахсони гирифтори бемории сироятии КОВИД – 19 беш аз 30 беморхона бо 7000 кат муҷаҳҳаз гардида, 5400 нафар табибону кормандони тиббӣ сафарбар гардиданд. Новобаста аз вазъи иқтисодии мамлакат дар 92 муассисаи тиббӣ 16 ҳазор кат омода карда шуд. Бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти мамлакат аз 5 июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ба роҳ монда шуда, имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи умумии беш аз 450 миллион сомонӣ масраф гардид.

  Инчунин дар соли 2020 ҷиҳати коҳиш додани таъсири пандемияи коронавирус аз ҷониби ташкилотҳои қарзии кишвар ба зиёда аз 260 000 нафар муштариёни қарздор ба маблағи 2 миллиарду 300 миллион сомонӣ имтиёзҳо пешниҳод гардида, ба соҳибкорони истеҳсолӣ 4 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 ду фоиз зиёд мебошад. Зиёда аз ин барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ аз 1 сентябри соли 2020 нафақа, музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва стипендияҳо 15 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд гардида, нафақаи гурӯҳи маъюбоне, ки ба нигоҳубин ниёз доранд, 50 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамаи ин аз он далолат медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Сарвари давлат сиёсати халқпарварона буда, ба мардуми оддӣ ва куллӣ шаҳрвандони Тоҷикистон нигаронида шудааст.

  Тоҷикистон кишвари аграрӣ буда, яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодиёти мамлакат ин кишоварзӣ мебошад. Дар ин самт, бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза, Президенти кишар иброз доштанд, ки «минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизоӣ танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд».

  Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки тамоми кишоварзони мамлакат як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.    Ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки дар дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ барои пӯшонидани манбаи андози мазкур чораҷӯӣ намояд. Ҳамзамон, ба вазоратҳои кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳа, ташкили марказҳои логистикӣ ва тибқи талаботи бозор ва стандартҳои байналмилалии сифат ба роҳ мондани коркард, басту банд ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ нақша чорабиниҳои зарурӣ таҳия намоянд.

  Дар самти рушди маориф ва илм Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» дар сатҳи баланд доир мегардад. Вазорати маориф ва илм ташаббусу таҷрибаҳоро доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи муассисаҳои таълимии кишвар васеъ татбиқ менамояд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардида буд, кҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд.

  Вобаста ба ин Вазорати молия, Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, вазифадор карда шуданд, ки якҷоя бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавриди амалӣ намудани қарори зикршуда ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд. Супориш дода шуд, ки ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд. Илова бар ин, Пешвои миллаи махсус таъкид намуданд, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табии ҷалб намудани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» дар сатҳи баланд гузаронида шавад.

  Мазмун ва мундариҷаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 бори дигар шаҳодати сиёсати халқпарварона ва инсонмеҳварона Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҳлили Паёми имсола нишон медиҳад, ки дар маркази сиёсати Пешвои муаззами миллат маҳз беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат, устуворсозии ҷойгоҳи кишвар дар саҳнаи байналмилалӣ ва ғайра қарор гирифтаанд.

  Ҳамин тариқ, Паёми навбатии соли 2021 бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як марҳилаи таърихии давлатдориро сипарӣ намуд. Аз баромади Сарвари мамлакат чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳар як сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, моҳият, мазмун ва мундариҷаи асосии Паёми мазкур ин инъикоси ҳаёти воқеии халқи тоҷик буда, дар он қадриятҳои истиқлолу озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ тараннум гардидаанд.

 

 Абдурашитов Ф.М.

Ҷонишини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва

мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ оид ба илм ва таълим,

д.и.т., профессор 

Маҳмудова М.М.

Котиби илмии Институти таърих,

бостоншиносӣ ва мардумшиносии

ба номи А. Дониши АМИТ

Хондан 7319 маротиба