Мусаллам аст, ки давлатмадорону андешамандони ғарбӣ дар заминаи давлатсозии дунявӣ ва сохтмони ҳукумати фарҳангӣ ҳанӯз аз садаи ҳаждаҳум ибтикороти ҷиддӣ рӯйи даст гирифтанд ва аз ин тариқ сохтани давлатсозии миллӣ ва, муҳимтар аз ҳама, дунявиятгаройӣ дар низоми сиёсӣ дар фарҳанги аврупоӣ ҷойгоҳи вежа касб кард. Раванди дунёмадори дар Аврупо аз асри ҳаждаҳ шурӯъ шуда, барои ба вуҷуд овардани муҳит ва фазои солими фикрию эҷодӣ маорифпарварони аврупоӣ Дидро, Руссо, Волтер, Монтескиё ва дигарон саъю талоши фаровон варзиданд. Ниҳодҳои равшанфикри ғарбӣ дар симои маорифпарварони франсавӣ рисолати худро бар мабнои илму хирад анҷом дода, дар бедории иҷтимоӣ ва фикрии ҷомеа саҳми асосӣ гирифтанд. Онҳо аслҳою арзишҳои муҳтарами инсонӣ, аз ҷумла ҳувият, шарофат, наҷобат, асолат, муҳаббат, фаросат, фазилат, адолат, ҷасорат ва инсониятро дар маърази таваҷҷуҳи мардумӣ қарор доданд ва дар ин росто, бо мутаассибини давр, ки аз кудрати азими сиёсӣ ва динӣ бархӯрдор буданд, бо силоҳи ақлу мантиқ ва маърифату хирад сахт мубориза карданд. Мубориза бо ин тоифа, ки он замон дар институт ё ниҳоди муътабари калисо ва низоми сиёсии католитсизм мунсаҷим шуда, дар миёни элитаи давлатию сиёсӣ нуфузи зиёд доштанд, саҳлу осон набуд. Калисоиюн ва меҳробиён, ки дар паноҳи давлат ва калисо аз имтиёзоти фаровоне бархӯрдор буданд, ҳаргиз намехостанд, мардум ба таҷаддуд ва навгаройӣ бипардозад ва ин шеваи кору фаъолиятро, чи дар қаламрави нуфузи диёнати исломӣ ва чи дар сарзаминҳои аврупоӣ аҳли калисо ва тақво, ба ҳеҷ ваҷҳ, қабул надоштанд.
Маълум аст, ки навандешӣ, таҷаддудписандӣ, рӯшангарӣ ва дигарандешӣ дар асрҳои миёна таҳти мафҳумоти “бидъатгарӣ” (дар байни мутаассибини исломӣ) ва “еретик” (дар байни аҳли калисои католик) сахт накӯҳиш шуда, соҳибони андешаҳои наву дунявӣ мавриди таъқибу фишор ва қатлу куштор қарор мегирифтанд. Таърих аз ин қабил куштору даҳшате, ки шариатмадорону пайравонашон дар имтидоди қарнҳои мутааддид сари аҳли ба истилоҳ, бидъату озодандеш оварда буданд, мисолҳои зиёд рӯйи даст дорад, аммо ин ҷо фурсати таъйиди ин масъала нест. Дар шароити имрӯзӣ хатару фаҷоеъе, ки рӯйи мардуми мусулмони шарқӣ сарозер шудааст, қабл аз ҳама, ба нашнохтани мақоми давлат ва ҷомеаи секулорӣ, низоми дунёмадорӣ, ташхису таъвили иштибоҳии давлати дунявӣ ва бар мабнои ҷаҳлу залолат напазируфтани ин низоми сиёсию иҷтимоии муътадил ва дар айни замон хирадмаоб марбут аст. Ин аст, ки шинохт ва ташхиси дурусту илмии ин навъи давлат, ҷомеа ва низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ имкон медиҳад, ки мардум ё ҳадди ақал қисмати зиёди табақоти иҷтимоӣ ба арзишҳои илмӣ ва мантиқӣ такя намуда, дар сохтмони давлати дунявӣ ва ҷомеаи секулорӣ саҳм бигиранд ва наслҳои оянда дар партави арзишу идеалҳои миллию башарӣ дар рӯҳияи инсонсолорӣ, андешапарварӣ, ҳувиятсозӣ, донишписандӣ ва нексириштӣ тарбия ёбанд.
Мардуме, ки дар пайи сохтани давлати демократӣ ва ҷомеаи секулорӣ гом мебардорад, дар мадди аввал ба хирад арҷ мегузорад ва онро меъёри асосии мудирияту фаъолият медонад. Вақте ки дар атрофи мафҳум ва вожаи демократия суҳбат мекунем, нахуст бояд ба ташхиси дурусти ин мақула ё категория даст ёбем. Тавре ки маълум аст, мафҳуми демократия аз ду реша таркиб ёфтааст: решаи аввал “демос” маънои мардуми муфаккир ва маърифатнок ва решаи баъдӣ “кратос” маънои ҳокимиятро ифода намуда, дар муқобили “этнос”, ки ба маънои омма далолат мекунад, қарор дорад. Дар маҷмӯъ, демократия ҳокимияти мардуми бомаърифат ва муфаккир аст, ки бо андешаи созанда, биниши воқеӣ, дониши мантиқӣ ва дар ниҳоят, бо мафкураи солим давлат месозад ва дар ҷараёни давлатсозӣ ва ҳукуматоройӣ бо фаъолиятҳои мунтазаму густурдаи худ ба давлатмардон кумак мекунад.
Масъалаи дигаре, ки дар низоми давлатдории дунявӣ ва ҷомеаи секулорӣ матраҳ аст, масъалаи муносибат ва робитаи ҳукумат бо виҷдони озод аст. Бо ибтикор ва ташаббуси бевоситаи мудирияти давлати дунявӣ ва ҷомеаи маданӣ ҳар қадар дар ҷомеа майдони густариши дониш ва хиради инсонӣ тавсеа ёбад ва роҳҳои тадовуми он ҳамвортар гардад, ҳамон қадар раванди озодии виҷдону ақида таҳкиму тақвият меёбад. Ҳадафи ниҳойӣ ва стратегӣ дар низоми давлатсозии дунявӣ, ки ҳанӯз дар қадимтарин бовардоштҳои миллӣ барномарезӣ шуда буд (манзур асотири Ҷамшеду Фаридун ва бовардоштҳои ҳамсони миллист), бедор ва босавод кардани ҷомеа аст. Дар бовардоштҳои қадимаи мо асли сиёсию мафкуравӣ ва иҷтимоию маданӣ “на ба ҷиҳоди идеологию динӣ рафтан, балки барои ҳаққи ҳар инсоне ба зиндагӣ дар гетӣ пайкор кардан” мебошад (ниг.: Ҷамолӣ Манучеҳр. Шоҳнома ва мо. Дафтари нахуст. Ландан, бидуни соли нашр. -С.64) ва ин аслу асос дар низомҳои сиёсии минбаъда авлавият ва таҳаққуқ пайдо кардааст. Аз ин ҳадафи роҳбурдӣ (стратегӣ) дар шароити феълӣ метавон механизмҳои корбурдӣ ё ба истилоҳ, тактикӣ ҷустуҷӯю пайдо кард ва саранҷом дар сиёсати давлатию маданӣ роҳандозӣ намуд.
Модели давлати дунявӣ ва ҷомеаи секулорӣ, ки ба ҳам тавъаманд, ба арзишҳои волои инсонӣ устуворанд ва дар ин навъи модел ҳар инсон, новобаста аз тааллуқоти динию мазҳабӣ, сиёсию иҷтимоӣ, ирқию нажодӣ, миллию этникӣ ва сиёсию маданӣ ҷойгоҳ ва мақом дорад. Дар низоми дунёмадорӣ (секулорӣ), ин дунё арсаи зиндагӣ ва фаъолиятҳои инсон буда, ӯ бо такя ба неруи ақлу хирад ба офаридани неъматҳои моддию маънавӣ машғул мешавад. Гузашта аз ин, низоми дунявӣ бар баробарӣ ва тавозуни инсонҳо дар фаъолиятҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ асос ёфта, имкониятҳои баробарро барои ҳама фароҳам меоварад.
Муҳимтар аз ҳама, давлати дунявӣ дар асоси қонунмандӣ ва меъёру принсипҳои инсонӣ, барои пайравони тамоми адёну мазоҳиб, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ақидаву мафкура ба таври баробар, бидуни бартарият ва афзалият додан ба касе, шароити ибодӣ, фароғату истироҳат ва шуғлу мутолеа таҳия мекунад ва ба ин васила муҳиту фазои солими ҳамкорӣ ва ҳамзистиро дар байни созмону ҳаракатҳои иҷтимоӣ, ақаллиятҳои миллӣ-этникӣ, динӣ-мазҳабӣ, сиёсӣ ва амсоли инҳо ба вуҷуд меоварад. Ин аст, ки муҳаққиқону равшанфикрон давлати дунявӣ ва ҷомеаи секулориро ба унвони беҳтарин намуна ва модели сиёсию иҷтимоӣ ва илмию мадании башар, ки дар зиёда аз сад соли ахир дунёро ба таври чашмгир тағйир додааст, тарғибу ташвиқ мекунанд. Мо ҳам, ки тайи 29 соли ахир дар пайи сохтмони давлати дунявӣ ва ҷомеаи секулорӣ қадамҳои устувор бармедорем, бояд аз шароит ва имконоти мусоид васеъ ва самаранок истифода намоем, то минбаъд дар феҳристи давлат ва кишварҳои мутамаддини башарӣ қарор бигирем.
Н. Нуров