JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 21 Июни 2021 04:13

Ҷомеаи шаҳрвандӣ аз назари мутафаккирони Ғарб

Муаллиф: Ғаюр ҚАҲҲОРОВ

  Таърихан рағбат ба омӯзиши муносибати ташкилотҳои тартиботи хуқуқӣ ва  ҷамъият ҳамеша дар мадди назари мутафаккирони Ғарб қарор дошт. Дар давраҳои гуногуни таҳаввулоти ҷамъият омӯзиши назарияҳои ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ, вобаста ба тағйирёбии сохти он шакл ва мазмуни нав мегирад. Бинобар ин ҳам ҳолати ҷамъияти шаҳрвандӣ, махсусан дар назарияҳои файласуфони асри миёна ва давраи нав бо ҷузъиётҳои назариявӣ ва гоҳо куллӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз ин сабаб таҳлили таърихии фалсафӣ-иҷтимоии  ин масъала нисбати ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ, яке аз масъалаҳои баҳсбарангез ва мубрам ба шумор меравад.     

  Гузаштан ба ҳолати шаҳрвандӣ бо бастани  шартномаи ҷамъиятӣ такмил дода мешавад, ки асоси онро муносибати байни ҳамдигарии халқ ва  ҳокимият ташкил медиҳад,  чунки шартномаи ҷамъиятӣ ин  ҳолати табии шаҳрвандӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсӣ мебошад. Дар асари Ҷон Локк  “Два трактата о правлении”, ки соли 1689 навишта шудааст, зикр ёфтааст, ки ”Ҳукумат  аз одамон иборат аст, ки интихобан бо розигии умумӣ бо мақсади мушоҳида намудани  риояи қонунҳои қабулшуда, дар бораи озодии умумӣ ва вазъияти моддӣ нигоҳ дошта мешавад”. Вобаста ба ин вай таъкид мекунад, ки бо дохил шудан ба давлат одамон танҳо ба қонун итоат мекунанд, на ба ситам ва номаҳдудии ҳокимият ва деспотизм. Ҳангоми вайрон шудани шартнома, халқ вазифадор аст, ки ҳуқуқҳои худро аз нав талаб намояд[1].  

  Моҳиятан, ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ мутаносибан бо ташаккулёбии давлати шакли нав-буржуазӣ ба амал меояд. Ин раванди табдилёбии ҷамъияти анъанави- феодалӣ ба ҷамъияти шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи маҳсуб меёбад. Аз давраи антиқа сар карда, таносуби ҷамъияти шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ба предмети омӯзиши ақидаҳои фалсафаи иҷтимоии мутафаккирони асри миёна табдил ёфт. 

  Дар маҷмӯъ давраи антиқаро дар омӯзиши ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлат метавон шартан ҳамчун асоси назариявӣ ва ҳатто “идеалистӣ” баррасӣ намуд, чунки фарқият байни назария ва воқеият назаррас мебошад. Гарчанде ки ақидаҳои Ҷон Локк, Т. Гобсс ва Жан Жак Руссо дар замони худ пешқадам бошанд ҳам, лекин ғояҳои мутафаккирони зикршуда бо як проблема, ғайриимкон будани амалӣ намудани назария дар ҷомеа маҳдуд шудааст. Ин масъала на танҳо ба ҷаҳонбинии идеологӣ, балки ба сохти монархиявии режими сиёсии созишнокор вобаста буд, ки ба амалӣ шудани асоси назарияи чамъияти шаҳрвандӣ мамониат мерасонд. Давраи дигари рушди ақидаҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ба нимаи дуюми асри Х1Х ва аввали асри ХХ рост меояд, ки онро давраи институтишавӣ меноманд. Хусусияти хоси ин давра дар  васеъ намудани таъсиррасонии консепсияи ҷамъияти шаҳрвандӣ ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, эътироф намудан дар сиёсат ва қобили қабул донистани он дар шароити инқилобҳои буржуазӣ ба маҳсуб меёбад. Дар ин давра ҷамъияти шаҳрвандӣ аз назарияи конструктивӣ ба соҳаи махсуси воқеияти иҷтимоӣ табдил ёфта, мавқеи онтологӣ мегирад. 

  Ин давра бо номи Г.Ф.Гегел оғоз меёбад, ки бори нахуст дар “Давраи Нав” фаҳмиши ягонаи давлат ва ҷамъияти шаҳрвандиро маҳдуд намуд. Гегел чунин меҳисобид, ки ҷамъияти шаҳрвандӣ нишонаи асосии ҷамъияти муосир буда, давраи махсуси таърихи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Аз нуқтаи назари Гегел, таърихи ҷаҳонӣ – ин рушди мутлақи рӯҳи ахлоқӣ мебошад, ки дар се давраи рушди ҷамъият – оила, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлат амалӣ мешавад. Рушди ҷамъияти шаҳрвандӣ мавҷудияти давлатро ҳамчун сифати асосии он дар назар дорад. “Ҷамъияти шаҳрвандӣ - соҳаи асосии амалии мақсадҳои хусусӣ ва манфиатҳои шахсони алоҳида мебошад. Озодии мутлақ дар ҷамъияти шаҳрвандӣ вуҷуд надорад, чунки дар он ҳама вақт зиддият байни манфиатҳои шахсӣ ва давлат хусусияти умумӣ доранд[2]”.

  Ба ақидаи Гегел, ҷамъияти шаҳрвандӣ се лаҳзаро дарбар мегирад:

  • системаи талаботҳо (фард ва ҳамаи шаҳрвандон), ки дар раванди меҳнат қонеъ карда мешавад;
  • адолате, ки озодӣ ва ҳимояи моликияти шахсиро кафолат медиҳад;
  • политсия, назорати фоидаи шахсони алоҳида дар асоси қонун ва дида баромадани иттиҳодияҳо аз рӯи манфиатҳо, бо назардошти заминаи ахлоқии давлат.[3]

  Шарҳи ҷамъияти шаҳрвандӣ ҳамчун соҳаи махсуси ғайридавлатӣ, организми иҷтимоӣ, ки дар Европа дар асоси назарияи Алексис де Токвил, (махсусан, тадқиқоти ӯ нисбати демократияи  амрикоӣ дар асараш ”Демократия дар Америка”, ки солҳои 1835-1840 нашр шуда буд) воқеияти амалӣ намудани равандҳо ва асоси назариявии шартномаи ҷамъиятӣ ва ҷамъияти шаҳрвандиро инъикос намудааст. ”Хусусияти хоси шаҳрванди амрикоӣ (дар фарқият аз европоӣ) дар ҳамбастии органикии эҳтироми қонун ва ҳуқуқи дигар одамон бо озодихоҳии ғайримуқарарӣ, прагматизм, ҳисси  баланди худэҳтиромӣ, ки баъзан шакли махсуси фардиро мегирифт, ташаккул ёфтааст[4]”.   

  Минбаъд тадқиқи ҷамъияти шаҳрвандӣ ва алоқаи он бо давлат дар асоси назарияи мутафаккирони Ғарб; Локк, Гегел ва Токвил идома дода шуд. Агар анъанаи гегелӣ асоси заминаи равиши умумиметодологиро дар омӯзиши масъалаи зикршуда ташаккул дода бошад, дар ин раванд анъанаи Локк-ҷанбаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро, анъанаи токвилӣ бошад, ҳамчун асоси назариявӣ ва амалии тадқиқоти мушаххаси сохтори  ҷамъияти шаҳрвандиро касб намуда, ба масъалаи мазкур мазмуни сотсиологӣ додааст.  

  Дар асоси таҳлили умумии ақидаҳои мутафаккирони гузашта, нисбати ҷамъияти шаҳрвандӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ҳамаи онҳоро як раванди умумии ягона муттаҳид менамояд. Якум, принсипи  ягонагии озодии табиии фардҳо, ки дар назди қонун баробарҳуқуқии шаҳрвандонро инъикос менамояд. Дуюм, принсипи қонуният, ифодакунандаи он қонунҳое, ки воқеияти соҳаи озодии фардҳои алоҳидаро муайян менамояд ва аҳамияти куллӣ дорад. Сеюм,  принсипи озодӣ, ҳамчун ифодакунандаи талаботҳо ва амалҳое, ки манфиати шахсиро дар доираи қонунҳои мавҷуда инъикос менамояд. Илова ба ин, кафолати ташкил намудани иттиҳодияҳои ихтиёрӣ дар асоси қонун ва институтҳои ҳуқуқии мавҷуда. Чаҳорум, ҳимояи моликияти хусусӣ аз тарафи давлат ва истифодаи озоди он. Панҷум, мавҷуд будани механизмҳое, ки муносибати муътадилро байни ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлат ба танзим дароварда, сатҳи зарурии ҳимояро  аз дахолати давлатӣ таъмин намояд.  

  Давраи дигари таҳаввулоти ақидаи ҷамъияти шаҳрвандӣ ба солҳои 20-90-уми асри ХХ рост меояд. Дар ин давра гузариш аз талаботҳои амалии иқтисодӣ ва озодии сиёсии шахс, ки хусусияти хоси давраи гузашта мебошад,  ба васеъ намудани озодӣ дар соҳаи фарҳанг, тарзи зиндагӣ (аз ҷумла характери протестантӣ ва нигилистидошта) мебошад.   Бо мурури замон шароити мувофиқ барои тағйирёбии фаҳмиши духӯраи “ҷамъияти шаҳрвандӣ - давлат” конструксияи нисбатан мураккаб ба амал омад. 

  Ақидаи ҷамъияти шаҳрвандӣ моҳияти амалии худро дар системаи устувор, тасаввуроти умумӣ нисбати ҷомеа, ки аксаран аъзоёни ҷомеа онро дастгирӣ менамоянд, пайдо намуд. Дар ин давра чунин нишонаҳо ва омилҳо, ба монанди муносибати ақлӣ-танқидӣ ба воқеияти иҷтимоӣ, озодии виҷдон, фикру ақидаҳои тозабунёд ба амал омаданд. Ақидаи ҷамъияти шаҳрвандӣ ҳамчун конструксияи назариявӣ моҳияти амалӣ мегирад. Модели локовии ҷамъияти шаҳрвандӣ то андозае маҳдуд шуда, мавқеи токвилии фаҳмиши масъалаи мазкур вусъат меёбад. 

  Дар ҷамъият шаклҳои гуногуни воқеии ҷамъияти шаҳрвандӣ ба амал омад. Дар шароити муосир шахсеро ёфтан имконпазир аст, ки ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлатро таносубан мувофиқ шуморад, чунки дар ин гуна шароит ҷамъияти шаҳрвандӣ мазмуни худро гум мекунад. Аз ин сабаб,  ҷамъияти шаҳрвандӣ бояд вазифаи пайвасткунандаро дар байни шахс ва давлат иҷро намояд, ки соҳаҳои хусусӣ, манфиатҳои алоҳида ва умумиро инъикос карда тавонад. 

  Институтишавии ояндаи ақидаи мазкур ба ташкил шудани шумораи зиёди мактабҳо ва ҷараёнҳо, ки моҳияти амалӣ – сиёсӣ ва ҷобаҷогузории қувваҳои сиёсӣ мегарданд, ба ояндаи ҷомеа бетаъсир намемонад. Баъзеи онҳо ҳаракатҳои иҷтимоиро ангезиш медиҳанд, ташаббусҳои шаҳрвандӣ, ташаккулёбии фарҳангӣ-иҷтимоӣ ва намунаҳои ҳуқуқӣ, рафтори одамон, ҳуқуқҳо ва озодии онҳоро кафолат  намедиҳанд.     

  Ҷамъияти шаҳрвандӣ дар як қатор кишварҳо ва минтақаҳои дигар нисбатан дертар ташкил ёфт (асрҳои Х1Х - ХХ) ва аксаран “аз боло”қолибан  институтҳои он дар зери фишори давлатҳои Ғарб  ба дигар кишварҳо кӯчонида шуд.   

 Шакли Ғарбии ҷамъияти шаҳрвандӣ дар зери таъсири тамаддуни антиқӣ-насронӣ ва хусусиятҳои анъанавии он; ҳуқуқномаҳои римӣ ва фалсафаи Юнон ва ҳангоме ки иқтидори давлат нисбатан суст буда, қудрати дар ҷамъият ташкил намудани сохторҳои мустақил, ки дар асоси он ташкил намудани мухториятро надошт, рушд ёфтааст. Дар натиҷа ҷамъияти шаҳрвандие, ки дар шакли инкишофёфта, пеш аз ҳама, дар кишварҳои протестантии минтқаҳои шимолии Америка рушд мекард, бештар ба масъалаи шахс ва моликияти хусусӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамуд. Кӯшиши гузаронидани ин модел ба минтақаҳои дигар боиси моҳиятан азнавсозии нақши давлат ва умуман, дар контексти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ки дар он нақши калисо аён буд,баррасӣ мешуд. Дар натиҷа ба вуҷуд омадани тағйиротҳои шакли ва ҳатто модели ҷамъияти шаҳрвандӣ дар зери таъсири шароити маҳаллӣ то андозае ташаккул ёфт. Бояд зикр  кард, ки нақши калисо дар пайдоиши ҷамъияти шаҳрвандӣ  ба шакли ташкилот ва идоракунии калисои римӣ-католикӣ, ки дорои марказ ва пешвои рӯҳонии ягона буд ва дар он мамониатҳои фарҳангӣ – иҷтимоӣ, ҳамчунин истифодаи забони лотинӣ, целибат ва ғайраҳо ифода меёфт. Мавқеи мустақилии худро истифода намуда, калисо барои ҳукумат ва давлат мубориза мебурд. Якум, ин тамоил боиси вусъат додани инстититутикунонии конститутсия дар ҳар ду ҳокимият ҳамчун муассис гардида бошад, дар навбати дуюм муқобилияти ҳар ду тараф барои рушди ақидаҳои сиёсӣ, ки он танҳо дар асоси баҳамзидгароӣ ба амал меоянд, замина гузошт. Зоҳиршавии муҳимтарини он дар муборизаи доимии шаҳрвандон барои озодӣ  дар шаҳрҳо ба муқобили сохти ичтимоӣ инъикос меёфт. Натиҷа он буд, ки зарурияти субъектикунонии инсон ба вуҷуд омад ва он дар системаи муносибатҳои иҷтимоӣ ифода меёфт. Аз ин рӯ, асоси модели ғарбиро ба танзим даровардани вазъияти ҳуқуқи иҷтимоӣ ташкил медиҳад, ки он хусусияти умумӣ дошта, баробарҳуқуқии ҳамаро кафолат дода, дар баробари ин вазифаҳои онро низ нишон медиҳад. Аз ин ҷо бармеояд, ки кафолати ҳуқуқ ҳамчун арзиши олии иҷтимоӣ баррасӣ шудааст.

  Таърихи Ғарб ҳамчун таърихи мубориза барои баробарҳуқуқии инсонҳо, новобаста аз вазъияти иҷтимоии фардҳо маҳсуб меёбад. Манфиатҳои иҷтимоӣ бо роҳи мубориза барои ҳуқуқҳои доманадор ва имтиёзҳо, ки дар қонун инъикос ёфтааст, таъмин мегардад. Аз ин рӯ, фарҳанги ­­Ғарб ҳамчун маънавиёти ҳуқуқӣ эътироф шудааст. Бояд зикр кард, ки ҷамъияти шаҳрвандии Ғарб чун меъёри ҳуқуқи табиии инсон, асоси назариявӣ ва амалӣ дорад, бинобар ин ҳам се давраи муҳими он чун давраҳои аз ҷиҳати назариявӣ асоснок кардани ҷамъияти шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Дар асри ХVI дар Италия, асри ХVII дар Англия ва асри ХVIII дар Франсия, ки бо як консепсия-асоснок кардани ҷамъияти шаҳрвандӣ ҳамчун ҳуқуқи табиии одамон ҷамъбаст шудааст[5].   

  Ин консепсия аз Макиавелли сарчашма мегирад, ки мувофиқи ақидаи ӯ дар ҷумҳурии дуруст ташкил шуда, аз як тараф, тартибот вуҷуд дошта бошад, аз тарафи дигар, қонуният. Дар байни шаҳрванд ва давлат бояд танҳо қонун амал кунад. Ин чунин  маъно дорад, ки Макиавелли дар бораи зарурияти ҳокимияти давлати қудратнок сухан ронда орзу менамуд, ки ба косибон ва дигар категорияи шаҳрвандон ҳуқуқҳои муайян, пеш аз ҳама, сиёсӣ дода шавад. Макиавелли зидди ҳама гуна имтиёзҳои  корпаротивӣ, феодалӣ, дворянӣ ва  калесоӣ буда, дар муҳокимаҳои худ аз масъалаҳои давлатӣ ба масъалаҳои шахсият гузашта, онро ҳамчун беҳтар намудани табиати одамон мешуморид, ки он боиси сохти мукаммали давлатӣ мегардад. Ва баръакс, сатҳи натиҷаи тараққиёт ва демократикунонии давлат, афзудани озодиҳои шаҳрвандӣ, табиатан низ беҳтар гардида, ҷиҳатҳои  манфии он барҳам мехӯрад.

 Ҳамин тавр Макиавелли чунин мешуморид, ки ҷамъият дар асоси худ тараққӣ меёбад, ки онро рақобати доимии муборизаи байни одамон ташкил медиҳад. Бинобар ҳамин ҳам «Муборизаи ҳама ба муқобили ҳама»-ро дар доираи муайян танҳо давлат бартараф карда метавонад. Ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлат ҳамдигарро истисно мекунанд. Макиавелли яке аз аввалинҳо шуда, масъалаи омӯзиши ҷамъиятро новобаста  аз давлат ба миён гузошта, нишон дод, ки ташкили шароити мусоиди тараққиёти ҷамъият, яке аз омилиҳои устувории давлат ба ҳисоб меравад. Таъмини сулҳ ва бехатарии шаҳрвандон, ҳимояи моликияти хусусӣ, амалӣ намудани ҳуқуқҳои ҳар як шахс, ки тавонад ақидаи худро озодона баён намояд, танҳо давлати иқтидорманди демократӣ  қодир аст. Дар айни ҳол тавоногии чунин давлат ба қудрат ва шукуфоии ҷамъият  асос меёбад. То чӣ андозае, ки ҷамъият тавоно бошад, то ҳамон андоза давлат низ иқтидорманд мешавад ва баръакс.

  Қадами муҳимро дар назарияи ҷамъияти шаҳрвандӣ мутафаккири англис Томас Гоббс гузоштааст. Гобсс тарафдори ақидаи шартномаи ҷамъияти маҳсуб меёфт. Ба андешаи вай, ба шарофати шартномаи ҷамъиятӣ, одамон тавонистан давлат ташкил намуда, аз «ҳолати табиӣ» бароянд ва ба «ҷанги ҳама, муқобили ҳама» хотима диҳанд. Одамон дар атрофи ҷамъияти шаҳрвандӣ аз хусуси тарси бади муттаҳид шудаанд, то ин ки  ба ҳамдигар то ҳангоми ташкил шудани ҷамъият, зарар нарсонанд.  Барқарор намудани сулҳ танҳо ҳангоми ташкил намудани давлат, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва қонунҳои шаҳрвандӣ имконпазир аст. Давлат дар кишвар сулҳ ва тартиботро ҷорӣ намуда, сипас худи инсонро тағйир медиҳад, бо ин васила ӯро ба шаҳрванд табдил медиҳад. Шаҳрванд – озод ва шахси фаъол буда, озодии вай набояд ҳеҷгоҳ озодии дигаронро халалдор созад. Сарҳади ин озоди аз тарафи давлат муқаррар карда мешавад, ки ба он одамон ихтиёран итоат менамоянд.   

  Ҷамъияти шаҳрвандӣ ё худ  шахси алоҳида- ин на танҳо давлат, балки фаъолияти озоди онҳо мебошад. Шаҳрвандон мустақилона барои бурдани корҳои умумӣ бо шахсони дигар, барои мисол,  компанияҳои савдогарон, ё худ дигар ихтиёриён метавонанд  иттиҳодияҳои шаҳрванди ташкил намоянд.  Ҳамин тавр, ба ақидаи Томас Гобсс, ҷамъияти шаҳрвандӣ аз гурӯҳҳои зиёд ва иттиҳодияҳои шаҳрвандӣ иборат мебошад. Гурӯҳро вай ҳамчун шумораи одамон майян меномад, ки аз назари манфиатҳои умумӣ муттаҳид шудаанд. Дар сохтори ҷамъияти шаҳрвандӣ Гоббс се сатҳро ҷудо мекунад.  Якум – сатҳи сиёсии давлат, ки шаҳрвандонро дар зери ҳукумати ягона муттаҳид менамояд. Дуюм – сатҳи гуруҳ, ё шаҳрвандони муттаҳидшуда. Сеюм – сатҳи шаҳрвандони алоҳида, ки раияти (мустақил) шоҳ ва намояндагони гуруҳҳои хусуси маҳсуб меёбанд[6]. Ақидаи Томас Гоббс дар бораи ҷамъияти шаҳрвандӣ нақши методологӣ бозида, нисбат ба ҷаҳонбинии умумифалсафии вай пешқадамтар мебошад. Аз нигоҳи Гоббс ҷамъияти шаҳрвандӣ, на танҳо ҳамчун маҷмӯи ирода аз кӯшиши фардҳо иборат аст, балки ташкилкунандаи воқеияти  нав мебошад. Инҷо   дур шудан аз ҳадафи нишондодашуда ба назар мерасад.

  Назари фалсафӣ ва сиёсӣ-ҳуқуқии Ҷон Локк дар давраи инқилоби буржуазии Англия ташаккул ёфт, ки идеологи он ба ҳисоб мерафт. Дар ин давра, талаботи ҷамъиятӣ дар созмони харитаи нави ҷаҳон рух дод, ки  ба  талаботҳои зерин ҷавобгӯ мебошад: 1) фаҳмидан ва шарҳ додани он тағйиротҳое, ки дар ҳастии инсоният, дар сатҳи шуури омма ба амал омадаанд: 2) дарк кардани мақсад ва маънои ҳаёти инсон, ки дар натиҷаи гузариш аз ҷаҳонбинии католикӣ ба ахлоқи протестантӣ ба амал омадааст; 3) ташаккулёбии намудҳои нави муносибатҳои иҷтимоӣ ва фаъолият. Дар як вақт раванди барқароршави, ташаккулёбии шаҳрвандӣ, баробарҳуқуқии юридики ба амал омад, ки дар навбати худ бе таҳамулпазири ғайриимкон аст. 

  Фарқияти асосии консепсияи ҷамъияти шаҳрвандии Гоббс ва Локк дар он аст, ки: якум, хусусияти хоси баҳодиҳии ҳам Гоббс ва ҳам Локк  нисбат ба ҳолати табиӣ ҷамъият ва ҳам ҷамъияти то шаҳрванди гуногун аст. Гоббс хусусияти хоси ҳолати табиӣ ҷамъиятро ҳамчун вазъияти «ҷанги ҳама, муқобили ҳама» шарҳ дода,  ҷамъияти шаҳрвандиро ба ҳолати табиии он муқобил мегузорад. Локк бошад,  вазъияти табиии ҷамъиятро, ҳамчун ҳолати сулҳ ва бехатарӣ шарҳ медиҳад. Ба ақидаи ӯ, ҳолати табиии ҷамъият тадриҷан тағйир ёфта, ба ҷамъияти шаҳрвандӣ мегузарад. 2. Гоббс ва Локк хусусияти шартномаи ҷамъиятиро ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Ба ақидаи Гоббс кафолати ин шартнома мустақилият ва монарх ба ҳисоб рафта, умуман таҷҷасуми давлат маҳсуб меёбад. Назорат барои иҷроиши шартномаро бояд халқ дар асоси намояндагии шахси ваколатдор (қонунгузор) амалӣ намояд. 3. Ихтилофи ақидаҳои сиёсии онҳо  нисбати муайян намудани гуногунии сохти давлати босубот, дар  мавҷудияти ҷамъияти шаҳрвандӣ инъикос ёфтааст. Гоббс бештар ба афзалияти монархия бовари дошт, гарчанде ки шарти шартномаи ҷамъиятӣ дар фарқият аз деспотия маҳдуд буд. Локк  принсипи  тақсимоти ҳокимият ва шакли идоракунии  конститутсиони, монархияи парламентиро дастгири менамуд. 

  Мутафаккири франсавӣ Монтескё бо ҷаҳонбинии деистии худ  назарияи ҳуқуқи табиии инсонро ифшо мекард. Бинобар ин ҳам дар назарияи иҷтимоии вай ҷои махсусро  масъалаи «табиати инсон» ишғол менамояд[7]. То Монтескё  маорифпарварони франсуз табиати инсонро ҳамчун асоси субстансиалӣ, новобаста аз инкишофи ҷамъият баррасӣ намуда буданд, чунки инкишофи ҷамъият ба табиати инсон таъсири бевосита мерасонад. Ҳолати табиии ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлат натиҷаи давраҳои пешравии ҷамъият мебошанд.  

 Ба ақидаи Монтескё, ҳолати табиӣ, ин пеш аз ҳама, сулҳ буда, барои ҷамъияти шаҳрвандӣ – ҷанг мебошад. Амалӣ намудани қонунҳои мусбӣ, воситаи асосии хотима додан ба ҷанг ба ҳисоб меравад. Шартномаи ҷамъиятӣ дар асоси қонунҳои мусбӣ, ки ба хиради инсон такя менамояд, баста мешавад. Табдил ёфтани ҷамъияти шаҳрвандӣ ба давлат (ҷамъияти сиёсии мутташакил) бо бастани шартномаи ҷамъияти амалӣ карда мешавад. Натиҷаи ин раванд тақвият додани ҷангҳо байни одамон ва ҷамъиятҳо дар ҷои муайян ва вақти муайян аст. Шартномаи ҷамъияти ин созиши дутарафа байни халқ ва ҳукумат буда, дар ин созиш ҳангоми иҷро нашудани шароитҳои шартнома, санксияҳо дар назар дошта шудааст. Халқ қисми уҳдадории худро аз руи манфиатҳи худ ба ҳукумат вогузор менамояд.   

  Монтескё се шакли асосии идоракуниро чудо мекунад: республикави, монархисти, деспотизм.  Республика метавонад демократи бошад, агар дар идоракунии ҳокимият аҳли ҷамъият ширкат варзад, аристократи бошад фақат як қисми хукумат метавонад дар дасти як қисми халқ бошад. Ҳар як шакли идоракуни ба намуди шартномаи ҷамъияти мувофиқат менамояд. Ба ҳар як халқ шакли идоракуние, ки ба рӯҳи он мувофиқ аст, рост меояд. Субъекти шартномаи ҷамъияти аз назари Монтескё худи халқ мебошад. Ба ақидаи Монтескё, манфиатҳои халқ танҳо дар шакли идоракунии республикави, махсусан дар демократия ифода меёбад.  Дар демократия халқ ҳам подшоҳ ва ҳам (мустақил) раият аст. Дар монархия сарчашмаи ҳамагуна ҳукумати сиёсӣ ва шаҳрванди шоҳ маҳсуб меёбад. Лекин шоҳ дар асоси қонунҳои доими ва тағйирнопазир, ки қисман манфиатҳои раиятро ифода менамояд, роҳбари мекунад. Сухан дар бораи маҳдудият (чи тавре ки дар шароити муосир мегӯянд, монархияи конститутсиони ва ё парламенти) меравад. Дар шакли идоракунии республикави ва монархияви низ ҷамъияти шаҳрвандӣ вуҷуд дорад ва бо ин деспотия аз ҳарду шакли зикршуда куллан фарқ мекунад. Дар давлатҳои деспоти монархия ҳукмрони мутлақ буда, ба ягон қонун итоат намекунад.  Дар идоракунии давлатҳои деспотӣ шаҳрванд вуҷуд надошта, танҳо монарх вуҷуд дорад ва боқимонда ҳама раият маҳсуб меёбанд. Дар чунин давлатҳо қонуне, ки муносибати одамонро ба танзим дарорад вуҷуд надорад, бинобар ҳамин ҳам ҷамъияти шаҳрвандӣ ҷой надорад. Чунин шакли идоракуни, ба ақидаи Монтескё, зидди табиати инсон аст. Аз ин ҷиҳат мутаффакир тарзи идоракунии деспотиро ба шартномаи ҷамъияти шабоҳат намедиҳад, чунки дар он ҳокимият бо роҳи зуровари дар дасти як шахс мутамарказ шудааст.

 Олими франсуз Жан Жак Руссо чунин меҳисобид, ки баробари раванди барқароршавии ҷамъияти шаҳрвандӣ раванди ташаккулёбии давлат низ ба амал меояд. Ташкилёбии давлат ҷамъбасти шартномаи ҷамъияти буда, байни халқ ва фардҳои алоҳида мустақилона баста мешавад, бинобар ин ҳам беҳтарин шакли идоракуни – демократия мебошад, қайд мекунад Руссо[8]. Чунин давлат метавонад ба мақсадҳои идеалӣ – барои ба даст даровардани манфиатҳои умуми наздик шавад. Чунин ақидаи мутаффакир нишонаи он аст, ки соҳаи амалии таносуби «давлат – ҷамъият» ба таври возеҳ маҳдуд шудааст.  

 Илова ба ин Руссо соҳаҳоеро ҷудо мекунад, ки дар он қонунҳо амал менамоянд, муносибатҳоро дар дохили ҷамъияти шаҳрвандӣ, яъне  дар системаи “ҷамъият-шахс» ба танзим медарорад. Давлат, ба ақидаи Руссо,  нисбат ба ҷамъияти шаҳрвандӣ болотар буда, ба вай шакли устувор медиҳад ва ҳамчун довар барои ба танзим даровардани низоъҳо дар байни субъектҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, баромад мекунад. Давлат ифодакунандаи манфиатҳои умумии одамон бошад, ҷамъияти шаҳрвандӣ манфиатҳои одамони алоҳидаро ифода мекунад. Давлат ҳуқуқҳои шахсҳоро ҳимоя менамояд, ҳангоме, ки онҳо дар ҷамъияти шаҳрвандӣ ба  қонунвайронкуни роҳ медиҳанд. Ба замми ин давлат ҳамчун кафолати амалии ҳуқуқи на танҳо шахс, балки ҷамъият низ баромад карда, дар системаи «давлат-ҷамъият», «шахс-давлат» амал менамояд.

  Бояд зикр кард, ки масъалаҳои мусбии асосҳои ҳуқуқии ҷамъияти шаҳрвандӣ, аз тарафи намояндагони фалсафаи классикии немис И. Кант, Г.В.Ф. Гегел ва дигарон бо назардошти ақидаҳои гузаштагон тарафдорони консепсияи ҳуқуқи табиӣ фард (Гоббс, Локк, Монтекё, Руссо) мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. 

Саҳми асосии намояндагони фалсафаи классики немис дар дарки консепсуалии масъалаи ҷамъияти шаҳрвандӣ аз инҳо иборат аст:

  1. Ҷамъият, дар маҷмӯъ, ҳамчун падидаи тараққиёбанда буда,

таърихан тағйирёбанда аст, лекин дар таҳаввулоти худ давраҳои муайяни лаҳзаҳои ба сатҳи рушд  мувофиқ, инкишоф меёбад.  

  1. Бори нахуст дар таърихи илм (ғайр аз Монтескё, қисман Макиавелли ва Ибн Халдун) ҷамъияти сиёсӣ ҳамчун маҷмӯи қисмҳои он, махсусан, ҷамъияти шаҳрвандӣ - давлат ва муносибати байни онҳо аз нуқтаи назари мавҷудияти имконпазири низоъҳо баррасӣ шудааст.
  2. Доир ба зарурияти мувофиқ будани ҷамъияти шаҳрвандӣ ба шакли надстройкаи сиёсӣ – давлати ҳуқуқбунёд, ки дар шакли монархияи конститутсионӣ ё республикаи парламентӣ ифода меёбад.

Философҳои немис  дар асарҳои худ, хусусиятҳои хоси тараққиётӣ Германия ва Европаи Шарқиро инъикос намудаанд. Тарақққиёти ин кишварҳо дар асоси назарияи модернизатсия маънидод шудааст, ки имконият медиҳад фалсафаи иҷтимоӣ ва сиёсии германияро, ҳамчун асоси зарурияти назарияи анъанавии ратсионаликунонии муносибатҳои иҷтимоӣ ва азнавсозии он дар рафти тараққиёт муайян мегардад[9].   

  Проблемаи асосии шакли босуръати рушд, масъалаи муносибати давлат ва ҷамъият дар рафти тағйиротҳои иҷтимоӣ ва муносибати давлат нисбати ин тағйиротҳо мебошад. Бархурди ақидаҳои пешомадаи сиёсии Германия бо зарурияти мудохилаи фаъолона ва тағйирёбии муносибатҳои иҷтимоӣ, илмӣ, сиёсии Германия ва ақидаҳои фалсафии он ба тақсимшавии маълуми сиёсӣ дар назди давлатҳои рушдёбанда гардид. Пас ҷамъиятӣ шаҳрвандӣ метавонад аз боло, бо ёрии сиёсати давлатӣ созмон дода шавад, агар ин тавр бошад, пас кафолатҳои ҳуқуқуро барои ҷамъият ва фард чи тавр нигоҳ доштан лозим аст.

  Кант озодии шаҳрванд ва ҳавасмандкунии иқтисодиро (ҳамчун яке аз омилҳои чунин озоди) бо тавоноии давлат алоқаманд мекунад. Аз нуқтаи назари Кант асоси муайянкунандаи ҷамъияти шаҳрвандӣ – шахсияти алоҳида ва шарти муҳими пайдо шудан ва тасдиқ шудани ҳақиқии ҷамъияти шаҳрвандӣ мебошад, на маҳдудияти иқтисодӣ ва сиёсии  ҳокимият. Мувофиқи ақидаи Кант дар ҷое, ки сарчашмаи ҳаёттаъминкуни ва интихоби озоди иқтисодӣ дар шаклҳои  гуногун вуҷуд надошта бошад, озодии фард маҳдуд аст. Танҳо дар чунин шароит инсон метавонад  интихоби худро дар асоси истеъдод ва рақобат бо муҳити ҳаёти,  амалӣ кунад. Ин амал  менависад- Кант ба табиати инсон мувофиқ аст.

  Пешравиро дар ҷамъияти шаҳрвандии ҳуқуқи Кант ҳамчун мақсади тараққиёти таърихи эълон намуд. Ин мақсад, зикр мекунад вай, ба инсон, аз  тарафи табиат дода шудааст, бинобар ин ҳам “масъалаи бузургтарин барои насли инсон ҳал намудани он чизе ки ба вай табиат додааст, яъне ба даст овардани ҳуқуқҳои умумибашарии ҷамъияти шаҳрвандӣ  мебошад”[10]. Вобаста ба ин бо пешравии сиёсӣ-ҳуқуқӣ ва идеали иҷтимоӣ бояд такмилёбии ахлоқии одамон ба вуҷуд ояд. Кант ворид шудани ҳар як шахсро ба ҳолати шаҳрвандӣ, на  танҳо ҳамчун вазъияти сиёсӣ-иҷтимоӣ, балки ҳамчун меъёрҳои ахлоқи баррасӣ менамояд. Давлат не, балки ҷамъияти шаҳрвандӣ вазифаи тарбияи ахлоқии шаҳрвандонро бояд ба ӯҳда гирад.

  Гегел нисбати таҳлили зуҳуроти ҳаёти ҷамъиятӣ ва табиати инсон ба равиши таърихии он такя менамояд. Бо фарқият аз назариячиёни шартномаи ҷамъияти, ки муқобилгузории ҳолати табииро ба ҷамъияти шаҳрвандӣ асоснок мекарданд, Гегел ба асоси фалсафаи сиёсии худ ақидаи таҳаввулоти таърихиро ҳамчун шакли ҳаёти умумӣ ба миён гузошт. Вай аз ақидаҳои Кант бархудор шуда,  равиши навро нисбати зуҳуроти сиёсӣ нисбати ҷамъияти шаҳрвандӣ баррасӣ намуд. Гегел ба таври амиқ ва пайваста ҷамъияти шаҳрвандиро аз давлат ҷудо намуда, нишон дод, ки он натиҷаи тараққиётӣ таърихи мебошад. Фалсафаи сиёсии Гегел, ки  махлути ҳуқуқҳои табиӣ ва таърихи мебошанд, консепсияи сотсиологии алоқамандии ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро дар мадди назар дошт, ки он барои давлати либералии асри Х1Х назарияи марказӣ ба ҳисоб меравад. Раванди ҷамъияти шаҳрвандӣ дар  давраи нав ба амал омада, қисми таркибии сохти ҷамъияти буржуазӣ  маҳсуб  меёбад.                  

  Дар ин матн мутобиқан проблемаи таъсири муттақобилаи институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ бо ташкилотҳои корҳои дохилӣ ба назар мерасад. Дар мадди аввал ҷамъияти шаҳрвандӣ дар ташкилотҳои корҳои дохилӣ ҳамчун воситаи ҳимояи манфиатҳои қонуни, ки тавонанд фаъолияти онҳоро бо назардошти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори умум дар  асоси назорати шаҳрвандӣ таъмин намоянд. Аз нуқтаи назари ташкилотҳои шаҳрванди системаи ҳимояи ҳуқуқ дар худ набояд бештар хусусияти ташкилотҳои ҷазодиҳи дошта бошанд, балки дар модели иҷтимоишави, хусусияти ҷазодиҳи дар ҳолати зарури  амалӣ мегардад. 

  Дар конструксияи этатистии Гегел ҷамъияти шаҳрвандӣ тобеи давлат мебошад, лекин озодиҳои онро, ки қонун асоснок кардааст, махдуд намекунад.  Бо ин тафсири этатистии гегелии давлати ҳуқуқбунёд, моҳиятан аз консепсияи демократизм (мустақилияти халқ) ва либерализм (фарди мустақил ё ҳато бартарии ҳуқуқ ва озодии шахс дар таносуб бо ҳуқуқи давлат), аз шакли идоракунии навтарини деспоти, ки дар он бесарусомони ва зӯроварӣ вуҷуд дорад, аз конститутсия, ҳуқуқ ва қонун фарқ мекунад. Барои таъмини ҳукмронии ҳуқуқ ва қонун тақсими ҳукумат дар давлат зарур аст. 

  Пас аз Гегел, К Маркс мафҳуми ҷамъияти шаҳрвандиро ҳамчун зуҳуроти таърихӣ, натиҷаи давраи муайяни тараққиёти ҷамъияти инсонӣ баррасӣ намудааст. Лекин барқароршавӣ, тараққиёт ва амалӣ шудани ҷамъияти шаҳрвандиро К.Маркс нисбатан дигар хел маънидод менамояд. Бо фарқият аз Ф. Гегел, К. Маркс чунин меҳисобид, ки на Рӯҳи Мутлақ, балки оила ва ҷамъияти шаҳрвандӣ заминаи давлат маҳсуб меёбад. Айни замон, мисли Гегел, К. Маркс ба вуҷуд омадани ҷамъияти шаҳрвандиро бо зарурати заминаи иқтисодӣ дар шакли озодии моликияти хусусӣ алоқаманд мекард. ”Истифодаи амалии ҳуқуқи инсон барои озоди, ҳамчун ҳуқуқи инсон барои моликияти хусуси ба шумор меравад. Ҳуқуқи инсон ба моликияти хусусӣ озодие мебошад, ки моликияти худро дар асоси назардошти худ истифода намояд. Ба таври худ истифода намудан, озодии фардиест, ки асоси ҷамъияти шаҳрвандиро ташкил медиҳад”.[11]

  Монанди Г.Ф. Гегел, К. Маркс чунин мешуморид, ки мафҳуми “ҷамъияти шаҳрванди”-ро бо ду маъно истифода намудан имконпазир аст: аз як тараф барои ифодаи ҷамъиятӣ шаҳрвандӣ читавре ки ҳаст, яъне шабеҳ додан бо давраи муайяни тараққиёти ҷамъият, хусусан бо ҷамъияти буржуази, аз тарафи дигар, барои ифодаи ин ё он соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ, яъне ташкилоти муайяни ҷамъиятӣ. 

  Ҳарду мутаффакир ташкилёфтани ҷамъияти шаҳрвандиро бо муносибатҳои иқтисодӣ, ки ба моликияти хусуси асос ёфтааст, алоқаманд менамуданд. Агар К. Маркс решаҳои зиддияти ҷамъияти шаҳрвандиро дар иқтисодиёт, ки асоси онро зиддияти байни меҳнат ва сармоя ташкил мекунад маҳсуб шуморад, Гегел бошад  ҷамъияти шаҳрвандиро ба Рӯҳи Мутлақ вобаста медонист.      

  Таҳлили марксистии ҷамъияти шаҳрвандӣ як қатор комёбиҳои назаррас дорад. Якум, Маркс нишон дод, ки ҷамъияти шаҳрвандӣ натиҷаи ташаккулёбии муайяни таърихи ҷамъиятист, на ҳолати табии одамон. Дуйум, вай исбот намуд, ки сабаби ҳамагуна аз нав ташкилёбии сиёсӣ давлат мебошад, ҷамъияти шаҳрвандӣ бошад ҳамчун базиси иқтисодӣ буда, ташкилотҳои ҷамъиятии ғайридавлати, ки ба он дохил мешаванд, иқтисодиёт мебошад. Сеюм, вай хусусияти умумии фарқкунанда ва зиддиятҳоро  байни ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлат нишон дод.  Чорум, Маркс моҳиятан тасавуроти одамонро нисбати фаҳмиши ҷамъияти шаҳрвандӣ ғанӣ намуда, дар бораи зуҳуроти ҷамъияти ва шарҳи он иловаҳои асоснок  ворид намуд. 

  Намояндагони давраи нави файласуфони рус  низ нисбати ҷамъияти шаҳрвандӣ ақидаҳои худро баён намудаанд. Хизмати фалсафаи рус дар он аст, ки хулосаи намояндагони он дар алоқамандии асосҳои дониши фарҳангӣ ва шакли идоракунии давлати дар асоси хусусияти ҷамъияти шаҳрвандии Россия барассӣ шудааст. Асосноккунии хусусияти ҷамъияти шаҳрвандӣ дар фалсафаи иҷтимоии рус дар асоси омилҳои зерин зикр ёфтааст:

  1. Дар системаи “давлат-ҷамъият”, “шахс-давлат” давлат ҷои махсусро ишғол менамуд. Натиҷаи чунин вазъият ба он вобаста буд, ки механизми худинкишофёбии ҷамъияти россияги дар сатҳи зарури ташаккул наёфта буд.
  2. Аз ин ҷо номубрамии масъалаи ҷамъияти шаҳрвандӣ дар россияи нимаи якуми асри Х1Х вуҷуд дошт. Мувофиқан ба ин, масъалаи зикршуда дар коркарди назариявии ҷамъияти шаҳрвандӣ ба ғояҳои мутаффакирони Ғарб такя менамуд.              

  Гарчанде ки дар адабиёти илмии Россия низ ба масъалаҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, махсусан иҷтимои-сиёсӣ рӯ оварда, хостанд, ки онро мутобиқан ба шароити ҷамъиятии россия шарҳ диҳанд, лекин он бештар характери такрори ақидаҳои мутаффакирони ғарбро инъикос менамояд. Намояндагони мактаби давлат (ҳуқуқшиносӣ) масъалаи ҷамъияти шаҳрвандиро дар доираи таносуби он бо давлат тадқиқ намуданд. Хусусияти кори онҳо, якум, назарияви буда, аз пешравии илми ҷаҳони нисбати омузиши давлати ҳуқуқбунёд ва ҷамъияти шаҳрвандӣ бархурд гирифтааст; дуйум,  ба таври объективи тасвир намудани  консепсияи давлатдории Россия, ки ба ҷамъияти шаҳрвандӣ мутобиқ набуд; сейум, ба таври боварибахш нишон дода шудааст, ки дар Россия механизми иҷтимоии амалӣ намудани ҳолати назарияви ва амалии  давлати ҳуқуқбунёд ва ҷамъияти шаҳрвандӣ вуҷуд надошт. Аз ин лиҳоз зиддиятҳои  назарияви ва амали хоси  давлатҳои замони Нав ва навтарин мебошад.     

  Масалан, С.Л. Франк муътамияти маҳдудияти ба ҳам алоқамандии  ҳамзистии давлат ва ҷамъияти шаҳрвандиро ҳамчун зуҳуроти онтологии моҳияти ду сатҳи гуногуни ҷамъият исбот намуд. Таҳлили фалсафи-иҷтимоии ҷамъияти шаҳрвандиро баррасӣ намуда, ба таври далелнок назарияҳои либерали ва  сотсиалистиро танқид намуд. Ақидаҳои либералиро барои атомизми иҷтимоӣ, давлат ва ҷамъияти сотсиалистиро аз нуқтаи назари фишоровари ба шахс[12]

  И.А. Илин бошад чунин меҳисобид, ки  меъёри озоди аз шуури ҳуқуқии инсон вобаста аст, чунки инсон “ табиатан ташаббускор ва худсозгор аст”[13]. Умуман ин ҳолат дар фалсафаи Илин ба тарзи муҳим асосноккунии ҷамъияти шаҳрвандӣ ва қобилияти худинкишофёби ва худташаккулёби мебошад. 

  Ҷамъиятро философ ҳамчун организме тасавур мекунад, ки аз руи қонунҳои дохилии худ амал менамояд. Дахолати давлат ба ҷамъият метавонад боиси боздоштани тараққиёти он гардад, чунки фард ва ҷамъият дар якҷояги  созанда мебошанд. Танҳо ба таври органикӣ созгор будани ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлат ба тарзи тараққиёти босубот муввафақ мешавад. Вай қайд менамояд, ки  “фаъолияти озоди” фард бе моликияти хусуси, ташабуси хоҷагидории озод, озодии меҳнат ва “озодии муҳокима” ғайриимкон аст. Агар озодии фаъолияти фард маҳдуд шавад, имконияти сохтани ҷамъияти шаҳрвандии рушдёбанда имконнопазир аст.  Хусусияти фалсафаи рус дар он аст, ки онҳо созмони ҷамъияти шаҳрвандиро аз шароитҳои беруна вобаста надониста, балки ба ҷаҳони дохилии инсон, рӯҳи он вобаста медонанд. Хизмати дигари фалсафаи рус дар алоқамандии  байни асосоҳои рӯҳи фарҳанги ва шакли идоракунии давлат, бо назардошти хусусияти хоси ҷамъияти шаҳрвандӣ нишон дода шудааст. Аз ин рӯ, ташкил шудани ҷамъияти шаҳрвандиро дар фалсафаи иҷтимоии рус бо омилҳои зерин муайян карда шудааст:

  1. Рушди пай дар пайи кишвар. Россия дар садсолаи охир ҳама вақт ба “ситезаҳои” Ғарб бояд ҷавоб медод. Ба чунин ситезаҷӯиҳо ҳукумати давлатӣ рӯ ба рӯ шуда, дар муҳлатҳои муайян дар кишвар ислоҳотҳои азнавсозиро мегузаронд.
  2. Дар системаи “давлат - ҷамъият”, “шахс - давлат”, давлат нақши муассир мебозид. Натиҷаи чунин вазъият, боиси он гардид, ки дар ҷамъияти россиягӣ ба таври мукаммал механизми худрушдёбӣ ташаккул наёфт.
  3. Аслан аз инҷо бармеояд мушкилоти ҷамъияти шаҳрвандӣ то миёнаи асри Х1Х. Мутобиқан, коркарди назариявии ҷамъияти шаҳрвандӣ дар ақидаҳои илмӣ низ дар мадди аввал набуд, ё худ дар шакли нусхабардорӣ вуҷуд дошта, консепсияҳои муътамаде ин масъаларо баррасӣ намекард. Сарчашмаи объективӣ барои  ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ ҳангоми шоҳигарии Александри 2 дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти солҳои  60-70-уми асри Х1Х рух дод. Танҳо, пас аз он  дар асарҳои тарафдорони  мактаби давлатӣ (ҳуқуқӣ) ва пайравони вай консепсияҳои аз нав дида баромадани масъалаи мазкур (нисбат ба Русия) ва воқеияти иҷтимоӣ-фарҳангии он баррасӣ гардид. 
  4. Муттасил набудани назарияҳои консепсуалӣ ва давомнокии дарозмуддати он натавонист, ки хусусияти хоси рушди ҷамъияти шаҳрвандиро дар фалсафаи иҷтимоӣ инъикос намояд.
  5. Дар Россияи муосир таҳлили масъалаи ҷамъияти шаҳрвандӣ, аз як тараф, таҳлили ақидаҳои иҷтимоии Ғарб, ҷиҳатҳои назариявии он, мероси гузаштаи худ, баҳодиҳии мустақилияти иқтисодии шахс дар системаи “шахс - давлат”, “ҷамъият –шахс ” бошад, аз  тарафи дигар, танқиди набудани сарчашмаҳои воқеии ташаккули ҷамъияти шаҳрвандӣ, хусусияти хоси  мавҷудияти ҷамъияти анъанавӣ ва фарогирии он соҳаҳои гуногуни маърифатиро дар назар дорад.

  Дар навбати худ, ҷамъияти шаҳрвандӣ муқобили бюрократия  мебошад, чунки бюрократия қонунҳои нигоҳ доштани худро ба таври воқеӣ (зинабандӣ, каставӣ, расмиятчигӣ, карйера) дар ҷамъият паҳн менамояд. Демократия иттифоқчии  ҷамъияти шаҳрвандӣ бар зидди бюрократия мебошад.

  Хулоса, ташаккулёбии ҷамъияти шаҳрвандӣ ба давраҳои таърихии инкишофи ҷамъият вобаста буда, ҳолатҳои инкишоф ва ақибмонии масъалаҳои иҷтимоӣ ба муносибати давлат ва шахс, ҷамъият ва шахс алоқаманд мебошад. Махсусан, тарзи гузаришҳои сохти ҷамъиятӣ, ки боиси тағйир ёфтани муносибатҳои истеҳсолӣ мегарданд, дар аксарияти кишварҳои рӯ ба тараққӣ ниҳода, барои пайдо шудани назарияҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ, ки тавонад мавқеи онро дар ҷамъият амалӣ намояд, вуҷуд надорд. Аз ин боис, омӯхтани назарияҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, омилҳо ва раванди он дар шароити бозори иқтисодӣ муҳим  маҳсуб меёбад.          

 

 

Ғаюр ҚАҲҲОРОВ

доктори илмҳои фалсафа

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (23), 2021 

 

Адабиёти истифодашуда

1.Баяхчева  С. Л., Туркулец А.В. Гражданское общества в современной России и национальная идея // Российское общество в современных цивилизационных процессах. – СПб., 2010 С. 468-476. 

2.Гоббс Т. Избранные произведения. М., 1956.Т. 1,.- С. 345.

3.Гоббс Т. О гражданине.Т.1. – С. 231.

4.Гегель. Философия права. М.,1990, С.284.   

5. Жан Жак Руссо. Избранное сочинения. Т.2. М.; 1978. С. 24.

6. Ильин И.А. России необходимо свобода. //Избранные статьи.-М., 1991.-С. 192.

7.Кант И. Идея всеобщей истории во всемирно-гражданском плане // Сочинения в 8 т. Т.8,-М., 1994,-С.17.

8.Маркс К.  Энгельс Ф. Сочинение в 10 томах. Т.3.- М., 1985.-С.154.          

9.Мировой опыт и проблемы России. – М., 1998.-С.6-7.

10. Медушевский А.Н. Гражданское общество и правовое государство в политической мысли Германии //Вестник МГУ. Серия 12. Социально-политические исследования. – 1995. №5,-С. 21-29.

 

[1] Ҷон Локк. Сочинение в двух томах. 1 том. М.; 1978.-С. 37.

[2]  Ф. Гегель.Философия права. М.,1990, С.145.   

[3] Тамже. С. 156.

[4] Баяхчева  С. Л., Туркулец А.В. Гражданское общества в современной России и национальная идея // Российское общество в современных цивилизационных процессах. – СПб., 2010. -С. 468-476. 

[5] См.:  Гражданское общество: мировой опыт и проблемы России.- М.,1998.-С. 6-7.

[6] Гоббс Т. О гражданине.Т.1. – С. 231.

[7] Баяхчева  С. Л., Туркулец А.В. Гражданское общества в современной России и национальная идея // Российское общество в современных цивилизационных процессах. – СПб., 2010 С. 468-476. 

[8] Жан жак Руссо. Избранное сочинения. Т.2. М.; 1978. С. 24.

[9] Медушевский А.Н. Гражданское общество и правовое государство в политической мысли Германии //Вестник МГУ. Серия 12. Социально-политические исследования. – 1995. №5,-С. 21-29.

[10] Кант И. Идея всеобщей истории во всемирно-гражданском плане // Сочинения в 8 т. Т.8,-М., 1994,-С.17.

[11] Маркс К.  Энгельс Ф. Сочинение в 10 томах. Т.3.- М., 1985.-С.154.          

[12] Ильин И.А. России необходимо свобода. //Избранные статьи.-М., 1991.-С. 192.

[13] Мировой опыт и проблемы России. – М., 1998.-С.6-7. 

Хондан 2033 маротиба