JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Тасаввурот дар барои сохти атомӣ - молекулии моддаҳо аз давраҳои қадим дар байни олимон вуҷуд дошт. Ҳамин гуна таасаввуротро дар таълимоти соддалавҳонаи табиатшиносии файласуфони Ҳинди бостон, Юнони атиқа ва Рими қадим вохӯрдан мумкин аст. Дар асоси чунин тарзи фаҳмишҳо аввалин шуда файласуфи Юнони қадим Левкипп (500-440 то эраи мо) консепсияи атомистиро пешниҳод намуда буд. Левкипп нахустин маротиба ба илм мафҳуми «атом» ва «холигӣ» - ро дохил намудааст. Ақидаҳои атомистии Левкиппро баъд аз ӯ файласуфони дигар Демокрит, Эпикур, Лукретсий ва дигарон инкишоф дода, инчунин онро пурраю дақиқ гардониданд. Дар байни пайравони мактаби атомистии Левкипп шогирди худи вай Демокрит дар ин самт мавқеи хос дорад. Мувофиқи ақидаҳои Демокрит дар холигии мутлақи фазои моро иҳотакунанда шумораи беохири зарраҳои тақсимнашаванда - атомҳо мавҷуданд, ки шаклу андозаҳои мухталиф дошта, дар ин холигиҳо бетартибона ҳаракат мекунанд. Баъзан атомҳо бархӯрда аз ҳамдигар дур мешаванд ва баъзан ба якдигар бо ҳолатҳои гуногун часпида моддаҳоро ба сифатҳои мухталиф ҳосил мекунанд. Намояндаи дигари равияи атомистӣ Эпикур бошад, атомҳоро ба хосиятҳои вазндорӣ тақсим намудааст.

  Дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ - иҷтимоиёт, иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, илму маориф ва ғайра нақши занон бағоят бузург аст. Зан - модар, тарбиятгар, кадбону, завҷа; зан - омӯзгор, олима, ходими илм, арбоби илму фарҳанг; зан - ходими давлату ҷамъият, сиёсатмадор. Дар ин бобат номи садҳо бонувони тоҷикистониро номбар метавон кард, ки ифтихори давлату миллати куҳанбунёду тамаддуновари мо ҳастанд.

  Давраи муосири инкишофи илми физика дар Тоҷикистон баъди солҳои панҷоҳуми асри гузашта рост меояд. Дар ин давра дар Тоҷикистон рӯйдоди муҳими илмие ба вуқуъ пайваст, яъне Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (14. 04. 1951) ба фаъолият оғоз намуд. Кушодашавии Пажуҳишгоҳҳои астрофизика (соли 1958) ва физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови (соли 1964) АИ ҶТ саҳифаи наверо дар таърихи илми тоҷик боз намуд. Маҳз дар ҳамин давра як қатор ҷавонони болайёқати тоҷик ба муассисаҳои илмию тадқиқотии дигар мамолики ҳамҷавор барои такмили ихтисос ва пур кардани халои зеҳнии пажуҳишгоҳҳои навтаъсис сафарбар карда шуданд.   

  Ҳамаи он чизҳое, ки моро иҳота кардаанд - фазои беинтиҳои коинот, галактикаҳои бешумор, Офтоб ва ситораҳо, сайёрҳо ва Замини мо, ҷисмҳои рангоранги органикию ғайриорганикӣ - ҳаво, об, ҳайвоноту наботот ва инчунин, ҳамаи он ашёҳои бо дасти инсон сохташуда табиатро ташкил менамоянд. Худи инсон низ як ҷузъи ҳамин табиат аст. Ва ин табиат ҳеҷ гоҳ бетағйир намемонад. Дар он ба таври бефосила ва бардавом ҳар гуна тағйирот рӯй медиҳад. Барои мисол, ситора ва дигар ҷирмҳои осмонӣ на ин ки мавқеи худро дар коинот дигар мекунанд, балки онҳо нопадид мегарданд ва аз нав намудор мешаванд, ҳатто хосиятҳои худро тағйир медиҳанд. Ивазшавии шабу рӯз, фаслҳои сол, тағйирёбии боду ҳаво ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Гармӣ хунукиро иваз мекунад, як модда ба моддаи дигар табдил меёбад, моддаҳои мухталиф дар шароитҳои гуногун сахт, моеъ, газ, плазма шуда метавонанд ва ҳоказо.

Китобҳо