JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Манзараи илмии олам - ин манзараи васеи донишҳо дар бораи табиат ва башарият, ки назарияҳои хеле муҳим, фарзияҳо ва далелҳоро дарбар гирифта, тақозои ҷавҳари ҷаҳонбиниро дорад. Он аз низоми хулосаҳои илмии аз қазияҳои мушаххаси фанҳои алоҳидаи афзалиятнок таркиб ёфта, ҳамчун марҳалаи ҷамъбасткунандаи ҳамгироии комёбиҳои илмӣ ба низоми ягонаю бидуни ихтилоф ҳувайдо мешавад.

  Баъд аз якҷояшавии модели ядроии атом бо назарияи квантии рӯшноӣ, дар пешрафти илми физикаи муосир як қатор кашфиёт ва дастоварҳои назаррас ба вуҷуд омаданд. Дар баробари чунин пешравию дастовардҳо, инчунин дар физика як қатор проблемаҳои ҳалталаб низ арзи вуҷуд карданд, ки барои ҳалли онҳо механикаи классикии Нютон, назарияҳои электростатикии Кулон ва электродинамикии Максвелл оҷиз мемонданд. Сипас, олимони соҳаи физикаро лозим омад, ки барои бартараф намудани чунин мушкилот назарияи ҷадиду мукаммалтареро тарҳрезӣ намоянд.

  Ҳанӯз дар асри XVIII, дар бораи рӯшноӣ ва табиати он ду назария ба вуҷуд омада, инкишоф ёфтанд. Ин назарияҳо таносубан назарияи корпускулавии рӯшноӣ ва назарияи мавҷии рӯшноӣ ном ниҳодаанд. Назарияҳои мазкур хосиятҳои гуногуни рӯшноиро дар муҳитҳои мухталиф тавсиф медиҳанд. Асосгузори назарияи корпускулавии рӯшноӣ олими англис И. Нютон ва поягузори назарияи мавҷии рӯшноӣ физики нидерландӣ Христиан Гюгенс (1857-1894) мебошад. Мувофиқи тадқиқоти Максвелл бошад, рӯшноӣ мавҷи электромагнитӣ аст.

  Воридшавии оянда ба қаъри микроолам бо гузариш аз сатҳи атом ба сатҳи зарраҳои бунёдию суббунёдӣ алоқаманд мебошад. Мафҳуми зарраи элементарӣ дар аввалҳо ба маънои содда ва баъдтар ба маънои зарраи тақсимнашаванда фаҳмида мешуд. Сипас, олимони соҳаи физика ба шартӣ будани истилоҳи элементарӣ, ки ба микрообъектҳо татбиқшаванда аст, розӣ гардиданд. Ин бовариро фарзия дар бораи мавҷудияти кваркҳо, ки аз онҳо ҳамаи зарраҳои бунёдии маълум таркиб ёфтаанд, пурқувват гардонид. Чӣ тавре, ки дар мавзӯи гузашта қайд намудем, ба сифати аввалин зарраи бунёдӣ электрон кашф шуда буд. Баъдтар дар сисолаи аввали садаи XX фотон, протон, позитрон ва нейтрон кашф гардиданд. Ҳамаи зарраҳое, ки дар замони ҳозира элементарӣ ҳисобида мешаванд, шакли мавҷудияти материя ба шумор рафта, дар ядрои атом муттаҳид нестанд. Бинобар ин, аксар вақт онҳоро зарраҳои субядроӣ (назди ядроӣ) меноманд. Дар замони муосир шумораи зарраҳои бунёдии кашфгардида зиёда аз 350 ададро ташкил медиҳад.

Китобҳо