JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 05 Марти 2019 03:26

Коррупсия – таҳдид ба амнияти иқтисодии давлат

Муаллиф: Нидоев Шоҳрух

   Дар мақола самтҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди коррупсия, барои таъмини амнияти иқтисодии давлат, бо роҳи таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор дода шудааст. Зеро коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи ногувор  ва паст кардани сатҳи онро ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода шудааст.

  Мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ низ самти афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлат мебошад. Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ асоси давлату давлатдорӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкори ҷамъият ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири шадиди манфӣ мерасонад.

 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 апрели соли 2010 [1].

  Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некӯаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз расидан ба рӯзи нек маҳрум мекунад.

  Коррупия ба яке аз таҳдидҳои олами муосир табдил ёфтааст, ки амнияти кишварҳо ва минтақаҳоро зери хатар мегузорад. Он кулли мамлакатҳои оламро фаро гирифта, дар ҳар макону замон дар сатҳи мухталиф намоён мешавад. Ҳам дар мамлакатҳои пешрафта ва ҳам дар мамлакатҳои сустинкишофёфта ба таври хоса коррупсияро зоҳир мегардад.

Пӯшида нест, ки коррупсия чун унсури манфии ҷамъият, новобаста аз дараҷаи тараққиёти он, мисли худи ҷомеа хеле куҳан буда, заминаҳои пайдошавӣ ва рушди худро дорад.

  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарк намудани ин хатар ба коррупсия ҷанги беамон эълон намуд. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳанӯз 21 июли соли 1999 фармон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба таҳкими мубориза дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия» нашр гардид.

  Бо ин фармон дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба таҳияи системаи чорабиниҳое, ки ба таҳкими мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодӣ равона гаштаанд, вазифаҳои мушаххас гузошта шуда будаанд. Пеш аз ҳама Ҳукумати ҷумҳурӣ вазифадор гардид, ки якҷоя бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ Барномаи давлатиро оид ба мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия таҳия намояд.

  Хотимаи мантиқии фармони мазкур он гардид, ки Порлумони кишвар 11 декабри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия»-ро қабул кард.

 Дар натиҷа қонунгузории мо бори аввал бисёр масъалаҳои бо коррупсия иртиботдоштаро ба низом дароварда, мақоми ҳуқуқиашон муқаррар гардид. Қонуни мазкур муқаррар намуд, ки коррупсия – ин амали шахсе мебошад, ки ба иҷрои корҳои давлатӣ ваколатдор буда, бо истифода аз вазифа ё вобаста ба имкониятҳои мавҷуда соҳиби неъматҳои моддӣ ё манфиатҳои дигар мегардад, инчунин ба дигар шахсони воқеиву ҳуқуқӣ истифода бурданро аз ин имтиёзҳо ё неъматҳои, ки бо роҳи ғайриқонуни дастёб шудаанд, ҳуқуқ медиҳад. Қонуни мазкур ба беҳшавии вазъи мубориза бар зидди коррупсия дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

  Бояд қайд кард, ки дар давраи баъди қабули қонуни мазкур бисёр санадҳои байналмилалӣ дар соҳои мубориза бар зидди коррупсия қабул шуда, Созмони Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Рушд соли 2004 –ум тавсияҳои худро оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди коррупсия қабул намуд. Ҳолатҳои мазкур зарурати ба талаботи ин санадҳо мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи мубориза бо коррупсия»-ро ба миён овард.

  Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», ки 25 июли соли 2005 қабул гардидааст ва айни замон амал мекунад, аз қонуни пешина фарқи зиёд дошта, бисёр камбудиҳои онро аз байн бурдааст, яъне коррупсия - ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатии) шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробар кардашудае мебошад, ки мақоми худ ё имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари бо қонунҳо пешбининашуда, инчунин ба ин шахсон    ваъда додан,таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартариятҳо бо мақсади моилкунӣ ва (ё) қадркунии онҳо барои иҷрои ин ё он кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ истифода мебаранд, муайян кард [2].

  Аз ҷумла, мафҳуми «коррупсия» ба санадҳои байналмилалӣ мутобиқ карда, шахсони мансабдори давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ низ ба доираи субъектони ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дохил карда шуданд.

  Бори аввал ҷавобгарӣ барои қабули қарорҳои коррупсионӣ ба таври коллегиалӣ ба расмият даровардашуда муқаррар гашт, тартиб ва шакли баамалбарории чораҳои назорати молиявӣ оид ба вазъи дороии шахсони мансабдор саҳеҳтар шуда, кирдорҳои коррупсионӣ ба намудҳои интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноӣ ҷудо гардиданд.

  Бо мақсади муборизаи бевосита бо коррупсия дар мамлакат ва муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат, ба мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони тиҷорат ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин бартараф намудани такрори вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ барои муқобилият бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 № 143 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор сохтани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин таъмини шаффофият ва ташкили назорати давлатии молиявӣ иборат мебошад.

  Бо таъсис ёфтани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат ба миён омад, ки пеш аз ҳама корҳои муайяни ташкилӣ ва ҳуқуқиро баҳри фароҳам овардани шароит ва заминаҳо барои оғоз ва минбаъд идома бахшидани фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуд. Бо ин мақсад таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои Қонунҳои нав ва тағйиру иловаҳо ба Қонунҳоро амалӣ намудем.

  Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», «Низомномаи тартиби адои хизмат дар воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи интизомии кормандони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. «Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия» тасдиқ гардид[3].

  Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», дар бораи назорати давлатии молиявӣ, дар бораи прокуратура, дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ғайра қабул ва тасдиқ гардиданд, ки ҳамаи ин санадҳои номбаршуда фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медароранд.

  Итминони комил дорем, ки қонунҳо, фармонҳои Президенти кишвар, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медароранд, дар татбиқ намудани қонунгузорӣ, назорати давлатии молиявӣ, амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва қонунию асоснок тафтиш намудани парвандаҳои ҷиноятӣ мусоидат менамояд.

 Нидоев Шоҳрух

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2015, №1 (237).

Адабиётҳо:

 

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 апрели соли 2010
  2. Ариас Санчес О. Предисловие // Основы борьбы с коррупцией (системы общегосударственной этики поведения) / Под ред. С. В. Максимова — М.: 1999. С. 15-28
  3. Бобокалонов O.K., Саидов Ф.С., Рустамова Н.Н. Формы проявления коррупции// Таджикистан и современный мир. Вестник ЦСИ № 2 (6) 2005. С. 40-44
  4. Маҳмадов Қ.Ф., Юсупов С.Ш. Маҷмӯи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оиди мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон -Душанбе: «Матбуот» -2008. С. 5 -183
  5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» шаҳри Душанбе 25 июли соли 2005, № 100. С. 3
  6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентиии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, 20 марти соли 2008, №374. С. 3
  7. Қарари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 аз «26» январи соли 2008, №34-–Душанбе -2008. С. 3

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

Хондан 3091 маротиба