JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 13 Марти 2019 05:19

Сабабҳои пайдоиши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Муаллиф:

Дар асл бисёр тахлилгарон имрӯз бунёди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро тақозои замона мешуморанд.

Бояд ёдовар шавем, ки дар миёнаи солҳои ҳаштодум бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ, яке аз  давлатҳои абарқудрати он замон, Иттиҳоди Шӯравӣ рӯ ба сукут овард. 

Сабабҳо дар асл бешумор буданд. Аммо  муаррихон  ва таҳлилгарони бисёр давлатҳо, сабабҳои асосии чунин ранг гирифтани масъаларо дар  татбиқи ислоњотҳои иқтисодии  Михаил Сергеевич  Горбачёв мансуб медиданд. 

Татбиқи сиёсати озоди баёни сухан ва мухобирот, ташкили интихоботи демократӣ, бароҳандозии барномаҳои  иқтисодии бозоргонии дар амал татбиқнашуда, боиси фалаҷ гардидани ҳокимияти  марказӣ  ва дар маҷмӯъ иқтисодиёти мамлакат гардид.

Аз  ин лиҳоз, дар мамлакат норозигии аҳолӣ афзуда, оҳиста - оҳиста боиси сар задани зиддиятҳои байни қавмӣ ва миллатҳо гардид.

Аз  вазъи дар мамлакат ба миён омада, ҳама тағйиротҳои ҷиддиро интизор буданд. Аммо бисёриҳо, алалхусус роҳбарияти ҷумҳуриҳои  аз  ҷиҳати иқтисодӣ қафомондаи Иттиҳоди Шӯравӣ аз  сиёсати сахти Партияи Коммунистӣ тарсида,  бештар сар задани тағйиротҳои муҳимро  аз   давлатҳои абарқудрати  Федератсияи Русия, Белорус ва Украина интизор буданд. 

Аммо ҳамаи ин интизориҳо баръакс  анҷом ёфт.

9 апрели соли  1989 дар натиҷаи низоъи байни халқи  грузину абхаз  ҳодисаҳои Тифлис ба вуқӯъ омад.

17 июни соли 1989 дар шаҳри  Узени Ҷумҳурии Қазоқистон,  моҳи марти соли  1990 дар шаҳри Ош  ва моҳи майи соли 1990 дар вилояти  Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон задухӯрдҳои байни қабилавӣ ва миллӣ сар зад.[1]

Агар дар моҳи январи соли 1990 дар шаҳри Боку  дар натиҷаи чунин  низоъҳои байни қавмӣ, қӯшунҳои мусалаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ворид гардида бошанд, пас дар моҳи  феврали соли  1990 дар  шаҳри   Душанбе дар заминаи миллатгароӣ ва  бесарусомониҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид.

27 майи соли  1990 задухӯрдҳои қувваҳои мусаллаҳи арманӣ бо қӯшунҳои  дохилӣ ба вуқӯъ омад.

 Моҳи январи соли  1991 чунин даргириҳо дар шаҳри Вилнюс ва  Рига низ сар заданд, ки  барои пароканда намудани эътирозгарон  давлат қувваҳои мусаллаҳи ҳарбиро истифода бурд.

 Ба вуқӯъ омадани чунин ҳодисаҳо аз  фалаҷ гардидани мавқеи ҳокимияти марказӣ дар идоракунии сиёсӣ ва иқтисодии кишвар шаҳодат медод.

Дар баробари ҳодисаҳои дар боло зикр гардида, дар сохтори роҳбарикунандаи мамлакат зиддиятҳои ноаён байни роҳбарияти марказӣ ва роҳбарияти ҷумҳуриҳои алоҳидаи Иттиҳоди  Шӯравӣ, ки онҳоро  аз  лиҳози  сиёсӣ аз  якдигар дур менамуд,   пайдо гардида буд.

Ин зиддиятҳо боиси қабули қонуне, ки мухолифи  моддаи 74 Сарқонуни Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад ва сабаби асосии  пошхӯрии  мамлакат шуданд.

Аз  дигар ҷониб, Ғарб аз  ҳолати ба вуқӯъ омада истифода бурда, сол ба сол таблиғоти васеъи идеологии худро тақвият дода, барои гузаронидани ислоҳоти демократӣ даъват менамуд.

Ҳамаи ин амалҳо дар маҷмӯъ боиси пай дар пай эълон намудани соҳибистиқлолии ҷумҳуриҳо гардида, дар таърихи навин бо номи “намоиши соҳибистиқлолӣ”  сабт шудааст.

Бояд ёдовар шавем, ки то саршавии  ҳодисаҳои моҳи августи Русия, кишварҳои зерин: Эстония (16.11.1988), Литва (26.05.1989),  Латвия (28.07.1989) ва Грузия (26.05.1990) соњибихтиёрии хешро эълон намуда буданд.

Дар солҳои навадум “намоиши соҳибистиқлолӣ” шакли оммавӣ гирифт ва истиқлолияти худро ҷумҳуриҳои зерин эълон карданд:

 - 12 июни соли 1990  - Федератсияи Русия ;

- 16 июли соли 1990  - Ҷумҳурии Украина;

- 20 июни соли 1990 - Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

- 23 июни соли 1990   -  Ҷумҳурии Молдова;

- 27 июли соли 1990    -   Ҷумҳурии Белорус;

- 22 августи соли 1990 - Ҷумҳурии Туркманистон;

- 24 августи соли 1990 - Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- 25 октябри соли 1990  - Ҷумҳурии Қирғизистон;

- 25 октябри соли 1990  - Ҷумҳурии Қазоқистон.

 Онҳо Эъломияҳоро оид ба соҳибистиқлолӣ қабул намуда, бо ин бартарии қонунҳои ҷумҳуриявиро нисбат ба қонунҳои умумииттифоқӣ  ба расмият дароварданд.[2]

Бо мақсади мустаҳкам намудании истиқлолияти иқтисодии худ ҷумҳуриҳои узви иттифоқ  аз  пардохти андозҳо ба хазинаи Иттиҳоди Шӯравӣ бо тартиби яктарафа  даст кашиданд.

Дар асл ин амал барои барҳам хӯрдани сохтори  сотсиалистӣ замина гузошт.

Бе ҷангу ҷидол таъмин намудани  истиқлолияти кишвари хеш  дар асл ғайри имкон буд. Бо эълон намудани соҳибистиқлолӣ аксарияти роҳбарони ҷумҳуриҳои иттифоқӣ  рӯ ба сӯи Маскав оварда, аз   роҳбарияти Кумитаи марказии Партияи Коммунистӣ ва Ҳукумати Шӯравӣ  амалҳои мушаххасро интизор буданд.

Аз  чунин вазъияти  ба амал омада, роҳбарияти ҷумҳуриҳои назди Балтик, Молдова ва Гурҷистон бештар хурсанд буданд.  Онҳо ба вуқӯъ омадани ин ҳолатро “неъмати Худованд” мепиндоштанд.

Дар баробари ин, онҳо аз  хурсандӣ барои мустақилона воридшавӣ  ба   созмонҳои ҷаҳонӣ омодагӣ мегирифтанд.

Аз  вазъияти ба миён омада мардуми ҷумҳуриҳои назди Балтик сӯистифода намуда, бо мақсади самаранок истифода бурдани рубли русӣ  аз  аҳолии дигар ҷумҳуриҳои  Шӯравӣ  бо арзиши то се маротиба қиммат, молҳои ниёзи мардум ва таҷҳизотҳои корхонаҳои истеҳсолиро харидорӣ менамуданд.

Бо сабабҳои зиёди объективӣ ва субъективӣ ҷумҳуриҳои Қавқоз ва Осиёи Миёна умедвор буданд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар шакли нав барқарор мешавад.

Бояд қайд намоем, ки аз ҳолатҳои ба вуқӯъ омада, Президенти Ќазоќистон Назарбоев Нурсултон Абишевич нигарон буд ва барои қабули Эъломияи соҳибистиқлолӣ шитоб накарда, аз  оқибати пошхӯрии иттифоқ дар изтироб буд. 

Ӯ  дар ин амал кандашавии робитаҳои иқтисодӣ,  аз  нав бардошта шудани масъалаҳои сарҳад,  пайдошавии маҳдудиятҳо дар самти интиқоли  мол ва ҳаракати нақлиёт, аз  кор мондани даҳҳо ҳазор корхонаҳои саноатӣ ва афзудани сафи бекоронро пешбинӣ намуда буд.  Назарбоев Н.А. дар ин хусус зуд-зуд бо роҳбарияти Федератсияи Русия, Украина ва Белорус машварат менамуд.

Аз  ҳолати ба вуқӯъ пайваста  роҳбарияти Партияи Коммунистии Иттиҳоди  Шӯравӣ Михаил Сергеевич Горбачёв дар ҳарос афтода, шахсан оқибати пошхӯрии мамлакатро дарк намуда,   ҳаматарафа кӯшиш менамуд, ки пеши роҳи ин ҷараёнро гирад.

Мутобиқи  супориши ӯ гурӯҳи корӣ лоиҳаи нави Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Соҳибистиқлоли Шӯравиро омода намуда, санаи ба имзо расонидани онро 20 августи соли  1990 таъйин намуд. Аммо бо назардошти  сар задани табаддулоти давлатӣ ва ташкил додани Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулода (ГКЧП), барномаи ба нақшагирифташуда амалӣ нагардид.

Пас аз  шикасти Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулода (ГКЧП)  гурӯҳи кории Горбачёв М.С.,  лоиҳаи нави сохтори давлатдориро ба ном  Иттиҳоди Давлатҳои Соҳибистиқлол пешниҳод намуд.

Аммо бо назардошти  роҳбарияти Федератсияи Русия  ба таври таъҷилӣ ба дасти Б.Н.Елтсин гузаштан ва дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ интихоб гардидани президентҳои нав,  лоиҳаи М.С.Горбачёв бори дуюм татбиқ нагардид.

14 ноябри соли 1991 сарони ҳафт ҷумҳуриҳои Иттифоқ - Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон,  Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Президенти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ  М.С. Горбачёв  дар якҷоягӣ барои бастани шартнома дар хусуси ташкили  Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил  изҳорот доданд ва ба расмият даровардани онро дар санаи 9 декабри соли 1991 таъйин намуданд.

Аммо як рӯз қабл аз  вохӯрӣ 8 декабри соли 1991 сарони се ҷумҳурии муассиси Иттиҳод (РСФСР, Украина, Белорус) вазъияти воқеъии кишварро ба инобат гирифта, Созишномаи Беловежская пуша оид ба ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҳамчун ташкилоти байни давлатӣ ба имзо расониданд.

Муаллиф: Оймаҳмадов Маҳмадамин- номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ

 Бознашр аз китоби "Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" Душанбе 2018. 50-54 саҳ.

 Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

[1] https://ru.wikipedia.org/wiki/Горбачёв,_Михаил_Сергеевич_в_Закавказье

[2] https://ru.wikipedia.org/wiki/Парад_суверенитетов

Хондан 1509 маротиба