JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 20 Апрели 2017 11:12

Нанотехнология ва футурология

Муаллиф:

  Футурология (оянданигарии илмӣ) соҳаест, ки татбиқи сенарияҳои гуногуни ояндаи инсонро меомўзад ва баррасӣ мекунад. Он на фақат раванди таҳаввули ҳодисаҳо ва падидаҳоро дар оянда пешгўӣ, балки бо истифода аз методу усулҳои илмӣ ба нақша гирифта, идорапазир месозад. Истилоҳи «футурология» дар миёнаи солҳои 40 уми асри гузашта аз тарафи профессори олмонӣ Осип Флехтҳайм пешниҳод гардида, солҳои 60 ум асри гузашта бо кўшиши Герман Кан ва дигар олимон аз ширкати RAND ба соҳаи алоҳидаи илм табдил ёфт.

 Бояд гуфт, ки футурология ҳеч робитае ба утопия, чуноне ки дар «Давлат» и Афлотун ва «Утопия» и Томас Мор (1478-1535) тасвир мешавад, надорад. Методу усулҳои пешбинии утопистҳо бештар ба методу усулҳои динӣ монанд ҳастанд, чуноне ки мо инро дар афсонаҳои Масеҳ, Маҳдӣ, пешбиниҳои Нострадамус ва дигарон мушоҳида мекунем. Ояндабинии динӣ ва мифологӣ асоси илмӣ надорад, балки ба авторитет ва эътиқоди ғайриақлонӣ такя мекунад. Ҳамчунин, дар асри 20 дар адабиёт ва ҳунар соҳаи фантастика ташаккул ёфт, ки бештар ба тасаввурот ва эътиқодоти динӣ такя карда, оянданигарии илмиро то андозае бадном кард. Аммо чуноне ки Чингиз Айтматов (1928-2008) бо ишора ба Фёдор Достоевский (1821-1881) дар муқаддима ба «Рўзе дарозтар аз аср» мегўяд, фантастикае, ки заминаи илмӣ дорад ва метавонад ояндаи инсонро дуруст пешгўӣ кунад, яке аз усулҳои марказии адабиёти бадеӣ мебошад. Чунин усули ба асосҳои илмӣ ва фалсафӣ наздикро метавон дар лоиҳаи технологияи инноватсионии Жак Фреско (тав. 1916) бо номи «Лоиҳаи Венера» мушоҳида кард.

Фарқияти оянданигарии илмӣ аз тасаввуроти динӣ ва ғайриилмӣ дар он мебошад, ки он, пеш аз ҳама, хатарҳои воқеиро шинохта ва аз онҳо огоҳӣ медиҳад. Дар қадами минбаъда роҳҳои ҳал пешниҳод карда мешавад. Бояд гуфт, ки муассиртарин роҳи ҳал алтернативаҳои рушд дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад. Аз ҷиҳати назариявӣ таҳия ва пешниҳоди алтернативаҳо вазифаи илмҳои соҳавӣ ва байнисоҳавии ояндашиносӣ мебошад.

Аз ин рў, вижагии марказии ояндашиносии илмӣ шинохти хатарҳое мебошад, ки дар ояндаи наздик ва дур дар пешорўйи як инсон, як миллат ва тамоми инсоният қарор доранд. Бо дарназардошти ин хатарҳо алтернативаҳо коркард карда мешаванд. Шинохти хатарҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки як инсон ва ё миллат ба ҷаҳонбинии илмӣ такя кунад ва бо истифода аз афзорҳои илмӣ равандҳои муосир ва заминаҳои таърихии онҳоро омўзад.

Падидае объекти таҳқиқи илмӣ буда метавонад, ки хусусияти универсалӣ дорад, яъне маҳдудиятҳои замонӣ, маконӣ ва ғайра надошта бошад. Аз ин нуқтаи назар, хатарҳои вуҷудӣ характери глобалӣ доранд. Ник Бостром, ки консепсияи «хатарҳои вуҷудӣ» («экзистенциальные риски») ро пешниҳод кардааст, онҳоро чун хатарҳои глобалӣ муайян мекунад. Ў хатарҳои вуҷудиро фарогири ҳама гуна ҳодисае меҳисобад, ки « метавонад хиради дар рўйи Замин бавуҷудомадаро аз байн барад ва ё ба потенсиали он зарари ҷиддӣ расонад». Шинохти ин гуна хатарҳо объекти мустақили таҳқиқи ояндашиносии илмӣ мебошанд. Агар мо онҳоро нодида ва ё хурд гирем ва тадриҷан бартараф накунем, метавонанд тамаддуни инсонӣ ва умуман мавҷудияти инсонро дар ҷаҳон дар зери савол гузоранд. Турчин ва Батин (2013) бо такя ба донишҳои соҳавӣ ва байнисоҳавӣ сарчашмаҳои асосии таҳдидҳои глобалиро чунин тасниф мекунанд:

1) интеллекти сунъӣ (ИС),

2) нанотехнология,

3) биотехнология,

4) яроқи ядроӣ,

5) заҳролудшавии химиявии глобалӣ,

6) экспериментҳои хатарноки физикӣ,

7) астероидҳо,

8) абарвулқонҳо,

9) гамма-афканишҳо ва

10) буҳрони системавӣ.

Вазифаи ояндашиносӣ аз он иборат аст, ки бо таҳқиқи соҳавӣ ва ҷамъбасту моделсозии байнисоҳавии ин хатарҳо сенарияҳо ва алтернативаҳо пешниҳод кунад. Дар шароити муосир таҳлили байнисоҳавӣ бисёр муҳим мебошад, пеш аз ҳама, аз он сабаб ки хатарҳо хусусияти маҷмўӣ мегиранд. Чунончи, рамзкушоии генетикии гриппи испанка, ки дар гузаштаи начандон дур то 100 миллион одамро кушта буд, метавонад дар интернет паҳн шавад ва ба дасти террористҳо афтад. Ҳамин гуна, дар ояндаи наздик технологияи яроқи ядроӣ ба таври экспонентсиалӣ арзон шуда, барои гурўҳҳои ифротгаро метавонад дастрас гардад. Агар одамон роҳҳои мусолиматомези ҳамкорӣ ва ҳамзистиро пеш нагиранд, террористон метавонанд астероидҳоро ба сўйи замин равона кунанд. Баъзе олимон сенарияеро пешниҳод мекунанд, ки микродастгоҳҳои нанотехнологӣ аз идораи инсон берун баромада, дар як муддати кўтоҳ ҳама биомассаи заминро мехўранд. Ба ҷуз ин, хатарҳои табиӣ, аз қабили абарвулқон, заминҷунбии сахт ва ғайра боиси харобии саросарии зиндагӣ дар сайёра мегарданд. Пешбинии чунин эҳтимолиятҳо, ё худ сенарияҳо истисно нестанд. Танҳо он миллатҳое чунин эҳтимолиятҳоро нодида мегиранд, ки ба оянда бо диди ғайриилмӣ менигаранд ва ё ба ҷуз ҷангу муборизаи носолим алтернативаи дигареро дида наметавонанд.

Аммо ин маънои онро надорад, ки инсоният ҳамаи шансҳояшро аз даст додааст ва нобудиаш ногузир аст. Баръакс, хатарҳое, ки мо дар пеш мебинем, натиҷаи огоҳӣ аз вазъият аст. Чун дар гузашта сатҳи дониши илмии одамон паст буд, хатарҳои ояндаро кам тасаввур мекарданд. Дар айни ҳол, агар аз имрўз ба шинохти дурусттар ва таҳияи алтернативаҳо барои маҳдуд кардани таъсири манфии хатарҳо напардозем, фардо дер мешавад. Донишмандон алтернативаҳои бисёре пешниҳод кардаанд, ки онҳоро метавон вобаста ба дурнамои наздик ва дури инсоният ба чор маҷмўа синфбандӣ кард:

1) Алтернативаҳои равандҳои сиёсӣ дар минтақаҳои алоҳида ва умуман дар сайёра; ба вуҷуд овардани «шуури планетарӣ» (Маркарян); 2) Алтернативаҳои нанотехнологии мушкилиҳои экосистема; иқтисоди сарватбунёд (Жак Фреско); 3) Алтернативаҳои фатҳи кайҳон (Стивен Ҳокинг); 4) Алтернативаи «фалсафаи кори ҳамагонӣ» ва трансгуманизм (Николай Фёдоров, Фаридун Исфандиёрӣ, Роберт Эттингер, Эрик Дрекслер, Ҳанс Моравек, Ник Бостром, Комил Бекзода) Вале дар ин ҷо, танҳо ду навъи алтернативаҳо - алтернативаҳои нанотехнологии мушкилиҳои экосистема ва фатҳи кайҳонро мавриди баҳс қарор медиҳем, чунки аз рўи гурўҳбандии илмӣ, ин алтернативаҳо ба нанотехнология наздик мебошанд.

Алтернативаҳои нанотехнологӣ. Дар ояндаи наздик алтернативаи ҳифзи зиндагӣ дар сайёра ва роҳи босамари фатҳи Кайҳон тавассути корбурди эҳтиёткоронаи нанотехнология, биотехнология ва ИС такмил меёбад. Мо набояд то ба он ҳадде расем, ки онҳо идоранопазир гарданд. Дар айни замон, бе онҳо дигар наметавонем зиндагибоб будани системаҳои иҷтимоӣ ва экологиро таъмин намоем. Донишмандоне чун Вернор Винҷ ва Ҷон Лесли дар нисбати ояндаи технологияи навин назари бадбинона доранд. Ба назари онҳо, дар байни солҳои 2005 2030 инттелекти сунъӣ аз интеллекти инсон қавитар мегардад. Дар 200 соли оянда бошад, 30% одамон аз байн мераванд ва ҷои онҳоро нанороботҳо мегиранд. Алтернативаҳо, яъне моделҳои муайян барои идорапазир ва манфиатбахш кардани нанотехнология, ИС ва дигар намудҳои технологияи нав таҳия карда мешаванд. Гарчанде он замон нанотехнологияро ҷиддӣ қабул намекарданд, имрўз ба яке аз муҳимтарин бахши моделсозии байнисоҳавии илму техника барои ояндаи наздик табдил ёфтааст. Яке аз чунин моделҳои байнисоҳавӣ барои идора ва истифодаи нанотехнология NBIC-конвергенция номида мешавад, ки фарогири соҳаҳои N - нано, B - био, I - инфо ва C - когно мебошад. Ин истилоҳ соли 2002 аз тарафи Михаил Роко ва Вилям Бейнбриҷ пешкаш гардидааст, ки ҷараёни ҳамгироии технологияҳои нано-, био-, когнитивӣ ва иттилоотиро танзим мекунад. Дар сурати идораи дуруст ва оқилонаи нанотехнологияҳо бисёр мушкилиҳои ҷомеаҳои инсонӣ ҳалли худро пайдо мекунанд. Яке аз ин масъалаҳо таъмини аҳолии сайёра бо энергияи «сабз», яъне энергияи таҷдидшаванда мебошад, ки оксиди карбон хориҷ намекунад ва аз ин рў, ба муҳити атроф безарар аст. Истифодаи нанотехнология имкон медиҳад, ки қисмати зиёди энергияи офтобиро барои таъмини рушноӣ ва гармӣ аз худ кунем. Дар ҷаҳон ширкатҳои ба истилоҳ «наносолар» ба вуҷуд омада истодаанд, ки дар ояндаи наздик ба истеҳсоли наномеханизмҳо, аз он ҷумла фотоэлементҳои тунуки батареяҳои офтобӣ шурўъ мекунанд. Ин маҳсулот нархи батареяҳои офтобиро арзон карда, буҳрони энергетикии соҳаи иқтисодиро ҳал мекунад.

Дигар самти муҳими корбурди нанотехнология нақлиёт мебошад, ки бе он иқтисодиётро тасаввур кардан ғайриимкон аст, дар ҳоле ки энергияи бисёр харҷ мекунад. Дар ояндаи наздик зерсохтори нақлиёт ва коммуникатсия новобаста ба маҳдудиятҳои табиӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ҳама нуқтаҳои сайёраро фаро гирифта, ба ҳам мепайвандад. Мегаполисҳо то 100 миллион аҳолиро ғунҷонида, ҳаёти онҳо аз нанотехнология дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия вобаста мегарданд. Барои ба ҳам пайвастани нуқтаҳои дури Замин, масалан Осиё ва Амрико ва ё Амрико ва Африка тунелҳои вакуумӣ барои поездҳои зеризаминӣ сохта мешавад, ки дар як сония чанд километр ҳаракат хоҳад кард. Дар наздиктарин фурсат, яъне то соли 2030 Чин поезди зеризаминиеро ба истифода медиҳад, ки дар як соат 1000 километр ҳаракат мекунад. «Чунин поездҳо зербинои «метрои умумиҷаҳонӣ» ро месозанд, ки дар натиҷа сайёраро ба мегаполиси ягона табдил медиҳад». Нанотехника ҳар як авиапассажирро бо системаи наҷот, чуноне ки дар ҳавопаймои ҷангӣ ҳаст, таъмин мекунад. Чун аксарияти авиасадамаҳо ба омили инсонӣ вобастаанд, аз ин рў, ИС бехатарии парвозҳоро таъмин хоҳанд кард. Тойота ва Волво ваъда додаанд, ки то соли 2020 системаи бехатарии онҳо марги садамавиро ба сифр баробар мекунанд.

«Лоиҳаи Венера» и Жак Фреско ва як қатор барномаҳои дигари давлатӣ ва мустақил ба таҳияи моделҳои нанотехнологии рушди соҳаҳои гуногун, аз он ҷумла зерсохтори нақлиёт, таъминоти иҷтимоӣ, бехатарии вуҷудӣ, фатҳи сатҳи уқёнус ва фазои кайҳонӣ барои зиндагии инсон ва монанди инҳо машғуланд. Дар сурати татбиқи ин моделҳо нанотехнология барои фатҳи Кайҳон низ дар ояндаи наздик саҳми бештар мегузорад. Ба воситаи робот репликаторҳо аз худ кардани гўшаҳои дастнораси системаи офтобӣ муяссар мегардад. Баробари кашф ва фатҳи ин гўшаҳо, онҳо дар фурсати кўтоҳ дар ҷирмҳо ва ҳатто астероидҳое, ки муҳити муносиб доранд, истгоҳҳои кайҳонӣ барои зиндагӣ ба вуҷуд меоранд. Инчунин нанотехнологияҳо барои экспедитсияҳои байниситораӣ сафарбар карда мешаванд.

Алтернативаҳои фатҳи кайҳон. Яке аз алтернативаҳои дар дарозмуддат боварибахшро Стивен Вилям Ҳокинг пешниҳод кардааст, ки тибқи он инсоният барои дар 100 соли оянда зинда мондан бояд ба таври интенсивӣ кайҳонро фатҳ кунад. Дониши илмӣ қудрати аз худ кардани нуқтаҳои дуру наздики кайҳонро дорад, чуноне ки қаъри замину уқёнусро кашф кардааст. Донишмандон мақсади асосии фатҳи кайҳонро дар ҳифзи тамаддуни инсонӣ бо роҳи дар нуқтаҳои гуногуни он маскун шудан медонанд. Дар айни замон, мо ба захираҳои номаҳдуди энергия, материя ва фазои кайҳон дастрасӣ пайдо карда, аз истисмори табиат, сўзондани оксиди карбон, гармшавии иқлим ва дигар фалокатҳои экологии аз он сарзананда даст мекашем. Тибқи пешбинии олимон, Кайҳон низ дер ё зуд аз байн меравад ва ё таҳаввулоти дохилии он боиси афзоиши хатарҳои вуҷудӣ барои одамон ва тамаддуни онҳо мегардад. Олимон таҳдидҳои Кайҳонро чунин муайян мекунанд: 1) марги гармо, 2) барҳамхурии протонҳо ва буғшавии сияҳчолҳо дар фазои беохир, 3) зичшавии Кайҳон, 4) Таркиши бузурги нав, ки ҷирмҳо ва предметҳоро аз ҳам дур месозад. Ба назари физик, математик ва космологи америкоӣ Франк Типлер (тав. 1947) дар асараш бо номи «Физикаи бемаргӣ» (1994), илми инсонӣ ба сатҳе мерасад, ки тамоми кайҳонро фаро мегирад ва баробари таркиши бузург ва ҷафсшавӣ худро мутобиқ мекунад. Тамаддуни инсонӣ дар ҳолати ҷафсшавии мутлақ низ ҳифз мешавад, ки онро Типлер «нуқтаи Омега» меномад. Пешниҳоди монандро Ли Смолин низ мекунад, ки тамаддуни инсонӣ дар оянда қудрати идора ва тағйирпазир кардани Кайҳонро дорад. Он ҳатто метавонад сияҳчолҳо созад ва аз онҳо системаҳои нави ситораӣ ва галактикӣ ба вуҷуд орад ва ё худро ба Кайҳонҳои параллел интиқол диҳад. Дар ояндаи наздик илму техника бояд ба дараҷае рушд кунад, ки дар навбати аввал суръати рўшноиро гузарад ва зиндагиро дар гўшаҳои дигари Кайҳон ба роҳ монад. Дар сурати ғайр, аз байн рафтани инсон ва тамаддуни инсонӣ дер ё зуд ногузир мегардад, дар ҳоле ки масалан наметавонад аз гирдоби сияҳчолҳо наҷот ёбад. «Сияҳчол бахше дар фазо замон бо ҷозибаи ҷозибаашон ончунон бузург аст, ки онро ҳатто объектҳои бо суръати рушноӣ ҳаракаткунанда (аз он ҷумла квантҳои худи рушноӣ) тарк карда наметавонанд». Аз ин рў, розӣ шудан ба чунин маҳдудият ғайриимкон аст, ки: «...қонунҳои маъруфи физика тағйирнопазиранд, аз он ҷумла суръати рўшноӣ ҳамеша суръати ба таври максималӣ имконпазири сафар боқӣ мемонад».

Н.Қурбон,.З.Умар,.Ҳ.Бобоёров.

Хондан 2727 маротиба

Китобҳо