JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

 Солҳои охир таваҷҷуҳи олимони тоҷик ба таҳқиқи навъҳои гуногуни ҷонишинҳои забони тоҷикӣ дар муқоиса бо забонҳои мухталиф ва роҳҳои тарҷумаи онҳо бештар ба назар мерасад. Аз ҷумла таҳқиқоти муқоисавии ҷонишинҳои саволии забони тоҷикӣ бо немесӣ Х. Сайфуллоев, бо забони англисӣ Н. Хайбатов, А. Мамадназаров, П. Авлиёева, бо забони русӣ Г. Музаффарова, бо забони ҳиндӣ Н. Бобоҷонова  ва ғайраро [8; 9; 13]  номбар кардан мумкин аст.

 Ба гуфтаи забоншиноси маъруфи рус А.И. Смирницкий “ҷонишинҳо хусусияти дар гурӯҳи умумии вожаҳо ва дар заминаи чанде аз нишонаҳои формалӣ муттаҳид шудан майл доранд. Ҳарчанд, на фақат аз ҷиҳати шаклгирӣ, балки аз ҷиҳати сохторӣ ҳам, ҷонишинҳо дар нисбати калимаҳои ғайриҷонишинии дигар, дар дохили ҳиссаҳои нутқ, хеле инфиродӣ мебошанд [11, 186].

  Ду ҷуфт кафши чӯбӣ, як айнак, ду косаи чӯбӣ, як соати кисагӣ, як қошуқи чӯбӣ, як намакдон, Китоби муқаддас ва як камарбанди сода боигарии шахсе буд, ки императори Биритониёи кабирро бо он ҳама шукӯҳу шавкаташ, ба зону шинонд, то истиқлоли мардуми Ҳиндустонро ба расмият бишносад. Равиши муборизаи бидуни зуроварии ӯ, ки тавонист миллате бузургро аз зери юғи истеъмори бегонагон берун биовард, барои ҳама ҷаҳониён улгу шуд.

   Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (858-941) на танҳо маъруфтарин сухансарои рӯзгори давлати сомонӣ, балки аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки то ба имрӯз сурудаҳои ширину шево ва ҷаззобу дилкашаш вирди забони мардуми мо ва дигар форсизабонони ҷаҳон қарор гирифтаанд. Ин ҳақиқат, ки «султони шоирони ҷаҳон», «соҳибқирони шоирӣ» ва «падари шеъри форсӣ» устод Рӯдакӣ парвардаи хони давлату неъмати Сомониён аст, ҷойи шакку шубҳа надорад ва худи ӯ ҳам ин матлабро возеҳан таъкид кардааст:

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад,  ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, Ризо Баҳромзод иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Нақши ҳамгироии илмӣ ва таъсири он ба муносибатҳои сиёсии кишварҳои ҷаҳон» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.