JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 18 Августи 2017 12:28

Гирифти Офтоб – ҳодисаи муқаррарӣ дар осмон

Муаллиф:

  Рӯзи 21 августи соли 2017 гирифти пурраи навбатии Офтоб ба амал меояд. Ҳодисаи астрономии «Гирифти Офтоб» вақте ба вуқуъ меояд, ки Моҳтоб пурра ё қисман Офтобро аз мушоҳидачи дар рӯи Замин буда мепӯшонад (торик мекунад) (расми 1). Гирифти Офтоб танҳо ҳангоми навшавии Моҳтоб имконпазир мебошад. Ин чунин фазаи Моҳтоб мебошад, ки он аз Замин тамоман дида намешавад.

  Боз барои гирифти Офтоб зарур аст, ки Моҳтоб дар наздикии яке аз ду нуқтаҳои буриши мадорҳои Моҳтоб ва Офтоб ҷойгир бошад. Бинобар чунин шароитҳо гирифти Офтоб ҳодисаи зуд такроршаванда нест. Дар як сол дар Замин аз 2 то 5  ҳодисаи гирифти Офтоб ба амал меояд, ки аз он на зиёда аз дутояш пурра ва ё ҳалқамонанд мебошанд. Қутри сояи Моҳтоб дар сатҳи Замин на зиёда аз 270 км мебошад, барои ҳамин гирифти Офтоб танҳо дар қисматӣ соя мушоҳида мешавад. Агар мушоҳидачӣ дар қисмати рахи соя бошад, ӯ гирифти пурраи Офтобро мебинад, ки дар он Моҳтоб пурра Офтобро мепӯшонад, осмон торик мешавад ва дар осмон сайёраҳо ва ситораҳои равшан намоён гашта метавонанд. Дар атрофи диски бо Моҳтоб пӯшонидашудаи Офтоб тоҷи Офтобиро  мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳангоми Офтоби муқаррарӣ тоҷ дида намешавад. Ғайр аз тоҷ якчанд нишондодҳои дигари Офтоб дар ҳолати гирифти пурраи он дидан мумкин аст, масалан протуберанцы, корональные петли, полярные сгущения, потоки и выбросы (расми 2). Фазаи пурраи гирифти Офтоб барои мушоҳидачии беҳаракати рӯи Замин аз якчанд дақиқа зиёд давом намеёбад, чунки сояи Моҳтоб дар сатҳи Замин бо суръати каме бештар аз 1 км/с  ҳаракат мекунад. Мушоҳидачиҳои дар атрофи хати пурраи гирифти Офтоб қарор дошта гирифти нопурраи Офтобро метавонанд бубинанд. Дар ҳолати гирифти нопурраи Офтоб, Моҳтоб аз маркази диски Офтоб намегузарад ва танҳо қисман рӯи Офтобро мепӯшонад. Дар чунин ҳолат осмон нисбати гирифти пурра чанд маротиба камтар торик мегардад ва ситораҳо айён намегарданд. Гирифти нопурраи Офтоб дар масофаи ду ҳазор километр аз гирифти пурраи он мушоҳида кардан мумкин аст. 21 августи соли 2017 гирифти пурраи Офтоб ба вуқуъ меояд. Аммо фазаи пурраи вай дар ҳамаи рӯи Замин дида намешавад. Шароити мусоид барои мушоҳидаи фазаи пурра дар қаламрави ШМА хоҳад буд. Фазаҳои қисмани гирифти Офтоб дар Америкаи Шимолӣ ва инчунин дар Аврупои Ғарбӣ, дар Америкаи Ҷанубӣ ва Осиё (Нимҷазираи Чукотский) дида мешавад. Дар Тоҷикистон ҳодисаи Моҳи нав 21 август соати 23:30 дақиқаи вақти маҳалӣ ба амал меояд.  Гирифти Офтоб 21 август соати 21:48 дақиқаи вақти маҳалӣ сар шуда, 22 август соати 01:02 дақиқаи вақти маҳалӣ ба охир мерасад. 21 август дар минтақаи Тоҷикистон Офтоб соати 19:11 дақиқаи вақти маҳалӣ ғуруб мекунад. Пас, мушоҳидаи гирифти Офтоб дар минтақаи Тоҷикистон номумкин мебошад.

Бори охир чунин гирифти пурраи Офтоб 11 августи соли 1999 мушоҳида шуда буд. Он вақт дар Тоҷикистон мо онро ҳамчун гирифти нопурраи Офтоб дида будем, чун фазаи пурраи гирифт дар минтақаи Тоҷиикистон дуруст наомад.  Гирифти нопурраи Офтоб 11 августи соли 1999 дар расми 3 оварда шудааст, ки аз тарафи кормандони Институти астрофизикаи АИ ҶТ 11.08.1999 аксбардорӣ гардид. Дар оянда чунин гирифти Офтоб 2 сентябри соли 2035 рӯй медиҳад. 

Гирифти Офтоб ҳодисаи маъмулии табии ба ҳисоб рафта танҳо бо ҳаракати Офтобу Моҳтоб дар кайҳон вобастаги дорад. Бинобар ин, руйдоди Гирифти Офтоб бе ягон чуну чаро ба саломати инсон ва на ба рӯзгори ҳаррӯзаи мардум таъсир намерасонад. Мушоҳидаҳои бисёрсола тасдиқ карданд, ки пас аз гирифт ё ҳангоми гирифт ягон намуд далелҳои манфӣ нисбати инсоният ба қайд гирифта нашудаанд. Аз ин лиҳоз тавсияи мо ин аст, ки ҳангоми Гирифти Офтоб одамон бевосита метавонанд мисли харрӯза буда ба ҳар хел иғво эътибор надиҳанд. 

Расми 1. Гирифти пурраи Офтоб.

Расми 2. Нишондодҳои Офтоб, ки ҳангоми гирифти пурраи он мушоҳида карда  мешаванд.

Расми 3. Гирифти нопурраи Офтоб рӯзи 11 августи соли 1999 аз рӯи мушоҳидаҳо дар Тоҷикистон.

 Директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ

Қоҳирова Г.И.

Хондан 3158 маротиба