JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 21 Августи 2017 04:39

Сайёраи хурди «Тоҷикистон»

Муаллиф:

  Дар Системаи Офтобӣ ғайр аз ҳашт сайёраҳои калон, боз бисёр ҷирмҳои хурд дар гирди атрофи Офтоб доимо дар харакат мебошанд. Ин ҷирмхо сайёраҳои хурд ё астероидхо, кометахо ва метеороидхо хастанд. Астероидҳо асосан дар тасмаи асоси астероидҳо ҷойгир ҳастанд. Миқдори ками онҳо бо таъсири қувваи ҷозибаи Муштарӣ ба мадорҳои наздизамини партофта шуда, дар масофаи наздик ба мадори Замин ҷой ёфтаанд. Ҳамин тавр, сайёраҳои хурд вобаста ба ҷойгиршавиашон дар Системаи Офтобӣ ба ду гурўҳи калон тақсим мешаванд, яъне астероидҳои тасмаи асосӣ ва астероидҳои наздизаминӣ.

   Сайёраи хурдӣ рақами 2469, ки ба тасмаи асосии астероидҳо дохил мешавад, дар расадхонаи Қрим ошкор карда шуд. Азбаски ҷойгиршавии объект дар масофаи хеле дур аз Замин мебошад (тақрибан 250 млн км) ва дурахшониаш паст аст, он бо ёрии телескоп аз тарафи корманди илмии расадхонаи Қрим Тамара Смирнова кашф карда шуд.

  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мактаби илмӣ-тадқиқотии ҷирмҳои хурд аз тарафи олимон, академикҳо Бобоҷонов П.Б. ва Доброволский О.В. ташкил ёфтанд. Натиҷаҳо доир ба омўзиши хусусиятҳои физикию динамики ҷирмҳои хурд бо роҳбарии онҳо коркард шуда дар тамоми ҷаҳон маълуманд. Ин самти тадқиқотҳо то ҳозир фаъол аст ва шогирдони ин мактабҳо бо омўзишҳои илмӣ ва дастовардҳои худ дар ҷахон машҳур мебошанд. Қарори Иттиҳоди Байналмилалии Астрономӣ ин комёбиҳоро ба назар гирифта ба шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёраи хурдӣ рақами 2469 бо номи “Тоҷикистон” номгузорӣ кард.

  «Тоҷикистон» сайёраи хурди оддии тасмаи асосӣ астероидҳо ҳаст. Мадори ў, яъне роҳи ҳаракат дар фазои кайҳонӣ, дар байни мадорҳои сайёраҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгир шуда, қариб доирашакл мебошад (расми 1). Дурахшонии он ба 16-ум бузургии ситорагӣ баробар аст. Одатан, ситораҳоро бо чашми оддӣ то 9-ум бузургии ситорагӣ дидан мумкин аст. Аз ин бар меояд, ки  астероиди «Тоҷикистон» объекти хеле хира ба ҳисоб меравад ва бо чашми оддӣ дидани он ғайриимкон аст. Барои дидани объектҳои хира дар масофаҳои хеле дур аз Замин телескопҳоро истифода кардан лозим аст. Даври чархзании «Тоҷикистон» дар гирди Офтоб 5.5 сол мебошад.

Расми 1. Мадори сайёраи хурдӣ Тоҷикистон дар фазои кайҳонӣ.

   Моҳи августи соли 2015 астероиди «Тоҷикистон» ба Замин наздик шуд. Дар ин давра мушохидаи ў бо мақсади муайян кардани хусусиятҳои номаълум дар расадхонаҳои Санглох ва Ҳисор бо воситаи телескопҳо гузаронида шуд (расми 2). Он вақт масофаи астероид аз Офтоб қариб 414 млн км ва аз Замин 263 млн км буд. Суръати ҳаракати сайёраи хурд дар фазои кайҳон  19 км дар як сония мебошад. Қутри андозаи астероид “Тоҷикистон” тахминан 20 км аст, ки мо метавонем онро ба объектҳои калон доҳил намоем.

Расми 2. Астероиди (2469) «Tоҷикистон» дар байни ситораҳо ҳангоми мушоҳидаҳо дар Тоҷикистон 16 августи соли  2015.

   Дар натиҷаи мушоҳидаҳо, мавқеъ ва тағйирёбии дурахшонии астероид муайян шуданд. Нахустин бор нишон дода шуд, ки даври чархзании астероид ба 320 соат баробар аст. Дар асоси таҳлили тағйирёбии дурахшонии астероид ба хулоса омадем, ки шакли он ғайрикуравӣ буда, як қисми ҷирм нисбати қисми дуюм яку ним маротиба зиёд аст. Масоҳати сатҳ зиёда аз як ҳазор км2 ва массаи он таҳминан 3 млн. Мт (мегатонн) мебошад. 

  Тадқиқотҳои ҷирмҳои хурд  ахамияти фундаменталӣ ва амалӣ доранд. Онҳо ба бисёр саволҳои муҳими пайдошавии Системаи Офтобӣ, аз он ҷумла пайдоиши об ва ҳаёт дар Замин, алоқаманданд. Натиҷаҳои тадқиқотҳои мо дар оянда барои чавоб ба ин саволҳо лозим мешаванд. Аз дигар тараф, мадорхои баъзе аз чирмхо мадори Заминро бурида мегузаранд ва барои Замин хатари эҳтимолӣ доранд. Барои коркарди чораҳои кам кардани хатар, маълумотхо оид ба хусусиятҳои динамикию физикии чирмхо зарур хастанд.

Мо умедворем, ки шаҳрвардони кишвар фахр аз он менамоянд, ки астероиди бо номи “Тоҷикистон” дар фазои кайҳонӣ давр мезанад.

 Гулчехра Қоҳирова

Д.и.ф.м., директори Институти астрофизикаи

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Раҳматуллоева Ф.Ҷ.-котиби илмии ИА АИ ҶТ,

Абдуллоев С.Х.-ходими илмии ИА АИ ҶТ. 

Хондан 3387 маротиба