Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, номзади илмҳои техникӣ, Номвар Қурбон иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Мутобиқшавӣ дар ноҳияҳои кӯҳсор ба раванди гармшавии глобалӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Имрӯз – 9 январ ҷашни мелоди файласуф, мутафаккир, рӯшанфикр ва рӯшангари муосири миллӣ устод Комил Бекзода аст. Қаблан устодро ба ҷашни мавлудашон шодбош мегӯем ва чанд мулоҳизаи иҷмолии хешро дар ҳошияи ҷашни зодрӯзи эшон манзури хонандагон месозем.
Якум. Устод Бекзода умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи миллӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, адабӣ, равоншиносӣ ва маданӣ карда, то имрӯз дар масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бармедорад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шуруъ намуда, устод Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносии миллиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни вақфаю фосила идома медиҳад. Устод дар асоси манобеъ ва мадорики мавҷуда – бовару асотири бостонӣ, осори мактуби юнонӣ ва паҳлавӣ, маохизи асримиёнагӣ ва муосири форсию арабӣ, маводи илмӣ-таҳқиқии муосири ба забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ, франсавӣ) интишорёфта ба ин натиҷа расидааст, ки Фарҳанги Ҷамшедӣ ба сифати сарандешаи миллӣ тамоми паҳлуҳои зиндагии дунявии қавмию миллиро дар маҳдудаи асотир ва боварҳои бостонӣ таҷассум намудааст ва бо тамоми масъулият метавон аз он фарҳанги решадори миллӣ дар низоми сиёсӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар маҷмӯъ, моддию маънавӣ васеъ истифода кард. Ин нуктаи фалсафиро устод дар тамоми навиштору гуфтораш возеҳу равшан баён доштааст.
Барои аъзои маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” 9 январ рӯзи вежаи сол аст. Дар ин рӯз поягузори маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша” – Устод Комил Бекзода зодрӯз доранд. Ҳамасола дар ин рӯз дӯстону алоқамандони шахсияти Бекзода гирди ҳам омада, дар доираи нишасту маҳфили хосса сари чолишҳои имрӯзӣ баҳс мекунанд. Устод Бекзода, ки аз унвони эҳтиромию ифтихории “Устод” сахт ҳазар доранд, бо доштани дониши фарогири илмию фалсафию ихтисосӣ дар гӯшае сокит менишинанд ва бо тавозуъу назокати вежа суҳбати дӯстону алоқамандонро мутаваҷҷеҳ мешаванд. Ҳама гуна андешаву афкори зидду нақиз ва ҳатто ғайриилмиро оромона таҳаммул мекунанд ва пасон муаддабонаву мудаббирона ба суҳбат ҳамроҳ мешаванд. Суҳбаташон одӣ, бетакаллуф, вале мудаллал аст. Бидуни далелу бурҳони илмию фаннӣ суҳбат намекунанд ва мусоҳибро ба масири муғолата намекашанд. Ин шева ва сабки сухану андешаи Устод аст.
Моҳи декабри соли 2023 шумораи 8-уми маҷаллаи илмӣ-назариявии “Санъатшиносӣ” - (нашрияи Шуъбаи санъатшиносии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон) аз чоп баромад.
Дар маҷалла мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавии олимони соҳа аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон аз ҷумла: