JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, Ризо Баҳромзод иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Суҳбат дар атрофи озмуни "Илм фурӯғи маърифат" » -ро мавриди баррасӣ қарор доданд

  Противостояние транснациональным вызовам и угрозам остается общей задачей всех стран мира, международных и региональных организаций  на  современном этапе. Борьба с транснациональными проблемами, как терроризм и экстремизм, незаконный оборот наркотиков, торговля людьми, нелегальная миграция или риски кибербезопасности, остаются объединяющим элементом для всех стран.

  Ҳамеша талоши ҷустуҷӯи дониш ва эҷод кардан вижагии асосии Ёрмуҳамад Ниёзӣ ҳаст. Мо аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” рушди шахсият ва донишу малакаи ӯро дар тӯли қариб се даҳсола мушоҳида кардем. Тайи ин солҳо ӯ аз донишҷӯ ва шогирд будан ба донишмандӣ ва  устодиву роҳнамоӣ расид. Ҳамзамон шавқу рағбати илмомӯзӣ ва эҷод кардан  дар тору пуди вай ниҳон аст, ки ин сифати олими воқеӣ аст.

 (Паёми табрикии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адабиётшинос, андешаманд ва рӯшангари миллӣ, Устод Зафари Мирзоён)

         Исми муҳаққиқ, адабиётшинос, андешаманд ва рӯшангари муосири тоҷик устод Зафари Мирзоён солҳост, ки ба доираи васеи донишмандону фаъолони маданӣ ва қишри зиёиёни миллӣ ошност. Устод Мирзоён бидуни интизории подошу мукофоте умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои умдаи миллию ҳувиятӣ карда,  то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии аҷдодӣ бардамона гом бармедорад. Заҳмату талошҳои бардавом ва ҷуръату ҷасорати фавқулодаи миллӣ устод Мирзоёнро дар байни табақоти гуногуни иҷтимоию мадании ҷумҳурӣ соҳибном кардааст. Махсусан, аз тариқи  арзёбии мушаххасоти аҷдодӣ, шинохти таърихи ватанӣ, муаррифии чеҳраҳои таъсиргузори бумӣ, баррасии арзишу мероси гаронмояи миллӣ, раванди миллатсозию ҳувиятпарастӣ ва таблиғи густардаи Ҳаким Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и безавол устод Мирзоён дар садри ҷадвали худогоҳию хештаншиносии миллӣ қарор дорад.