JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 27 Декабри 2022 05:08

Паём аз рушди иқтисоди сабз ва энергияи сабз

Муаллиф:

   (Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

  Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар шахсони фаъоли ҷомеа дар шаҳри Душанбе аз дастовардҳо дар сиёсати дохилӣ, хориҷӣ ва супоришҳои минбаъда расонида шуд. Дастовардҳои сиёсати дохилӣ дар соҳаҳои муҳими кишвар, аз ҷумла, иқтисодиёт, сармоягузорӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ба мардуми шарифи ҷумҳурӣ ироа шуд. Яке аз дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул карда шуд. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳамаи мост, ки панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.

  Дар баробари ин, таъкиди Пешвои миллат оиди масъалаи ивазшавии иқлим “...дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим бояд дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шаванд. Аз ин лиҳоз, механизми маблағгузории фондҳои махсус дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» бояд васеъ ҷорӣ карда шавад”. Барои амалӣ намудани «лоиҳаҳои сабз» ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ки дар ин самт таҷриба доранд ва амалӣ шуда истодааст, бештар таваҷҷуҳ дода, аз таҷрибаи онҳо самаранок истифода бояд кард.

  Мавриди зикр аст, ки таҷрибаи кишварҳои муваффақ, аз ҷумла Ҷумҳурии Сингапур, ки соли 2021 дар идомаи самти рушди устувор, ба амалӣ намудани лоиҳаи "Лоиҳаи сабз то соли 2030"-ро оғоз карда, дар он панҷ самти асосиро фаро мегирад, ки дар оянда барои татбиқи “лоиҳаи сабз” дар кишвар ҳамчун таҷриба истифода бурд: “Шаҳр дар табиат”; “Зиндагии устувор”; “ Энергияи сабз”; “Иқтисоди сабз”; “Ояндаи устувор”.

Дар лоиҳаи “Шаҳр дар табиат”: дар давоми 10 соли оянда на кам аз 1 млн дарахт шинонда шавад ва беш аз 50 фоиз зиёд кардани майдони боғҳои табииро пешбинӣ мекунад. Ҳамин тариқ, то соли 2035 майдони сабз бояд на камтар аз 1000 гектар зиёд шавад.

Дар лоиҳаи “Зиндагии устувори экологӣ”: то соли 2026 кам кардани ҳаҷми партовҳо ва то соли 2030 муҷаҳҳаз гардонидан то 1320 км роҳи велосипедронӣ дар назар аст. Шумораи нуқтаҳое ки ба мошинҳои барқӣ қувваи барқ медиҳад ду маротиба зиёд аз 28 000 то 60 000 зиёд карда шавад.

Лоиҳаи “Энергияи сабз”: баланд бардоштани самаранокии энергия ва истифодаи манбаъҳои тозаи энергия. Масалан, то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ки 100% мустақилияти энергетикии иншооти тозакунӣ ва тавлиди нерӯи офтобии кофӣ аз панелҳои офтобии шинокунанда то 100% иншооти гидроэнергетикии Сингапур таъмин карда шавад.

Ҳамин тариқ, “Иқтисоди сабз”: Сингапур ба як маркази минтақавии таҳияи қарорҳои нави рушди устувор ва ҷустуҷӯи навъҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи тиҷорат табдил ёфта, ба ин кор соҳибкорони маҳаллиро фаъолона ҷалб мекунад.

Лоиҳаи “Ояндаи устувор”: омӯзиши минбаъдаи «таъсири ҷазираи гармии шаҳр» ва муайян кардани роҳҳои коҳиш додани зуҳурот ва оқибатҳои он.[1]

  Барои ноил шудан ба ин самтҳо ба вазоратҳои дахлдор, ҳукумати Сингапур як қатор ташаббусҳо ва тадбирҳои муносиб дар бахшҳои тадқиқот ва рушд, энергетика, маблағгузории сабз, туризми устувор ва нақлиётро ҷорӣ кардааст. Барои амалисозии “лоиҳаи сабз”-и кишвар 5 самти дар боло зикр шуда, метавонад саҳм гузорад. Нақшаҳои “лоиҳаи сабз” ҳамчун воситаи мубориза бо тағйирёбии иқлим арзёбӣ кард. Дар самти татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз» Тоҷикистон метавонад ба яке аз кишварҳои туризми сабз табдил гардад. Тоҷикистон имкониятҳои амалӣ намудани рушди “иқтисоди сабз” ва “энергияи сабз”-ро дорад ва метавонад дар минтақа яке аз кишварҳои пешсаф бошад.

 

Соҳиби Баҳруло,

ходими илмии шуъбаи

Осиёи Ҷанубу Шарқии ИОМДОА АМИТ

https://www.osiyoavrupo.tj/index.php/mavodhoi-ilmi/maqolaho/item/1618-pajom-az-rushdi-i-tisodi-sabz-va-energiyai-sabz 

 

[1] https://www.greenplan.gov.sg/

Хондан 940 маротиба