JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  Наврӯз аз маросими қадимаи мардуми ориёӣ ва форсу тоҷик буд. Махсусан мардуми Эронзамин аз замонҳои пеш ин ҷашнро ҳамчун маросими расмӣ истиқбол менамуданд ва расму оинҳояшро ба ҷо меоварданд. Дигар кишварҳо, аз он ҷумла кишварҳои Осиёи миёна Наврӯзро ба таври ғайрирасмӣ дар сурати пухтупазҳои суннатӣ-баҳорӣ, шинонидани ниҳолу тозакунии ҷӯю каналҳо, шудгору кишти ҳар гуна маҳсулот, хонатозакунӣ ва амсоли инҳо пешвоз мегирифтанд. Аммо имрӯз ин ҷашнро дар бисёре аз кишварҳои Ховари миёна, Осиёи Миёна, Қафқоз, Ҳиндустон ва ғ. дар илова ба суннатҳои қадима ба замон мувофиқ кунонда ҷашн мегиранд. Ва бо гузашти замон сарҳади ҷуғрофӣ ва ҷашнгирии Наврӯз фаротар мегардад. Махсусан аз байн рафтани Иттиҳоди шуравӣ ва мустақилияти кишварҳои Осиёи Миёна боиси он гардид, ки барои барқрор намудани ин ҷашни суннатӣ мардуми фарҳангдӯсту меҳрпарвар саъю талош намуданд, то ки он ба ҷашни суннатӣ-фарҳангӣ-байналмилалӣ табдил гардад.

(Мусоҳибаи ихтисосии Фирдавс Ниёзӣ бо Комил Бекзода дар ҳошияи мақолаи Назри Яздонӣ “Девонае дар коргаҳи шишагар”. // Садои Шарқ, №11, 2020 -С.124-149)

  Дар шумораи 11-уми соли 2020, Маҷаллаи “Садои Шарқ” (саҳифаи 124-149) мақолаи шоири халқии Тоҷикистон, номзади илми фалсафа Назри Яздонӣ бо номи “Девонае дар коргаҳи шишагар” (Муҳаммад Иқбол ва Фридрих Нитше) ба чоп расид. Мақола 25  саҳифаро дар бар мегирад. Кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии Тоҷикистон, нашри чунин мақоларо падидаи мусбат шуморида, барои равшанӣ андохтан ба баъзе масъалаҳои печидаи мақолаи мазкур ба сарходими Институти масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Комил Бекзода муроҷиат намуданд. Масъулияти пешбурди мусоҳиба ба уҳдаи яке аз кормандони Марказ -- номзади илмҳои филологӣ, Фирдавс Ниёзӣ вогузошта шуд.

   Воқеан, агар зан, ки аз хамираи зиндагибахшӣ, муҳаббатсозӣ, меҳрварзӣ, вафопарешӣ ва бурдборӣ таркиб ёфтааст, намебуд, ҷаҳону ҳастӣ, аслан қобили таҳаммулу зист намебуд, чунки ваҳшату даҳшат онро фарогир мешуд ва зиндагӣ бемаънӣ ва беҳадаф мегардид. Чун зан бо асли худ – зиндагипарастӣ ва меҳрварзӣ ба ҷаҳону ҳастии бемаънӣ ва беҳадаф ворид гардид, онро, бидуни тардид тағйир ва бар манфиати башар тарҷеҳ дод. Ин аст, ки «Меҳр дар дил парваридан расму ойини ман аст» гӯён зан бо зиндагӣ созгор шуд ва васл (якҷо кардан, пайванд додан)-ро дар муқобили фасл (ҷудо ва пора кардан) ба майдони талошҳо ва гирудорҳо овард. Васле, ки аз асл реша мегирад, инсонсоз ва ҳувиятшинос аст ва он, қабл аз ҳама, ба фитрат, фикрат, малоҳат, муҳаббат, латофат, самимият, отифат, шарофат, наҷобат, фазилат, матонат, ҷасорат ва инсонияти зан бастагӣ дорад. Сифоти мазкур, ки ҳар як дар мавқеъ ва ҷойи худ чида шудаанд, дар маҷмӯъ, комплекси ҳаста ё ядрои иҷтимоӣ – Занро таҷассум мекунанд.

 Ҳуринисо Ализодаи гиромӣ,   

       Воқеан, дар симои Шумо рӯзноманигори варзида ва бонуи ҷасури миллӣ, фидоии миллат, ватан ва фарҳанги бумӣ таҷассум ёфтааст. Корномае, ки бонувони ҷуръатманди ҷаҳонӣ, амсоли Клара Сеткина, Роза Люксембург ва дигарон дар сатҳи иҷтимои башарӣ анҷом додаанд, Шумо дар муҳити миллии охири асри бист ва садаи 21 анҷом дода, имрӯз ҳам дар ин пайроҳаи мушкилписанд ҷуръатмандона гом бармедоред, ки бешубҳа, аз бузургии шахсиятатон дарак медиҳад. Фаъолияти рӯзноманигории Шуморо, бемуҳобо, метавон бо корномаи рӯзноманигори рӯшанфикр Буринисо Бердиева аз ҳар ҷиҳат монанд ва қиёс кард.